Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Қонуни мукаммал дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ баррасӣ ва қабул гардид

№145 (3130) 14.11.2013

DSC_1248

13 ноябри соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

 

Доир ба рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 ва ҳисоботи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2013

2. Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя

3. Дар бораи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ».

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шуруъ менамоем. Дар бораи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 ва ҳисоботи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2013 сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ширинов Абдуҷаббор дода мешавад.

Абдуҷаббор ШИРИНОВАбдуҷаббор ШИРИНОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Иҷозат диҳед, «Дар бораи Дурнамои сиёсати пулию қарзии

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 ва ҳисоботи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2013», бо назардошти вазъи макроиқтисодию низоми бонкии кишвар, ба таври мухтасар маълумот диҳам.

1. Дурнамои сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон барои соли 2014.

Сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2014 ба нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, рушди боэътидоли ҳаҷми пул, таъмини фаъолияти солим ва устувори низоми бонкии кишвар равона мегардад.

Ҳадафи ниҳоӣ. Бо назардошти вазъи нисбатан муътадили бозорҳои молиявӣ, тағйирёбии нархҳо дар  бозорҳои ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои хусусияти мавсимӣ ва маъмуридошта, соли 2014 сатҳи таваррум дар доираи 7,5 фоиз пешбинӣ мегардад.

Баҳри муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот, афзоиши миёнасолонаи пулҳои захиравӣ соли оянда то 16,0 фоиз ва афзоиши нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул то 14,0 фоиз пешбинӣ карда мешавад.

Соли 2014 дурнамои афзоиши дороиҳои умумии хориҷӣ дар сатҳи на кам аз 17,0 фоиз пешбинӣ гардида, дар робита ба ин афзоиши захираҳои софи байналмилалӣ дар сатҳи на камтар аз 15,0 фоиз пешбинӣ мегардад.

Рушди низоми бонкӣ. Баҳри беҳтар намудани фаъолияти низоми бонкӣ дар доираи Стратегияи рушди бахши бонкӣ барои солҳои 2010- 2015 андешидани тадбирҳои зерин дар назар аст:

-идома додани сиёсати солимгардонии бонкҳои аз ҷиҳати молиявӣ мушкилотдошта бо роҳи такмили сохтори онҳо;

-такмил додани идоракунии босамари дороиҳо ва уҳдадориҳо дар ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ;

-вусъат додани ҳаҷми қарздиҳӣ ба бахшҳои асосии иқтисодиёт ва зиёд намудани дастрасии муштариён ба қарздиҳии хурд;

-беҳтар гардонидани ҷараёни қарздиҳӣ ва паст намудани хавфи қарзӣ дар низоми бонкӣ, мусоидат намудан ба фаъолияти Бюрои қарзӣ;

-қонеъ намудани талаботи аҳолии ноҳияҳои дурдаст ва соҳибкории хурду миёна бо хизматрасониҳои бонкӣ бо роҳи зиёд намудани шумораи филиалҳо, намояндагиҳо ва дигар воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ;

-вусъат додани фаъолияти бозори байнибонкии қарзӣ;

-таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ баҳри зиёд намудани эътимоди муштариён ва ҷалби сармояи дохилӣ;

-пурзӯр намудани танзим ва назорати бонкӣ, такмил додани механизми баҳогузории хавфҳо ва ҷорӣ намудани таҳлили васеи ҳолати молиявии бонкҳо тавассути сифатан баланд бардоштани низоми автоматикунонии коркарди ҳисоботи молиявии онҳо;

-таъмини шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми молиявӣ;

-васеъ намудани доираи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо  роҳи татбиқи технологияҳои муосири пардохтӣ ва ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ;

-мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи тавсияҳои ФАТФ ва бастани созишномаҳо бо мақомоти кашшофии молиявии хориҷӣ, ки ба рушди низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мусоидат менамояд.

II. Иҷрои Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013

Дар давоми нуҳ моҳи соли 2013 раванди рушди иқтисодиёти кишвар, бо назардошти вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ, дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт.

Таваррум. Дар соли 2013 яке аз  нишондиҳандаҳои муҳими макроиқтисодӣ-  таваррум таҳти мушоҳидаи доимии Бонки миллии Тоҷикистон қарор дошт. Бо дарназардошти муътадил будани нархҳои ҷаҳонӣ, кам гардидани фишорҳои таваррумӣ ва таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт, таваррум дар сатҳи паст қарор дошт.

Сатҳи таваррум дар давраи январ- сентябри соли равон 2,8 фоизро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст. Ин сатҳи таваррум аз ҳисоби болоравии нархҳои маводи хӯрокворӣ 1,8 фоиз, ғайрихӯрокворӣ 5,5 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,7 фоиз ба вуқуъ пайваст.

Ҳамзамон, сатҳи таварруми солона 3,6 фоизро ташкил дод ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 банди фоизӣ кам гардид.

Сатҳи таварруми аслӣ, ки дар худ танҳо омилҳои монетариро таҷассум менамояд, дар нуҳ моҳи ҳисоботӣ манфӣ ташаккул ёфта, 0,14 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 банди фоизӣ кам мебошад.

Тавозуни пардохт. Бонки миллии Тоҷикистон вазифаи таҳияи тавозуни пардохтро ба уҳда дорад. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 3,8 млрд. доллари ИМА-ро ташкил намуда,  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,2 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми содирот ба 880,1  млн. доллари ИМА ва воридот ба 2,9 млрд. доллари ИМА расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (мутаносибан содироти молҳо) 9,2 фоиз кам ва ҳаҷми воридот 9,1 фоиз афзоиш ёфта, таносуби воридот нисбат ба содирот 3,3 маротибаро ташкил медиҳад. Раванди мазкур боиси зиёд шудани қасри тавозуни савдо то 19,4 фоиз гардид (дар ҳамин давраи соли 2012 касри тавозуни савдо 24,7 фоиз афзоиш дошт).

Қурби пули миллӣ. Яке аз нишондиҳандаҳои таъсирбахши бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қурби пули миллӣ мебошад. Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА тамоюли пасти тағйирёбӣ дошта 0,1 фоиз паст гардид. (аз 4,7639 сомонӣ дар ибтидои давра то 4,7685 сомонӣ дар интиҳои давра).

Татбиқи сиёсати пулию қарзӣ. Бонки миллии Тоҷикистон барои татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ мунтазам кор мебарад. Баҳри нигоҳдории андозаи муътадили ҳаҷми пул дар муомилот, устувории қурби пули миллӣ ва нигоҳдории сатҳи пасти таваррум фишангҳои монетарии Бонки миллии Тоҷикистон, аз қабили меъёри бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, амалиёт дар бозорҳои асъор, қарзӣ ва  коғазҳои қиматнок мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин давра меъёри бозтамвил тадриҷан аз 6,5 фоиз то 6,1 фоизи солона паст карда шуда, меъёри фоизи қарзҳои пардохтпазирӣ низ тағйир дода шуд.

Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, баҳри таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ, дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт ва мусоидат ба рушди соҳаи қарздиҳӣ бетағйир (бо пули миллӣ дар сатҳи 5,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ дар сатҳи 7,0 фоиз) нигоҳ дошта шуданд.

Барои нигоҳ доштани устувории низоми бонкӣ дар ин давра ба ташкилотҳои қарзӣ бо пули миллӣ ба маблағи 902,2 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 4,2 млн. доллари ИМА қарзҳои кӯтоҳмуддат ҷудо намуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо пули миллӣ 13,4 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 47 маротиба коҳиш ёфтааст. Раванди мазкур аз беҳтар гардидани ҳолати пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ гувоҳӣ медиҳад.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, бо дарназардошти талаботи бозор, 117 музоядаи коғазҳои қиматнок ба маблағи 148,8 млн. сомонӣ баргузор гардид. Муҳлати барориши  онҳо аз 7 то 56 рӯзро дар бар гирифт. Ҳамзамон, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон чор музоядаи векселҳои давлатии хазинадорӣ ба маблағи 99,7 млн. сомонӣ гузаронида шуданд, ки муҳлати барориши онҳо 91 рӯзро ташкил намуд.

Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ба ҳолати 30 сентябри соли ҷорӣ маблағи 4,9 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 19,3 фоиз афзуд.

Низоми бонкӣ. Дар давоми соли ҷорӣ фаъолияти низоми бонкии кишвар бо як қатор тағйироти мусбӣ ҷамъбаст гардид. Ба ҳолати 30 сентябри соли 2013 дар қаламрави мамлакат 143 ташкилоти қарзӣ (16 адад бонк бо 321 филиал, 126 адад ташкилоти маблағгузории хурд бо 68 филиал ва як адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ) фаъолият доранд. Дар ин давра шумораи бонкҳо бетағйир монда, ташкилотҳои маблағгузории хурд як адад ва филиалҳои ташкилотҳои қарзӣ 28 адад зиёд гардиданд.

Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ ба ин сана 12,3 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 23,0 фоиз афзуд. Уҳдадориҳои умумӣ ва сармояи тавозунии  ташкилотҳои қарзӣ бошад, мувофиқан 9,7 млрд. сомонӣ ва 2,6 млрд. сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли гузашта мутаносибан 26,9 фоиз ва 10,6 фоиз зиёд шудаанд.

Пасандозҳо. Кор бо пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ яке аз унсурҳои муҳими бонкдорӣ мебошад. Ба ҳолати 30 сентябри соли равон бақияи умумии пасандозҳо 5,3 млрд. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 13,5 фоиз афзудааст. Ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо мувофиқан 32,5 ва 67,5 фоизро ташкил дод. (дар ҳамин давраи соли 2012 бо пули миллӣ 32,3 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 67,7 фоизро ташкил медод). Ҳаҷми пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 21,1 фоиз ва 2,2 фоиз зиёд шуда,  мувофиқан 63,8 ва 36,2 фоизи бақияи умумии пасандозҳоро ташкил доданд.

Қарзҳо. Қарздиҳӣ ба соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва хизматрасонӣ бомаром идома дошт. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 6,4 млрд. сомониро  ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37,1 фоиз зиёд гардид. Ҳаҷми қарзҳои пардохташуда бошад, ба 4,8 млрд. сомонӣ расид, ки дар муқоиса аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ҳамин давра додашуда 74,4 фоизро ташкил медиҳад. Қарзҳои додашуда дар давраи ҳисоботӣ бештар ба соҳаҳои савдои хориҷӣ -26,1 фоиз, саноат 19,8 фоиз, матлуботӣ 14,9 фоиз, кишоварзӣ 12,3 фоиз ва сохтмон 10,0 фоиз ҷудо гардидаанд.

Ҳаҷми  қарзҳои хурди додашуда бошад, 3,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48,7 фоиз зиёд аст.

Суръати афзоиши қарзҳо нисбат ба  суръати афзоиши пасандозҳо дар ин давра зиёд буд. Сабаби асосии он аз ҳисоби зиёд гардидани ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ 45 фоиз (132,7 млн. доллари ИМА дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ) ва афзоиши сармояи тавозунии  ташкилотҳои қарзӣ 11,0 фоиз (248,5 млн. сомонӣ) ва паст гардидани сифати сандуқи қарзии онҳо мебошад.

Ташкили Бюрои қарзӣ ва оғози фаъолияти он баҳодиҳии (рейтинги) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи дастрасӣ ба қарз дар гузориши Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба «Doing Business (фаъолияти соҳибкорӣ)- 2014» 23 зина баланд намудааст.

Низоми пардохт. Дар низоми пардохтҳои кишвар кор бо кортҳои пардохтӣ вусъат гирифта истодааст. Миқдори умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда, ба ҳолати 30 сентябри соли ҷорӣ, 668,1 ҳазор ададро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,8 фоиз зиёд мебошад. Шумораи банкоматҳо дар интиҳои давра 106 адад зиёд шуда, 515 ададро ташкил доданд. Терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд, савдо ва хизматрасонӣ бошад, 942 ададро ташкил дода, ба миқдори 214 адад афзуданд.

Фаъолияти Низоми пардохти миллии «Корти миллӣ», ки дар моҳи августи соли гузашта бо иштироки танҳо як ташкилоти қарзӣ амалиётҳои аввалини бонкиро шуруъ карда буд, ба таври назаррас вусъат ёфт. Дар айни замон 11 ташкилоти қарзӣ созишнома ба имзо расонида, иштирокдори Низоми пардохти миллии «Корти миллӣ» гардиданд ва бароришу хизматрасонии кортҳои миллиро дар қаламрави ҷумҳурӣ ба роҳ монданд.

Дар соҳаи низоми пардохт низ нақшаи махсуси чорабиниҳо таҳия шуд, ки он чораҳои маҷмӯии такмили қонунгузорӣ, ислоҳоти инфрасохторӣ ва чорабиниҳои таблиғотиро дар бар гирифта, ба баланд  бардоштани ҳиссаи муомилоти ғайринақдӣ дар иқтисодиёт нигаронида шудааст.

Ин нақшаи чорабиниҳо моҳи августи соли ҷорӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, барои татбиқ дар якҷоягӣ бо иштироки вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, адлия, кумитаҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, андоз, хадамоти гумрук ва бонкҳои тиҷоратӣ пешниҳод шудааст.

Дар ин нақша, аз ҷумла хизматгузории бонкдории мобилӣ, интернетӣ, истифодаи васеи картаҳои пластикӣ ва дигар навъҳои муосири хизматрасонии бонкӣ дар назар дошта шудааст.

Соли ҷорӣ инчунин дар соҳаи мубориза бо расмикунонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм чораҳои муҳиме, ки ба беҳтар шудани эътибор ба низоми миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд, андешида шуданд.

Дар ин ҷода ҳафт лоиҳаи қонун таҳия шуд, ки ба такмили қонунгузории мавҷуда ҷиҳати тақвияти ҷиноятикунонии қонунвайронкуниҳои предикатӣ, мусодира бо арзиши мувофиқи дороиҳо ва дигар ҳолатҳо равона гаштанд.

Санадҳои мазкур дар ҷаласаи махсуси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни соли ҷорӣ баррасӣ гаштанд, ки ба он Ташкилоти байналмилалии мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ (ФАТФ) баҳои мусбат дода, мавқеи  байналмилалии Тоҷикистонро баланд бардошт.

Айни замон, бо иловаи такмили қонунгузорӣ, чораҳои иловагӣ, ки ба беҳтар кардани ҳамоҳангсозии мақомоту идораҳои марбута, мубодилаи маълумот, таҳлили онҳо ва дигар вазифаҳои дахлдор равона шудааст, андешида  мешаванд.

Бонки миллии Тоҷикистон баҳри иҷрои самтҳои асосии Дурнамои сиёсати пулию қарзӣ ва устувории низоми молиявии кишвар минбаъд низ тамоми чораҳои заруриро  дар доираи салоҳияти худ сари вақт андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ҳамоҳанг месозад.

РАИС: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВДомуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам  Раис,   Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои   соли 2014 аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 4 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия гардида, самтҳои муҳимтарини сиёсати пулию қарзиро барои соли 2014 бо мақсади нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо ва таъмини устувории низоми бонкӣ муайян намуда, ҳисоботи Бонки миллии Тоҷикистонро оид ба иҷрои Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2013 дар бар мегирад.

Дар доираи  Дурнамои мазкур  нишондиҳандаҳо оид ба пасандозҳо, қарзҳо ва  низоми пардохт дар доираи низоми бонкӣ ва нишондиҳандаҳои асосии он  дарҷ гардида, таҳлил  асоснок карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон Дурнамои мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 5 ноябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 бо иштироки намояндагони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Дурнамои мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои амалкунанда мухолифат надошта, ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва  молия   Дурнамои мазкурро барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Дурнамои мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: - Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.

Руҳулло ҲАКИМОВРуҳулло ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии шумо Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя пешниҳод карда шудааст.

Мақсади пешниҳод намудани лоиҳаи Қарори мазкур ин роҳ надодани андозбандии дукарата аз даромад ва сармоя, афзун гардонидани гардиши савдои байнидавлатӣ, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт мебошад.

Давлати Кувайт яке аз давлатҳое мебошад, ки соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эътироф намудааст. Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфид байни давлатҳо ҳам дар шакли дутарафа ва ҳам дар шакли бисёрҷониба ба роҳ монда шудааст, ки барои инкишоф ёфтани ҳамкориҳои судманд мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Давлати Кувайт дар соҳаи иқтисодиёт сол то сол мустаҳкам гардида истодааст. Дар нимсолаи якуми соли 2013 гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Кувайт 46,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли 2012 ба миқдори 2,7 фоиз афзоиш ёфт.

Тибқи таҳсилҳо дар давлатҳое, ки Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата вуҷуд дорад, афзоиши гардиши савдои хориҷӣ аз ҳисоби зиёд гардидани сармоягузории хориҷӣ ба мушоҳида мерасад.

Эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки густариши ҳамкориро дар соҳаи энергетика, хусусан гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, хоҷагии қишлоқ ва туризм боз ҳам мустаҳкам намоем. Зиёдшавии сармояи хориҷӣ, таъсисёбии корхонаҳои нав оид ба коркарди ашёи хом ба инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, мусоидат хоҳад намуд.

Муқаррароти Созишномаи мазкур дар доираи талаботи модели Конвенсияи байналмилалӣ нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя (OECD) таҳия карда шудааст.

Бояд зикр кард, ки чунин Созишнома (Конвенсия) бо 26 давлати дунё баста шудааст, ки он аз тарафи шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ гардидаанд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2013 таҳти №272 маъқул дониста шуда, баъдан дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт дар санаи 23 июни соли 2013 ба имзо расонида шудааст.

Созишномаи мазкур аз пешгуфтори кӯтоҳ ва 29 модда иборат буда, ҳар моддаи алоҳидаи он бо бахш ва самтҳои махсус унвонгузорӣ карда шудааст ва андозҳоро аз даромад ва сармоя дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ё мақомоти маҳаллии давлатҳои аҳдкунанда, сарфи назар аз шакли ситонидани он, татбиқ менамояд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: -Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Кенҷаева Мунаввара Ҳодиевна дода мешавад.

Мунаввара КЕНҶАЕВАМунаввара КЕНҶАЕВА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба  канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя 23 июни соли 2013 дар шаҳри Кувайт ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 4 ноябри соли 2013 таҳти № 2096 онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Мақсади Созишнома бартараф намудани андозбандии дукарата, андоз аз даромад ва сармоя ҷиҳати афзун гардонидани гардиши савдои байнидавлатӣ, зиёдшавии сармояи хориҷӣ, таъсисёбии корхонаҳои нав оид ба коркарди ашёи хом байни Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҳукумати Давлати Кувайт мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармояро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 5 ноябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи   Созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Санади мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба  канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармояро ҷонибдорӣ намуда, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.

Руҳулло ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии шумо Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад пешниҳод карда мешавад.

Мақсади пешниҳод намудани лоиҳаи мазкур роҳ надодани андозбандии дукарата, аз ҷумла таъмин намудани шароитҳое, ки дар доираи он шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии давлатҳои аҳдкунанда метавонанд аз як намуди даромад ва моликият танҳо дар яке аз давлатҳои аҳдкунанда андозбандӣ карда шаванд, мебошад. Ҳалли ин масъала ба тариқи манфиатҳои мутақобила ба ҳар кадом давлати аҳдкунанда ҷалб намудани сармоягузориҳои хориҷиро иҷозат медиҳад ва шароитҳоро барои канорагирӣ аз андозбандии дукаратаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ таъмин менамояд.

Конвенсияи мазкур андозҳои мустақимро ба назар мегирад (андози даромад аз шахсони воқеӣ, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз амволи ғайриманқул) ва ҷойи андозбандии резидентро дар яке аз давлати аҳдкунанда муайян мекунад. Созишномаи мазкур бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ин давлатҳо сол то сол тамоюли зиёдшавӣ доранд.

Дар нимсолаи якуми соли 2013 гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Таиланд 884,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли 2012-ум 108,3 фоизро ташкил дод.

Эътибор пайдо кардани Конвенсияи мазкур имконият медиҳад, ки андозбандии даромад, амвол, музди меҳнат ва сармояи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, резидентҳо дар ҳар ду давлат ба танзим дароварда шавад, ки ин, албатта, ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ, зиёдшавии сармояи хориҷӣ дар соҳаи энергетика, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ ва туризм мусоидат хоҳад намуд.

Конвенсияи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2007 таҳти №304 маъқул дониста шуда, баъдан дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Таиланд, (дар санаи 17 майи соли  2013 дар шаҳри Бангкок) ба имзо расонида шудааст.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.

Шарофиддин СИРОҶОВШарофиддин СИРОҶОВ:Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад, ки 17 майи соли 2013 дар шаҳри Бангкок ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2013 таҳти № 2097 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Конвенсия байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Шоҳигарии Таиланд оид ба канорагирӣ аз андозбандии  дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромадро ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 5 ноябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи Конвенсияи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тавсиб расонидани онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Санади мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромадро ҷонибдорӣ намуда, баррасии онро дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Конвенсияи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Доир ба тасдиқи Конвенсияи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: -Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Оқилов Нурулло Иноятович дода мешавад.

Нурулло ОҚИЛОВНурулло ОҚИЛОВ:Муҳтарам  Раис! Раёсат, ҳозирин ва вакилони  арҷманд!

Соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ дар низоми маориф бахши заминавӣ ба ҳисоб рафта, марҳилаи асосӣ дар ташаккулёбии кӯдак буда, муттасилии таҳсилотро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, ташаккули заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ яке аз омилҳои муҳими рушди минбаъдаи соҳа ба шумор меравад. Бо ин мақсад лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ»,ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ омода гаштааст, ба муҳокимаи шумо пешниҳод мегардад.

Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки бо вуҷуди кӯшишҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат мушкилиҳо дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ мавҷуд буда, имрӯз ҳамагӣ даҳ фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба ин зинаи таҳсилот фаро гирифта шудаанд. Бинобар ин, зарур аст, ки бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳо дар хусуси фаро гирифтани шумораи ҳар чӣ бештари кӯдакон ба чунин муассисаҳо мунтазам  чораҷӯйӣ  карда шавад.

Дар қиёс бо дигар мамолики пасошӯравӣ ин нишондод дар ҷумҳурӣ ташвишовар мебошад. Дар Ҷумҳурии Қирғизистон 16-20 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ва дар Ҷумҳурии Беларус бошад, 93-95 фоиз ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Бо назардошти ин таҷриба гурӯҳи корие, ки аз ҷониби Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 октябри соли 2012 бо мақсади такмили лоиҳаи қонуни мазкур таъсис гардид, зарур шуморид, ки он аз экспертизаи байналмилалии тахассусӣ (маҳз аз ҷониби мутахассисони соҳаи таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Беларус) гузаронида шавад. Ин амал яке аз таҷрибаҳои аввалин дар ин самт мебошад.

Вобаста ба баррасии лоиҳаи қонуни мазкур Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва гурӯҳи корӣ 28 феврали соли 2012 муҳокимаи ошкорои парламентӣ, санаҳои 18-19 апрели соли ҷорӣ бошад, семинари умумиҷумҳуриявиро бо иштироки кормандони соҳа, мутахассисон, коршиносон барпо намуданд, ки дар натиҷа лоиҳаи қонуни баррасишаванда такмили ҷиддӣ  ёфт.

Мавриди зикр аст, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳамкорони байналмилали — Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Институти «Ҷамъияти Кушода» дар Тоҷикистон, Фонди тоҷикистонии «Оғохон» таҷрибаи хуби таъсиси шаклҳои наву алтернативии муассисаҳои томактабиро роҳандозӣ намуданд, ки натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд. Ин  таҷриба мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз ҷониби кумитаи мо дастгирӣ ёфт ва чунин заминаи ҳуқуқии фаъолияти ин муассисаҳо, аз қабили Маркази инкишофи кӯдакон, муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзӣ ва муассисаҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои таълимии дорои гурӯҳҳои (синфҳои) омодагии пешазмактабӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва  лоиҳаи  қонуни мазкур  инъикос  гардиданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз 6 боб ва 27 модда иборат буда, дар он мафҳумҳои асосӣ, вазифаи таълиму тарбияи томактабӣ ва тартиби гирифтани он, сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур, нақши оила дар ин самт, тартиби ташкил, идоракунӣ, раванди таълиму тарбия ва таъминоти илмӣ- методии муассисаҳои томактабӣ, субъектҳои бахши таълиму тарбияи томактабӣ мушаххасан муайян карда  шудаанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 115 таклифу пешниҳод карданд.

Кумита санаи 15 апрели соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ намуд. Иштирокчиёни ҷаласа баррасии минбаъдаи лоиҳаи қонунро дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили қабул донистанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабулаш аз буҷети давлатӣ маблағгузории  иловагиро талаб намекунад.

Вакилони муҳтарам,ҷонибдории шумо аз лоиҳаи қонуни мазкур ҷонибдорӣ аз рушди  соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ ва  низоми маорифи кишвар аст.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Нуриддин Саидович дода мешавад.

Нуриддин САИДОВНуриддин САИДОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат! Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳозирини гиромӣ!

Соҳаи маориф дар сиёсати давлат яке аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат баҳо дода шудааст.

Таълиму тарбияи томактабӣ дар низоми маориф яке аз зинаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, дар ташаккул ва рушди кӯдакони синни томактабӣ ва омода намудани онҳо ба мактаб нақши калон мебозад.

Таваҷҷуҳ ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди таҳсилоти томактабӣ, дар самти муҳайё намудани заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва кадрӣ ба маротиб афзун гардида, дар соли 2012 ба андозаи 60 фоиз ва аз 1 сентябри соли 2013 ба андозаи 30 фоиз зиёд гардидани музди меҳнати омӯзгорон ва мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ яке аз тадбирҳои иҷтимоии давлат ба шумор меравад.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ 508 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 74448 нафар кӯдак ва 711 маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии 14,796 нафар кӯдакони синни томактабӣ фаъолият менамоянд. Дар маҷмӯъ 89244 нафар кӯдак ба таълим ва тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд.

Вазорати маориф ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ислоҳоти соҳаро аз зинаи таҳсилоти томактабӣ оғоз намуда, дар ин давра, пеш аз ҳама заминаҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуд, ки онҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати мушовараи Вазорати маориф қабул гардиданд.

Барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои томактабӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2007 таҳти №433) «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Барои рушди таҳсилоти томактабӣ дар ду давра бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» ва «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» тасдиқ карда шуд.

Бори аввал дар таърихи маорифи ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2009 таҳти рақами 338) қабул гардид. Санади мазкур талаботи ягонаи давлатиро барои таълиму тарбияи томактабӣ аз давраи таваллуд то синни 7- солагӣ муқаррар намуд.

Барои татбиқи санади мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бори аввал дар ҷумҳурӣ «Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак» омода ва бо қарори мушовараи Вазорати маориф қабул гардид. Санади мазкур раванди бонизоми таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабиро давра ба давра муайян намуда, барои кормандони муассисаҳои томактабӣ ва волидон ҳамчун маводи таълимӣ пешниҳод гардид.

Яке аз омилҳои асосии инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакони синни томактабӣ ин таъмини муассисаҳои томактабӣ бо адабиёти кӯдакона, маводи илмию методӣ, воситаҳои аёнӣ ва филмҳои тасвирии кӯдакона бо забони тоҷикӣ ба шумор меравад.

Вобаста ба ҳалли ин мушкилот дар Вазорати маориф гурӯҳи корӣ бо фармоиши вазири маориф аз 2 июли соли 2012 таҳти №1258 ташкил шуд, ки номгуйи адабиёт, дастурҳои методӣ ва методикаи таълиму тарбияро барои мураббиён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ муайян ва бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф тасдиқ кард.

Барномаи таълимиву тарбиявӣ бо забони тоҷикӣ –«Рангинкамон» ва «Барномаи таълимии кӯтоҳмуддат барои омодагии кӯдакони синни 5-7 — сола» ба тасвиб расида, дастраси муассисаҳои томактабӣ гардонида шуд.

Бо фармоиши вазири маориф моҳи октябри соли 2013 гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳияи мавзӯи филмҳои тасвирии омӯзишӣ бо забони тоҷикӣ барои кӯдакони синни томактабӣ ташкил карда шуд. Баъд аз таҳияи он банаворгирии филмҳои омӯзишӣ оғоз гардид. Дар назар аст, ки то соли 2015-ум 20 серияи он ба навор гирифта шуда, дастраси муассисаҳои томактабӣ гардонида шавад. Дар оянда банаворгирии ин силсилафилмҳои омӯзишӣ зиёда аз 100 серияро дар бар мегирад.

Гарчанде ки аз тарафи Вазорати маориф заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилии ин марказҳо омода ва дастраси шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо гардонида шуда, ҳамзамон ташкили марказҳои мазкур ва такмили ихтисоси кормандони онҳо ба роҳ монда шуд, дар ташкил ва фаъолияти ин марказҳо то имрӯз дар самти муайян намудани мақом ва шинохти ҳуқуқии онҳо мушкилот пурра ҳалли худро наёфтааст.

Қобили зикр аст, ки ҳалли ин мушкилот пас аз қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» роҳи ҳалли худро пайдо намуд. Ин марказҳо ҳамчун муассисаи томактабӣ пазируфта мешаванд.

Баргузории курсҳои такмили ихтисос, озмунҳои касбии «Мудири сол», «Кӯдакистони сол», «Мураббии сол» ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам яке аз тадбирҳои баланд бардоштани тахассуси кормандони муассисаҳои томактабӣ ба шумор меравад.

Вазорати маориф барои минбаъд дар сатҳи баланд гузаронидани такмили ихтисоси кормандони педагогӣ Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси омӯзгоронро пурра аз таъмири асосӣ бароварда, онро бо техника ва технологияи навин муҷаҳҳаз намуд.

Ҳамзамон, Вазорати маориф барои бартараф намудани мушкилоти норасоии кормандони таҳсилоти томактабӣ ва таъмини пурраи муассисаҳои томактабӣ бо кадрҳои ихтисосманд дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ихтисосҳои педагогика ва психологияи томактабӣ, омӯзгори мусиқӣ, расмро ташкил намуда, ҷиҳати таъсиси факултети педиатрӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чораҷӯйӣ намуда истодааст.

Гарчанде Вазорати маориф то имрӯз дар самти рушди таҳсилоти томактабӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида бошад ҳам, аммо барои таъсис, азнавташкилдиҳии муассисаҳои томактабӣ ва ташкили шаклҳои гуногуни фаъолияти ин муассисаҳо ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мегардад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», ки бо ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст, вазифаҳои таълиму тарбияи томактабиро дар самти таълимгирии минбаъдаи кӯдакони синни томактабӣ, бо назардошти омода намудани онҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, додани таълими аввалия мутобиқи Стандарти давлатӣ ва барномаҳои таҳсилоти томактабӣ, муайян намудани мақоми ҳуқуқӣ ва дар шаклҳои гуногун фаъолият кардани ин муассисаҳо, тартиби идоракунӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳимояи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ муқаррар намуда, барои инкишофи минбаъдаи таҳсилоти томактабӣ заминаҳои мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меорад.

Вазорати маориф дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур бо вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамкории судманд дошта, барои такмили он лоиҳаи алтернативии қонуни мазкурро пешниҳод гардонд. Ҳамзамон дар муҳокимаи парламентӣ иштирок ва таклифҳои мушаххаси худро пешниҳод намуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ»-ро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хонов Абдураҳмон дода мешавад.

Абдураҳмон ХОНОВАбдураҳмон ХОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!  

Таълиму тарбия дар ҳар як марҳалаи таърихӣ рӯҳияи замон ва ҷомеаро инъикос менамояд. Бинобар ин, баробари тағйир ёфтани шароити моддӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷомеа, мазмун, мундариҷа, мақсад, вазифа, метод ва роҳу воситаҳои таълиму тарбия низ тағйир меёбад.

Аз ин нигоҳ, дар шароити имрӯзаи давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявии Тоҷикистон бояд таълиму тарбияи ҷавобгӯйи ҷаҳони имрӯза дар алоқамандӣ бо арзишҳои миллӣ сурат гирад.

Воқеан ҳам маърифати инсонӣ ақлу заковати инсон, мақоми ӯ дар ҷомеа низ ба таълиму тарбия вобаста аст. Зинаи аввали таълиму тарбия, ки раванди мураккабу тӯлонӣ мебошад, бо фаъолияти муассисаҳои томактабӣ вобастагии мустақим дорад.

Лоиҳаи қонуни мазкур субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабиро муайян намудааст, ки онҳо, аз он ҷумла намояндагони муассисаю ташкилотҳои сарпараст, иттифоқҳо, ташкилотҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ фаъолият менамоянд, бояд дар маҷмӯъ низоми ягонаро ташкил диҳанд.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ мушаххас дарҷ гардидаанд.

Аз ҷумла, моддаи 16-уми лоиҳаи қонуни мазкур имтиёзҳои хубу мусоидро барои омӯзгорон ва мураббиёни муассисаи томактабӣ, инчунин шахсоне, ки дар чунин муассиса қаблан ба ҳайси омӯзгор ва мураббӣ кор карда, ба нафақа баромадаанд, муқаррар намудааст. Мувофиқи муқаррароти ин моддаи лоиҳаи қонун онҳо ҳуқуқ доранд аз имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифода баранд.

Инчунин омӯзгорон ва мураббиёни муассисаи томактабӣ аз рӯйи мақом ва музди меҳнат ба омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ баробар мебошанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон дар муассисаи томактабиро пешбинӣ намуда, аз он ҷумла хизматрасонии тиббии ройгонро дар ин муассисаҳои давлатӣ ба таври доимӣ кафолат медиҳад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, вакилони арҷманд, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед ва ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, қонун яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст кард.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ