Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Қонуни нав бар зидди ҷинояткории муташаккилона равона гардидааст

№142 (3127) 09.11.2013

DSC_0848

7 ноябри соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

6. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Сафаров З.».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шуруъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» сухан ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқов Абдуманнон Ғаффорович дода мешавад.

Абдуманнон ХОЛИҚОВ Абдуманнон ХОЛИҚОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои банди 1.2 Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 ва банди 11 Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2013, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 таҳти №543 ва 29 декабри соли 2012 таҳти №751 тасдиқ шудаанд, таҳия гардидааст.

Замони муосир бо раванди ҷаҳонишавӣ, бо суръати арзишҳо ва манфиатҳо дар баробари пешравию дастовардҳо, рӯ ба рӯйи инсоният таҳдиди хатарҳои ҷиддиро пеш овардааст. Аз зумраи хатарҳои ҷаҳонӣ, ки ба низоми ҳуқуқии давлатҳо, фазои иқтисодӣ, амнияту ваҳдати инсонӣ таҳдид мекунад, афзоиши босуръати ҷиноякории муташаккилона ва муттаҳидгардии шоха ва оилаҳои ин падидаи манфии ҷомеа мебошад.

Мутобиқи оморҳои расмии байналмилалӣ зараре, ки ба инсоният аз ҷиноятҳои муташаккилона расонида мешавад, сол то сол рӯ ба афзоиш ниҳода, даромади солонаи ин навъи ҷинояткорӣ то ба 500 миллиард доллари амрикоӣ расидааст.

Дар паси ин рақамҳо ҳаёти миллионҳо нафар инсон, тинҷиву амонии садҳо ҳазор оила, ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи халқу миллатҳо истодааст. Танҳо аз фурӯши маводи мухаддир гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор ҳар сол то 300 миллиард доллари амрикоӣ фоида ба даст меоваранд.

Гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккилона бо имкониятҳои молиявӣ-иқтисодӣ ва ҳатто ҳарбиву сиёсии худ дар баъзе аз давлатҳои ҷаҳон то он дараҷа нуфуз пайдо кардаанд, ки хатари онҳо ба ҳастии давлатҳо, ба иқтисодиёти кишвару амнияти миллатҳо таҳдиди воқеӣ доранд.

Хатари дигари ҷиддии ҷаҳонӣ, ки аз раванди мазкур сарчашма мегирад, ин муттаҳидшавии сохторҳои таркибии ҷинояткории муташаккилона ва дар раванди ҷаҳонишавӣ бо мақсади молиявию сиёсӣ рӯ ба муттаҳидшавии байналмилалӣ овардани ташкилотҳои бонуфузи ҷиноятӣ мебошад.

Созмони Милали Муттаҳид, бо дарназардошти вазъияти ба миёномада, 13 декабри соли 2000 Конвенсия оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллиро қабул намуд.  Тоҷикистон 29 майи соли 2002 Конвенсияи мазкурро тасдиқ намудааст. Мақсади асосии узвияти Тоҷикистон дар Конвенсияи мазкур ин мусоидат ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ мебошад.

Ҷиҳати таъмини иҷрои уҳдадории байналмилалӣ, ки аз Конвенсияи мазкур бармеояд, Ҳукумат ва Парлумони кишвар корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд. Таҳия ва қабули лоиҳаи қонуни зикргардида аз силсилаи чорабиниҳои Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, ки аз талаботи Конвенсияи мазкур бармеоянд, маҳсуб меёбад.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз муқаддима, 3 боб ва 17 модда иборат аст. Боби 1-уми лоиҳаи қонун «Муқаррароти умумӣ» номида шуда, 6 моддаро дар бар мегирад. Дар ин боб мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашаванда», аз қабили «ҷинояткории муташаккилона», «гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ», «иттиҳоди ҷиноятӣ» (ташкилоти ҷиноятӣ), «маблағгузории гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ташкилоти ҷиноятӣ» ва мафҳуми «ташкилоти ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ташкилоти ҷиноятӣ мусоидаткунанда» шарҳ дода шудааст.

Ҳамзамон дар ин боб вазифа, принсип, самтҳои асосӣ ва чораҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона нишон дода шудаанд.

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ, ҷамъият ва давлат аз ҷинояткории муташаккилона ва роҳ надодан ба воридшавии ҷинояткории муташаккилона ба мақомоти давлатӣ дар баробари дигар вазифаҳо ҳамчун вазифаҳои асосии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона пешбинӣ шудаанд.

Ба мисли дигар қонунҳо лоиҳаи қонуни мазкур низ ба принсипҳои қонуният, баробарии ҳама дар назди қонун, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ногузирии ҷавобгарӣ, низомнокию пайдарҳамӣ, афзалиятнокии воситаҳои ошкор ва пешгирӣ намудани ҷинояткории муташаккилона асос меёбад.

Лоиҳаи қонуни мазкур даҳ самти асосии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаро муайян кардааст, аз ҷумла ба самтҳои асосии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро, ки ба фаъолияти террористӣ, экстремистӣ, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангии он, воситаҳои таркиш ва моддаҳои тарканда машғуланд, мансуб донистааст.

Боби 2-юуми лоиҳаи қонуни мазкур аз моддаҳои 7 то 15-ро дар бар гирифта, ташкили фаъолият оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаро ба танзим медарорад, аз он ҷумла субъектҳоеро, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, дар моддаи 7 ба таври мушаххас муайян карда шудааст, ки ба онҳо шомиланд: мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, прокуратура, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Хадамоти гумрук. Моддаи 8 ба доираи амали субъектони номбурда ва таъминоти иттилоотии онҳо бахшида шудааст.

Моддаи 9-уми лоиҳаи қонуни мазкур таъсиси воҳидҳои махсус оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ин воҳидҳоро ба танзим даровардааст. Бояд зикр намоем, ки таъсиси воҳидҳои махсусро лоиҳаи қонун дар мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ пешбинӣ намудааст.

Дар ин боб тартиб ва доираи иштироки дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои муборизабаранда ва иштироккунанда ба танзим дароварда шудааст. Бояд тазаккур дод, ки роли ҳамоҳангсозӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он вогузор карда шудааст.

Ҳамзамон дар боби мазкур муносибатҳои ҳамкории субъектҳои муборизабаранда бо мақомоти давлатҳои хориҷӣ, мусоидати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор ва воқеӣ ба мақомоти муборизабаранда бар зидди ҷинояткории муташаккилона, ба танзим дароварда шудааст. Инчунин боби мазкур ҷавобгарии ташкилоти ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) муосидаткунандаро муқаррар намудааст ва тибқи он ташкилоте, ки ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, ташкилоти ҷиноятӣ мусоидат менамояд, дар асоси қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода, молумулки он ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.

Боби 3-юми лоиҳаи қонуни мазкур аз ду модда иборат буда, ҷавобгариро барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани онро пешбинӣ менамоянд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо мухолифат намекунад.

Бо қабули лоиҳаи қонуни мазкур самтҳои асосии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, роҳҳои мубориза, субъектоне, ки бевосита фаъолиятро оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона амалӣ менамоянд, мавқеи дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки дар мубориза иштирок менамоянд, ҳамкорӣ байни мақомотҳо ва ташкилотҳо, инчунин ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ дар доира ва талаботи қонунгузорӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.


Саттор ХоловСаттор ХОЛОВ: — Му
ҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2013 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда бо мақсади иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 таҳти №543 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» ва банди 11 Нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2013, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012 таҳти №751 тасдиқ шудааст, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ, ҷамъият ва давлат равона карда шуда, асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаро муқаррар менамояд.

Дар шароити феълӣ ҷинояткории муташаккилона яке аз мушкилоти хавфноки ҷомеа ва давлат буда, дар назди ҷомеаи шаҳрвандӣ тақозокунандаи ҳалли саривақтӣ ва стратегӣ ба шумор меравад, ки мутаассифона, дар қонунгузории кишвар то имрӯз санади махсус бар зидди ин зуҳуроти номатлуб қабул нашуда буд.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, вазифаҳо, принсипҳо, самтҳо, чораҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ва субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, ба тарзи дақиқ оварда шудаанд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, онро ҷонибдорӣ намуда, доир ба он хулосаҳои худро пешниҳод карданд.

Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаи масъул 95 таклиф ворид гардид, ки аз онҳо 52 таклиф пурра, 27 таклиф қисман қабул гардида, 16 таклифи дигар қобили қабул ҳисобида нашуд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 21 октябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дод.

Кумитаи масъул, бо дарназардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа, ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», бо назардошти таклифу пешниҳодҳои қабулгардида, ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисориев Маҳмадамин Исматович дода мешавад.

Маҳмадамин ҲИСОРИЕВМаҳмадамин ҲИСОРИЕВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирин!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» бо мақсади иҷро намудани талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» ва ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ, ҷамъият ва давлат равона карда шуда, асосҳои ҳуқуқӣ ва сиёсати давлатро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона муқаррар менамояд.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур мафҳуми ҷинояткории муташаккилона зуҳуроти ба ҷамъият хавфнокеро дар назар дорад, ки ба таъсис додани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, аз ҷумла дастаҳои мусаллаҳ, иттиҳодияҳои ҷиноятӣ алоқамандии зич доранд.

Бинобар ҳамин, мубориза бурдан бар зидди ин зуҳуроти номатлуб аз ҷониби кормандони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирӣ ва ошкор намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ ва иштирокчиёни онҳо, ки бо амалҳои террористӣ, экстремистӣ (ифротгароӣ), савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангии он, воситаҳои таркиш ва моддаҳои тарканда, маводҳои ядроӣ ва воситаҳои радиоактивӣ, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ, таҷовуз ба амнияти иттилоотӣ ва ҳамчунин кӯшишҳои ғайриқонунии тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳдид ба асосҳои ҳуқуқии онҳоро дар бар мегирад ва таъмин намудани назоратро аз болои ин гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр менамояд.

Ҳамчунин мақомоти давлатӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдори онҳо, дар доираи ваколатҳои худ уҳдадоранд, ба мақомотҳои давлатие, ки муборизаро бар зидди ҷинояткории муташаккил амалӣ менамояд, бо роҳи пешниҳод намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ мусоидат намоянд.

Дар ҳолати аз ҷониби субъектҳое, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил иштирок менамоянд, агар ҳуқуқ ва озодии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ поймол карда шавад, онҳо ҳуқуқ доранд, нисбати амали ин мақомот ва ташкилотҳои номбурда ба мақомоти болоӣ, прокуратура ва ё ба суд шикоят намоянд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»-ро мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода, бо дарназардошти хулосаҳои пешниҳоднамуда онро ҷонибдорӣ менамояд ва аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни баррасишавандаро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда,      яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Иномов Абдузафар дода мешавад.

Абдузафар ИНОМОВАбдузафар ИНОМОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2013 таҳти №1951 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти он ба қонунгузории амалкунанда ва бартараф намудани мухолифатҳои ҷойдошта таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 21 октябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дод.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул, бо дарназардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа, ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Тӯрахон Давлатович дода мешавад.

Тўрахон САМАДОВТӯрахон САМАДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ  ва ҳуқуқи инсон, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Лоиҳа ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ), «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ» ва иҷрои банди 37 Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 таҳия ва пешниҳод шудааст. Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур тағйироти ба моддаи 1792 Кодекси ҷиноятӣ воридшуда субъект, тарз ва мақсадҳои таъминоти молиявии терроризмро аниқ ва матни моддаро фаҳмотар кардааст. Иловаҳои ба моддаҳои 319 ва 320 Кодекси ҷиноятӣ воридшуда бошанд, ба субъектони ин намудҳои ҷиноят мансуб донистани шахсони мансабдори давлати хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро дар назар доранд.

Кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, ҷиҳати мукаммал намудани он 14 таклифу пешниҳод ирсол намуданд. Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул баррасӣ шуда, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таклифу пешниҳодҳо пурра ба лоиҳа ворид гардиданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, онро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста бо қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Рабиева Галия Рабиевна дода мешавад.

Галия РАБИЕВАГалия РАБИЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили қонуни амалкунанда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2006 қабул шудааст ва ба он тағйирот ворид нашуда буд.

Дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба моддаҳои 1 ва 6-уми қонуни зикргардида тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд, ки онҳо масъалаҳои супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медароранд. Пешбинӣ шудааст, ки тартиби супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2013 таҳти №2094 кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи қонуни мазкур хулосаҳо пешниҳод карданд, инчунин аз тарафи шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон хулосаи ҳуқуқӣ дода шуд.

Субъектҳои зикргардида лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон шаш эроду таклифҳои хусусияти таҳриридошта пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 5-тоаш қабул ва 1-тоаш қисман қабул шуд, аз ҷумла:

- дар қисми 2 моддаи 1 калимаҳои «аз рӯи мансаб» хориҷ карда шуда, пеш аз калимаи «Ливои» калимаҳои «дар ҳамин маврид» илова карда шуданд;

- матни русӣ бо матни забони давлатӣ мутобиқ карда, ба он ислоҳоти зарурӣ ворид карда шуд.

Тағйироти воридшуда бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқа карда шудааст.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул лоиҳаи қонуни такмилдодашуда ҷонибдорӣ ёфт. Тибқи хулосаи ҳуқуқӣ лоиҳаи қонуни баррасишаванда ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Бо ҳамин асос Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ лоиҳаи қонуни мазкурро ба баррасии шумо — вакилони муҳтарам пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: -Вобаста ба ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмудов Насрулло Раҳматҷонович дода мешавад.

Насрулло МаҳмудовНасрулло Маҳмудов: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон мавриди муҳокима қарор дода шуд. Лозим ба ёдоварист, ки қонуни мазкур рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир ва тартиби супурдани расмии онро танзим менамояд. Ба ин тариқ, қонуни амалкунанда такмил ёфта, меъёрҳои он пурра гардонида мешаванд. Ин тағйиру иловаҳо асосан ба моддаҳои 1 ва 6-уми лоиҳаи қонуни мазкур ворид гардидаанд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳишмандем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.  

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Катаев Амир Ҳабибович дода мешавад.

Амир КАТАЕВАмир КАТАЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли 2013 таҳти №2068 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади хориҷ намудани моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», ки чораҳои ҷазои таъиннамудаи мақоми зиддиинҳисорӣ, мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ, ки назорати сифат ва бехатарии молро анҷом медиҳанд, пешбинӣ менамояд, таҳия гардидааст. Аз рӯйи талаботи қонунгузории амалкунанда муқаррароти мазкур бояд бо Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда шавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро пурра ҷонибдорӣ намудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур 22 октябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, пурра ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро, бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид.

Масъалаи охирини рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба ҳайати Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Сафаров З.» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вобаста ба тасдиқи он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ