Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Парламенти касбӣ ҳамчун мақоми устувори шохаи ҳокимияти давлатӣ дониста мешавад

№114-115 (3260-3261) 03.10.2014

DSC_0014

Якуми октябри соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

РАИС: — Ассалому алайкум, вакилони Маҷлиси намояндагон! Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред!

Дар толор 55 нафар вакилон ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

РАИС: - Вакилони арҷманд! Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун Иҷлосияи охирин ва ҷамъбасткунандаи даъвати чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, фаъолияти худро оғоз менамояд.

Мо дар ҷараёни иҷлосияҳои гузашта чеҳраи мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишварро барои аҳли ҷомеаи кишвар ба таври воқеӣ муаррифӣ намудем. Парламенти касбии тоҷик имрӯз ҳамчун мақоми аз лиҳози касбият такмилёфта ва қавиву устувори  шохаи ҳокимияти давлатӣ шакл гирифтааст.

Мактаби вакилӣ низ бо сабку услуби хос ташаккул ёфт, савияву таҷрибаи намояндагиву қонунгузории вакилон мукаммал гардид. Ин мактаб вакилонро ҳамчун интихобкардаҳои мардум ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои халқу кишвар бо ҳам муттафиқ гардонд, аз лиҳози сиёсӣ обутоб бахшид.

Мо бо ҳамаи субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузор ва дигар мақомоти  давлативу ҷамъиятӣ ҳамкориву робитаҳои хуби корӣ барқарор намудаем, ки онро оянда низ идома хоҳем бахшид. Дар муддати боқимонда низ қабули қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ роҷеъ ба тамоми бахшҳои ҷомеаи кишвар идома хоҳанд ёфт.

Албатта, зиндагӣ ва ҷомеа дар рушду нумӯ мебошанд ва табиист, ки ҳар марҳилаи нави таърихӣ талаботи ба худ хосро ба миён мегузорад. Вобаста ба ин, талабот ба қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ низ дигар мешавад, аммо муҳим он аст, ки ин қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар марҳилаи муайяни таърихӣ рисолати худро ба ҷо оварда тавонанд.

Мо ҷиҳати  ҳар чӣ бештар риоя шудани волоият ва эҳтироми қонун дар ҷомеа заминаи воқеӣ ба вуҷуд овардем ва ҳамчун мақоми намояндагӣ бо оммаи  васеи ҷомеаи Тоҷикистон минбаъд низ бояд фарогири робитаҳои мутақобила гардем. Бо ҷараёни фаъолияти Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ин равандро тақвият бахшида, ҷиҳати боз ҳам рушду нумӯ бахшидани парламентаризми тоҷик бояд бештар саъю талош намоем.

Дар пешорӯи мо ҷашни 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки ин санад дар  рушду такомул,  пойдории сохти  давлатдории тоҷикон ҷиҳати бунёди ҷомеаи дунявию демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона   нақши сарнавиштсоз дорад. Дар ин росто, мо як силсила қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳоро қабул кардем, ки дар ин бахш заминаи боз ҳам мусоид фароҳам хоҳанд овард.

Вакилони гиромиқадр! Тавре маълум аст, фаъолияти Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум камтар аз шаш моҳро дар бар мегирад. Бинобар ин, ба ҳамаи мо лозим аст, ки  аз ин фурсати боқимонда ҳар чӣ пурсамартар истифода намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ ба анҷом расонидани фаъолияти даъвати чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю талош ва қувваю таҷрибаи худро ба харҷ диҳем.

Аз ин лиҳоз, ба мо лозим аст, ки тамоми лоиҳаҳои қонунҳо ва  санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон мавҷуд ҳастанд ва ё дар ҷараёни Иҷлосия ворид мегарданд, мавриди таҳияву баррасӣ ва қабул қарор диҳем. Вобаста ба ин, бояд тамоми ҷанбаҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагонро дар сатҳи зарурӣ идома бахшида, анҷоми бомуваффақияти даъвати чорумро таъмин намоем. Бояд гуфт, ки анҷоми неки фаъолияти даъвати чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷоми неки фаъолияти ҳар як вакил таври алоҳида низ ба шумор меравад.

Бинобар ин, ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ ҷараён гирифтани фаъолияти Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба таври қаноатбахш  ҷамъбаст гардидани даъвати чорум ба шумо, вакилони гиромиқадр, муваффақият ва барори кор таманно менамоям.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Котиботи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори зерин пешниҳод карда мешавад:

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи интихоб намудани ҳайати Котиботи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»

Мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:

Котиботи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Раиси Котибот:

Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич- вакили   Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ №1.

Аъзои Котибот:

Сироҷов Шарофиддин- вакили  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҳисор № 7;

Ҳакимов Мироҷиддин Дӯстмуродович — вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Файзобод №11.

Оид ба лоиҳаи Қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандам, оид ба лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилонро дар ҷаласаҳои Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум интихоб намоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори зерин пешниҳод карда мешавад:

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи интихоб намудани ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон дар ҷаласаҳои Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»

Мутобиқи банди 134 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Барои баҳисобгирии овозҳои вакилон дар ҷаласаҳои Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Раиси Комиссия:

Самадов Шакарбек Додхоевич — вакили  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент №21.

Аъзои Комиссия:

Талбаков Исмоил Иброимович — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ

Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович — вакили  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Оид ба лоиҳаи Қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандам, оид ба лоиҳаи Қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи бандҳои 246 ва 247 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳиро интихоб намоем.

Оид ба ин масъала лоиҳаи Қарори зерин пешниҳод карда мешавад:

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи интихоб намудани Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»

Мутобиқи бандҳои 246 ва 247 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   қарор мекунад:

Барои назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Роҳбари Гурӯҳ:

Нозимов Маҳмадшариф- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Аъзои гурӯҳ:

Каримов Маҳмадраҳим - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Данғара №36;

Хонов Абдураҳмон Умарович  — вакили  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Оид ба лоиҳаи Қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандам, оид ба лоиҳаи Қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Аз вакилоне, ки ба ҳайати Котибот, Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шудаанд, хоҳиш мекунам, ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ намоянд.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки дар асоси банди 137 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби инъикоси рафти Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро дар воситаҳои ахбори омма муайян намоем.

Оид ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, вакил аз ҳавзаи интихоботии Айнӣ №22 Салимзода Олим дода мешавад.

DSC_0038Олим Салимзода:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба таваҷҷуҳи шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси рафти кори Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» пешниҳод мешавад.

Мутобиқи банди 137 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   қарор  мекунад:

1. Рафти кори Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба таври фишурда пахш карда шавад.

2. Маводи кори Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳаҷми пурра дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» чоп карда шавад.

3. Маводи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда  шавад.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қарор чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳишмандам, оид ба лоиҳаи Қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро тасдиқ намоем.

Қарор дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна пешниҳод доред? Ба овоз монда шавад? Дигар таклифҳо нест? Ба овоз мемонам.

Хоҳишмандам, оид ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласа мавқеи худро муайян намоед.

Қарор бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ»

2. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»

4. Дар бораи Созишномаи грантии (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ»

5. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ

6. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шариф дода мешавад.

РАҲИМЗОДАШариф Раҳимзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, муҳтарам вакилони халқ!

Бо мақсади такмили тарзу усулҳои дурнамосозӣ, таҳлилу арзёбии захираҳои табиӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо ба хотири беҳдошти некуаҳволии шаҳрвандони кишвар лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи меъёрҳои тавсиявии физиологии маҳсулотҳои асосии озуқа барои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гашта, дар баррасии Ҳукумат қарор дорад.

Ҳангоми баррасии лоиҳаи қарор дар Раёсати Ҳукумат таклиф ба миён омад, ки барои қабули қарори мазкур зарур аст, ки дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи «муайян намудани меъёри истеъмоли озуқаи асосӣ барои аҳолӣ» мушаххас карда шаванд.

Бинобар ин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» таҳия шудааст.

Ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» имкон медиҳад, ки дар заминаи он роҳу усулҳои дурнамосозӣ такмил ёфта, захираҳои мавҷуда ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва беҳдошти сатҳи иҷтимоии шаҳрвандони кишвар оқилона истифода шаванд.

Меъёрҳои истеъмоли маҳсулоти асосии озуқа дар таҳияи барномаҳои сатҳи миллӣ ва соҳавӣ, муайян намудани дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат, инчунин баҳодиҳии дигар барномаҳое, ки барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт нигаронида шудаанд, ба сифати нишондиҳандаи асосӣ истифода мешаванд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки аз сабаби мавҷуд набудани меъёрҳои тасдиқшуда ва асосноки ба шароити иқтисоди кишвар мувофиқ, то ба имрӯз дар дурнамосозӣ ва баҳодиҳии сатҳи таъминоти аҳолӣ меъёрҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истифода мегардад, ки ҳангоми баррасии мавзӯъҳои амнияти озуқаворӣ дар ҷаласаҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ нишондиҳандаҳои таъмини маҳсулоти озуқа ба сари аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати дигар давлатҳо паст баҳогузорӣ мешавад.

Ҳангоми таҳияи меъёрҳо имконияту захираҳои ҷумҳурӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, расму оин ва хусусияти миллии шаҳрвандон дар истеъмоли маҳсулоти озуқа (дар асоси тавсияи Академияи илмҳои тиб, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дигар пажӯҳишгоҳҳои соҳавӣ) ба инобат гирифта шудааст.

Қабули қонуни мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.

Бо дарназардошти муҳим будани масъалаи баррасишаванда дар фаъолияти бахшҳои иқтисоди кишвар аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Доир ба ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Садриддинов Бадриддин Талбакович дода мешавад.

DSC_0045Бадриддин САДРИДДИНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирин!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2014  таҳти №2504 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пешбинӣ намудани муқаррароти дахлдор дар бораи муайян сохтани меъёр оид ба миқдори истеъмоли озуқаи асосӣ барои аҳолӣ таҳия шудааст. Дар ин робита зарурати илова намудани сархати нав ба моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», ки дар он салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ба миён омадааст.

Меъёри тавсиявии физиологии озуқаи асосӣ барои аҳолӣ, ки ҳамчун нишондиҳанда барои баҳодиҳии сатҳи таъмини аҳолӣ бо намудҳои озуқаи асосӣ, муайян намудани талаботи бозори истеъмолӣ, дурнамои истеҳсолу воридоти маҳсулоти ҳаётан муҳим, ки дар маҷмӯъ барои таъмини амнияти озуқавории кишвар истифода мешаванд, зарур мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои худ лоиҳаи қонуни мазкурро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 26 августи соли 2014 дар ҷаласаи худ ва 27 августи соли 2014 дар ҷаласаи васеи Кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаҳои ҳуқуқ ва тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод. Тибқи пешниҳодот дар матни лоиҳаи қонун калимаҳои «меъёрҳои» ба калимаи «меъёри» ва калимаҳои «маҳсулоти асосии озуқаворӣ» ба калимаҳои «озуқаи асосӣ» иваз ва дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонуни мазкур дохил карда шуданд. Яъне, лоиҳаи ин қонун баъд аз таҳрир ба тариқи зайл ифода гардид:

«- муайян намудани меъёри истеъмоли озуқаи асосӣ барои аҳолӣ».

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, ҳамкасбони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ ва барои қабули он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Лочин Нусратулло дода мешавад.

ФАЙЗУЛЛОЗОДАФАЙЗУЛЛОЗОДА Лочин Нусратулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳозирини гиромӣ!

Тӯли солҳои охир бо кӯшиш ва заҳматҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон рушд ёфта истодааст.

Дар ин раванд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мустаҳкам кардани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Аз ҷумла дар рафти сафари расмии Сарвари давлат ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (26 марти соли ҷорӣ) дар шаҳри Кобул Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расидааст.

Созишномаи мазкур принсипҳои асосии ҳуқуқиро вобаста ба танзими фаъолияти сармоягузорӣ муқаррар менамояд, ки ин дар маҷмӯъ баҳри ҷоннок гаштани муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ду кишвар равона шудааст.

Мувофиқи Созишномаи мазкур ҳар яке аз Тарафҳои аҳдкунанда бояд соҳибкорони Тарафи дигарро барои сармоягузорӣ дар қаламрави худ ҳавасманд гардонанд.

Тарафҳо уҳдадор мешаванд, ки чораҳои беасосро нисбати идоракунӣ, нигоҳдорӣ, истифода, соҳиб шудан ва тақсимоти сармоягузориҳои Тарафи дигари аҳдкунанда татбиқ намекунанд. Созишномаи мазкур интиқоли озоди маблағҳои сармоягузорони якдигарро кафолат медиҳад ва муҳофизат менамояд.

Дар давраи санади мазкур Тарафҳо дар қаламрави ҳамдигар аз низоми миллӣ ва низоми бештари мусоид истифода мебаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз бо зиёда аз 36 давлат чунин созишномаҳоро ба имзо расонидааст.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар солҳои 2007-2014 аз ҷониби сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6,3 млн. доллари ИМА сармоя ворид гардидааст, ки аз онҳо 5,4 млн.доллари ИМА сармоягузории мустақим ва 0,92 млн.доллари ИМА-ро қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардида ташкил медиҳанд.

Ҳар як Тарафи аҳдкунанда дар қаламрави Тарафи дигари аҳдкунанда аз низоми миллӣ ва низоми бештари мусоид бояд истифода барад.

Низомҳо имтиёзҳоеро, ки як Тарафи аҳдкунанда ба сармоягузорони давлати сеюм дар асоси иштирок ё иттифоқ дар минтақаи озоди иқтисодӣ, иттиҳоди гумрукӣ, бозори умумӣ ё дигар шакли ташкилоти иқтисодӣ – минтақавӣ пешниҳод менамояд, дар бар намегирад. Ҳамчунин ин низомҳо ба масъалаҳои андозбандӣ татбиқ намегарданд.

Муқаррароти Созишнома бо санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, муҳлати амали он 15 солро дар бар мегирад.

Бинобар ин, баҳри таъмини фазои муносиби ҳуқуқӣ дар муносибатҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қарори пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия Расулов Ашӯрбег Раҳматуллоевич дода мешавад.

Ашӯрбег РАСУЛОВАшӯрбег РАСУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, ки 26 марти соли 2014 дар шаҳри Кобул ба имзо расидааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2014 таҳти №2512 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Созишномаи мазкур принсипҳои асосии ҳуқуқиро вобаста ба  танзим намудани фаъолияти сармоягузорӣ муқаррар менамояд, ки ин дар маҷмӯъ баҳри тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ду кишвар равона карда шудааст.

Мувофиқи муқаррароти Созишнома ҳар яке аз Тарафҳои аҳдкунанда бояд сармоягузорони Тарафи дигари аҳдкунандаро барои сармоягузорӣ кардан дар қаламрави худ ҳавасманд гардонад ва бояд сармоягузориҳоеро иҷозат диҳанд, ки ба қонуну қоидаҳои худ мувофиқ  бошад. Бо дархости яке аз Тарафҳои аҳдкунанда маълумот оид ба қонунҳо, қоидаҳо, қарорҳо, амалияи маъмурӣ, расмиёт ва ё сиёсати пешгирифтаи Тарафи дигари аҳдкунанда бояд таъмин карда шавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 26 августи соли 2014 дар ҷаласаи васеи Кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аъламхони Қодириён дода мешавад.

НаимиНАИМӢ Аъламхони Қодириён: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» пешниҳод гардидааст, ки он аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бояд зикр кард, ки дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди туризм ва сайёҳӣ мебошад. Бо ин мақсад дар солҳои охир сохтмони якчанд меҳмонхонаҳо анҷом дода шудааст, ки меҳмонхонаи панҷситорадор, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 48 аз ҳамин ҷумла аст.

Арзиши умумии сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори мазкур 275 млн.сомонӣ буда, майдони он 25 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Меҳмонхонаи мазкур ба меъёрҳои ҳозиразамони байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, маблағгузории он аз ҷониби Ширкати хусусии ҳиндии СИ-ЭЙЧ-ЭЛ амалӣ карда шудааст.

Меҳмонхона дорои 148 ҳуҷра, толорҳои гуфтушунид, варзишию солимгардонӣ, баргузории конфронсҳо, пазироии тамоми сатҳи меҳмонон, аз ҷумла меҳмонони олиқадр ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ карда шудааст. Дар меҳмонхона зиёда аз 180 нафар ба ҷойҳои доимии корӣ таъмин карда мешаванд, ки 95 фоизи онҳоро шаҳрвандони ҷумҳуриамон ташкил медиҳанд.

Маросими ифтитоҳи меҳмонхонаи мазкур бо иштирок ва суханронии бевоситаи Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Бояд зикр намуд, ки мутобиқи талаботи қонунгузорӣ дар Буҷети давлатии солҳои 2009-2013 фармоишгар ва пудратчии асосии меҳмонхонаи мазкур аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз фоида, андози иҷтимоӣ аз шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва инчунин воридоти молҳо барои сохтмони меҳмонхона аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод гардида буданд.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013 таҳти №500 Номгӯй ва молҳои барои сохтмони меҳмонхонаи мазкур воридшаванда дар ҳаҷми 541 намуд аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод гардида буданд, ки бо дарназардошти омилҳои гуногун дар соли молиявии 2013 ҳамагӣ 32 номгӯйи он ворид карда шуд, яъне 18 номгӯйи он ворид нагардидааст. Дар маҷмӯъ 509 намуди мол ворид карда нашуд, ки он боиси дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом нарасидани сохтмони меҳмонхонаи мазкур гардидааст.

Тибқи маълумоти ҷойдошта, дар соли 2014 дар ҳаҷми 37,0 млн.сомонӣ масолеҳи сохтмон ворид гардидааст, ки аз ин андоз аз арзиши иловашуда – 7,6 млн.сомониро ташкил додааст. 1,2 млн. сомонии дигар аз ҳисоби иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчиёни асосӣ ба вуҷуд омадааст, ки аз ин нишондиҳанда андоз аз арзиши иловашуда – 0,7 млн.сомонӣ ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард -0,6 млн.сомониро ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ, ҳангоми қабули қонуни мазкур меҳмонхона ба маблағи 8,8 млн.сомонӣ аз пардохти андозҳо озод карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти молҳо барои меҳмонхонаи мазкур ҳамчун дастгирии давлатии молиявӣ ҳисоб рафта, барои пазироии меҳмонон, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланд, шароити мусоид фароҳам меорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.

Сафаралӣ ГУЛОВСафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирин!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2014 таҳи № 2503 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ вобаста ба сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 48 пешниҳод шудааст.

Дар соли молиявии 2013 воридоти мол барои сохтмони ҳамин меҳмонхона, тибқи қонунгузории андоз, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод буд. Номгӯй ва ҳаҷми молҳои барои сохтмони ҳамин меҳмонхона пешбинишуда бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013 таҳти №500 тасдиқ карда шудааст. Аз шумораи умумии 541 номгӯйи молҳои воридшаванда танҳо 32 адад номгӯйи мол пурра ворид гардидааст. Дар маҷмӯъ 509 намуд мол ворид нашудааст, ки боиси ба анҷом нарасидани сохтмони меҳмонхонаи мазкур гардидааст.

Барои сохтмони ин меҳмонхона дар соли 2014 дар ҳаҷми 36 850 000 сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизот ворид карда мешавад, ки аз ин 7 627 950 сомонӣ пардохтҳои гумрукиро ташкил менамояд, иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда 652 740 сомонӣ ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 614 780 сомониро ташкил медиҳад.

Мувофиқи лоиҳаи қонун пешниҳод карда мешавад, ки дар қисми 6-уми моддаи 15-уми  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» пас аз калимаҳои «шаҳри Душанбе» калимаҳои «ва меҳмонхонаи панҷситорадори воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, шаҳри Душанбе» илова карда шаванд.

Дар қисми 6-уми моддаи 15-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» муқаррар карда шудааст, ки дар соли 2014 иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ оид ба сохтмони меҳмонхона аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуҳуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.

Дар ҷаласаи васеи Кумитаи масъул 26 августи соли 2014 лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Раис: Дар бораи Созишномаи грантии (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Ҳамкории  иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аъламхони Қодириён дода мешавад.

Наимӣ Аъламхони Қодириён:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ки онро дар сиёсати давлат Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян намудааст, тамоми чораҳои заруриро андешида, онҳоро давра ба давра дар амал татбиқ намуда истодааст.

Бояд зикр намуд, ки Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони боэътимоди молиявии кишварамон маҳсуб меёбад. Дар якҷоягӣ бо бонки мазкур дар ҷумҳурӣ 13 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи зиёда аз 905 млн. доллари амрикоӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ амалӣ гардида истодааст, ки 75 фоизи онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд.

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи грантии (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ» пешниҳод гардидааст, ки он дар асоси ваколатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе  аз ҷониби вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст.

Тавре дар Паёми Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Бо дарназардошти ворид шудани кишварамон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва зарурати таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар, инчунин беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мо бояд иқтисодиёти кишварамонро ба меъёрҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мутобиқ созем».

Бояд зикр намуд, ки лоиҳаи мазкур тавассути Гурӯҳи татбиқ амалӣ гардида, муҳлати он аз соли 2013 то июни соли 2018- ро дар бар мегирад. Арзиши умумии он 11,1 млн.доллари амрикоӣ, аз ҷумла гранти Бонки Осиёии Рушд ба маблағи 9,2 млн. доллари амрикоӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,9 млн. доллари амрикоӣ, дар шакли озод намудан аз андозҳо  мебошад, пешбинӣ менамояд.

Лоиҳаи мазкур характери минтақавӣ дошта, дар се кишвари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Қирғизистон ва Муғулистон татбиқ мегардад. Лоиҳа яке аз қисматҳои Нақшаи амалии Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ барои татбиқи Стратегия оид ба нақлиёт  ва мусоидат ба савдо маҳсуб ёфта, сода намудани расмиёти тиҷоратро дар минтақа бо роҳи аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ, инфрасохторӣ ва сохторӣ пешбинӣ менамояд.

Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомот дар ҷараёни тиҷорати хориҷӣ, танзими кори иштирокчиён, ба роҳ мондани расмиёти шаффофу пешгӯйишаванда ҷиҳати мусоидат ба рушди тиҷорат дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Илова бар ин, ташкил ва муҷаҳҳазгардонии терминалҳо ҳамчун қисми таркибии инфрасохтори нақлиёти минтақавӣ метавонад имкониятҳои транзитии кишварро беҳтар намуда, ба афзоиши ҳиссаи мамлакат дар хизматрасонии минтақавию байналмилалии нақлиётӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади иловагии буҷет ва умуман рушди иқтисодиёт мусоидат намояд.

Лоиҳаи мазкур се қисмати алоҳида, вале ба ҳам алоқамандро дар бар мегирад. Қисмати якуми лоиҳа корҳои мукаммалсозии нуқтаи сарҳадии назоратию иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла беҳтар намудани шароити кори нуқтаи сарҳадии назоратию иҷозатдиҳии «Гулистон»-ро, воқеъ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд, бо роҳи азнавсозӣ ва таҷҳизонидани терминалҳо, таъмини воситаҳои алоқа, таҷҳизоти идоравӣ ва назорати гумрукӣ дар бар мегирад ва ба маблағи 2,2 млн. доллари амрикоӣ амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла барои нуқтаи сарҳадии назоратӣ-иҷозатдиҳии «Гулистон» сохтмони анбор, ангар барои санҷиши воситаҳои нақлиёт, ду нуқтаи назоратию иҷозатдиҳӣ, казарма барои кормандон ва афсарони хадамоти наздисарҳадӣ, шлагбаумҳо, девори махсуси зиддидезинфексионӣ, утоқҳо барои ҳамшираҳои тиббӣ (фитосанитарӣ), байторҳо, системаи обтаъминкунӣ ва шабакаҳои обу ташноб, обанбори канализатсиониву септикӣ, кабудизоркунӣ, таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ, дафтарӣ ва умуман идоравӣ, таҷҳизоти дастгоҳиву назоратӣ, радиатсионӣ, рентгенӣ, хароҷоти идоракунии таҷҳизоти техникӣ барои назорат, тафтиш ва инчунин таҷдиду равшаннамоии дигар иншооти пешбинишаванда дар назар дошта шудааст.

Қисмати дуюми лоиҳа тақвият бахшидан ва васеъ намудани равзанаи ягонаи миллӣ, таъминоти барномавӣ, портали тиҷоратӣ, системаҳои санҷиши сертификатҳо ва иҷозатномаҳои назорати онҳо, тақвият бахшидани системаи ягонаи автоматикунонии иттилооти Хадамоти гумрук бо равзанаи ягона, таъмини таҷҳизоту технологияи пешрафтаи муосир, кумаки фаврӣ ба идоракунӣ ва ҳайати равзанаи ягона, таҳлил ва азнавташкилдиҳии ҷараёни тиҷорат, шарҳи замина ва пешниҳодоти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар чорабинию ҳамкории судманд иборат буда, бо тарафҳои манфиатдор дар доираи 6,2 млн. доллари амрикоӣ татбиқ карда мешавад.

Қисмати сеюми лоиҳа — хароҷоти нигоҳдорӣ ва идоракунӣ, аз қабили хароҷоти банақшагирӣ, харид, назорат, аудит, хароҷоти ғайричашмдошт, дастгирии Агентии татбиқкунандаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии иҷроия- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар хароҷоти татбиқи лоиҳа дар доираи 1,7 млн. доллари амрикоӣ муқаррар карда шудааст.

Мақсад аз татбиқи  лоиҳаи мазкур, сарфа намудани вақт барои таҳия ва интиқоли борҳои воридотӣ ва содиротӣ дар нуқтаи сарҳадӣ, рушди тиҷорат дар минтақа, хизматрасонии ҷавобгӯй ба стандартҳои байналмилалӣ, гардиши босуръати маҳсулот ва таъмини он ба аҳолӣ, иштироки фаъол дар муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва рушди иқтисоди миллӣ, зиёд гардидани интиқоли борҳои транзитӣ, дар асоси кам намудани хароҷот барои риояи ҷараёни тиҷорат дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, мусоидат баҳри якҷояшавии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум, имконияти ҷобаҷогузории маълумотҳои пешниҳодшуда, танзими тиҷорати байналмилалӣ ва таъмини шаффофият дар коргузорӣ  мебошад.

Аз ин лиҳоз, лоиҳаи мазкур аз ҷиҳати самаранокӣ хеле муҳим арзёбӣ гардида, татбиқи он метавонад ба рушди соҳибкорӣ ва тиҷорати хориҷӣ мусоидат намояд.

Истифодаи саривақтӣ, самаранок ва мақсадноки маблағҳои мазкурро дар ҳамкорӣ бо мақомоти назорати молиявӣ, Агентии  татбиқкунандаи лоиҳа — Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии иҷроияи лоиҳа – Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоем.

Бинобар ин, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала  сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов  Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВДомуллоҷон ҶАББОРОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантии (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ» 24 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2014 таҳти № 2509 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 26 августи соли 2014 дар ҷаласаи васеи Кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, тасдиқи он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Хоҳишмандам онро дастгирӣ намоед.

Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС:- Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб  дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ сухан ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад.

рахмоноваРАҲМОН Озода Эмомалӣ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам Раёсат  ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ, ки 30 декабри соли 2013 дар шаҳри Абу-Забӣ ба имзо расидааст, пешниҳод мегардад.

Созишномаи мазкур ба Тарафҳо имкон медиҳад, ки барои ҷойгир намудани сафоратҳои ҳар ду ҷониб дар асоси принсипи мутақобила ба муҳлати 49 сол қитъаҳои замин ҷудо карда шавад.

Бояд таъкид сохт, ки муқаррароти Созишномаи мазкур масъалаҳои зеринро ба танзим медарорад:

- ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони намояндагиҳои дипломатӣ;

- риояи қонунгузории миллии давлати иқомат дар соҳаи шаҳрсозӣ ва меъморӣ зимни лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳои намояндагии дипломатӣ;

- озод намудан аз андозҳо,  боҷ ва пардохтҳои вобаста  ба сохтмони намояндагиҳои дипломатӣ;

- ба расмиятдарории ҳуқуқи моликият ба бинову иншоот ва ҳуқуқи иҷораи қитъаҳои замин;

- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи мазкур;

- тартиби ҳалли баҳсҳо ва эътибор пайдо намудани Созишномаи мазкур.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба таваҷҷуҳи шумо мерасонам, ки тибқи муқаррароти моддаи якуми Созишномаи зикргардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб қитъаи заминро дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсум, ки масоҳати умумиаш 6000 метри мураббаъ мебошад, барои сохтмони иншооти Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб ба муҳлати 49 сол ба иҷора медиҳад.

Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб бошад, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи замини №43-ро дар минтақаи шаҳраки дипломатии шаҳри Абу-Забӣ, ки масоҳати умумиаш 5755 метри мураббаъ мебошад, барои сохтмони иншооти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфа менамояд.

Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи додани қитъаи замин ба Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони бинои Сафорат дар шаҳри Душанбе» аз 25 июни соли 2012 таҳти №372 ба Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони бинои Сафорат дар кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе аз заминҳои захиравии шаҳри Душанбе бо масоҳати умумии 6000 метри мураббаъ қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

Ҷиҳати сохтмони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб тамоми чораҳои зарурӣ бо таҳияи санадҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Хароҷот вобаста ба сохтмони биноҳои намояндагии дипломатӣ ва дигар шаклҳои хизматрасонӣ, аз қабили заминсозӣ, ташхиси лоиҳа, инчунин хароҷоти барои барқтаъминкунӣ, газ, об ва дигар хизматрасониҳо аз ҷониби худи Тарафҳо мустақил пардохт карда мешаванд.

Созишномаи мазкур мувофиқи моддаи 11-ум аз таърихи гирифтани огоҳиномаи хаттии охирин оид ба иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ эътибор пайдо менамояд.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.

Олим Салимзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ 30 декабри соли 2013 дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расидааст. Созишномаи мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст.

Созишнома аз 11 модда иборат буда, он ба тарафҳо имкон медиҳад, ки барои ҷойгир намудани сафоратҳои ҳар ду ҷониб дар асоси принсипи мутақобилан баробар ба муҳлати 49 сол қитъаҳои заминро ба иҷора ҷудо намоянд.

Тибқи муқаррароти моддаи 1-уми Созишномаи зикргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб қитъаи заминро дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсум, ки масоҳати умумиаш 6000 метри мураббаъ мебошад, барои сохтмони иншооти Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб ба муҳлати 49 сол ба иҷора медиҳад.

Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб бошад, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи замини  №43-ро дар минтақаи шаҳраки дипломатии шаҳри Абу-Забӣ, ки масоҳати умумиаш 5755 метри мураббаъ мебошад, барои сохтмони иншооти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфа менамояд.

Бояд зикр кард, ки бо мақсади тақвият додани муносибатҳои дӯстона байни ду давлат ва таъмини шароити муносиби истиқомат ва кор барои намояндагиҳои дипломатӣ Созишномаи мазкур шароити хуб эҷод мекунад.

Ҳамаи кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.

Дар асоси гуфтаҳои боло аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ҷиҳати тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: -Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ сухан ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ дода мешавад.

РАҲМОН Озода Эмомалӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ, ки 24 августи соли 2010 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расидааст, пешниҳод мегардад.

Созишномаи мазкур бо мақсади таъмин намудани шароити муносиби истиқомат ва кор дар намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Созишнома аз 13 модда иборат буда, масъалаҳои зеринро ба танзим медарорад:

- ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони намояндагиҳои  дипломатӣ;

- риояи қонунгузории миллии давлати иқомат дар соҳаи шаҳрсозӣ ва меъморӣ зимни лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳои намояндагии дипломатӣ;

- озод намудан аз андозҳо, боҷ ва пардохтҳои вобаста ба сохтмони намояндагиҳои дипломатӣ;

- барасмиятдарории ҳуқуқи моликият ба бинову иншоот ва ҳуқуқи иҷораи қитъаҳои замин;

- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи мазкур;

- тартиби ҳалли баҳсҳо ва эътибор пайдо намудани Созишнома.

Тибқи муқаррароти моддаи 1-уми Созишномаи зикргардида, ҷониби Қазоқистон ба ҷонибиТоҷикистон қитъаи заминро дар шаҳри Остона, ба масоҳати умумии як гектар, барои сохтмони бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба муҳлати 49 сол музднок бо нархи як тенге дар як сол барои иҷора пешниҳод менамояд.

Вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замин ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иттилоъ медиҳам, ки мувофиқи Қарори Ҳокимияти шаҳри Остона аз 28 феврали соли 2014 барои сохтмони бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остона, қитъаи замин ба масоҳати як гектар ҷудо карда шуд.

Инчунин Тоҷикистон ба ҷониби Қазоқистон қитъаи заминро мувофиқи муқаррароти моддаи 1-уми Созишномаи мазкур дар шаҳраки якуми дипломатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо масоҳати умумии як гектар барои сохтмони бинои Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 49 соли музднок бо нархи як сомонӣ дар як сол барои иҷора пешниҳод менамояд.

Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе«Дар бораи додани иҷозат барои лоиҳакашии Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 январи соли 2011 таҳти №42 ба Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони бинои Сафорат дар кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе аз заминҳои захиравии шаҳри Душанбе бо масоҳати умумии як гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

Хароҷот вобаста ба сохтмони биноҳои намояндагии дипломатӣ ва дигар шаклҳои хизматрасонӣ (аз қабили заминсозӣ, ташхиси лоиҳа, инчунин хароҷот барои барқтаъминкунӣ, газ, об ва дигар хизматрасониҳо) аз ҷониби худи                                                                                                                  Тарафҳо мустақил пардохт карда мешаванд.

Созишномаи мазкур мувофиқи моддаи 13-ум аз таърихи гирифтани огоҳиномаи хаттии охирин оид ба иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ эътибор пайдо менамояд.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз руйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.

Олим САЛИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Ба баррасии шумо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ, ки 24 августи соли 2010 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расидааст, пешниҳод мегардад. Созишномаи мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур аз 13 модда иборат буда, барои тарафҳо имкон медиҳад, ки барои ҷойгир намудани сафоратҳои ҳар ду ҷониб дар асоси принсипи мутақобилан баробар ба муҳлати 49 сол қитъаҳои заминро ба иҷора ҷудо намоянд.

Тибқи муқаррароти моддаи 1-уми Созишномаи зикргардида ҷониби Қазоқистон ба ҷониби Тоҷикистон қитъаи заминро дар шаҳри Остона, дар ҷанубии кӯчаи Ш. Калдаякова, ба масоҳати умумии як гектар барои сохтмони бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба муҳлати 49 сол музднок бо нархи як тенге дар як сол барои иҷора пешниҳод менамояд.

Ҷониби Тоҷикистон дар навбати худ ба ҷониби Қазоқистон қитъаи заминро дар шаҳраки якуми дипломатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо масоҳати умумии як гектар барои сохтмони бинои Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 49 сол музднок бо нархи як сомонӣ дар як сол барои иҷора пешниҳод менамояд.

Бояд зикр кард, ки бо мақсади тақвият додани муносибатҳои дӯстона байни ду давлат ва таъмини шароити муносиби истиқомат ва кор барои намояндагиҳои дипломатӣ Созишномаи мазкур шароити хуб эҷод мекунад.

Ҳамаи кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.

Дар асоси гуфтаҳои боло аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ҷиҳати тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мутақобилан ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: -Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ  ва ҳуқуқи инсон Маҳмудов Насрулло Раҳматҷонович дода мешавад.

Насрулло МаҳмудовНасрулло МАҲМУДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳим дошта, тартиби таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳамзамон ваколатҳои мақомоти тафтишот ва судиро вобаста ба ин раванд муайян мекунад. Рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пайдоиши масъалаҳои гуногун вобаста ба амалӣ гардондани адолати судӣ ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Кодекси мазкур тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади танзими ҳуқуқии ин масъалаҳо ва таъмини мутобиқати меъёрҳои Кодекс ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанов, Н. Маҳмудов лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамзамон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Асоси дигари таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур амалӣ намудани нуктаҳои  мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзачии вежаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи шиканҷа Хуан Мендес мебошад.

Бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2014 таҳти №2386 ва аз 20 августи соли 2014 таҳти №2507  лоиҳаҳо барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуда буданд.

Бо дарназардошти ба як санади ҳуқуқӣ мансуб будани  лоиҳаҳо бо дастрасии банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи масъул онҳоро ҳамчун  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муттаҳид намуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмил ёфтани он дар маҷмӯъ 17 пешниҳод ирсол намуданд ва  Кумитаи масъул рӯзи 29 августи соли 2014  дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Х. Мирзоев онҳоро баррасӣ ва қабул  намуд.

Ҳамин тавр, мутобиқи лоиҳаи баррасишаванда ба 8 модда, яъне моддаҳои 53, 89, 241, 348, 350, 408, 410 ва 479 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани  тағйиру иловаҳо дар назар аст.

Чунончӣ, тибқи тағйирот ба қисми 2 моддаи 89 ба қарорҳо бо парвандаҳои оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ низ  преюдитсияи ҳуқуқӣ дода шуда, дар баробари ҳалномаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд оид ба парвандаи гражданӣ минбаъд ҳалномаи суд оид ба парвандаҳои оилавӣ, иқтисодӣ ва қарори суд оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ барои суд, судя, прокурор, муфаттиш‚ таҳқиқбаранда ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ танҳо оид ба масъалаи ҷой доштани худи ҳодиса ё кирдор ҳатмӣ дониста мешавад.

Моддаҳои 241 ва 350 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби шинос кардани айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯро бо маводи парвандаи ҷиноятӣ ва ҳамзамон тартиби супоридани нусхаи ҳукмро бо парвандаҳои ҷиноятие, ки дар маҷлиси пӯшидаи судӣ баррасӣ мешаванд, ба танзим медароранд ва иловаҳо ба қисми 2 моддаи 241 ва қисми 3 моддаи 350  меъёрҳои ин моддаҳоро пурратар менамоянд.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳоеро низ пешбинӣ мекунад, ки бо таъиноти (қарори) асосноки суд, судя танҳо қисми муқаддимавӣ ва хулосавии ҳукм эълон карда мешавад. Дар лоиҳаи қонуни муҳокимашаванда бо ворид кардани илова ба қисми 3 моддаи 348 ин меъёр такмил дода шуда, пешниҳод мешавад, ки ҳангоми эълон кардани қисми муқаддимавӣ ва хулосавии ҳукм раисикунанда бояд ба иштирокчиёни мурофиаи судӣ тартиби бо матни пурраи он шинос шуданро фаҳмонад.

Қисми 6 моддаи 408 дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мутобиқи он қарори судя оид ба амалҳо вобаста ба баррасии эътироз ё шикояти назоратӣ минбаъд бояд ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда шуда, нусхаи он ба шахси эътироз ва шикоятоварда равона карда шавад. Ин тағйирот номукаммалии меъёрҳои Кодексро бартараф карда,  имконият медиҳад, ки минбаъд ҳамаи қарорҳои суд вобаста ба баррасии шикоят ё эътироз, аз ҷумла шикоят ва эътирози назоратӣ ба парванда ҳамроҳ шавад.Тағйироти мазкур дар омӯзиш ва баррасии парванда дар марҳилаҳои гуногуни судӣ аҳамияти хоса дошта, ба таъмини адолати судӣ мусоидат хоҳад намуд.

Моддаи 479 Кодекс асосҳои рад кардани супоридани шахсро ба дигар давлат пешбинӣ мекунад ва бо пешниҳоди лоиҳаи қонун ба ин модда  сархати чорум илова карда мешавад, ки мутобиқи он, агар дар бораи дар давлати супоридашаванда мавриди шиканҷа қарор гирифтани шахс маълумот мавҷуд бошад, он гоҳ супоридани шахс рад карда мешавад.Ин илова натиҷагирӣ аз мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзачии вежаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи шиканҷа  сарчашма мегирад.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида, бо дарназардошти моҳияти демократӣ ва ҳуқуқбунёд доштани ҷомеаи имрӯза таҳия гардида, он меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятиро боз ҳам мукаммал намуда, ҷиҳати дар амалия  дуруст татбиқ шудани он мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд.Вобаста бо қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Тӯрахон Давлатович дода мешавад.

Тўрахон САМАДОВТӯрахон САМАДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба тобеияти суд вогузор намудани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи риоя накардани қоидаҳои муқарраршуда дар шароити вазъияти фавқулодда, паҳн кардани овозаҳои иғвогарона ва вайрон кардани тартиботи ҳуқуқӣ дар шароити вазъияти фавқулодда, инчунин ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ кардани он таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2508 аз 20 августи соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон,  кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро омӯхта, ҷиҳати мукаммал намудани он ҳафт таклифу пешниҳод ирсол намуданд.

Кумитаи масъул 29 августи соли 2014 ҷаласаи васеъ гузаронида, бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро баррасӣ намуд.

Дар натиҷаи муҳокима ҳамаи таклифу пешниҳодҳо пурра қобили  қабул шуморида, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳа ворид карда шуданд.

Аз ҷумла маълумотҳо вобаста ба тағйироти ба Кодекс воридшуда ислоҳ гардиданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ҷонибдорӣ намуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ