Вакил ва интихобкунанда

Сафари Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба ноҳияҳои водии Рашт

№111 (3257) 25.09.2014

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон аз ҳавзаи интихоботии Рашт №12 аз 16 сентябри соли 2014 ба  сафари корӣ баромад.

Раиси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар бо мақсади огоҳии ҳар чӣ бештаре пайдо намудан бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳолати тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ дар ноҳияҳои минтақа, инчунин ҷиҳати ошноӣ бо зиндагӣ ва фаъолияти интихобкунандагони  худ дар ин ноҳияҳо рӯзҳои қабул баргузор намуд ва бо раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа мулоқот орост.

Аз ҷумла дар ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Нуробод ва Тавилдара рӯзҳои қабули Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамарӯза муроҷиаткунандагони зиёде, ки намояндагони касбу кори гуногун — зиёиён, деҳқонон, соҳибкорон, собиқадорони меҳнат ва намояндагони соҳаҳои дигар буданд, дархосту муроҷиатҳои худро ба таваҷҷуҳи вакили худ расонда, ҷиҳати ҳалли аксари  муроҷиатҳои худ роҳнамоӣ ва тавсияҳои қаноатбахш гирифтанд.

Аксари муроҷиаткунандагон барои ҳалли мушкилоти шахсиву хонаводагии худ не, балки бо мақсади ҳалли масъалаҳои барои ҷомеа ва ё соҳаҳои гуногуни ноҳияҳо муфиду зарурӣ ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамуданд. Сохтмони бинои нави мактаб ё синфхонаҳои иловагӣ, бунёди муассисаҳои тиббиву варзишӣ, сохтмони канал ва обёрии заминҳои нав ва ғайра ба шумори муроҷиатҳои интихобкунандагон шомил буданд.

Масалан, аз ҷониби Бобокалонова Мавлуда — духтури Беморхонаи марказии ноҳияи Рашт масъалаи нарасидани таҷҳизоти тиббӣ дар беморхона, Умаров Далер — омӯзгор масъалаи бунёди мактаби бачагонаи санъат дар ноҳияи Рашт, Абдуҷалолов Ҳабибраҳмон масъалаи муҷаҳҳаз гардонидани китобхонаи ноҳиявӣ бо лавозимоти зарурӣ, Саймаҳбуби Турсуналӣ масъалаи ҷудо намудани квотаҳо ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони бахши сайёҳӣ, Мирзоева Чиласпа (аз ноҳияи Тоҷикобод) масъалаи бо хобгоҳ таъмин намудани писари донишҷӯяш, Бердиев Сайитбек – собиқадори меҳнат (аз ноҳияи Ҷиргатол) масъалаи навсозии канали Қашқатерак, Изомиддинов Саломиддин — навсозии канали Пиёзӣ, Шарипов Сафарбек (сокини ноҳияи Нуробод) кӯчонидани хати баландшиддати барқ аз  маҳалли истиқоматӣ, Холиқов Иброҳим масъалаи бунёди толори варзишӣ, Ҳакимова Шарофат ташкил намудани сехи дӯзандагӣ, Раҳматов Муҳаббат масъули Хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Тавилдара   масъалаи бунёди мактаб ва дигарон таклифу пешниҳодҳои ба ҳамин монанд ироа карда шуд.

Дар баробари ин, баъзе муроҷиаткунандагон нисбати ҷудо намудани қитъаи замин бо мақсади сохтани манзили истиқоматӣ, зиёд намудани маблағи нафақа муроҷиат карданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли муроҷиатҳои  хосияти маҳаллидоштаро ба раисони ноҳияҳо, ки ҳангоми қабули интихобкунандагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд, тавсия намуда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба вазорату муассисаҳои дигар супоришҳои дахлдорро пешниҳод кард.

Шукурҷон Зуҳуров вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва рафти тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ дар ноҳияҳои минтақаро  бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор дод, ки дар баррасии он раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва фаъолони ноҳияҳо иштирок доштанд. Раисони ноҳияҳо роҷеъ ба ин масъала дар назди ҳозирин гузориш дода, вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳоро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки ҳолати иқтисодиву иҷтимоии минтақа назар ба солҳои пешин хеле беҳтар ва кулли нишондодҳои барномавӣ иҷро гардидаанд. Маблағгузорӣ ва иҷрои нақшаҳои буҷетӣ таври қаноатбахш ҷараён гирифта, дар тамоми ноҳияҳои минтақа даҳҳо иншооти наву замонавӣ сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки дар ноҳияҳои Рашту Ҷиргатол иншооти зиёде, аз қабили синфхонаҳои иловагӣ, китобхонаву меҳмонхонаҳо, сартарошхонаву ҳаммом ва дигар иншооти ҷамъиятӣ тариқи ҳашар аз ҷониби мардум сохта, ба истифода дода шудаанд.

Яке аз масъалаҳои муҳими мулоқотҳо омодагӣ ба фасли зимистон ва бо ангишт таъмин намудани муассисаҳои таълимиву тиббӣ, ташкилоту идораҳо ва шахсони эҳтиёҷманд ба шумор мерафт. Тавре аз гузоришҳо маълум гардид, масъалаи мазкур дар ҳамаи ноҳияҳои минтақа тақрибан пурра иҷро шудааст. Бо вуҷуди ин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки масъалаи мазкур бори дигар санҷида, ҷиҳати бо ангишт таъмин намудани иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва эҳтиёҷмандони дигар чораҷӯйӣ карда шавад.

Тавре маълум шуд, бо сабаби номусоид омадани обу ҳавои фасли баҳор ва сари вақт дастрас нашудани картошкаи тухмӣ дар баъзе қитъаҳои замин имкони кишт пайдо нагардид.

Вале хоҷагидорони ноҳияҳо итминон бахшиданд, ки аз ҳисоби ҳосилнокии заминҳои кишт камбуди қитъаҳои киштнагардидаро ҷуброн менамоянд. Дар ин замина Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки  бояд маълумоти оморӣ роҷеъ ба ҳосили картошка таври дақиқ ва воқеӣ пешниҳод карда шавад.

Дар ҷараёни сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз корхонаи ордбарорӣ, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳия сохта мешавад, дидан намуда, бо бунёдкорони он суҳбат орост. Корхонаи мазкур дар як шабонарӯз 50-55 тонна орд бароварда, тақрибан 35 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад намуд. Бояд гуфт, ки ҳадафи бунёди корхонаи мазкур ба танзим даровардани нархи орд дар бозорҳои минтақа мебошад.

Дар ноҳияи Ҷиргатол Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чанде аз деҳқонони хоҷагиҳои  картошкапарварии ноҳия суҳбат намуд. Тавре аз суҳбатҳо маълум гардид, ҳосили картошка имсол хеле хуб буда, аз ҳар як гектар то 270  — 300 сентнериро ташкил медиҳад.

Дар қабул ва мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров раиси ноҳияи Рашт С. Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳ. Ализода, раиси ноҳияи Ҷиргатол У. Зоир, раиси ноҳияи Нуробод С. Сиёмардзода, раиси ноҳияи Тавилдара Ҳ. Ғайрат иштирок доштанд. Ҳалли чанде аз муроҷиатҳои интихобкунандагон, ки дар сатҳи ноҳияҳо бояд ҳал мешуд, аз ҷониби  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури муроҷиаткунандагон ба раисони ноҳияҳо тавсия карда шуд.

Имрӯз дар ноҳияҳои водии Рашт оромии комил ҳукмрон буда, мардум аз сулҳу суботи кишвар  ва минтақа, инчунин аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумат самимона изҳори сипос менамоянд. Суҳбат ва вохӯриҳо дар рӯҳияи дилгармӣ  ба ояндаи неки минтақа ва тамоми ҷумҳурӣ, ҷонибдории комил аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишвар, ободии Ватан ва диёр ҷараён гирифтанд.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

DSC_0564

DSC_0420

DSC_0729

DSC_1031

Суратгир А. ИСОЕВ