Шукурҷон Зуҳуров номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид

№2-3 (3303-3304) 06.01.2015

Тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯзҳо дар ҷумҳуриамон пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Дар робита ба ин рӯзи 31 декабри соли 2014  дар маркази ноҳияи Рашт Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон-ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод, Тавилдара, Рашт ва Ҷиргатол баргузор гардид, ки дар он 461 нафар вакилони ин ҳизб  иштирок доштанд.

Дар рӯзномаи ҷаласа танҳо як масъала-пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Рашт №12 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вакилони конференсия ба бюллетени овоздиҳии пӯшида номзадии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро пешниҳод намуданд.

Зимни овоздиҳии пӯшида ҳамаи 461 вакили конференсия номзадии Шукурҷон Зуҳуровро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Рашт №12 ҷонибдорӣ карданд.

Сипас, вакилони конференсия – Сабоҳат Қурбонова (аз ноҳияи Тавилдара), Додарҷон Акрамов  (аз ноҳияи Рашт), Зайналобиддин Маъруфбеков (аз ноҳияи Тоҷикобод), Насиба Абдулазизова  (аз ноҳияи Ҷиргатол) ва Мирзомуддин  Аслонов  (аз ноҳияи Нуробод) ба сухан баромада, оид ба фаъолияти номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз ҳавзаи интихоботии якмандатии  Рашт №12 ибрози назар намуданд.

Аз ҷумла  дар баромадҳояшон  зикр гардид, ки Шукурҷон Зуҳуровро дар ин минтақа ҳамчун шахсияти дар арсаи сиёсат эътирофгардида ва ҳамчун яке аз ҳаммаслаку ҳамқадами сиёсати Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар эъмори давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва бунёди ваҳдати миллии тоҷикон саҳми назаррасу арзанда дорад, мешиносанд ва хизматҳои барои пойдории истиқлолияту ваҳдати миллӣ иҷронамудаашро қадрдонию арҷгузорӣ менамоянд.

Мо – мардуми минтақаи Рашт хизматҳои Шукурҷон Зуҳуровро, ки дар назди халқи тоҷик ҷиҳати пойдор гардонидани сулҳу субот, таҳкими ҳаёти созанда, бунёдкорӣ,  барқарор намудани иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқ иҷро намудааст, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем.

Насли калонсоли минтақаи Рашт нағз дар хотир доранд, ки охири солҳои 90-уми асри гузашта чӣ гуна гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарварии онро Шукурҷон Зуҳуров ба зимма дошт, якчанд  лоиҳаҳои барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияҳои минтақаи Рашт  ва ноҳияи Тавилдара амалӣ гардонид. Дар раванди амалишавии ин барномаҳо иншооти гуногуни ҳаётан муҳим, аз қабили мактабҳо, беморхонаҳо, роҳу пулҳои мошингузар, иншооти обрасонӣ таъмиру барқарор гардиданд ё азнавсозӣ шуданд.

Ин ҳама аз оғози ҳаёти навин дарак медоданд ва мардумро  ба ояндаи нек  дилпур месохтанд.

Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон