Суҳбат бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

№114-115 (3260-3261) 03.10.2014

DSC_0358

Тавре хабар дода будем, ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати ширкат дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шаҳри Кобул сафар намуд.

Худи ҳамон рӯз, яъне рӯзи 29 сентябри соли 2014, ҳайати намояндагии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Кобул дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло иштирок намуд.

Сипас, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳонаш бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ҳамсуҳбат шуд.

Дар ҷараёни мулоқот бештар ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай расонида, ӯро ба муносибати  Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интихоб шуданаш ва таъсиси давлати ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд.

Шукурҷон Зуҳуров умумиятҳои муштараки байни мардуми тоҷику афғонро, ки аз умқи қарнҳо маншаъ мегиранд, барои боз ҳам мустаҳкам гардидани дӯстии миёни ҷумҳуриҳои мо омили муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ барои сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо мавҷуд аст ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таъминкунандаи чунин фазо мебошад, барои фароҳам овардани шароити беҳтару хубтари қонуниву ҳуқуқӣ ҷиҳати густариши муносибатҳо ба нафъи ҳар ду кишвар иқдом хоҳад кард.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро дар бахши иқтисод яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, иброз дошт, ки барои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ риояи ҳатмии созишномаву қарордодҳое, ки миёни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар ба имзо расидаанд, зарур аст. Бунёди хатҳои роҳи оҳан, интиқоли барқ, сохтмони корхонаҳои муштараки сементбарорӣ, таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва як қатор барномаҳои дигари иқтисодӣ бояд ҳар чӣ зудтар мавриди иҷро қарор гиранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатдор аст, ки ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои тиҷорати минтақавии неруи барқи байни Тоҷикистону Афғонистон устуворӣ зоҳир намуда, дар масъалаҳои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории татбиқи ин лоиҳаҳо мусоидат намояд, зеро ин тадбир ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии миллионҳо нафар мардуми минтақа оварда мерасонад.

Шукурҷон Зуҳуров густариш бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистонро низ барои таҳкими робитаҳо муҳим арзёбӣ карда, гуфт, ки бар пояи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мо метавонем ҳар чӣ бештар шароити мусоид барои ҳамкориҳои бисёрҷониба фароҳам оварем. Дар ин робита байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Луи Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъолият карда истодаанд, ки мувофиқи матлаб аст.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин изҳор дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ баромад намуда, масъалаи таъмини суботу амниятро дар кишвари дӯст ва ҳамсояи Афғонистон ба миён мегузорад, зеро оромӣ ва суботи кишвари ҳамсоя маънии пойдории сулҳу субот, якпорчагии дигар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ва дар маҷмӯъ минтақаро дорад.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аз дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва сулҳи Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бисёр розӣ ҳастем, ки ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ даъват менамояд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба сифати самтҳои муҳимтарини ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ масъалаҳои ташкили низоми мукаммали транзитию нақлиётӣ, густариши ҳамкориҳо дар бахши энергетика,  коммуникатсия ва ғайраро ном бурда, таъсиси як комиссияи муштаракро, ки фарогири ҳамаи самтҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон бошад, муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, ки дар амалӣ намудани ин ҳадафҳо ҳукуматҳои ҳар ду  кишвар бояд чораҳои муассир андешанд.

Ҳамчунин доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай густариши муносиботи парлумони кишварашро бо парлумони Тоҷикистон зарур шумурда, афзуд, ки парлумонҳо барои суботу оромии минтақа ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум пружаҳои амиқеро метавонанд роҳандозӣ намоянд.

- Ба изофа, истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумони Тоҷикистон ҷиҳати такмили бахши қонунгузорӣ дар Афғонистон аз манфиат холӣ нест, — гуфт ӯ.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар анҷоми мулоқот аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дидан намояд.