Муҳокимаи парламентӣ

Тасарруф, камомад ва изофанависии маблағҳои буҷетӣ боиси нигаронист

№147 (3132) 21.11.2013

Тасарруф, камомад ва изофанависии маблағҳои буҷетӣ боиси нигаронист

Ҳаждаҳуми ноябри соли равон таҳти раёсати  муовини  якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амиршо Миралиев муҳокимаи ошкорои  парламентӣ вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» дар нуҳ моҳи соли 2013 баргузор шуд. Ба ҷаласа масъулини вазорату идораҳои марбута ва намояндагони воситаҳои ахбори омма даъват шуда буданд.

Баъд аз тасдиқи рӯзномаи муҳокимаи парламентӣ муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев  суханронӣ намуда, минҷумла зикр кард, ки Буҷети давлатӣ заминаи моддии таъмини соҳибихтиёрии давлат ба ҳисоб рафта, аз дуруст таҳия гардидан ва сари вақту пурра иҷро шудани он, эътибору иқтидори ҳокимияти давлатӣ ва некуаҳволии сокинони ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад.

Буҷети давлатӣ механизми азнавтақсимкунии захираҳо ба воситаи ташкил додани фонди буҷетии мамлакат ва амалисозии хароҷотҳои буҷетӣ дар чорчӯбаи таъминоти молиявии соҳаи буҷет ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат, танзими рушди соҳаҳо ва минтақаҳои мамлакат ба шумор меравад.

Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд: «Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, ба ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодии мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Махсусан ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва таҳким бахшидани хусусияти иҷтимоии Буҷети давлатӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, таъминоти нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ афзалиятҳои муҳимтарини сиёсати давлат мебошанд.».

Маблағҳои молиявӣ тавассути буҷет мегузаранд ва онҳо ба ташаккули нишондиҳандаҳои муҳимтарини иқтисодӣ ва молиявӣ, аз ҷумла истеҳсолот, сармоягузориҳо, даромадҳои ҳақиқӣ, сатҳи бекорӣ, дараҷаи меъёрҳои фоиз ва қурби асъор бевосита таъсир мерасонад.

Сиёсати буҷет ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявии давлатӣ масъалаи муҳим буда, дар доираи стратегияи ягонаи идоракунии молияи давлатӣ арзёбии натиҷаҳои истифодаи захираҳои буҷетӣ масъалаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Маҳз ҳамин нукта таваҷҷуҳи пайгирона ва рӯзафзуни намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла намояндагони халқро ба масъалаи қабул ва иҷрои Буҷети давлатӣ ифода мекунад.

Дар иртибот ба ин, бо дастрасии моддаи 60- уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 8 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории муҳокимаи парламентии имрӯзаро вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» дар нуҳ моҳи соли 2013 мувофиқи мақсад мешуморем.

Бояд зикр намоям, ки мақсади асосии ҷаласаи имрӯза дар баробари муайян кардани дастовардҳои мақомоти масъули соҳаи молияи кишвар, ошкор намудани камбудию норасоиҳо ва омилҳое мебошанд, ки садди роҳи иҷрои сифатноки Буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ гардидаанд ва дарёфти роҳҳои бартараф кардани онҳо ба ҳисоб меравад.

Сипас, Амиршо Миралиев  риштаи суханро барои пешниҳоди маълумоти муфассал доир ба масъалаи мавриди баррасӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ  Раҷабов дод. Номбурда раванди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро дар нуҳ моҳи соли 2013 мавриди таҳлили амиқ қарор дода, минҷумла гуфт, ки бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» дар нуҳ моҳи соли 2013 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорат ва идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянро ба анҷом расониданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ 27,6 млрд. сомониро ташкил дода, афзоиши реалии он ба 7,4 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 млрд. 755 млн. сомонӣ ва ё 11, 1 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши рушди иқтисодиёт дар ҳамаи соҳаҳо таъмин гардида, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4,2 фоиз, кишоварзӣ 9,3 фоиз, гардиши моли чакана 17,2 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 11,2 фоиз нисбат ба соли гузашта зиёд шудаанд. Иҷрои Буҷети давлатӣ 100,1 фоиз таъмин шуда, ба он зиёда аз 8,2 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки  ин нисбат ба нақша 12,1 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 млрд. 602 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, аз ҳисоби фаъолияти иқтисодии беруна (Хадамоти гумрук) ба буҷет 2 млрд. 305 млн. сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 330,1 млн. сомонӣ зиёд аст.

Аз ҳисоби даромадҳои андози дохилӣ ба буҷет 4 млрд. 201 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин  101,0 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 42,5 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 647,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Сарфи назар аз таъмини иҷрои нақшаи даромади Буҷети давлатӣ, ҳоло ҳам дар ин самт як қатор камбудиҳо ҷой дошта, на ҳама захираҳои  мавҷудаи молиявӣ ба буҷет пурра ворид карда шудаанд, ки дар натиҷа даромади Буҷети ҷумҳуриявӣ 99,6 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 4,4 млрд. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 16,0 млн. сомонӣ кам мебошад.

Иҷрои нақшаи буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи панҷ намуди андоз ба маблағи 109,7 млн. сомонӣ, аз он ҷумла андоз аз фоида -6,8 млн. сомонӣ, андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ -20,9 млн. сомонӣ, андоз аз фурӯш -11,2 млн. сомонӣ, воридоти ғайриандозӣ -7,3 млн. сомонӣ ва  аксизҳои берунӣ -63,5 млн. сомонӣ иҷро  нагардиданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нақшаи андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯш аз ҳисоби таъсири омилҳои беруна ва паст рафтани ҳаҷми истеҳсолот дар баъзе корхонаҳои азими ҷумҳурӣ, андози аксизии беруна аз ҳисоби кам гардидани воридоти маҳсулот (нафтӣ, гӯшти мурғ, семент ва ғайра) ва воридоти  ғайриандозӣ ба буҷет бошад, аз ҳисоби иҷро нагардидани уҳдадориҳои ШСХК «Барқи Тоҷик», Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» дар назди буҷет аз рӯйи созишномаҳои зерқарзӣ таъмин нашудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ афзоиши бақияпулиҳои андоз 138,5 млн. сомониро ташкил дода, ҳаҷми онҳо ба 1 сентябри соли 2013-ум ба 779,2 млн. сомонӣ расид.

Ҳаҷми зиёди маблағи бақияпулиҳо ба корхонаҳои азими ҷумҳурӣ -461,2 млн. сомонӣ (59,1 фоиз), вилояти Хатлон -124,4 млн. сомонӣ (16,0 фоиз), вилоят Суғд -110,2 млн. сомонӣ (14,1 фоиз) ва  боқимонда 10,8 фоиз ба дигар шаҳру  ноҳияҳо рост меояд.

Ҳамзамон бояд зикр кард, ки қарзи нисбатан калони андоз ба ШСХК «Барқи Тоҷик» тааллуқ дошта, ба ҳолати 1 сентябри соли ҷорӣ маблағи он 353,5 млн. сомониро ташкил намудааст ва ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии бақияпулиҳои андоз ба 45,4 фоиз баробар мебошад. Бақияи қарзи андозҳои ширкати мазкур нисбат ба 1 январи соли 2013 ба маблағи 98,6 млн. сомонӣ афзуда, 71,2 фоизи маблағи умумии қарзи дар ҳашт моҳ афзударо ташкил медиҳад. Маблағи қарзи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сангтӯда-1» низ нисбатан калон буда, ба ҳолати 1 сентябри соли 2013-ум 41,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин давра қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ ба андозаи 103,0 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 2 млрд. 83,0 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки ин аз нақшаи пешбинишуда 56,3 млн. сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта  385,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳарчанд даромади буҷетҳои маҳаллӣ дар маҷмӯъ таъмин гардида бошад ҳам, шаҳру ноҳияҳои алоҳида уҳдадориҳои худро дар назди буҷет пурра таъмин карда натавонистанд.

Аз ҷумла, дар вилояти Суғд иҷрои қисми даромади буҷетро ноҳияҳои Ғончӣ, Зафаробод, Мастчоҳ, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакент таъмин карда  натавонистанд, ки дар натиҷа ба буҷети вилояти Суғд 15,5 млн. сомонӣ ворид нагардид.

Дар вилояти Хатлон иҷрои қисми даромади буҷетро ноҳияҳои Вахш, Шаҳритуз ва шаҳри Сарбанд таъмин карда натавонистанд, ки ин сабаби ба буҷети вилояти Хатлон ворид нагардидани 4,7 млн. сомонӣ гардид.

Дар шаҳри Душанбе иҷрои қисми даромади буҷетро ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ таъмин карда натавонистанд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети шаҳри Душанбе 12,0 млн. сомонӣ ворид нашуд.

Аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои даромади буҷетро шаҳри Роғун ба маблағи 5,6 млн. сомонӣ ва ноҳияи Ҳисор ба маблағи 7,6 млн. сомонӣ таъмин карда натавонистанд.

Дар баробари ин, аз тарафи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии баъзе шаҳру ноҳияҳо дар рафти иҷрои буҷет ба сифатнок иҷро гардидани қисми даромади буҷет аҳамияти ҷиддӣ дода нашудааст.

Бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ маблағи бақияпулиҳо нисбати 1 январи соли 2013 дар вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода, ноҳияҳои Ҷиргатол, Нуробод, Рӯдакӣ ва Файзобод кам гардидааст.

Дар баробари ин, маблағи бақияпулиҳо нисбати 1 январи соли 2013 дар вилояти Хатлон ба маблағи 13,7 млн. сомонӣ, шаҳри Ваҳдат ба маблағи 3,5 млн. сомонӣ, шаҳри Роғун ба маблағи 1,2 млн. сомонӣ ва дар ноҳияи Шаҳринав ба маблағи 1,4 млн. сомонӣ зиёд шуд.

Яке аз сабабҳои асосии зиёд гаштани бақияпулиҳои андоз ин аз ҷониби андозсупорандагон риоя нагардидани талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пурра ва сари вақт пардохт намудани андозҳои ҳисобкардашуда ба буҷет буда, сабаби дигар ин тибқи муқаррароти Кодекси андоз ҳисоб намудани фоизҳо барои сари вақт пардохт накардани андозҳои ҳисобкардашуда мебошад. Бояд зикр кард, ки аз 779,2 млн. сомонии бақияпулиҳои андоз дар ҷумҳурӣ 131,2 млн. сомонӣ ё 17 фоизашро ҷарима ва фоизҳои ҳисобкарда ташкил медиҳад.

Аз ҷумла дар вилояти Суғд 35,5 фоизи қарзи андозҳоро фоизҳо ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон ба 26,5 фоиз, шаҳрҳои Душанбе ба 25 фоиз, Ваҳдат ба 22,6 фоиз ва Турсунзода ба 26,0 фоиз, дар  ноҳияҳои Файзобод ба 49,0 фоиз ва Ҳисор ба 38,8 фоиз баробар гаштааст.

Дар давраи ҳисоботӣ қисми хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи даромадҳои воқеии буҷет амалӣ гардида, ба андозаи 93,1 фоиз таъмин гардида, ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 7,6 млрд. сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли 2012 ба маблағи 1,5 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла маблағгузории сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ба андозаи 87,0 фоиз, мудофиа 92,9 фоиз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 92,6 фоиз, маориф -95,4 фоиз, тандурустӣ 96,1 фоиз, ҳифзи иҷтимоӣ 91,3 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 96,3 фоиз, соҳаи фарҳанг ва варзиш 93,9 фоиз, комплекси сӯзишвории энергетикӣ 98,2 фоиз, кишоварзӣ 92,5 фоиз, нақлиёт ва коммуникатсия 94,3 фоиз таъмин шудааст.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар нуҳ моҳи соли 2013 ба андозаи 96 фоиз иҷро гардида, ба маблағи 2 млрд. 455 млн. сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин нисбати нақшаи аниқкардашуда ба  маблағи 114,0  млн. сомонӣ кам мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии пурра маблағгузорӣ нашудани хароҷотҳои Буҷети давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо, ин сари вақт аз худ нагардидани маблағҳо дар доираи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ аз ҷониби як қатор фармоишгарон ва вазорату идораҳо мебошад. Аз ҷумла нақшаи азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои муштараки инвеститсиониро Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба 32,6 фоиз, Гвардияи миллӣ ба 50,2 фоиз, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба 49,1 фоиз, Саридораи геология ба 60 фоиз ва шуъбаи сохтмони асосии ноҳияи Ҳисор ба 33,7 фоиз таъмин карданду халос.

Дар ин давра аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ кори муайян ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла ҷиҳати самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳо дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки хусусияти мавзӯӣ доштаанд, як қатор санҷишҳо гузаронида, ба маблағи умумии 9,3 млн. сомонӣ камбудиҳо ошкор шудаанд.

Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, то 1 сентябри соли 2013 аз тарафи мақомоти андоз тибқи тартиби ғайрисудӣ оид ба  маҷбуран ситонидани андозҳо 1198 қарор ба маблағи умумии 190,7 млн. сомонӣ қабул карда, аз ҳисоби ин қарорҳо ва қарорҳои дар соли 2012 қабулгардида ба буҷети давлат дар маҷмӯъ 61,5 млн. сомонӣ ворид шудааст.

Нисбати фаъолияти 6155 андозсупорандагон (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ) санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуд. Дар натиҷаи ин санҷишҳо ба маблағи 249,7 млн. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардид, ки аз он 165,2 млн. сомониаш ба буҷет дохил карда шудааст. Инчунин аз ҳисоби маблағҳои қаблан дар солҳои 2010- 2012 бар илова ошкоршуда, ки рӯёнида нашуда буд, дар давраи ҳисоботӣ ба буҷет 29,3 млн. сомонӣ ворид карда шуд. Ҳамин тариқ, дар нуҳ моҳи соли 2013 аз ҳисоби корҳои назоратии аз тарафи мақомоти андоз гузаронида дар маҷмӯъ маблағи ба буҷет воридшуда 194,5 млн. сомониро ташкил дод.

Дар ин давра аз ҷониби воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук дар самти назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ 222 ҳолати нодуруст рӯёнидани пардохтҳои гумрукӣ ошкор гардида, пардохтҳои гумрукии иловатан ҳисобида, бо назардошти баҳра, ба маблағи 5 млн. 336,5 ҳазор сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид карда шуд.

Дар баробари ин, 4275 ҳодисаи қонуншикании гумрукӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳолат зиёд мебошад.

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳо ба маблағи 3 млн. 950,7 ҳазор сомонӣ (соли 2012- ум 3 млн. 318,1 ҳазор сомонӣ) ҷарима баста, ин маблағ  рӯёнида шудааст. Маблағи пардохтҳои гумрукӣ аз рӯйи парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ рӯёнида 58 млн. 264,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 999,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади таъмину истифодаи мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ кори муайян анҷом дода шудааст.

Дар ин давра дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бонкҳои давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 1041 тафтишу санҷиш гузаронида, ба  маблағи 208,0 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд.

Дар рафти тафтишу санҷиши молиявӣ 99,8 млн. сомонӣ ё 48,0 фоизи зарари ошкоргардида барқарор шудааст. Дар давраи сипаришуда дар 49 вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 367 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, дар онҳо ба маблағи 91,3 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд, ки дар рафти тафтишу санҷишҳо аз он 47,3 млн. сомонӣ барқарор гардид.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ тафтишу санҷишҳо муайян намуданд, ки дар фаъолияти вазорату кумитаҳо ва сохторҳои тобеи онҳо як қатор камбудию норасоиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулӣ ва молу маводи арзишнок ошкор шуданд.

Чунончӣ, дар натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии Вазорати  мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он зарари молиявӣ ба маблағи 2 млн. 649 ҳазор сомонӣ, дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он зарари молиявӣ ба маблағи 2 млн. 600 ҳазор сомонӣ ва дар Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари молиявӣ ба маблағи 1 млн. 977 ҳазор сомонӣ ошкор карда шуд.

Дар ин давра дар 25 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ ба анҷом расонида шуд, ки дар рафти он санҷиши фаъолияти 553 идораву ташкилоти буҷетӣ ба амал бароварда шуда, ба маблағи умумии 27 млн. 554 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид.

Маблағи умумии зарари молиявии ошкоршуда дар ноҳияҳои ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Қумсангир, Спитамен, Зафаробод, Ваҳдат, Мастчоҳ, Рӯдакӣ, Ҳисор ва шаҳри Конибодом аз 1 млн. 8 ҳазор сомонӣ то 3 млн. 175 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бо мақсади таъмини назорат вобаста ба амалӣ гардонидани истифодаи самараноки маблағҳои сармоягузорӣ ва қарзҳо, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудааст, дар давраи сипаришуда тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии 17 маркази идораи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба  анҷом расонида шуд.

Дар натиҷаи гузаронидани тафтиш камбудию норасогиҳои ҷиддӣ дар Маркази татбиқи Лоиҳаи «Таҳсил барои ҳама- ташаббуси рушди босуръат (Марҳилаи 3)», Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо, Лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи Душанбе -сарҳади Қирғизистон (марҳилаҳои 2 ва 3)» ва Лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе- Турсунзода- сарҳади Ӯзбекистон» ошкор гардид. Зарари молиявӣ дар ин марказҳо мутаносибан 718, 5 ҳазор сомонӣ ва 658,2 ҳазор сомониро ташкил дод.

Тафтишу санҷишҳо аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, ҳукуматҳо ва корхонаву муассисаҳо сурат гирифта, дар натиҷа 1192 нафар шахсони масъул барои камбудиҳои содирнамудаашон ҷазои маъмурӣ ва моддӣ гирифтанд ва 45 нафари онҳо аз вазифаашон сабукдӯш шуданд.

Дар ин давра бо мақсади чораҷӯйӣ ба  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 556 маводи тафтишӣ бо маблағи умумии зарари молиявӣ 117,0 млн. сомонӣ фиристода шуд. Аз миқдори умумии маводҳои равонкардашуда, нисбати 368 маводи тафтишӣ баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Ҳоло дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ 188 маводи тафтиши молиявӣ дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.

Омӯзишу таҳлили масъала ва далелу рақамҳои оварда аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2013 ба камбудию норасоиҳо  роҳ дода шудааст.

Бинобар ин, аз роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар мақомоти марбута талаб карда мешавад, ки оид ба ислоҳи камбудӣ ва норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои саривақтӣ андешида, иҷрои пурраи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии соли равонро таъмин намоянд.

Суханронии вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов доир ба масъалаи фавқуззикр далели он буд, ки бо вуҷуди  пешравиҳо дар самти иҷрои қонуни мазкур,  камбудиҳо низ ба мушоҳида мерасанд. Бино ба гуфти номбурда, ислоҳот дар системаи молиявӣ имрӯз низ муташаккилона идома дорад. Яке аз натиҷаҳои ислоҳот ин таҳия ва қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав  мебошад. Шумораи умумии моддаҳои он аз 355 ба 325  расонида, шумораи андозҳо аз 21 намуд то 10 намуд, аз ҷумла андозҳои умумидавлатӣ аз 17 намуд то 8 намуд, андозҳои маҳаллӣ аз 4 намуд то 2 намуд кам карда шудааст, ки он ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар  ҷумҳурӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ ва таъмини шаффофияти андозбандӣ, оммафаҳм ва содда намудани тартиби пардохти андозҳо, баҳисобгирии пурраи манбаъҳои андозбандӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои рӯйпӯшкунии андозҳо ва дар ин замина зиёд намудани даромади буҷет мусоидат намуда истодааст.

Дар доираи амалӣ намудани ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ, модернизатсияи системаи хазинадорӣ, ҷорӣ намудани шабакаи ягонаи иттилоотӣ ва ба он пурра пайваст намудани тамоми мақомоти молияи ҷумҳурӣ, инчунин  Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва системаи бонкӣ ба анҷом расонида шуд.

Ҳамчунин баҳри дар амал татбиқ намудани стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибӣ  ва ҳисоботи молиявӣ  аз ҷониби Вазорати молия кори муайян ба анҷом расидааст. Айни ҳол зиёда аз 35 тавсияи методӣ таҳия ва қабул гардида,  татбиқи онҳо дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва идоракунии молияи давлатӣ амалӣ  гардида истодааст.

Дар  давраи ҳисоботӣ  ду маротиба   бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2012 ва аз 1 сентябри  соли 2013 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия зиёд карда шуд, ки барои амалӣ намудани  ин мақсад  аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ зиёда аз 650,0 млн. сомонӣ равона гардид.

Ба тағйирёбии  вазъи молиявӣ ва иқтисодии  ҷаҳон нигоҳ накарда, рушди  молияи давлатӣ ва иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ таъмин гардида истодааст.

Ҳаҷми афзоиши воқеии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ  ба 7,4 фоиз баробар гардид ва афзоиши он дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт таъмин шуд.

Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 14,9 млрд. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,2 фоиз ва музди миёнаи моҳона ба 670,07 сомонӣ баробар гардида, нисбат ба моҳи августи соли гузашта 28,8 фоиз афзоиш ёфт.

Индекси нархҳои истеъмолӣ, яъне меъёри таваррум дар давраи ҳисоботӣ дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, 2,8 фоизро ташкил намуд.

Иҷрои даромади  Буҷети давлатӣ ба андозаи 100,1 фоиз,  даромадҳои ҷории буҷети давлатӣ бошад – 100,2 фоиз ва даромади буҷетҳои маҳаллӣ ба андозаи 103,0 фоиз таъмин карда шуд, ки маблағи умумии он  зиёда аз 8,2 млрд. сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,6 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Вале  бояд зикр кард, ки сарфи назар  аз таъмини пурраи иҷрои даромади буҷети давлатӣ ҳоло ҳам дар ин самт камбудиҳо дида мешавад.

Бинобар ин, бо мақсади  сифатнок таъмин намудани иҷрои буҷет ва ба буҷет ворид намудани бақияпулиҳои андоз аз  ҳисоби  кормандони масъули мақомоти молия ва андоз дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияи  махсус таъсис дода шуд, ки  дар натиҷаи  гузаронидани таҳлилҳо  ба маблағи 10,0 млн.сомонӣ  бақияпулиҳои андоз ба буҷет ворид шуд.

Чорабиниҳои андешидашуда имконият доданд, ки ноҳияҳои Вахш ва Фархори вилояти Хатлон, Ғончӣ, Зафаробод, Мастчоҳ ва Конибодоми вилояти Суғд, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Нуробод дар моҳи октябри   соли ҷорӣ   нақшаи даромадро  иҷро намуданд.

Дар ин давра, дар муҳлатҳои муайяншуда аз Буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ субвенсия ба маблағи 458,0 млн. сомонӣ  бо роҳи ҳисобии байниҳамдигарӣ 22,0 млн.сомонӣ,  ҷамъ ба маблағи 480,0 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст ва  ин ба онҳо имконият дод, ки 20,0 фоизи хароҷоти воқеии худро  сари вақт маблағгузорӣ намоянд.

Маблағгузорӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» ба роҳ монда шуда, аз Буҷети давлатӣ ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз 7,6 млрд. сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,5 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ бо назардошти хароҷоти хоҷагии манзилию коммуналӣ, аз  ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз 4,4 млрд. сомонӣ равона гардид, ки ин зиёда аз 58,0 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил дода, дар доираи он маблағгузории музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҳама намуди ҷубронпулиҳо ва кӯмакпулиҳо ба аҳолӣ таъмин карда шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои  сохтмони  асосӣ ва таъмир аз буҷети давлатӣ зиёда аз 1,5 млрд.сомонӣ равона гардид.

Маблағгузориҳои сохтмони иншооти  муҳими давлатӣ дар ҳаҷми 836,0 млн.сомонӣ таъмин шуд. Дар баробари ин, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди хароҷотҳои пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар захираҳои буҷетӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти  мамалакат 240,0 млн.сомонӣ маблағҳои иловагӣ  ҷудо карда шудааст, ки зиёда аз 75,0 фоизи он  хароҷоти  соҳаҳои иҷтимоиро ташкил медиҳад.

Бояд зикр кард, ки маблағгузории ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтани ҷумҳурӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ, ки афзалияти онҳо  аз ҷониби Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон муайян гардидааст,  сари вақт таъмин шуда, ба ин мақсад 2,1 млрд.сомонӣ равона гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 300,0 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки идоракунии қарзҳои берунӣ  таҳти назорати доимӣ қарор дода шуда, дар доираи Стратегияи  идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст. Қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба 1 октябри соли 2013 — 2 164,95 млн. долл. ИМА - ро ташкил намуд, ки ин ба 25,7 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар мебошад.

Хизматрасонии қарзи беруна ва қарзҳои кафолатноки ҳукуматӣ дар давраи ҳисоботӣ – 105,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод ва дар  ҳамин давра ба маблағи 76,92 млн. доллари ИМА қарзҳои нав аз худ карда шудааст.

Аз аввали соли ҷорӣ аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи 1,6 млрд. сомонӣ, аз ҷумла 12 созишномаи грантӣ ба маблағи  1,1 млрд.сомонӣ ва 6 созишномаи қарзӣ ба маблағи 566,0 млн.сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,0 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нуҳ моҳи соли 2013 ҳаҷми умумии маблағҳои азхудгардида дар лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ  934,4 млн. сомонӣ, аз ҷумла қарз – 402,0 млн. сомонӣ ва грант – 532,4 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Бояд зикр кард, ки ноустувории системаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ,  аз ҷумла дучор гардидани баъзе давлатҳои Аврупо ба буҳрони навбатии молиявии иқтисодӣ, пастшавии рейтинги қарзгирӣ дар бозори ҷаҳонӣ, тезутундшавии муомилот дар бозори биржаи фондӣ, номуътадилии нархи нафт, сӯзишворӣ, хӯрока ва дигар маводи истеъмолӣ моро водор месозад, ки ба пешгирӣ намудани таъсири омилҳои берунӣ омода бошем.

Бо мақсади таъмини татбиқи  дурнамои дарозмуддати идоракунии устувории молиявӣ мо имрӯз механизми нави ташаккули захираҳои молиявиро, ки ба мақсади рушди иқтисодиёт ва инчунин дар оянда пешгирӣ намудани эҳтимолияти пайдо гардидани ҳолатҳои фавқулоддаи ғайричашмдошт дар иқтисодиёт равона гардиданд, амалӣ менамоем.

Инчунин ҷиҳати зиёд намудани даромади буҷет, пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, ба буҷет ворид кардани бақияпулиҳо ва пешгирӣ намудани пайдоиши бақияпулиҳои нав ва инчунин баланд бардоштани ҳисси масъулият ва ҷавобгарии роҳбарони корхонаву ташкилотҳое, ки уҳдадориҳои худро дар назди буҷет таъмин намекунанд, тадбирҳои зарурӣ меандешем.

Вазифаи аввалиндараҷаи мо ин таъмини иҷрои сифатнок ва самараноки Буҷети давлатӣ чӣ аз ҷиҳати даромад ва чӣ аз ҷиҳати хароҷот мебошад ва барои амалӣ намудани ин мақсад мо чорабиниҳои зеринро аз қабили:

-  пешбурди сиёсати устувори Буҷету андоз ва  иҷрои барзиёдии он;

-ҷалб намудани захираҳои иловагии молиявӣ,  зиёд намудани депозити буҷети ҷумҳуриявӣ ва Фонди стабилизиатсионӣ;

-роҳ надодан ба хароҷоти иловагии бесамар;

-баланд бардоштани интизоми молиявӣ;

-дар доираи Стратегияи идоракунии қарзҳои давлатӣ ҷалб намудани қарзҳои берунӣ ;

-аз рӯйи афзалиятҳои иқтисодиёт мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетиро таъмин менамоем, -гуфт дар анҷоми суханрониаш Сафаралӣ Наҷмуддинов.

Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов низ вобаста ба масъалаи зикршуда ибрози андеша кард. Тибқи суханони мавсуф, дар нуҳ моҳи соли 2013 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 101,1 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 4 миллиарду 158,5 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 4 миллиарду 203,7 млн. сомонӣ ворид карда шуд.

Нақшаи воридоти андозҳо ба Буҷети ҷумҳуриявӣ дар нуҳ моҳи соли 2013 дар қисмате, ки ба мақомоти андоз тааллуқ дорад, ба андозаи 101,1 фоиз таъмин шуда, ба ҷойи 1342,7 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷет 1357,4 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 14,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар нуҳ моҳи соли 2013 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 110,6 фоиз, вилояти Хатлон 101,5 фоиз, вилояти Суғд 103,8 фоиз, шаҳри Душанбе 100,4 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 93,3 фоиз таъмин шудааст.

Сарфи назар он он ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи Буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин шуд, иҷрои нақшаи муайяншуда аз тарафи ШСХК «Барқи Тоҷик» 87,0 фоиз, ҶСК «Тоҷиктелеком» 50,6 фоиз, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 83,4 фоиз, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 48,8 фоиз ва ҶСК «НБО-и Сангтӯда- 1» 8,7 фоиз таъмин гардидааст.

Нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ дар нӯҳ моҳи соли 2013 дар ҳаҷми 97,6 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 789,4 млн. сомонии пешбинишуда ба буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 770,0 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки  нисбат ба нақша 19,3 млн. сомонӣ кам буда, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 108,9 млн. сомонӣ ё худ 16,5 фоиз бештар мебошад.

Маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо дар таърихи 1 октябри соли 2013-ум 799,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба андозаи 158,6 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.

Қарзи нисбатан калони андоз ба ШСХК «Барқи Тоҷик» тааллуқ дошта, ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ 370,1 млн. сомониро ташкил намудааст ва ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии бақияпулиҳои андоз ба 46,3 фоиз баробар мебошад. Бақияи қарзи андозҳои ширкати мазкур нисбат ба санаи 1 январи соли 2013 ба андозаи 115.2 млн. сомонӣ афзуда, 72,6 фоизи маблағи умумии қарзи дар нуҳ моҳ афзударо ташкил медиҳад. Маблағи қарзи ҶСК «НБО-и Сангтӯда -1» низ нисбатан калон буда, ба ҳолати 1 октябри соли 2013- ум 50,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар нуҳ моҳи соли 2013 аз тарафи мақомоти андоз, тибқи тартиби ғайрисудӣ, оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо 1535 қарор ба маблағи умумии 216,0 млн. сомонӣ қабул карда шуда, аз ҳисоби ин қарорҳо ва қарорҳои дар соли 2012 қабулгардида ба буҷети давлат дар маҷмӯъ 107,2 млн. сомонӣ ворид карда шуд.

Ҳамзамон то санаи 1 октябри  соли 2013, тибқи тартиби судии маҷбуран ситонидани бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо, 564 аризаи даъвоӣ ба маблағи умумии 69,9 млн. сомонӣ мавриди баррасии судҳои иқтисодӣ ва умумӣ қарор дода, аз ин ҳисоб 5,0 млн. сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид шуда, баррасии парвандаҳо идома доранд.

Рушди истеҳсолот, зиёд гаштани ҷойҳои нави корӣ, мавриди амал қарор додани барномаҳои нави компютерӣ, ташкили дурусти кори мақомоти ҳудудии андоз, тақвият бахшидан ба ҳамкориҳо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти дигари давлатӣ имкон медиҳад, ки дар ҷамъбасти сол  нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» таъмин карда шавад.

Суханронии муовини сардори Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Маҳмадов фаъолияти мақомоти мазкурро вобаста ба иҷрои қонун дар нуҳ моҳи соли равон бозгӯйӣ намуд.

Маълум гардид, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2013 фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда, фаъолияти афзалиятноки худро дар самти дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳо, назорати самараноки интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, пурзӯр намудани мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ ва назорати баъди барасмиятдарорию аудит равона намудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, тиҷорати хориҷӣ дар нуҳ моҳи соли 2013 маблағи  3 млрд. 801,9 млн.доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,5 фоиз зиёд мебошад.

Хадамоти гумрук дар нуҳ моҳи  соли 2013 ба Буҷети давлатӣ 2 млрд. 322,3 млн.сомонӣ (бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои даромад) пардохтҳои гумрукӣ ворид намуд, ки ин нисбати нақша 2,4 млн.сомонӣ камтар буда, иҷрои нақша ба андозаи 99,9 фоиз таъмин гардид.

Сарфи назар аз зиёд гаштани ҳаҷми умумии воридоти молҳои имтиёздор нисбат ба молҳои андозбандишаванда ва мушкилоти транзити мол тариқи давлатҳои ҳамсоя, андешидани чораҳои зарурӣ имконият доданд, ки  пардохтҳои гумрукии дар нуҳ моҳи соли 2013 ситонидашуда нисбат ба иҷроии воқеии  ҳамин давраи соли 2012-ум 16,9 фоиз ё ба андозаи  333,8 млн.сомонӣ зиёд гардад.

Таҳлил, омӯзиш ва ҳисоботи омории мақомоти гумрук дар нуҳ моҳи соли 2013-ум нишон дод, ки як қатор омилҳои объективӣ ба ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2013 таъсири ҷиддӣ расонида, иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро мушкил кард.

Масалан, баъд аз мавриди амал қарор додани Кодекси андоз дар таҳрири нав, имтиёзҳои андозию тарифӣ дар мавриди воридоти молҳо дар асоси муқаррароти моддаи 345 Кодекси гумрук ва моддаи 169 Кодекси андоз амалӣ карда мешаванд. Тибқи талаботи кодексҳои андозу гумрук тамоми номгуйи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар нуҳ моҳи соли 2013 ба маблағи 208,8 млн.доллари ИМА таҷҳизоти истеҳсолӣ-технологӣ бо пурра озод намудан аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳо ба расмияти гумрукӣ дароварда шудааст, ки пардохтҳои гумрукии озодкардашудаи онҳо зиёда аз 250,7 млн.сомониро ташкил медиҳад.

Дар шароити имрӯза пешниҳод намудани имтиёзҳои тарифию андозии иловагӣ нисбат ба воридоти баъзе намуди мол ва воситаҳои нақлиёт ба он оварда расонид, ки мақомоти дахлдор ва гумрук истифодаи мақсадноки ин намуди молҳоро таъмин карда наметавонанд. Ҳолати мазкур сабаби коҳиш ёфтани воридоти чунин молҳо аз тарафи дигар субъектҳои робитаҳои иқтисодии беруна ва ба Буҷети давлатӣ дохил нашудани маблағҳои молиявӣ гаштааст.

Соли ҷорӣ низ дар таносуб ба соли 2012 имтиёзҳои андозӣ нисбат ба молҳои воридшаванда афзоиш ёфт ва  дар нуҳ моҳи соли 2013 маблағи умумии молҳои имтиёзнок, ки дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳо пурра ё қисман озод карда шудаанд, 2 млрд. 210, 1 млн.доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки ба 75,3 фоизи ҳаҷми умумии воридот баробар мебошад.

Афзоиш ёфтани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ҷумҳурӣ, мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва дар ҳамин асос зиёд гаштани истеҳсоли як қатор маҳсулоти ватанӣ, аз қабили семент, гӯшт ва тухми парранда, қолинҳо, матоъ  ва маҳсулоти нассоҷӣ, шарбат ва нӯшокиҳои гуногун, маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, маҳсулоти коркарди гандум ва орд, бомпӯшҳои оҳанӣ ва асбестӣ, рангҳои молиданӣ, шиша ва дигар масолеҳи сохтмонӣ дар ниҳоят барои қонеъ шудани талаботи истеҳсолот ва аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда, ба коҳиш ёфтани воридоти чунин намуди молҳо аз хориҷи кишвар сабаб шуд.

Мавриди истифода қарор гирифтани Корхонаи сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент»(дар ноҳияи Ёвон), ки иқтидори истеҳсолии он дар як сол тақрибан 1 млн.тонна мебошад, имконият медиҳад, ки талаботи солонаи истеҳсолот ва аҳолӣ ба сементи воридотӣ, ки ба 1 млн.тонна баробар мебошад, пурра қонеъ карда шавад. Дар натиҷа, моҳи сентябри соли 2013 воридоти семент ба ҷумҳурӣ коҳиш ёфта, ба Буҷети давлатӣ маблағи беш аз 9,2 млн.сомонӣ ворид нагардид.

Солҳои охир дар кишвар якчанд фабрикаи паррандапарварӣ, аз қабили «Порс мурғ», «Мурғи марҷон», «Мурғи Ҳилол», «Сарбанд», «Сомон фуд» ва ғайра бунёд шуда, қисмати зиёди талаботи истеҳсолот ва аҳолӣ бо гӯшт ва тухми мурғ аз ҳисоби маҳсулоти ватанӣ таъмин гардидааст.

Тибқи маълумоти мақомоти гумрук, танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби нисбатан кам ворид гардидани гӯшт ва тухми мурғ ба Буҷети давлатӣ 41 млн. сомонӣ ворид нагардид.

Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар солҳои охир истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ афзоиш ёфта, қисмати бештари талаботи истеҳсолот  ва аҳолӣ дар кишвар бо маҳсулоти ватанӣ қонеъ гардидааст. Ҳолати мазкур ба рушди саноати коркарди маҳсулоти ғалладонагӣ ва истеҳсоли орд дар дохили кишвар асос гузошта, воридоти гандум ва ордро аз хориҷи кишвар коҳиш дод. Дар натиҷа давоми нуҳ моҳи соли 2013 воридоти гандум 107,5 ҳазор тонна ва воридоти орд 103,9 ҳазор тонна кам шуда аз ҳамин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ тақрибан 75-80 млн.сомонӣ ворид нагардид.

Ҷорӣ гардидани боҷи содиротӣ дар мавриди содироти маҳсулоти нафтӣ аз ҷониби Федератсияи Россия ба он оварда расонид, ки дар бозорҳои кишвар нархи маҳсулоти нафтӣ ва дигар молҳои ниёзи мардум тамоюли болоравиро касб намуда, ҳаҷми воридоти он нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ камтар гаштааст. Танҳо аз ҳисоби коҳиш ёфтани воридоти бензин дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ тақрибан 40 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ ворид нагардидааст.

Омили дигари таъсиррасони беруна ин тағйир додани сиёсати андозию гумрукии кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди паст намудани  меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 фоиз то 12 фоиз, нисбатан кам будани боҷи гумрукии он 3,5 фоиз ва аз тарафи Федератсияи Россия истифода нашудани боҷи гумрукии содиротӣ нисбат ба маҳсулоти коркарди нафтии ба Ҷумҳурии Қирғизистон содиршаванда мебошад.  Дар маҷмӯъ, нисбатан паст будани меъёри андозҳои амалкунандаи ин кишвар мустақиман ба тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида, равандҳои номатлуби иқтисодиро зиёд гардонидааст.

Тайи солҳои охир ҳолатҳои боздошти қатораҳои роҳи оҳан ва воситаҳои нақлиёт бо молҳои транзитии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти назоратии Ҷумҳурии Ӯзбекистон афзоиш ёфта истодааст.

Илова бар ин, аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон хати роҳи оҳан, ки минтақаи ҷанубии кишвар бо он пайваст мебошад, баста шудааст. Вазъи бамиёномада боиси қатъ гардидани воридоти маҳсулоти ниёзи мардум тавассути роҳи оҳан ба минтақаи ҷанубии кишвар гардид.

Давоми нуҳ моҳи соли 2013 аз ҳисоби дуруст муайян намудани арзиши гумрукии молҳои воридотӣ 211,0 млн.сомонӣ, аз ҳисоби пешгирии қочоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ  беш аз 63,5 млн.сомонӣ, аз ҳисоби назорати баъди барасмиятдарорӣ ва  санҷишҳо 920 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмӯъ иловатан 275,4 млн.сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ ворид карда шуд.

Умуман, дар нуҳ моҳи соли 2013 беш аз 4275 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор шудааст. Аз онҳо 21 ҳолаташ ҷиноят, аз он ҷумла 14 ҳолат қочоқи маводи нашъаовар ва се ҳолат қочоқи молҳои ниёзи мардум ва чор ҳолаташ дигар ҷиноятҳо дар соҳаи гумрук мебошад.

Дар натиҷаи баррасии 4254 адад парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 4 071 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, аз онҳо ба маблағи 3950524 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Инчунин ба маблағи 90328 сомонӣ молҳо мусодира гардидаанд. Аз рӯйи парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 58,264 335 сомонӣ ба таври илова ба буҷет ворид шуд.

Таҷрибаи солҳои охири банақшагирии даромадҳои буҷетӣ нишон медиҳад, ки дар асоси пешбинии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ муайян намудани онҳо ғайривоқеӣ мебошад. Зарур аст, ки ҳолат ва равандҳои ҷории иқтисодию молиявӣ, сабабҳои кам гардидани ҳаҷми воридоти мол, зиёдшавии имтиёзҳо, коҳиш ёфтани талабот ба молҳои воридотӣ, зиёд гардидани ҳаҷм ва дараҷаи афзоиши иқтисодиёти миллӣ дар мавриди муайян намудани даромадҳои буҷетӣ ба назар гирифта шаванд.

Сарфи назар аз душвориҳои баамаломада, Хадамоти гумрук тамоми имкониятҳои ташкилию идоракуниро барои беҳтар намудани ҳамкорӣ бо субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, дуруст муайян намудани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёт, мубориза бар зидди қочоқ ва вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, назорати истифодаи мақсадноки молҳои таври имтиёзнок воридшуда сафарбар намудааст.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Исматуллоев, Абдузафар Иномов, Мунаввара Кенҷаева, Зайниддин Сафаров, Олим Салимзода, Убайдулло Давлатов, Мусоябшо Назриев, Муҳиддин Кабирӣ, Шодӣ Шабдолов ва Умаралӣ Ҳисайнов доир ба истифодаи самараноки маблағҳои буҷет, пешгирии қочоқи молу маҳсулот, омилҳои иҷро нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, фаъолияти аудиторони дохилӣ, таъмири роҳи мошингарди Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ, коҳиш додани бақияпулиҳо, кӯмак ба зарардидагони заминларза дар шаҳри Ваҳдат, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, сабабҳои барзиёд иҷро гардидани қисми даромади Буҷети давлатӣ, набудани табодули даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ, омилҳои коҳиш ёфтани содирот ва   ғайра саволҳо дода, посухҳо гирифтанд. Вакилон М.Нозимов, Л.Саидмуродов, Ш.Шабдолов, А.Сафаров ва М.Кабирӣ ба музокира баромаданд.

Муҳокимаи ошкорои парламентиро муовини  якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҳусни анҷом бахшида, минҷумла гуфт, ки аз ахбороти масъулин бармеояд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» аз ҷониби мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ кори муайян ба анҷом расонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби аудити дохилии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ як қатор санҷишҳо, ки хусусияти мавзӯӣ доштаанд, гузаронида шуда, ба маблағи умумии 9,3 млн. сомонӣ камбудиҳо, аз ҷумла камомади маблағҳо – 735,8 ҳазор сомонӣ, сарватҳои моддию молӣ – 1,0 млн. сомонӣ, маблағгузории барзиёди беасос — 706,8 ҳазор сомонӣ, банақшагирии нодуруст — 2,3 млн. сомонӣ, нодуруст ҳиссаҷудокунии  андозҳо — 888,4 ҳазор сомонӣ ва ғайра ошкор шудаанд. Аз маблағҳои ошкоргардида ба буҷет 4,6 млн. сомонӣ ва ба корхонаҳо — 286,8 ҳазор сомонӣ барқарор карда шудааст. Ҳамчунин, аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши аудити дохилии вазорат дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 мавод ба маблағи 1,9 млн. сомонӣ ҷиҳати баррасии минбаъда ва қабули қарор ирсол гардидааст.

Дар баробари ин, чуноне муҳокимаи масъала нишон дод, дар ин самт ҳанӯз ҳам баъзе камбудию норасоиҳо вуҷуд доранд, ки бояд мавриди омӯзишу вокуниши шахсони мансабдору масъулини соҳа қарор дода шавад.

Масалан, сарфи назар аз таъмини иҷрои даромади Буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ, на ҳама захираҳои мавҷудаи молиявӣ ба буҷет пурра ворид карда шудаанд, ки дар натиҷа ба буҷет аз нақшаи пешбинигардида 16,0 млн. сомонӣ кам маблағ ворид гардидааст.

Дар ин давра, нақшаи андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фурӯш ва андоз аз молу мулк иҷро нагардидаанд.

Як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз уҳдаи иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ аз ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ баромада натавонистаанд.

Маблағи бақияи қарзи андоз ва пардохтҳо дар таърихи 1 октябри соли 2013-ум 799,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба андозаи 158,6 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.

Иҷро нашудани қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби воридоти гумрукӣ, мувофиқат накардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти гумрукӣ ба ҳуҷҷатҳои аз ҷониби давлати молсодиркунанда, аз ҷумла Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудани пешгирии қочоқи молу маҳсулот аз камбудиҳои мақомоти гумрук ба ҳисоб мераванд.

Аз рӯйи маълумотномаи пешниҳоднамудаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» камбудиҳои ҷиддӣ дар мавриди истифодабарии дурусту мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Маҷлиси намояндагон ҳамасола бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ширкат барои харидорӣ ва захира намудани мазут ва дигар маводҳои сӯзишворӣ гузашту имтиёзҳои калони андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукиро муқаррар менамояд.

Ин омил масъулиятшиносии баландро талаб мекунад, ки мутаассифона, ба мушоҳида намерасад.

Мувофиқи нишондодҳои оморӣ, аз аввали соли ҷорӣ то моҳи октябр аз ҳаҷми умумии Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) ҳиссаи соҳаи саноат, якҷоя бо энергетика ҳамагӣ 13,3 фоизро ташкил мекунаду халос. Ин ҳам бошад, дар шароитест, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дода шудааст.

Дар асоси нишондодҳои оморӣ, маълум мешавад, ки аз 305 неругоҳи барқи обии хурди то ин дам бунёдшуда ҳамагӣ 118-тои он фаъолият намуда, 187-тоаш бекор хобидаанд.

Ин масъалаҳо магар масъалаҳои аввалиндараҷа ва ҳалли онҳо кафолати ғанӣ гардидани Буҷети давлат нест?

Мисоли дигар, дар ин давра, мувофиқи  маълумоти оморӣ, ҳиссаи савдо, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва маводҳои истифодаи шахсӣ, меҳмонхона ва тарабхонаҳо ҳамагӣ 15,8 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил кардааст.

Наход дар ҳамин соҳа низ дар мамлакати мо маҳдудияте мавҷуд бошад? Чаро мо аз таҷрибаи давлатҳои дар соҳаи хизматрасонии маишӣ ва туризм пешрафта намеомӯзем?

Саволи дигаре, ки ҷавоби мутасаддиёни соҳаро талаб дорад, ин аст, ки чаро дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 90 фоизро ташкил кардаасту халос? Магар ин соҳаи муҳими таъмини рушди иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти шароити иҷтимоии сокинони пойтахт нест?

Мувофиқи маълумоти оморӣ ва матолиби воситаҳои ахбори омма, корхонаҳои истеҳсолию саноатии бахши хусусии зиёд аз кор мемонанд.

Бар хилофи нақшаву чорабиниҳо ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар, соҳибкорони ватанӣ аз шароити номусоиди фазои соҳибкорию тиҷоратӣ шикоят мекунанд.

Сабаб дар чӣ аст? Оё Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили ин масъалаи сарбастаро анҷом додааст?

Мувофиқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксари вазорату идораҳо, марказҳои татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инвеститсионию грантӣ қонуншиканиҳо ва риоя нагардидани интизоми молиявӣ ҷой дорад.

Дар ин давра, аз ҷониби Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бонкҳои давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 1041 тафтишу санҷиш гузаронида, ба маблағи 208,0 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шуд, ки аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 25,0 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 12,1 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 44,1 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва ба иҷора додани амволи давлатӣ 18,4 млн. сомонӣ, талафоти воситаҳои пулию молӣ 49,8 млн. сомонӣ ва маблағи камҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 58,6 млн. сомонӣ мебошад.

Камбудиҳои ошкоргардида асосан дар Вазорати кишоварзӣ ва корхонаю ташкилотҳои зертобеи он, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ва корхонаю ташкилотҳои зертобеи он, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», Агентии таъминоти амволи махсус назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои идораи барномаҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт, Ховалинг, Спитамен, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Ҳамчунин аз санҷишҳои гузаронидаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки камбудӣ ва норасоиҳо вобаста ба банақшагирии даромад ва хароҷоти буҷети соҳаҳои алоҳида, иҷрои буҷет, маблағгузории соҳаҳо, ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо байни ташкилот ва муассисаҳои буҷетӣ, идоракунии қарзҳои давлатӣ, лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ, идоракунии буҷетҳои маҳаллӣ, фаъолияти аудиторӣ ва ғайраҳо ҷой доранд.

Ҳозирини арҷманд! Мисолҳои овардашуда бояд ҳар яки моро ба андеша ва ислоҳи камбудиҳо водор намояд.

Бовар кунед, имкониятҳои истифоданашуда хеле зиёданд. Фақат каме кӯшиш ба харҷ додан, ташаббускор шудан, кор кардан лозим аст.

Беҳуда нест, ки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ       Раҳмон борҳо зикр карда буданд: «Манбаи асосие, ки метавонад ҳадафҳои стратегӣ ва иҷтимоии кишварро таъмин намояд, Буҷети давлатӣ мебошад ва дар ин замина вазифаи тамоми мақомоти аз буҷет маблағгузоришаванда аз он иборат аст, ки хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявиро таъмин намоянд».

Аз ин рӯ, ҷиҳати бартараф кардани камбудию норасоиҳои муқарраргардида, тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ оид ба ин масъала қабул карда мешавад.

Амалӣ намудани тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ, ки имрӯз мо онро қабул мекунем, аз вазорату идораҳои дахлдор андешидани чораҳои саривақтӣ ва мушаххасро талаб менамоянд ва дар сурати амалӣ шудани ин тавсияҳо бо боварӣ гуфта метавонам, ки иҷрои Буҷети давлатӣ дар соли 2013 пурра ва босифат таъмин карда мешавад.

Хотирнишон карданиам, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ таҷрибаи баргузории муҳокимаҳои парламентӣ, бо назардошти зарурияти масъалаҳо дар вазорату идора ва муассисаҳои гуногуни кишвар, инчунин иҷроишу истифодаи самараноки Буҷети давлатӣ идома дода мешавад.

Бинобар ин, аз масъулони соҳаҳои дахлдор талаб карда мешавад, ки қарор ва тавсияҳоро ҳаматарафа омӯхта, муқаррароти онро ба роҳбарӣ гирифта, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта талошу кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар фарҷом бо назардошти таклифу  пешниҳодот ва нуктаҳое, ки дар ахборот, музокираҳо ва раванди саволу ҷавоб зикр гардиданд, аз рӯйи масъалаи мавриди  баррасӣ қарор ва тавсияҳо қабул шуд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир А.ИСОЕВ