Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Тасдиқи созишномаҳо оид ба идоракунии партовҳои сахти маишӣ

№36 (3182) 11.04.2014

DSC_0582

9 апрели соли 2014 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда»

2. Оид ба Созишнома дар бораи пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

3. Дар бораи Созишномаи қарзӣ (Лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода) байни Муассисаи коммуналии Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

4. Оид ба Созишнома дар бораи пешниҳод намудани грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи коммуналии Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода»

5. Оид ба Созишнома дар бораи дастгирии Лоиҳа (Лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода) байни шаҳри Турсунзода ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Раисикунанда:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Гиёев Сайфулло Неъматович дода мешавад.

ГиёевСайфулло ГИЁЕВ: -Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2014 таҳти № 2303 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади бартараф намудани нуқсонҳои имлоии забонӣ ва мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш таклиф пешниҳод гардид, ки 5 –тои он пурра қобили қабул дониста шуда, яктои дигараш қабул нашуд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро якуми апрели соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод.

Кумитаи масъул, бо дарназардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа, ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда» ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Раисикунанда:- Оид ба Созишнома дар бораи пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

НУРАЛИЕВҶамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам раисикунанда, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ барои ҷамъоварӣ ва безараргардонии партовҳо (тозагии санитарӣ) ва хизматрасониҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар ҳуҷҷатҳои Стратегияи миллии рушд ва Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст.

Бо дастгирии Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт барнома ва лоиҳаҳои зиёде амалӣ гардида, сол то сол сифати хизматрасонӣ, вазъи санитарӣ ва экологии муҳити атроф ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ беҳтар гардида истодааст.

Бинобар ин, ба муҳокимаи шумо Созишнома дар бораи пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода» пешниҳод гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки айни замон чунин лоиҳа дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд бомувафаққият амалӣ гардида истодаанд, ки созишномаҳои ин лоиҳаҳо аз ҷониби шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд.

Мақсади лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода» аз ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, беҳтар гардонидани вазъи санитарӣ ва экологии ҳудуди шаҳри Турсунзода, инчунин сохтмони партовгоҳи марказии нав бо истифода аз стандартҳои аврупоӣ, ки ба талаботи санитарӣ ва экологии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд, иборат аст.

Шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, масоҳати шаҳр ва деҳоти он 117,5 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Турсунзода 49,7 ҳазор аҳолӣ ва дар нуҳ ҷамоати деҳоти он 201,9 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ҳудуди шаҳр 120 мактаб бо 58,2 ҳазор хонанда, шаш муассисаи калони тандурустӣ, 90 адад ташкилоту муассисаҳо (мағоза, бозор, таваққуфгоҳи автобусҳо, тарабхона, ошхона, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ) ва дигар иншооти маданӣ- маишӣ ҷойгир аст, ки аз ҷониби шуъбаи манзилию коммуналии шаҳри Турсунзода хизматрасонӣ карда мешаванд.

Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 144 нуқтаи ҷамъоварии партовҳо мавҷуд аст, ки тозакунӣ ва баровардани партовҳои онҳо бо усулҳои куҳна, яъне тариқи дастӣ бор кардани партовҳо ба роҳ монда шудааст. Ин тарзи кор шумораи зиёди коргаронро талаб менамояд.

Ҷамъоварии партовҳо бо истифодаи 41 адад техникаҳои куҳнаи давраи шӯравӣ амалӣ шуда истодааст, ки танҳо 15 адади онҳо коршоям буда, аз 25 то 27 сол истифода шуда, таъмирталаб гардидаанд ва миқдори хурди партовҳоро (ҳамагӣ чор метри кубӣ партов) кашонида метавонанд. Ба таври умумӣ ҳамаи техникаҳо аз кор баромаданд ва кашонидани партовҳо мушкил гардидааст. Инчунин истифодаи усули куҳнаи ҷамъоварии партовҳо маблағи калонро аз буҷети шаҳр талаб мекунад ва таъсири манфии худро барои тараққиёти соҳа низ мерасонад.

Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби инвеститсияҳоро ба соҳаи мазкур ба мақсад мувофиқ шуморида, соли 2012 ҷиҳати ҳалли масъалаҳои бамиёномада ба Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд муроҷиат намуд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби бонк дастгирӣ ёфта, оид ба кафолати баргардонидани ин қарз аз ҷониби Вазорати молия дархост намуд.

Бо ин мақсад 31 октябри соли 2013 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Созишномаи кафолатӣ ба имзо расонида шудааст ва тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад, ки ҳангоми барнагардонидани қарз аз ҷониби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» уҳдадории баргардонидани саривақтии маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Арзиши умумии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода» 4,9 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 2,0 миллион доллари онро қарзи имтиёзноки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, 2,0 миллион доллари дигарашро гранти Фонди Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва ғайра ташкил медиҳад. Аз ин дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҷудо намудани 750,0 ҳазор евро (баробар ба 0,9 миллион доллари ИМА) барои гузаронидани корҳои машваратӣ ва таҳияи Барномаи рушди корпоративӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳангоми татбиқ гардидани лоиҳаҳои мазкур баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, бехатарии санитарӣ ва экологии шаҳри Турсунзода, беҳтар намудани сатҳи саломатии аҳолии ин минтақа  таъмин карда мешавад.

Бинобар ин, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи кафолатии пешниҳодгардидаро  дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

Раисикунанда:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.

Шарофиддин СИРОҶОВШарофиддин СИРОҶОВ: -Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома дар бораи пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 31 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2014 № 2326 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади асосии Созишнома аз ҷудо намудани 2,0 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ва пешниҳод намудани грант ба маблағи 2,9 млн. доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода» аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба Муассисаи коммуналии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода» иборат мебошад.

Мутобиқи Созишномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро дар Созишномаи қарзӣ ва Созишномаи грантӣ ба инобат гирифта, розигии худро ҷиҳати иҷро гардидани уҳдадориҳои Қарзгиранда кафолат медиҳад.

Инчунин тибқи Созишнома Қарзгиранда дар доираи маблағҳои лоиҳа аз пардохти андозҳо ва боҷҳо барои хариди мол, хизматрасониҳо, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ, озод карда мешавад.

Татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода» соли 2014 оғоз ёфта, то соли 2016 идома хоҳад кард.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи якуми апрели соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки иштирокдорон қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Бинобар ин аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи Созишнома Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Раисикунанда: — Дар бораи Созишномаи қарзӣ (Лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода) байни Муассисаҳои коммуналии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам раисикунанда Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи қарзӣ (Лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода) байни Муассисаи коммуналии Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода» пешниҳод гардидааст.

Дар баромади аввалаам зикр карда будам, ки мақсади лоиҳа ин ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардонидани вазъи санитарӣ ва экологии ҳудуди шаҳри Турсунзода буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи ин лоиҳа ба КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Турсунзода» ҳуқуқи гирифтани қарзро додааст.

Созишномаи қарзии лоиҳаи  мазкур аз ҷониби Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 31 октябри соли 2013 ба маблағи 2,0 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Бояд зикр намуд, ки хизматрасонии қарз аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳои  хизматрасонӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ пурра ба уҳдаи Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода гузошта шудааст , ки ин хавфи пардохти қарзро аз ҳисоби Буҷети давлатӣ пешгирӣ менамояд.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаҳои мазкур имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

Муҳлати қарз – 15 сол;

- давраи имтиёзнокии  пардохти қарзи асосӣ – 3 сол;

- меъёри фоиз –либор +1 фоиз (либор ба ҳолати 8 апрели соли 2014 чунин аст: 0,32650, меъёри фоиз 1,33 фоиз).

Дар баробари қарзи мазкур барои татбиқи лоиҳа маблағҳои грантӣ низ пешбинӣ гардидааст, ки дар баромади навбатиам ба шумо, муҳтарам вакилон, маълумот медиҳам.

Шартҳои пешниҳоднамудаи қарз пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд, зеро элементи грантии он (бо дарназардошти маблағҳои дигари лоиҳа) 68,1 фоизро ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2014 оғоз шуда, то соли 2016 идома хоҳад ёфт.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи қарзии пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи  мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Раисикунанда: - Оид ба Созишнома дар бораи  пешниҳод намудани грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи коммуналии Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам раисикунанда, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантии мавриди муҳокима аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи коммуналии Шуъбаи  манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 31 октябри соли 2013 ба маблағи 2,0 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Шартҳои татбиқи Созишномаи грантӣ бо шартҳои Созишномаи қарзӣ мувофиқ мебошанд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур анҷом додани корҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

1)      Пурра иваз намудани мошинҳои истифодашуда ба мошинҳои махсуси партовҷамъкунӣ барои ҷамъоварии механиконидашуда бо истифода аз қуттиҳои (контейнерҳои) оҳанин;

2)      Азнавсозии  гаражи Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ, сохтмони  нуқтаи сӯзишворӣ барои мошинҳо;

3)      Сохтмони 300 нуқтаи ҷамъоварии партовҳо дар он қисмати шаҳр, ки хонаҳои шахсӣ (ҳавлиҳо) ҷойгиранд ва ҳудуди маркази ҷамоати деҳоти Пахтаобод;

4)      Таъмир ва барқарорсозии 54 нуқтаи партовҷамъкунӣ дар он қисмати шаҳр, ки  хонаҳои баландошёна ҷойгиранд;

5)      Сохтмони партовгоҳи нави замонавии ба талабот ва меъёрҳои қорнунгузории экологӣ ва санитарии амалкунанда ҷавобгӯй.

Дар партовгоҳҳо васл намудани таҷҳизот барои ҷамъоварии газ, менбрана бо филтр ва ҳавз барои ҷамъоварии обҳои аз партовгоҳ ҷоришаванда, қабати махсус барои ҳимояи обҳои зеризаминӣ, васл намудани тарозу, сохтмони гараж, бинои маъмурӣ, нуқтаи шустушӯи мошинҳои махсус ва қуттиҳои оҳанин, кандани чуқурии беккер барои гӯронидани ҳайвонҳои мурда, сохтмони дезобарер, зарфи нигоҳдории об, сутунҳо барои чароғон намудани партовгоҳ, гӯронидани партовгоҳи куҳна ва шинонидани ниҳолҳо дар ҳудуди партовгоҳи куҳна пешбинӣ гардидааст.

Маблағгузории корҳо дар доираи татбиқи лоиҳа ҳам аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва ҳам  маблағҳои грантӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи грантии пешниҳодгардидаро тасдиқ намоед.

РАИСИКУНАНДА: - Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.

Сафаралӣ ГУЛОВСафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома дар бораи пешниҳод намудани грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи коммуналии Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода» 31 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2014 № 2324 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади Созишномаи мазкур ин маблағгузории қисми лоиҳа ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода ва минтақаҳои атрофи он мебошад.

Мутобиқи Созишнома Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд уҳдадор мегардад, ки ба Муассисаи коммуналии Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳаҷми 2,9 млн. доллари ИМА маблағи грантӣ пешниҳод намояд.

Дар Созишномаи грантӣ ҳама шартҳои татбиқи лоиҳа оварда шудаанд, ки онҳо бо шартҳои Созишномаи қарзӣ мувофиқ мебошанд.

Инчунин маблағҳои Созишномаи грантӣ то ба расмият даромадани Созишномаи қарзӣ ҷудо карда намешаванд. Бинобар ин, ҳар ду созишнома бояд аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Якуми апрели соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА: - Оид ба Созишнома дар бораи  дастгирии Лоиҳа (Лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода) байни шаҳри Турсунзода ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам раисикунанда, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишнома дар бораи дастгирии Лоиҳа (Лоиҳаи оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода)  байни шаҳри Турсунзода ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд пешниҳод гардидааст.

Зикр намудан зарур аст, ки ҷиҳати самаранок истифодабарии маблағҳои ҷалбшуда ва сари вақт татбиқ намудани Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода», ки оид ба онҳо ман дар баромади қаблиам гуфта гузаштам, Созишномаи дастгирии лоиҳаи байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 31 октябри соли 2013 ба имзо расонида шудааст (баимзорасонии Созишномаи  мазкур яке аз талаботи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад).

Тибқи Созишномаи мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бояд:

- уҳдадориҳои маблағҳои қарзиро аз ҷониби Муассисаи коммуналии Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таъмин намояд;

- дар доираи татбиқи лоиҳа дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳаҷми тарофаҳои ҷамъоварии партовҳоро барои самаранокии истифодаи маблағҳои ҷалбшуда ҷорӣ намояд;

- маблағгузории пардохтҳоро аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои давлатии шаҳри Турсунзода назорат ва таъмин намояд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро тасдиқ намоед.

РАИСИКУНАНДА: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон Хоҷиевич дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВДомуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома дар бораи дастгирии Лоиҳа (Лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода) байни шаҳри Турсунзода ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 31 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2014 №2327 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади Созишнома ин дастгирии Лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода мебошад.

Тибқи Созишномаи мазкур Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода чорабиниҳои зеринро мегузаронад:

- кафолати иҷрои уҳдадориҳои қарзӣ ва грантӣ, инчунин пардохти маблағҳои қарзиро аз ҷониби Муассисаи коммуналии Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода медиҳад;

- дар доираи татбиқи лоиҳа дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳаҷми тарофаҳои  ҷамъоварии партовҳоро барои самаранокии истифодаи маблағҳои ҷалбшуда баррасӣ намуда, ҷорӣ менамояд;

- маблағгузории пардохтҳоро аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои давлатии шаҳр назорат мекунад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Якуми апрели соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи  ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода, қабули он мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амиршоева Саодат дода мешавад.

амиршоеваСаодат АМИРШОЕВА: — Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2014 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як таклиф пешниҳод гардид, ки он қобили қабул дониста шуд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро якуми апрели соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод.

Кумитаи масъул, бо дарназардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа, ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»  ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Иномов Абдузафар дода мешавад.

ИНОМОВАбдузафар ИНОМОВ: — Муҳтарам раисикунанда, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо Қарори  Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи тағйироти воридшуда дар моддаи  5 лоиҳаи қонун калимаҳои «полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар моддаи 7 лоиҳаи қонун калимаи «Сарфармондеҳи» ба калимаҳои «Сарфармондеҳи Олии» ва дар моддаҳои 8 ва 9 лоиҳаи қонун калимаи «Сарситоди» ба калимаҳои «Ситоди генералии» иваз карда шуда, моддаи 14- ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур илова карда шудааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ таклиф пешниҳод гардид, ки онҳо қобили қабул дониста шуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дода, бо дарназардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд.

Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ