Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Ташкили фаъолияти бонкии исломӣ — саҳифаи нав дар муносибатҳои қарзӣ

№50 (3196) 16.05.2014

DSC_0001

Чордаҳуми майи соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1.Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба муҳлати навбатӣ ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ализода Зариф»

2.Дар бораи Созишномаи грантӣ (лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҳамчун Агентии иҷроияи Фонди глобалии экологӣ

3.Дар бораи Созишномаи грантӣ (лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд чун Мақоми иҷроияи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим

4.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ».

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаи аввали рӯзнома- «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба муҳлати навбатӣ ба вазифаи Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ализода Зариф» шурӯъ менамоем.

Ализода Зариф дар вазифаҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ- Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 2009 дар вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамаи давлатҳои демократӣ фаъолият намуда, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки арзиши олӣ мебошанд, нақши муҳим дорад. Дар ташкил додани институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ализода Зариф саҳми арзанда гузоштааст. Ализода Зариф якумин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳаминро низ бояд ёдовар шуд, ки Ализода Зариф узви Комиссияи оштии миллӣ буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  номзадии Ализода Зарифро барои ба муҳлати навбатӣ ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мепурсанд.

Доир ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба муҳлати навбатӣ ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ализода Зариф» мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС:- Дар бораи Созишномаи грантӣ (лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҳамчун Агентии иҷроияи Фонди глобалии экологӣ сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аъламхон Қодириён дода мешавад.

НаимӣНаимӣ Аъламхон ҚОДИРИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Беҳтар намудани рушди дурнамои иқтисодиёти ҷумҳурӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи тағйирёбии иқлим, мониторинги  муҳити зист, пешгӯӣ ва муайян намудани сар задани ҳолатҳои офатҳои табиӣ ва оқибатҳои он ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар ҳуҷҷати Стратегияи миллии рушд ва Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2009-2019  дарҷ гардидааст.

Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ, мутобиқшавии аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳалли мушкилоти соҳаи кишоварзӣ лоиҳаю барномаҳои зиёд амалӣ гардида, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт корҳои муайянеро анҷом медиҳад.Аз ҷумла айни замон дар ин самт чор лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ, бо дарназардошти лоиҳаи мазкур ба маблағи умумии 78 млн. доллари амрикоӣ амалӣ шуда истодааст.

Бинобар ин, имрӯз ба муҳокимаи шумо Созишномаи  грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, ки ҳамчун маъмури маблағҳои Фонди глобалии экологӣ ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд бошад, ҳамчун маъмури маблағҳои Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи татбиқи лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» пешниҳод мегардад.

Мувофиқи таҳлилҳо, дар Тоҷикистон хавфи сар задани офатҳои табиӣ баланд буда, он ҳамчун яке аз кишварҳои аз ҳама осебпазир ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ арзёбӣ мегардад. Тавре маълум аст, зарари офатҳои табиӣ бештар ба соҳаи кишоварзӣ мерасад, ки ин соҳа барои Тоҷикистон бахши муҳим ба ҳисоб рафта, 40 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ва 64 фоизи шуғли аҳолӣ ба он рост меояд. Аз ҷумла санаи 4 октябри соли 2013 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаро барои татбиқи лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» дар шаҳри Душанбе ба имзо расонид. Ҳадафи лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» ин мукаммалгардонии истифодаи захираҳои табиӣ ва баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои интихобшуда, тариқи додани имконияти зиёд намудани сармояи истеҳсолӣ ба сокинони деҳот мебошад.

Лоиҳаи мазкур ба истифодаи усулҳои самарабахш ва устувори истеҳсолот, идоракунии замин аз ҷониби хоҷагиҳои хонаводагӣ дар деҳот мусоидат намуда, бо ин восита ба таҳкими устувории онҳо ба тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ кумак менамояд. Ҷиҳати беҳтар намудани фаҳмишу дарки ҷомеаҳо оид ба вазъи тағйирёбии иқлим ба замин, таъмини об, чорводорӣ ва растанипарварӣ кумак мерасонад.

Бо истифодаи таҷрибаҳои идоракунии оқилонаи захираҳои табиӣ, ки барои Тоҷикистон мувофиқанд, ҷомеаҳо барои имрӯз ва солҳои оянда, амнияти бештари озуқавориро ба даст хоҳанд овард.

Иқдоми мазкур тавассути пешниҳод намудани грантҳои хурд ба деҳот ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии оқилонаи захираҳои замин, ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба ҳамкорӣ бо ҷомеаҳо дар ҳалли ин масъалаҳо, дастгирӣ намудани корҳои таҳлилӣ ва таҳкими иқтидор дар самтҳои алоқаманд, бо хавфҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ, дар асоси ҳавасмандгардонӣ ба идоракунии оқилонаи захираҳои замин ва об амалӣ хоҳанд шуд.

Арзиши умумии лоиҳа 16,8 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, он аз ҳисоби маблағҳои Барномаи пилотии устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, тавассути Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд дар ҳаҷми 9,45 млн. доллари амрикоӣ, аз ҳисоби маблағҳои Фонди байналмилалии экологӣ, тавассути Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд дар ҳаҷми 5,4 млн.доллари амрикоӣ ва аз ҳисоби саҳми бенефитсиарон дар ҳаҷми 2,3 млн. доллари амрикоӣ маблағгузорӣ мешавад.

Лоиҳаи мазкур аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

Қисмати якуми лоиҳа «Дастгирии молиявӣ оид ба рушди истеҳсолот дар маҳал ва идоракунии захираҳои замин» буда, дар доираи 10,1 млн. доллари амрикоӣ амалӣ мегардад.

Мақсади асосии ин қисмат таъмини маблағгузориҳо дар сатҳи ҷомеа оид ба фароҳам овардани имкониятҳои молиявӣ барои татбиқи таҷрибаҳои пешқадаму мутобиқ ба тағйирёбии иқлим барои пешгирии таназзулёбии ҳолати заминҳо ва устуворӣ ба дигаргуншавии иқлим мебошад.

Маблағ дар намуди грантҳои хурд ба гурӯҳҳои алоҳида, фермерон ва ассотсиатсияҳо, ки истифодаи захираҳои табииро ба уҳда доранд, пешниҳод хоҳад шуд.

Дар доираи қисмати якум корҳо барои рушди устувори истеҳсолӣ дар сатҳи деҳа ва идоракунии захираҳо вобаста ба замин ва ташаббускориҳо дар бахши идоракунии устувори замин, дастгирии техникӣ дар сатҳи ҷомеа ба роҳ монда мешаванд.

Аз ҷумла:

- дастгирии гурӯҳи хоҷагиҳо бо маблағҳои хурди грантӣ, ҷиҳати рушди истеҳсоли дохилихоҷагӣ, кам намудани корҳои дастӣ, хариди техникаҳои хурд, присепҳои хурд (аробачаҳо), коллектор ва батареяҳои офтобӣ, насосҳои обкашии иқтидорашон хурд, дигар техникаю технологияҳои хурд барои коркарди дохили қаторҳои боғ ва ҷӯякҳои обчакорӣ;

- таҳияи банақшагирии маблағгузорӣ бо иштироки ҷомеа, ки асосан аз баҳогузории тағйирёбии иқлим, истифодаи таҷрибаи пешқадами идоракунии устувори экологии замину хоҷагии қишлоқ, баландбардории ҳосилнокӣ, нигоҳдории захираҳои обӣ, ҳосилхезии хок, идоракунии чарогоҳҳо, коркарди устувори замин дар ҷарию боғҳо, иншооти хурд барои беҳтар намудани ҳолати обёрии заминҳо  ва заҳбурҳо иборат аст;

- масоили идоракунии захираҳо берун аз ҳудуди деҳа, бо маблағгузории гурӯҳҳо ё ассотсиатсияҳо ба хотири рушд ва идоракунии устувори чарогоҳҳо, ташкил намудани гурӯҳҳои истифодабарандагони чарогоҳҳо, идоракунии обҳои дохилихоҷагӣ дар минтақаҳои поёноб, пурзӯр намудани ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва беҳтар намудани идоракунӣ ва обёрии заминҳоро дар бар мегиранд.

Қисмати дуюми лоиҳа «Баланд бардоштани савияи дониш ва дастгирии сохторӣ» мебошад, барои дар доираи 4,74 млн. доллари амрикоӣ татбиқ мешавад.

Мақсади асосии қисмати мазкур пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, дастгирӣ ва кумакҳои ҳамаҷониба дар деҳот барои банақшагирӣ, иҷро ва идора намудани маблағҳо мебошад.

Аз ҷумла оид ба ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотҳои зарурӣ ва инчунин ивази маводҳо оид ба идоракунии устувори замин, инкишофи савияи дониш ва дастгирии сохторӣ, омӯзишҳо, таҳлилҳо, паҳн намудани маълумот ва ҳамкориҳо дар ин самт ба роҳ монда мешаванд.

Кумаки расонидашуда дар ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, бахшҳои ҳифзи муҳити зист, мушовирони техникӣ, ташкилоту идораҳои дахлдор, лоиҳа ва барномаҳо иҷро мегардад. Масалан, фаъолият оид ба баланд бардоштани малака ва дониши кумакгирандаҳо ва шарикони лоиҳа – омӯзиш,  мубодилаи ахборот ва таҷриба, курсҳои омӯзишӣ, озмунҳо, дастгирии молиявӣ дар корҳои таҳлилӣ оид ба маблағгузориҳои лоиҳавӣ ва баҳодиҳӣ, (дар мисоли таҳлили бозор, пардохти хизматрасониҳои экологӣ, сиёсати ҳавасмандкунӣ барои пешбурди идоракунии экологии замин, баҳодиҳии лоиҳаҳо ва ғайра).

Қисмати сеюми лоиҳа «Идоракунии лоиҳа» мебошад, ки он дар доираи 2,0 млн. доллари амрикоӣ амалӣ мегардад.

Бояд зикр намуд, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур 21 000 хоҷагии хонаводагӣ ё 126 000 нафар аҳолӣ, ки 40 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳанд, дар минтақаҳои пилотии  кӯҳии ноҳияҳои Ҷиргатол, Тавилдара, Балҷувон, Ховалинг, Фархор ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бевосита аз технологияи бехатарии замин баҳра мебаранд.

Татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи октябри соли 2013 оғоз гардида, анҷомёбии он 31 майи соли 2018 ба нақша гирифта шудааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи назди  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида ва роҳбарии идоракунии бевоситаи он ба уҳдаи раиси кумитаи мазкур вогузор шудааст.

Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки созишномаҳои пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳақдодов Маҳмадшариф Маҳмудович дода мешавад.

ҲАҚДОДОВМаҳмадшариф ҲАҚДОДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар давраи ҳозира масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз таҳдидҳои глобалӣ ба аҳолии кураи Замин ба шумор рафта, барои ҳалли он андешидани чораҳои дахлдорро ҳам дар сатҳи глобалӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавию миллӣ тақозо дорад. Кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва аз байни онҳо аз ҳама камбизоат бештар осебпазир ба тағйирёбии иқлим мебошанд.

Тоҷикистон, дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон, аллакай ба таъсири манфии зоҳиршавии тағйирёбии иқлим низ дучор гардидааст. Тибқи маълумоти  коршиносон, дар давраи зиёда аз 60 соли охир дар водиҳо ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво то 0,7- 1,2о С, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳ то 0,1-0,7о С ва дар шаҳрҳо то 1.2- 1,9о С афзудааст. Дар натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим обшавии пиряхҳо, камшавии оби дарёҳо, такроршавии хушксолӣ ва офатҳои табиӣ ба вуҷуд меоянд, ки  ҳамасола хисороти зиёд ба иқтисодиёти кишвар мерасонад.

Сарфи назар аз он ки Тоҷикистон аз ҳама кам партови газҳои парникӣ дорад ва дар ҷаҳон дар ҷойи 159 қарор мегирад (партовҳои газҳои парникӣ ба ҳар сари аҳолӣ камтар аз як тонна буда, дар миқёси минтақа ҳамагӣ панҷ фоизро ташкил медиҳад), кишвари аз ҳама осебпазир дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, иқтидори камтарин барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро дорад. Ин ба вобастагии зиёди хоҷагии қишлоқ аз боришот дар мавсими обёрӣ, дараҷаи баланди харобшавии муҳити зист, эрозияи замин, харобшавии ҷангалзорҳо ва вайроншавии инфрасохтори иҷтимоӣ алоқаманд мебошад.

Яке аз роҳҳои пешгирии таъсири бевосита ё чашмдошти тағйирёбии иқлим ё оқибати он, ки дар натиҷа метавонад зарар кам карда шавад ва имконияти мусоид истифода гардад, мутобиқшавии системаҳои табиӣ ва антропогенӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеияти тағйирёбии иқлим ва оқибати онро эътироф карда, барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам тибқи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Тоҷикистон соли 1998 ба Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйирёбии иқлим ҳамроҳ шуда, соли 2008 Протоколи Киоторо тасдиқ намудааст. Барои иҷрои  уҳдадориҳо соли 2003 ахбори миллии якум ба Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйирёбии иқлим, соли 2008 ахбори миллии дуюм ба ин Конвенсияро ва Нақшаи миллии амал оид ба паст кардани оқибати тағйирёбии иқлимро таҳия карда, дар он самтҳои афзалиятноки фаъолият оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муайян гардидааст. Соли 2011 Тоҷикистон ба таҳияи ахбори сеюми миллӣ ба Конвенсияи қолабии СММ  дар бораи тағйирёбии иқлим шурӯъ карда, Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро амалӣ менамояд.

Мақсади ин барнома ҳамгироии масъалаҳои мутобиқшавӣ ва устувории иқлим дар сиёсат ва нақшаҳои рушд мебошад, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди устувор равона гардидааст.

Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба воситаи Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд якҷоя бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Созишномаи грантӣ (лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҳамчун Агентии иҷроияи Фонди глобалии экологӣ, ки 11 июни соли  2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» дар шаш ноҳияҳои пилотии Ҷиргатол, Тавилдара, Балҷувон, Ховалинг, Фархор ва Кӯлоб татбиқ гардида, барои беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони деҳот, баланд гардидани қудрати истеҳсолии онҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои пилотии осебпазир мусоидат менамояд.

Арзиши умумии лоиҳа 16 миллиону 877, 5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки 5 миллиону 400 ҳазор доллари он аз тарафи Фонди глобалии экологӣ маблағгузорӣ мешавад. Марҳилаҳои татбиқи лоиҳа, усулу тартиби амалишавии он аз ҷониби муовини вазири молия муҳтарам А.Қ.Наимӣ муфассал шарҳ дода шуд.

Созишномаи мазкур, тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 апрели соли 2014 дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва 24 апрели соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони  ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, ҷонибдорӣ ёфтааст.

Созишномаи грантӣ (лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҳамчун Агентии иҷроияи Фонди глобалии экологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ карда, барои тасдиқи он овоз диҳед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Масъалаи навбатии рӯзномаи ҷаласа- Дар бораи Созишномаи грантӣ (лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд чун Мақоми иҷроияи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим баррасӣ шуд ва барои тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС:- Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ширинов Абдуҷаббор дода мешавад.

Абдуҷаббор ШИРИНОВАбдуҷаббор ШИРИНОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, муҳтарам вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ диққати аҳли башарро ба бонкдории исломӣ, ки дар ин давра устувории худро ба зарбаҳо ва хавфҳои молиявӣ нишон дод, ҷалб намуд.

Низоми бонкии исломӣ айни замон дар миқёси байналмилалӣ мавқеи намоёнро ишғол намуда, рӯ ба афзоиш мебошад.

Дар қисме аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон филиалҳои бонкҳои исломӣ ва равзанаҳои бонкҳои исломӣ дар бонкҳои анъанавӣ фаъолият доранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ талабот ба хизматрасонии бонкии исломӣ ба миён омадааст.

Ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ- иштирокчиёни ҷаласаи солонаи Бонки Исломии Рушд, ки соли 2013 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, омодагии худро оид ба мусоидат ба ташкили хизматрасонии бонкии исломӣ ва дастгирии рушди он дар кишвари мо баён намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ нигаронида шуда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Қонуни мазкур инчунин ба дарёфти манбаъҳои нави ҷалби сармояи хориҷӣ ва пасандозҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз 10 боб ва 64 модда иборат мебошад:

Боби1.Муқаррароти умумӣ (моддаҳои 1-7); Боби 2.Тартиби таъсис ва иҷозатномадиҳии ташкилотҳои қарзии исломӣ (моддаи 8-21); Боби 3.Сармоя (моддаҳои 22-23); Боби 4. Идоракунии ташкилотҳои қарзии исломӣ (моддаҳои 24-33); Боби 5.Танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ (моддаҳои 34-45); Боби 6. Ҳисобдорӣ ва ҳисоботи молиявӣ (моддаҳои 46-50); Боби 7. Аудит (моддаҳои 51-53); Боби 8. Махфият (моддаҳои 54-57); Боби 9. Назорат ва санҷиш (моддаҳои 58-59); Боби 10. Муқаррароти хотимавӣ (моддаҳои 60- 64).

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, қабули он аз Буҷети ҷумҳурӣ маблағгузориро талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкур дастгирӣ карда шавад.

РАИС: -Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Талбаков Исмоил Иброҳимович дода мешавад.

ТАЛБАКОВИсмоил ТАЛБАКОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2014 № 2338 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса  ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади барпо намудани заминаи қонунгузории фаъолияти бонкии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Зарурияти таҳия ва қабул намудани қонуни мазкур се ҷанбаи асосиро, ки аз Паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таклифу дархостҳои пай дар ҳами интихобкунандагон ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва аз ташкили рақобати солим байни ташкилотҳои қарзӣ барои рушди бемайлони иқтисоди миллӣ  бармеоянд, дар бар мегирад.

Ташкили фаъолияти бонкии исломӣ дар кишвари мо дар шароити имрӯза саҳифаи нави муносибатҳои қарзиро рӯи кор меорад ва барои рушди бемайлони иқтисодиёт заминаи воқеӣ хоҳад гузошт. Иҷрои бемайлони вазифаҳои барномавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, ки дар оянда афзоиши он ду баробар дар назар дошта шудааст, ба беҳтаршавии зиндагии мардум, ташкили ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани муҳоҷирати меҳнатӣ низ аз бисёр ҷиҳат ба гуногуншаклии низоми бонкию қарзӣ вобастагии зич дорад. Интихобкунандагон мунтазам  дар вохӯриҳо бо вакилон ва муроҷиатҳояшон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баланд будани меъёрҳо – фоизҳои ташкилотҳои қарздиҳии амалкунанда изҳори нигаронӣ менамуданд. Чунки вазни қиёсии фоизи қарзҳо дар арзиши аслии маҳсулот, кору хизматрасониҳо то 30 фоизро ташкил медиҳад.

Бо қабули қонуни мазкур дар таърихи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бонкию қарзӣ марҳилаи нави муносибатҳо оғоз мегардад, ки шарикии ташкилотҳои қарзии исломиро бо мизоҷон ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти иқтисодию тиҷоратӣ ва кору хизматрасонӣ таъмин менамояд.

Фаъолияти бонкии исломӣ ба васеъ намудани доираи амалиёти бонкӣ, пайдо намудани манбаъҳои нави ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи исломӣ, инчунин амонатҳои аҳолӣ, мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи қонуни мазкур асосан барои муҳайё намудани заминаи воқеии меъёрҳои ҳуқуқии рушди бонкии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида ва он дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» таҳия шудааст. Илова бар ин, лоиҳаи қонуни зикргардида барои таъмини фазои рақобатпазирии ташкилотҳои қарзии анъанавӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам меорад.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур Бонки миллии Тоҷикистон имконият пайдо  мекунад, ки ба ташкилотҳои қарзии исломӣ ва «равзанаҳои бонкии исломӣ» иҷозатнома дода, фаъолияташонро ба танзим дарорад.

Ҷорӣ кардан ва пешбурди хизматрасониҳои бонкие, ки ташкилотҳои қарзии исломӣ пешниҳод мекунанд, афзалиятҳои ин хизматрасониҳо ба диверсификатсияи низоми молиявӣ ва мувофиқан ба таҳкиму густариши он мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи қонунро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон баҳри такмили он 103 таклиф пешниҳод намуданд, ки 51-тоаш  қабул, 2-тоаш қисман қабул гардида, 52-тоаш қабул нашуд.

Тибқи пешниҳодҳо 23  апрели соли равон ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон ва коршиносон баргузор гардид, ки дар он баҳсҳои бамиёномада мавриди таҳлил қарор гирифт.

Дар ҷараёни баррасӣ аз ҷониби вакилон дархост пешниҳод шуд, ки амалиёти асосии бонкдории исломӣ ва тарзи иҷрои онҳо, масъалаҳои андозбандӣ, меъёрҳои муҳими байналмилалӣ, масъалаҳои мутобиқгардонӣ миёни шариат  ва низоми қонунгузорӣ дар фаъолияти бонкии исломӣ  мушаххас фаҳмонида шавад.

Рӯзи 24 апрели соли 2014 дар ҷаласаи васеи Кумитаи масъул, бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни зикргардида мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз тарафи иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба техникаи қонунэҷодкунӣ мутобиқ ва услуби забонию имлоӣ  таҳрир карда шуд. Аз моддаи 4-уми лоиҳа қисми 4, аз моддаи 10 қисми 2 ва аз моддаи 52 қисми 12, бинобар такрорёбии меъёрҳо, хориҷ карда шуд:

Моддаи 8 дар таҳрири зайл: «Моддаи 8. Тартиби таъсис ва бақайдгирии давлатии ташкилоти қарзии исломӣ» қабул карда шуд. Моддаи 27 хориҷ ва меъёрҳои он ҳамчун қисми 2 ба моддаи 8 дохил карда шуд.

Умуман, лоиҳаи қонуни мазкур аз 10 боб ва 64 модда пешниҳод шудааст.

Боби 1 ва 2 масъалаҳои муқаррароти умумӣ ва тартиби таъсис ва иҷозатномадиҳии ташкилотҳои қарзии исломиро ба танзим дароварда, дар моддаҳои 1-22 меъёрҳоро вобаста ба мафҳумҳо, қонунгузорӣ, доираи амал, амалиётҳои бонкӣ, хусусиятҳо, муносибат ба давлат, иттиҳодияҳо, филиалҳо, тартиби таъсису иҷозатномадиҳӣ, таъсиси намояндагӣ  ва феҳристи ташкилоти қарзии исломиро муқаррар менамояд.

Масъалаҳои сармоя, идоракунӣ ва танзими фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ  дар бобҳои 3, 4 ва 5 танзими худро ёфтаанд, ки меъёрҳои сармоя, идоракунии ташкилоти қарзии исломӣ ва Шӯрои машваратӣ, кумитаю аудит, танзими фаъолият, меъёрҳои мақбул, хавфҳо ва ваколатҳои бонкии исломиро муайян менамоянд.

Талабот оид ба ҳисобдорӣ ва ҳисоботи молиявӣ, аудит, уҳдадориҳои иловагӣ, махфият ва назорату санҷиш дар бобҳои 6, 7, 8 ва 9 мутаносибан дар моддаҳои 13-60 нишон дода шудааст.

Боби 10 муқаррароти хотимавӣ буда, тибқи моддаҳои 61-64 барои баррасии баҳсҳо, ҳимояи манфиатҳо, масъулият ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро ба танзим медарорад. Лоиҳаи қонуни  мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва ҷавобгӯи меъёрҳои  байналмилалӣ мебошад.

Дар ҷараёни баррасӣ аз ҷониби муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Амиршо Миралиев  ва 12 майи соли равон дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Шукурҷон Зуҳуров нисбати лоиҳаи қонуни мазкур як қатор таклифу пешниҳодҳо ва эродҳои ҷиддӣ баён карда шуд, ки асоси воқеӣ доштанд. Ҳамон рӯз Кумитаи масъул гурӯҳи кориро даъват намуда, таклифу пешниҳодҳоро мавриди баррасӣ қарор дод ва эродҳое, ки ба техникаи қонунэҷодкунӣ, таҳрирӣ, мушаххаскунӣ ва мутобиқсозии он бо меъёрҳои қонунҳои амалкунанда дахл доштанд, бартараф кард, ки он боиси мукаммал ва дақиқ шудани лоиҳаи қонуни мазкур гардид.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи қонуни номбурдаро,  бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи корӣ, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: -Вобаста ба ин масъала савол ё таклифу  пешниҳод доред? Марҳамат.

Шодӣ ШАБДОЛОВ: -Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан бонкҳои аврупоӣ, инчунин бонкҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой фаъолият доранд. Бонки исломӣ моҳиятан аз дигар бонкҳо чӣ тафовут  дорад?

Абдуҷаббор ШИРИНОВ: - Воқеан дар олам ду шакли ташкилотҳои бонкдорӣ амал доранд. Шакли аввал маъмулан бонкҳои анъанавӣ маҳсуб меёбанд, ки дар асоси фоида ё суд гирифтан кор мекунанд.

Дар шароити исломӣ  ин шакли бонкдорӣ пайдо шуд, ки мутобиқи он касе амонат мегузорад, аз он суд ё фоида намегирад.

Бонки исломӣ танҳо фоидаи қарзи додаи худро ҳамон вақте мегирад, ки корхона  фоидаовар гардад. Тафовут асосан дар чунин тарзи кор аст. Дар давраи буҳрони молиявии иқтисодӣ ин тарзи бонкдорӣ аз бисёр ҷиҳат  бартарии худро нишон дод.

Муҳиддин КАБИРӢ: -Принсипҳои бонкдории исломиро ба ҷуз кишварҳои исломӣ, давлатҳои Аврупо, Ҷумҳурии Халқии Хитой низ ворид кардаанд. Таҷрибаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон дод, ки баробари ҷорӣ кардани принсипҳои бонкдории исломӣ маблағҳои зиёди мардум ба ин бонкҳо интиқол дода шуданд ва дар муомилоти молии кишвар ҷойи худро пайдо карданд. Қабули қонуни мазкур ба фаъолияти бонкдории  кишвар кумак мерасонад.

НОЗИМОВМаҳмадшариф  НОЗИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Дар доираи ислоҳоти иқтисодӣ дар раванди таҳкими муносибатҳои иқтисоди бозорӣ таҳия, қабул ва амалӣ намудани барномаҳо ва қонунҳо вобаста ба фаъолияти бонкдорӣ ва таҳкиму густариши низоми молиявӣ  заминаи воқеии таъмини рушди босуботи иқтисодии ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Аз ҳамин сабаб дар давоми солҳои охир вобаста ба таҳкими низоми молиявӣ ва густариши муносибатҳои бонкӣ дар ҷумҳурӣ як зумра қонунҳои нав қабул гардида, ба қонунҳои амалкунанда дар ин соҳа тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» низ давоми мантиқии ислоҳоти низоми молиявӣ ва густариши муносибатҳои бонкӣ буда, барои боз ҳам ривоҷ додани муносибатҳои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна саҳми босазо хоҳад гузошт.

Низоми бонкии исломӣ, ки дар миқёси байналмилалӣ мавқеи намоёнро ишғол менамояд, барои таъмини фазои ягонаи рақобатпазирии ташкилотҳои қарзии анъанавӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии дар ҷумҳурӣ амалкунанда замина фароҳам хоҳад овард.

Дар баробари қабули қонуни мазкур доираи амалиётҳои бонкӣ васеъ гардида, барои ҷалби манбаъҳои нави сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи исломӣ, шароити бештар пайдо мегардад.

Вобаста ба ин аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, қонун яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ