Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати нозирони байналмилалиро ба ҳузур пазируфт

№28 - 29 (4134 - 4135) 03.03.2020

DSC_694029 феврали соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати нозирони бонуфузи байналмилалиро, ки аз Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти сарварии муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия бо роҳбарии раиси Кумита оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатӣ Леонид Калашников ҷиҳати шиносоию мушоҳида ва пешбурди мониторинг аз ҷараёни омодагиҳо ва баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо изҳори сипос ба роҳбарони парламентҳои аъзои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати сафарбар намудани ҳайати мазкур, саҳми Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони кишварҳои иштирокчии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар раванди зикршуда махсус таъкид намуд.

Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба навгонии заминаҳои ҳуқуқии интихобот қайд намуд, ки бори нахуст тибқи тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» муқаррароти ғайриҳизбӣ будани Комиссияи марказии интихобот ва комиссияҳои поёнии интихоботӣ пешбинӣ гардид. Аъзои он муваззаф шуданд, ки ваколатҳои худро бетараф ва мунсифона роҳандозӣ намоянд ва набояд дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, таблиғи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда дар маъракаҳои интихоботӣ ширкат варзанд.

- Ҳамзамон, — гуфт Маҳмадсаид Убайдуллоев, — бо ташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо» тағйирот ворид гардид, ки савгандёдкунии вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро, тибқи тартиби муқарраргардида, дар иҷлосияҳои дахлдори Маҷлисҳои вакилони халқ пешбинӣ менамояд.

Раиси Маҷлиси миллӣ аз бардоштҳои неки нозирони байналмилалӣ оид ба ҷараёни омодагиҳо ба баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳавзаву участкаҳои интихоботии минтақаҳои гуногуни кишвар дидан намуданд, изҳори қаноатмандӣ ва ба фаъолияти ҳар кадоми онҳо дар иҷрои ваколати нозириашон дар маъракаи муҳими сиёсӣ муваффақият орзу намуд.

Роҳбарони ҳайатҳо Улуғбек Иноятов, Леонид Калашников ва Мухтар Ерманов — раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон аз пазироии самимии Раиси Маҷлиси миллӣ изҳори сипос ва зикр намуданд, ки риоя ва эҳтиромгузории Тоҷикистон ба арзишҳои демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шоистаи дастгирист ва рафти омодагиҳо ба маъракаи баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон собитгари он мебошад.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО