Малакаи баланди касбӣ – асоси фаъолияти пурмаҳсул

№78 - 79 (4184 - 4185) 30.06.2020

DSC_4516Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз падидаҳои низоми демократии давлатдории навини Тоҷикистон дар таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаби замон нақш ва мақоми муайянкунанда дошта, ба ворид намудани ҷараёни рушду нумӯи бахшҳои ҷомеа  ба марҳилаи нав, таъмини волоияти қонун ва рушди  парламентаризм мусоидат намуда, бо фаъолияти  намояндагиву қонунгузорӣ ва байнипарламентӣ дар миёни аҳли ҷомеаи кишвар ва берун аз он сазовори мақоми  сазовор аст. Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ, баробари дигар  дастовардҳои даврони  истиқлолият, бо парламент ва қонунҳои  замонавӣ мешиносанд ва ­эътироф менамоянд. Дар ин муваффақият саҳми Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла, шуъбаи ҳуқуқи он,  намоёну  чашмрас аст. Бинобар ин, бо мудири  шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуқодир Комилзода суҳбат анҷом додем, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

- Ҳайати кормандони шуъбаи ҳуқуқ фаъолиятро дар асоси  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи ташкили кор дар Маҷлиси намояндагон роҳандозӣ намуда, вазифаҳояшонро ба дараҷаи  баланди касбӣ анҷом медиҳанд, — гуфт мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва афзуд: -  Дар ҳайати шуъба  ду бахш — мураттабсозӣ ва хулосадиҳӣ амал мекунанд. Кормандони онҳо лоиҳаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки барои  баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд, мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ мавриди омӯзиш қарор дода, баъдан, ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамоянд. Сипас, бо супориши Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар муҳлати муқарраргардида ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулоса медиҳанд, ки масъалаҳои зеринро фаро  мегиранд:

- муайян намудани мутобиқат ё номутобиқатии лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин, мутобиқати байниҳамдигарии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Дар сурати муқаррар намудани номутобиқатии лоиҳаи қонун ба асноди ҳуқуқии мазкур бояд ба кадом меъёри онҳо номутобиқ будани лоиҳаи қонун ва дар чӣ ифода ёфтани номувофиқатӣ зикр карда шавад;

- мухолифати байни фаслҳо, бобҳо, моддаҳо, қисмҳо ва бандҳои лоиҳаи қонун. Агар ихтилофе ҷой дошта бошад, бояд аниқ ва мушаххас карда, барои бартараф карданаш тавсияҳо дода шавад;

- номгӯи пурраи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки бояд беэътибор дониста ё такмил дода шаванд ва ё бинобар қабул гардидани лоиҳаи дигар қонунҳои нав қабул карда шаванд. Агар номгӯи санадҳои зарурӣ оварда нашуда бошад, бояд онҳо пурра карда шаванд;

- иштирок дар баррасии парламентии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- омӯхтани лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пас аз баррасии кумитаи масъул ва дар сурати ошкор намудани мухолифат то пешниҳод гардидани онҳо ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҷаласаи Маҷлиси намояндагон, ба Раиси Маҷлиси намояндагон пешниҳод намудани хулосаи иловагӣ ва ғайра.

Тавре аз идомаи суҳбат дарёфтем, шуъба дар доираи салоҳият оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ва такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод мекунад. Ба ҳисоб гирифтан, танзим ва мураттабсозии қонунҳо  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қарори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва Шӯрои он, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии беэътибор донисташуда аз вазифаҳои дигари кормандони шуъба ба ҳисоб мераванд.

Инчунин, онҳо бо супориши роҳбарияти Маҷлиси намояндагон, аз рӯи дархости мақомоти давлатӣ, маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаю муассиса, ташкилотҳо ва шаҳрвандон доир ба тафсири расмии санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зарурӣ омода ва ба кумитаи дахлдори Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамоянд, вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро, тибқи дархосташон, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таъмин месозанд.

Барои амалӣ намудани вазифаҳои базиммадошта аз вазоратҳо, кумитаву идораҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маълумоти заруриро вобаста ба таҳияи хулосаи ҳуқуқӣ  талаб карда, барои маслиҳат оид ба  масъалаҳои алоҳида мутахассисони соҳавиро ҷалб ва дигар супоришҳои роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро иҷро менамоянд.

Ба вакилони Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо, комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон расонидани ёрии ҳуқуқӣ кори ҳаррӯзаи шуъбаи ҳуқуқ аст.

- Асоснок намудани лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қабули қонуни  мукаммал ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда аз қисматҳои муҳими  фаъолияти шуъбаи ҳуқуқ мебошад, — изҳор медорад Абдуқодир Комилзода. — Танҳо моҳҳои апрел — июни соли ҷорӣ аз ҷониби субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ 42 санади меъёрии ҳуқуқӣ ба шуъба ворид шудааст, ки овардани рӯйхати пурраи онҳоро зарур намешуморам. Бахшҳои шуъба вобаста ба самт онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, мақсади санади меъёрии ҳуқуқӣ, асоснокии қабули онҳоро дар хулосаҳо зикр мекунанд.

Ҳамсуҳбатам аз он изҳори  хушӣ кард, ки лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо пешниҳоди хулосаҳои шуъба дар  кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, Иҷлосияи Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул гардида, аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ мегарданд ва пас аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди амал қарор гирифта, ба зиндагӣ «роҳхат» мегиранд ва ба шукуфоию пешрафти кишвар мусоидат мекунанд.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев