Мавлудахон Мирзозода: «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифодаи иродаи мардум мебошанд»

№50 (4000) 04.05.2019

DSC_5471Огоҳии аҳолӣ аз моҳияти асноди меъёрии ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги сиёсӣ муҳим мебошад. Мутаассифона, на ҳама дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва усули таҳияву қабули онҳо маълумоти кофӣ доранд. Суҳбати хабарнигорамон бо узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дар атрофи ин масъала сурат гирифт.

- Мехостам дар оғоз маълумот диҳед, ки субъектони ҳуқуқэҷодкунанда киҳоянд ва чӣ ваколат доранд?

- Тибқи муқаррароти моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда халқи Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, Маҷлиси вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо, раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дохил мешаванд.

Вобаста ба қисмати дуюми суол бояд гуфт, ки ваколатҳои субъектони ҳуқуқэҷодкунанда бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси милливу Маҷлиси намояндагон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Барои мисол, субъектони ҳуқуқэҷодкунанда метавонанд якҷоя санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия, қабул ва интишор намоянд, агар он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шуда бошад. Тағйир додан, боздоштан ва қатъ намудани амали санади меъёрии ҳуқуқии якҷоя қабулгардида аз ҷониби субъектони ҳуқуқэҷодкунандаи онро якҷоя қабулнамуда амалӣ мегардад, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

- Табиист, ки дар баробари таҳияву қабули аснод баҳисобгирии онҳо низ дар мадди назари масъулин бояд бошад…

- Бале. Моҳиятан санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инъикос­кунандаи адолатанд, бояд дорои низоми муайян ва баҳисобгирифташаванда бошанд, зеро давлате, ки худро ба сифати давлати демократию ҳуқуқбунёд эълон намудааст ва усули муайянкунандаи фаъолияти он волоияти қонунҳои одилона мебошад, наметавонад аз тартиби муқаррарии сабти санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ сарфи назар кунад.

Аз ин рӯ, соли 1994 тибқи Фармони собиқ Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Реестри давлатии санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар шуда буд, ки ба Реестри давлатии санадҳои ҳуқуқӣ санадҳое дохил карда мешаванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баъди 9 сентябри соли 1991 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз дуюним сол қарори махсус (соли 1997) оид ба татбиқи талаботи фармони зикршудаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кард. Қарори Ҳукумат ба ивази калимаи «Реестр» калимаи тоҷикии «Феҳрист»-ро ҷорӣ намуда, доираи санадҳои ҳуқуқиро, ки бояд ба он ворид шаванд, хеле васеъ намуд.

- Ба Феҳрист дохил намудани кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст?

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсиониву дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлиси Олӣ , фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди меъёрии вазорат ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрояшон барои ҳама ҳатмӣ мебошанд, ба Феҳрист дохил карда мешаванд.

Тибқи қарори Ҳукумат, ба Вазорати адлия имкон дода шуд ба Феҳрист санадҳои меъёрии дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки хислати умумиҳатмӣ доранд, дохил намояд. Гузашта аз ин, дар қарор бо мақсади боз ҳам инкишоф додани равобити байналхалқии ҳуқуқӣ ворид намудани асноди ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, пешбинӣ шудаааст.

- Мушоҳида мешавад, ки аксари аҳолӣ оид ба манбаъҳои расмии нашри санадҳо маълумоти кофӣ надоранд…

- Дуруст гуфтед. Маҳз ҳамин омил боис мегардад, ки шаҳрвандон аз такмили қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои нав то андозае бехабар монанд. Вобаста ба ин масъала бояд гуфт, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» сарчашмаи расмии интишори ин санадҳо рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» ва «Садои мардум», Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошанд.

- Аз ҷониби субъектони эҷодкунандаи ҳуқуқ мунтазам муҳим будани ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ таъкид мегардад. Ин раванд чӣ гуна амалӣ мешавад?

- Ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ тавассути пешниҳоди маълумот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, интишори санади меъёрии ҳуқуқии қабулгардида дар нашрияҳои расмӣ, воситаҳои дигари ахбори омма, муҳайё намудани имконият ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои шиносоӣ бо мазмуни санади меъёрии ҳуқуқии қабулгардида таъмин карда мешавад.

Баъзе аз муқаррароти зикршуда ба санади меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд, татбиқ намегардад.

- Андешае низ мавҷуд аст, ки баъзе аз қонунҳои дар кишвар қабулшуда аз дигар давлатҳо нусхабардорӣ мешавад. Табиист, ки ин омил ба рушди технологияи иттилоотӣ алоқаманд дониста мешавад. Дар робита ба ин, бамаврид аст, агар дар бораи истифодаи технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ маълумот диҳед…

- Ба андешае, ки дар қисмати аввали савол баён шуд, розӣ нестам, зеро қонунгузории ҳар як кишвар махсусият дорад ва нусхабардорӣ кардани асноди ҳуқуқии дигар ҷумҳуриҳо барои мо созгор нест.

Бегуфтугӯ, истифодаи технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ густурда мебошад. Ин қабил технология дар марҳилаи банақшагирии таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи лоиҳа, қабул, интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастрас намудани маълумот оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ роиҷ аст. Ин раванд тавассути ҷойгир намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сомонаҳои расмии мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда (ба истиснои лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегиранд), истифодаи сомонаҳои расмӣ бо мақсади баррасии пешакии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, истифодаи шаклҳои электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, истифодаи махзанҳои ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, паҳн намудани иттилоот оид ба ҷаласаҳои мақомоти қонунгузор, дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда ва ғайра амалӣ мегардад.

- Баъзе коршиносон мавҷудияти ихтилоф байни санадҳои меъёрии ҳуқуқиро аз мушкилоти асосӣ медонанд. Агар чунин ҳолат мавҷуд бошад, барои бартараф намуданаш қонунгузорӣ чӣ муқарраротро пешбинӣ кардааст?

- Моддаи 84 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ин масъаларо танзим менамояд. Дар он муқаррар шудааст, ки «Ихтилофи байни санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуногундараҷа тибқи низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар моддаи 9 қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст, ҳал карда мешавад».

- Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар иқтибоси овардаатон зикр шуд, аз чӣ таркиб ёфтааст?

- Санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикис­тон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ташкил медиҳанд, ки бо дарназардошти тафовути намудҳои он ва салоҳияти субъектони ҳуқуқэҷодкунанда муқаррар карда мешавад.

Ба он Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои бо роҳи раъй­пурсии умумихалқӣ қабулгардида, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиши вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарорҳои кумитаҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дохил мешаванд.

- Дар кадом ҳолат санади меъёрии ҳуқуқии баробардараҷа нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқии ҳамин дараҷа ҳангоми мавҷуд будани ихтилоф қувваи бештари ҳуқуқӣ дорад?

- Агар санади меъёрии ҳуқуқӣ аз рӯи ҳамон як мавзӯи танзим нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ баъдтар қабул шуда бошаду мавзӯи танзими ин санади меъёрии ҳуқуқӣ нисбат ба дигар санади меъёрии ҳуқуқие, ки умумӣ мебошад, махсус ба ҳисоб равад. Масалан, дар сурати ба меъёрҳои қонунҳо ихтилоф доштани меъёрҳои қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси милливу Маҷлиси намояндагон, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикис­тон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот меъёри қонунҳо амал мекунанд.

- Роҳҳои бартараф намудани ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кадоманд?

- Ихтилофоти байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тавассути бо ҳам мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, қатъи амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё боздоштани амали онҳо ва мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилидавлатӣ (ба истиснои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бартараф карда мешавад.

Мусоҳиб Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»