Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Мухолифати байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартараф мегардад

№16 (3966) 09.02.2019

DSC_4713Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» таъмини якхелаи ба хизмати давлатӣ қабул намудан ва дар хизмати давлатӣ будани шаҳрвандоне, ки ҷиноят содир намудаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд (суд шудаанд) ва доғи судӣ доранд ё доғи судиашон бардошта шудааст (барҳам хӯрдааст), ба амал бароварда мешавад.

Шашуми феврали соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 63 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2019, №1181 таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳа, ҷиҳати татбиқи муқаррароти қонунгузории мораторий ба санҷишҳо ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Бонки миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз сархати якум аз моддаи 6 қонуни амалкунанда хориҷ карда мешавад.

Дар робита ба ин, ҷиҳати васеътар намудани доираи амали қонун қисми 1 моддаи 7 дар таҳрири нав пешниҳод карда шуда, бар ивази номгӯйи қонунҳои мушаххас қайд мегардад, ки дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо амали муқаррароти қонунгузорӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур, боздошта мешаванд.

Бояд зикр кард, ки 16 январи соли гузашта бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама намуди санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба муҳлати ду сол мораторий эълон гардида буд. Дар ин раванд, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 бармеоянд, ба фармони мазкур 15 январи соли 2019 тағйирот ворид гардида, ба ҳама намуди санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ то 1 январи соли 2021 мораторий тамдид карда шуд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ тартиби татбиқи мораторий муқаррар карда шуд, ки он ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона гардидааст.

Тибқи қонун, мораторий ба санҷишҳо ҳамчун муваққатан боз­доштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси қонуни мазкур ва ё санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ маънидод гардидааст.

Субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие ба шумор меравад, ки ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул мебошад. Рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба соҳаи истеҳсолӣ мансубанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод мешавад. Шӯрои мазкур қарорро дар хусуси ворид намудани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ қабул менамояд. Дар асоси ин қарор мақоми ваколатдори давлатӣ вазифадор аст дар давоми на дертар аз се рӯз ин шахсро ба Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дохил намояд. Айни замон дар Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ 1973 субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ҷойгир карда шудааст.

Ҳарчанд мораторий гузаронидани санҷишҳоро дар давраи амали он боздорад ҳам, дар моддаи 6 лоиҳаи қонун меъёрҳое муқаррар гардидааст, ки дар ҳолатҳои алоҳида гузаронидани санҷишҳо иҷозат дода мешаванд. Дар ҳама ҳолат санҷишҳои гузаронида дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешаванд.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонун дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ РАҶАБОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, таҳия гардидааст.

Вобаста ба ин, пешниҳод мегардад, ки ба моддаҳои 1, 5, 6, 7 ва 8 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда, моддаи 91 илова карда шавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намуданд. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Кӣ савол дорад ё сухан гуфтан мехоҳад?

Сухан ба вакил Исмоилзода ­Зуфар дода мешавад.

ИСМОИЛЗОДА Зуфар Муртазохон: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳар сол мардуми шарифи кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна мунтазир мешаванд. Зеро Паёмҳои Сарвари давлат бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ аз қадамҳои собитқадамонаи миллати тоҷик дар роҳи расидан ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии давлат ва таъмини зиндагии шоиста мужда дода, мардуми кишварро барои фатҳи қуллаҳои нав бо рӯҳияву илҳоми тоза сафарбар менамоянд. Лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ низ аз дастуру супоришҳои дар Паёмашон ибрознамудаи Пешвои миллат бармеояд.

Рушди босуботи ҳар кишвар аз рушди соҳибкории хусусӣ вобастагии калон дорад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду инкишофи соҳибкории хурду миёна пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ» низ яке аз чунин дастгириҳо маҳсуб меёбад. Қонуни мазкур масъалаи тафтишу назорати аз ҳад зиёдро дар давраи муайяне ҳал намуда, барои ташаккули шароити хуби рушди соҳибкории истеҳсолӣ мусоидат мекунад. Ин тарзи моратория, яъне моратория нисбат ба соҳибкорони истеҳсолкунанда, модели хеле актуалӣ буда, ҳавасмандии соҳибкоронро барои ривоҷи истеҳсолот, ҷалби бештари инвеститсия, ворид намудани техникаву технологияи муосир ва ташкили ҷойҳои нави кор зиёд мегардонад.

Ин ғамхории беандозаи Пешвои миллат нисбат ба соҳибкорон буда, аз онҳо низ талаб карда мешавад, ки бо шукргузорӣ аз ин иқдом бомасъулиятонаву поквиҷдонона фаъолият намоянд ва амиқан дарк намоянд, ки дар қисми 1 моддаи 6 қонун омадааст: «- агар аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандагони молу маҳсулот) нисбат ба фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми давлатӣ ё ба мақоми ваколатдори давлатии санҷишӣ аризаи хаттӣ ворид гардад, санҷиш дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад.».

Бинобар ин, соҳибкорони истеҳсолӣ дар давраи амали ин иқдоми нек тавре фаъолият намоянд, ки мониторинги татбиқи моратория заминаи хуб барои дастгириву имтиёзҳои минбаъдаи Ҳукумати ҷумҳурӣ гардад.

Лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намуда, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлуда Зайнӣ дода мешавад.

МИРЗОЗОДА Мавлуда Зайнӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо мақсади мутобиқ гардонидани муқаррароти он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Бояд иброз намуд, ки мувофиқи қисми 3 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» додани қитъаи замин ва иҷозат барои сохтмони бино ва иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо қарори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, бо дарназардошти он ки фаъолияти иҷозатдиҳӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба танзим дароварда мешавад, бо мақсади мутобиқ гардонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» сархати нав — «иҷозат барои сохтмони бино ва иншоот» ворид карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2019 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур тамоми расмиёти дохилиро, тибқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагон гузаш­тааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳ лоиҳаро ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ин ҷо мехоҳам ба як масъала равшанӣ андозем. Дар тавзеҳномаи вобаста ба масъалаи мазкур равоннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо мақсади мутобиқ гардонидани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст. Дар он, аз ҷумла, омадааст, ки додани қитъаи замин ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо қарори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад.

Мо ин тағйироту иловаро ҳоло дар моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҷой дода истодаем. Дар ин модда омадааст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла, иҷозати сохтмони бунёди бино ва иншоотро медиҳад. Пас, мувофиқи лоиҳаи қонуни баррасишаванда магар чунин ҳуқуқ ва иҷозат ба ҳама мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дода мешавад? Яъне, ҳама шаҳру ноҳияҳо аз чунин имкон бархӯрдор мешаванд?

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло: - Муҳтарам Раис!

Лоиҳаи мазкур, пеш аз ҳама, ҷиҳати мутобиқ кардани он ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» пешниҳод гардидааст. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои сохтмон ва бунёди иншоот иҷозат медиҳад. Барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии дигар шаҳру ноҳияҳо ин салоҳият нишон дода нашудааст. Вақте мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мегӯем, медонем, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе иборат аст. Чунин таҳрир ба ҳамин мақсад ҷой шудааст.

Тибқи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шаҳри Душанбе статуси алоҳида дода шудааст, ки чунин иҷозатро дода метавонад. Дигар шаҳру ноҳияҳо ин гуна статус надоранд.

РАИС: — Агар мо ин муқарраротро дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷой мекардем, дуруст мебуд. Ҳоло, ки мо ин гуна муқарраротро (сохтмон ва бунёди иншоот) дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҷой дода истодаем, ин чунин маънӣ дорад, ки ин гуна ҳуқуқ ба ҳама мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад. Дар ҳоле ки ҳама шаҳру ноҳияҳо нақшаи генералӣ доранд, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонад иҷозати сохтмон ва бунёди бино ва иншоотро диҳад.

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло: — Мо тибқи қонун, ин гуна иҷозатро ба Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе додем. Дигар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чунин ҳуқуқ надоранд.

РАИС: — Тағйиру иловаҳои зикршуда барои шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст. Бинобар ин, мақсад дар лоиҳа бояд тавре баён гардад, ки ҳадафи дарназардоштаро дуруст инъикос намояд.

Кӣ оид ба ин масъала савол дорад? Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Айни замон оё дар шаҳри Душанбе барои сокинони пойтахт қитъаи замин барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда мешавад? Ҳоло чанд нафар барои гирифтани қитъаи замин дар навбат истодаанд?

РАИС: - Ба ин савол муовини раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Назирмадзода, ки ба ҷаласа даъват шудаанд, посух мегӯянд.

Бахтиёр НАЗИРМАДЗОДА: — Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!

Оид ба он ки чанд нафар дар навбати гирифтани қитъаи замин истодаанд, маълумот надорам. Агар зарур бошад, онро барои шумо пешниҳод менамоем. Оид ба ­масъалаи зикршуда комиссияи шаҳрӣ фаъолият менамояд. Мутобиқи нақшаи генералӣ, дар сурати ҳамроҳ шудани масоҳати нав чунин имкон зиёдтар фароҳам хоҳад шуд.

РАИС: — Сухан барои пешниҳоди савол ба Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

УСМОНЗОДА Саидҷаъфар Усмон:

- Солҳои охир дар шаҳри Душанбе иншооти зиёд, аз ҷумла биноҳои истиқоматӣ, бунёд карда мешаванд. Оё ҳамаи онҳое, ки ба бунёди биноҳои истиқоматӣ машғул мебошанд, маълумоти зарурии соҳаро соҳиб ҳастанд? Биноҳое, ки ҳоло эъмор мешаванд, аз нуҳ ошёна зиёданд. Оё Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе онҳоеро, ки бо ин мақсад муроҷиат менамоянд, шахсияташонро меомӯзад, ки онҳо чӣ гуна ашхосанд, маълумоти зарурӣ доранд ё не?

РАИС: — Ба ин масъала муовини раиси шаҳр ҷавоб мегӯянд. Ба ақидаи ман, шахсоне, ки ба чунин мақсад муроҷиат менамоянд, онҳо бо мутахассисони ҳирфаӣ шартнома мебанданд.

Бахтиёр НАЗИРМАДЗОДА: — Бунёди бино ва иншоот ба он ширкатҳое иҷозат дода мешавад, ки барояшон аз ҷониби мақомоти ваколатдор иҷозатнома дода шудааст. Ин ширкатҳо бояд ба ин кор машғул бошанд.

РАИС: - Ба ин масъала муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдукарим Абдуалимзода низ равшанӣ андохтан мехоҳанд.

Абдукарим АБДУАЛИМЗОДА: — Муҳтарам Раис!

Барои анҷом додани сохтмон ва бунёди ин ё он иншоот, қабл аз ҳама, литсензияи (иҷозатномаи) дахлдор зарур мебошад. Албатта, барои сохтмон он ташкилоту идораҳое роҳ дода мешаванд, ки дар ҳайат мутахассисони соҳибкасб доранд. Ҳар гуна сохтмони ғайриқонуниро хадамоти дар назди кумита фаъолияткунанда пешгирӣ менамояд. Маҳсулоте, ки ширкатҳои сохтмонӣ истифода мебаранд, аз экспертизаи зарурӣ гузаронида мешавад. Назорати техникии дахлдор низ бурда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи низоми иҷорзатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо мақсади мутобиқ гардонидани муқаррароти он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

Мутобиқи банди 3 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имконияти ситонидани маб­лағҳои муайянро ҷиҳати додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дорад.

Бо мақсади иҷрои самараноки вазифа ва уҳдадориҳои пойтахт, инчунин татбиқи босамари Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, манбаъҳои молиявии шаҳр нокифоя буда, дарёфти сарчашмаҳои иловагии молиявиро дар ин самт тақозо менамояд. Бояд қайд кард, ки сол аз сол бунёди иншооти истиқоматӣ дар пойтахт бо суръати баланд ҷараён гирифта, тибқи маълумоти оморӣ, дар чор соли охир зиёда аз 852 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ба ҳисоби миёна ҳар сол тақрибан 200 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ҳолати муайян намудани пардохтҳо дар ҳаҷми 3 ё 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аз ин ҳисоб (200 ҳазор метри мураббаъ) ба фонди мазкур ворид гардидани 30-40 миллион сомонӣ дар назар аст.

Бояд зикр намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», додани қитъаи замин ва иҷозат барои сохтмони биною иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо қарори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси Нақшаи генералии пойтахт муайян гардидааст. Инчунин, мутобиқи банди 19 моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамчун мақомоти иҷозатномадиҳанда мебошад ва яке аз ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ «-қарор дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин» муайян гардидааст.

Ҷорӣ намудани чунин пардохт барои рушди босуботи иқтисодиёти шаҳри Душанбе мусоидат намуда, маблағҳои ситонидашуда баҳри рушди инфрасохтори нақлиётӣ, фароғатӣ ва дар маҷмӯъ иҷтимоӣ, аз тариқи фонди махсус сурат мегирад. Пардохти мазкур яккарата буда, супорандагони он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо сохтмони биноҳои истиқоматии тиҷоратӣ ва иншооти тиҷоратӣ машғуланд, маҳсуб меёбанд.

Бо дар назар доштани самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми сохтмони биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иншоот ва корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ ва иншооти соҳаи сайёҳӣ аз пардохти мазкур озод мебошанд. Ҳамчунин, пардохти мазкур барои сохтмони манзили истиқоматии инфиродӣ низ ситонида намешавад.

Меъёри пардохт аз рӯи масоҳати умумии биноҳои истиқоматӣ ва ё масоҳати тиҷоратии иншоот аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда шуда, тағйир додани ҳаҷми пардохт дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор бо дарназардошти рушди иқтисодӣ ва вазъи фаъолияти соҳибкорӣ роҳандозӣ мегардад.

Илова бар ин, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади болозикр имкон медиҳад, ки манбаъҳои иловагии молиявӣ барои рушди пойтахт аз тариқи «Фонди рушди пойтахт», бо дарназардошти на чандон зиёд гардидани сарборӣ ба субъектони сохтмон, роҳандозӣ гардида, барои бунёди саривақтии инфрасохтори зарурӣ ва тақвият бахшидани созандагиву ободкорӣ мусоидат менамояд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муҳтарам вазир, додани қитъаи замин ва иҷозат барои сохтмони биною иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ магар то имрӯз вуҷуд надошт?

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА:

- То имрӯз барои додани қитъаи замин иҷозат дода мешуд. Акнун додани иҷозат барои бунёди бино ва иншоот дар шаҳри Душанбе ба он илова мешавад.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани муқаррароти он ба қисми 3 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» — додани қитъаи замин ва иҷозат барои сохтмони бино ва иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо қарори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад.

Ба қонуни мазкур барои пардохт оид ба додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе боби 212 илова карда мешавад. Мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» боби 212 ва моддаҳои 822-823-824-825-826-82-7 ворид карда мешаванд, ки минбаъд шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми сохтмони биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иншоот ва корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ ва иншооти сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе аз супоридани пардохт барои сохтмон озод карда мешаванд.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин барои такмили он 11 таклиф пешниҳод карданд, ки ҳаштоаш қабул гардид.

Инчунин, таклифу эродҳое, ки ба лоиҳаи қонун аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид, ба инобат гирифта шуд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси шаҳри Душанбе Назирмадзода Бахиёр дода мешавад.

Бахтиёр НАЗИРМАДЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади самаранок иҷро намудани уҳдадориҳои мансабӣ ва дастовардҳои меҳнатӣ, меҳнати пурсамару софдилона, ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас ва гузоштани саҳми арзанда дар рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҷиҳати иҷрои банди 2 супориши протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2017, № 1 вобаста ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, маишию хизматрасонӣ, коммуналию хоҷагидорӣ ва ободу зебо гардонидани пойтахти кишвар таҳия гардидааст.

Ҳамчунин, бояд зикр кард, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур мас­ъалаи ташкил намудани фонд­ҳои дахлдор ва маълумот оид ба «Нишон»- и шаҳри Душанбе, яъне эмблемаи шаҳри Душанбе низ, пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» хароҷоти иловагиро аз буҷет талаб намекунад. Хоҳиш менамоем лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шамсидинзода Мавзуна Шамсидин дода мешавад.

ШАМСИДИНЗОДА Мавзуна Шамсидин: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозири гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур баҳри омода намудани нишони шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавасмандкунӣ ва додани мукофотҳо ба шаҳрвандоне, ки уҳдадориҳои вазифавиро бомуваффақият иҷро намуда, пурсамару софдилона меҳнат мекунанд ва дар рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд, таҳия гардидааст. Бо ин мақсад ба қонун моддаи 71 илова карда мешавад, ки тибқи он, минбаъд шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои нишон (эмблема) гардида, нишон ва низомномаи онро Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасдиқ менамояд.

Мутобиқи тағйироти пешниҳодшаванда, Фонди рушди пойтахт таъсис дода мешавад, ташкили фондҳои дахлдор, ҳавасмандкунӣ, додани мукофотҳо, муқаррар намудани номгӯйи мукофотҳо, бо унвони «Сокини фахрии пойтахт», медалҳои ҷашнӣ ва медалҳо, инчунин бо ҷоизаҳои раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардонидан низ дар лоиҳа муқаррар шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур тамоми расмиёти ҳуқуқиро гузашта, дар маҷмӯъ, ҷиҳати такмили он шаш таклиф пешниҳод шуд. Ҳамчунин, ҳангоми таҳияи варианти ниҳоии лоиҳа пешниҳодҳои судманди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон иброз гардид ба инобат гирифта ва бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқа шуд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ аз шумо -вакилони гиромӣ хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин мас­ъала ба директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзод Ҷумъа Маҳмадалӣ дода мешавад.

ДАВЛАТЗОД Ҷумъа Маҳмадалӣ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ !

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» пешниҳод мешавад. Он аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини якхелаи ба хизмати давлатӣ қабул намудан ва дар хизмати давлатӣ будани шаҳрвандоне, ки ҷиноят содир намудаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, маҳкум шудаанд (суд шудаанд), доғи судӣ доранд ё доғи судиашон бардошта шудааст (барҳам хӯрдааст), таҳия гардидааст.

Омӯзиш нишон дод, ки мас­ъалаи мазкур дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври гуногун пешбинӣ гардида, ҳангоми ба хизмати давлатӣ қабул намудани шаҳрвандон ва дар хизмати давлатӣ будани хизматчиёни давлатӣ баъзе мушкилот ба миён овардааст. Аз ҷумла, дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», ки қонунҳои байнисоҳавӣ (ё заминавӣ) мебошанд, ҳолати доштани доғи судӣ ба сифати монеа барои дохил шудан ба хизмати давлатӣ ва будан дар хизмати давлатӣ муқаррар шудааст. Вале дар қонунгузории соҳавӣ масъалаи мазкур мухталиф пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷумла, мувофиқи сархати дуюм ва сеюми қисми дуюми моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», ба мансаби нотариуси давлатӣ шахсоне, ки қаблан барои содир намудани ҷинояти қасдона маҳкум шудаанд ва шахсоне, ки фаъолияташон бо сабаби иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ ё содир намудани кирдори бадномкунанда қатъ карда шудааст, таъин карда намешаванд.

Мувофиқи сархати сеюми қисми сеюми моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», шаҳрвандоне, ки ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини қасдона содир кардаанд, қатъи назар аз гузаштани муҳлат ва бардошта шудани доғи судӣ ҳуқуқи ба вакили ҷамоат номзад шудан надоранд, яъне чунин шахсон ҳуқуқ надоранд, инчунин дар мансабҳои роҳбарикунандаи ҷамоат интихоб шаванд.

Мувофиқи талаботи қисми сеюми моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хизмат дар ин мақомот шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доштанд ё доранд, ба истиснои онҳое, ки аз тарафи суд сафед карда шудаанд, қабул карда намешаванд.

Ба ин монанд меъёрҳо дар сархати сеюми қисми сеюми моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», қисми сеюми моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», қисми сеюми моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», қисми ҳафтуми моддаи 483 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми даҳуми моддаи 53 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» низ пешбинӣ гардидаанд. Чунин меъёрҳои маҳдудкунанда дар қонунгузории ғайрихизматии давлатӣ, аз ҷумла дар қонунгузории бонкӣ ва фаъолияти адвокатӣ низ пешбинӣ гардидаанд.

Мувофиқи Дастурамали талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2011 № 153 тасдиқ гардида, аз 26 сентябри соли 2011 № 436 «а» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ҳангоми таъин ба мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ доштани одобу ахлоқи шоиста ба инобат гирифта мешавад.

Мувофиқи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015 № 591 тасдиқ гардидааст, зери таъсири манфиатҳои шахсӣ, молумулкӣ (молиявӣ), тиҷоратӣ ва дигар манфиатҳо ва ҳаракатҳои ғаразнок мондани хизматчии давлатӣ вайроншавии одобу ахлоқ аст.

Мувофиқи сархатҳои ҳафтум, ҳабдаҳум ва ҳаждаҳуми қисми якуми моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корманде, ки бо дороиҳои пулию молӣ бевосита кор мекунанд, содир намудани кирдори зиддиҳуқуқие, ки барои нисбат ба ӯ гум шудани боварии корфармо асос мегардад ва аз ҷониби корманде, ки вазифаҳои тарбиявиро иҷро менамояд, содир кардани рафтори бадахлоқона, ки барои давом додани кор мувофиқ намебошад, корфармо метавонад бо ташаббуси худ шартномаи меҳнатиро нисбат ба ин шахс бекор намояд.

Масъалаҳои мазкур дар таҷрибаи баъзе аз кишварҳои хориҷӣ низ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Муайян гардид, ки тартиби монанде, ки дар лоиҳа пешниҳод шудааст, дар моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Қазоқис­тон «Дар бораи хизмати давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон», моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Беларус «Дар бораи хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Беларус» ва Қонуни Полша «Дар бораи хизмати шаҳрвандӣ» пешбинӣ гардидаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби муқарраргардида бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа ва аз экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҳангоми баррасӣ дар сохторҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон лоиҳа такмил ёфта, барои қабул омода шуд.

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда аз ду модда ва моддаи 1-уми он аз ду сархат иборат мебошад.

Аз мазмуни лоиҳа бармеояд, ки шаҳрвандон ҳангоми доштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда ва новобаста аз доғи судӣ барои ҷиноятҳои қасдона содирнамуда ба хизмати давлатӣ қабул нашуда, наметавонанд минбаъд дар хизмати давлатӣ бошанд. Қабули тағйироти мазкур мухолифати байни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бартараф менамояд.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Масъалаи мазкур муддати зиёд мавриди баррасӣ қарор дошт, зеро қабули қонуни мазкур оқибатҳои хеле муҳим дорад. Бинобар ин, хоҳишмандам шарҳ диҳед, ки оё дар Тоҷикистон чунин намунаҳо ҳастанд, ки боиси ба вуҷуд омадани лоиҳаи қонун гардид?

Дигар, тағйироте, ки шумо дар бораи аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардан, доғи судӣ доштан пешниҳод менамоед, онро чӣ гуна шарҳ додан мумкин аст? Аз беэҳ­тиётӣ ҷиноят содир кардан ҳар навъ мешавад. Он метавонад ба сари ҳар шахс ояд. Дар навбати худ шахси чунин ҷиноят содиркарда метавонад мутахассис, хизматчии хуби давлатӣ бошад, ки аз ӯ ба ҷомеа нафъи зиёд мерасад. Дар ин бобат қонунгузории Беларусу Қазоқистон ва Полшаро мисол овардед. Шояд барои хулоса кардан ин кам бошад?

ДАВЛАТЗОД Ҷумъа Маҳмадалӣ: — Омори пурраи онро ки чӣ қадар хизматчии давлатӣ ҷиноят содир кардааст, дар ихтиёр надорам. Барои ҳосил шудани таассурот ман баъзе маълумоте, ки дар ихтиёри Агентии хизмати давлатӣ мавҷуданд, ба шумо пешниҳод менамоям.

Соли 2016-ум 15 нафар баъди бардоштани доғи судӣ барои барқарор намудан ба хизмати давлатӣ муроҷиат намуданд. Соли 2017 дувоздаҳ нафар, соли 2018 ҳаждаҳ нафар ва дар як моҳи соли 2019 як нафар бо ин масъала муроҷиат карданд. Онҳо шахсоне мебошанд, ки баъди пеш аз муҳлат бардошта шудани доғи судӣ барои барқарор шудан дар хизмати давлатӣ ё ҷиҳати иштирок дар озмун барои ишғоли мансаби давлатӣ муроҷиат кардаанд ва хоҳиш намудаанд, ки дар ин бобат хулоса пешниҳод намоем.

Мо маълумоти дигарро низ ҷамъ овардем. Масалан, дар соли 2016 аз тарафи 77 хизматчии давлатӣ 104 ҷиноят ва соли 2017 аз ҷониби 223 хизматчии давлатӣ 236 ҷиноят содир гардидааст. Аксарияти ҷиноятҳои содиршуда хусусияти коррупсионӣ доранд. Айни замон маълумоти соли 2018 дар марҳилаи ҷамъбаст қарор дорад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 430 мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, беш аз 200 мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд, ки дар маҷмӯъ ба онҳо 0,3 ҷиноят рост меояд.

Он чизро бояд ба эътибор гирифт, ки дар баъзе мақомоти давлатӣ баъди бардоштани доғи судӣ низ барои қабул ба хизмати давлатӣ иҷозат дода намешавад ва ман дар суханрониам дар ин хусус иброз доштам.

Таҷрибаи доғи судӣ амалияи айёми шӯравӣ буда, он то ҳол дар қонунгузории давлатҳои пасошӯравӣ боқӣ мондааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки қаблан дар амалияи қонунгузории давлатҳои хориҷӣ, ки дар онҳо қаблан умуман мафҳуми «доғи судӣ» набуд ва баъзе кишварҳои дигар, ки дар онҳо байни ҷиноятҳои шаҳрвандӣ фарқият набуд, ҳоло онро ҷорӣ кардаанд. Махсусан дар кишварҳои Аврупо ин бештар ба мушоҳида мерасад.

Мақсад аз он иборат аст, ки шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд, баъди бардошта шудани доғи судӣ ба хизмати давлатӣ иҷозат дарёфт намоянд.

Мувофиқи моддаи 84 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бардошта шудани доғи судӣ дар муҳлатҳои гуногун, вобаста ба ҷиноятҳои содирнамуда, бардошта мешавад. Гуфтан мумкин аст, ки шахсоне, ки бо ҷиноятҳои ғайриҳабсӣ барояшон ҷазо таъин шудааст, баъд аз як сол доғи судиашон бардошта мешавад. Чунин шахс имкон дорад, ки баъди ин муҳлат ба хизмати давлатӣ баргардад.

РАИС: — Муҳтарам Давлатзод! Шахсоне, ки ба шумо барои баргаштан ба хизмати давлатӣ муроҷиат карданд, тақдири минбаъдаашон чӣ шуд?

ДАВЛАТЗОД Ҷумъа Маҳмадалӣ: — Мо чунин мониторинг намебарем, зеро онҳо баъди додани хулосаи Агентӣ дар озмунҳо ширкат мекунанд ва комиссияҳои озмунӣ хулосаашонро аз ин хусус қабул менамоянд.

РАИС: — Дар шуури мо як чиз ҷой дорад: Вақте ки шахс ҳатто аз беэҳтиётӣ низ ҷиноят содир намояд, якумр дар назди дигарон ҳамчун шахси судшудаю айбдор боқӣ мемонад. Дар Маркази ахборотии Вазорати корҳои дохилӣ маълумот ҷой карда мешавад, ки шахс ҷиноят содир карда, маҳкум шудааст ва баъди бардошта шудани доғи судиаш дар он маълумот дарҷ намекунанд.

Мақомоти марбутаро мебояд, ки дар ин маълумотнома сархати нав ҳамроҳ карда, зикр кунанд, ки мутобиқи қарори суд доғи судии ин шахс бардошта шудааст. Мавҷуд набудани ин навишта боиси саргардонии зиёди шахси муроҷиаткунанда мегардад.

Дар моддаи 84 Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ омадааст, ки барҳам хӯрдан ё бардошта шудани доғи судӣ оқибатҳои ҳуқуқии ҷавобгарии ҷиноятиро беэътибор мегардонад. Инро шумо чӣ гуна шарҳ медиҳед? Оё ин он маъноро дорад, ки дигар ба шахсе, ки доғи судиаш бардошта шудааст, дигарон бо ангушт ишора накунанд:

Ту шахси ҷиноятсодиркарда ҳастӣ!

 ДАВЛАТЗОД Ҷумъа Маҳмадалӣ: — Муҳтарам Раис,

Воқеан ҳам тавзеҳи моддаи 84 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле душвор аст. Дар ҳақиқат, дар низоми Вазорати корҳои дохилӣ масъалаҳое, ки шумо баён доштед, то ба охир ҳал нашудааст. Дар Маркази ахборотии Вазорати корҳои дохилӣ маълумот дар бораи парвандаи ҷиноятии шахси гунаҳкордониста сабт мешаваду ҳаракатҳои минбаъда нисбат ба шахси маҳкумшуда асосан бетағйир мемонанд. Кишварҳое ҳастанд, ки чунин маълумотҳоро доимӣ нигоҳ медоранд.

Пешниҳоди шумо дар мавриди ҳамроҳ кардани як банди дигар дар бобати бардошта шудани доғи судӣ дар маълумотномаи маркази номбурда қобили дастгирист.

Мо кӯшиш менамоем, ки қонунҳо бо ҳам наздик карда шаванд, шахсоне, ки доғи судиашон бардош­та мешавад, озодона, бемамониат ба хизмати дилхоҳашон роҳ ёбанд. Вале ҳоло то ба охир ба ин ҳадаф нарасидем. Масалан, дар қонун дар бораи адвокатура омадааст, ки шахсоне, ки доғи судиашон бардошта шуда бошад ҳам, наметавонанд адвокат шуда кор кунанд, ҳарчанд ки онҳо хизматчии шаҳрвандии давлатӣ нестанд.

РАИС: — Дар бораи гуманизатсияи Кодекси ҷиноятӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон изҳори андеша карда, дастуру супориш низ дода буданд. Омӯзиши таҷрибаи қонунгузории як қатор давлатҳо нишон дод, ки агар шахс барои ҷинояти содиркардааш ду-се сол маҳкум карда шавад ҳам, он доғи судӣ ҳисоб намешавад.

Муҳтарам Ватанзода, оё дар қонунгузории кишвари мо низ чунин тағйирот пешбинӣ мешавад?

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мас­ъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон :

- Муҳтарам Раис, қабл аз ҳама мехоҳам дар бораи таҷрибаи як қатор давлатҳо дар робита ба қабул кардани шахсони доғи судидошта ба хизмати давлатӣ маълумот диҳам. Дар Федератсияи Россия басанда аст, ки агар шахс барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад. Барҳам хӯрдан ё бардошта шудани доғи судӣ умуман аҳамият надорад. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон агар шахс се сол қабл аз дохил шудан ба хизмати давлатӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида ё аз тарафи суд барояш ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шуда бошад ҳам, ба хизмати давлатӣ қабул карда намешавад. Дар Ҷумҳурии Беларус содир кардани ҷиноят асос барои қабул нашудани шахс ба хизмати давлатӣ мегардад. Дар таҷрибаи созмонҳои байналмилалӣ низ чунин аст. Масалан, яке аз эродҳои аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ баёнгардида зимни қабул кардани иттилооти даври дуюми Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба қонунигардонии маблағҳои ғайриқонунӣ бадастовардашуда гирифта, дар қонунгузорӣ пешбинӣ нагардидани категорияи шахсони пеш судшуда дар сохтори бонкӣ, ломбардҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ буд.

Мафҳуми «барҳам хӯрдан ё бардошта шудани доғи судӣ оқибатҳои ҳуқуқии ҷавобгарии ҷиноятиро беэътибор мегардонад» чунин маъно дорад, ки шахси доғи судиаш барҳамхӯрда ё бардошташуда, дар сурати аз нав ҷиноят содир карданаш кирдори ӯ такрорӣ эътироф намешавад. Яъне, шахс ҳамчун бори нахуст ҷиноятсодиркарда дониста мешавад.

Оид ба гуманизатсияи як қатор моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ мо кор карда истодаем. Таҷрибаи як қатор давлатҳо дар ин самт мавриди омӯзиш қарор дорад.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин мас­ъа­ла ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ дода мешавад.

АБДУЛЛОЗОДА Иброҳим Ғоибназарӣ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҳамаи расмиёти ҳуқуқиро гузашт. Ҳангоми баррасии лоиҳа кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмили он 8 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 6-тоаш қабул гардид.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи мас­ъул 24 январи соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мас­ъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзод Ҷумъа Маҳмадалӣ дода мешавад.

ДАВЛАТЗОД Ҷумъа Маҳмадалӣ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, муносибатҳои монанд ба лоиҳаи қаблан муаррифинамударо ба танзим медарорад.

Он бо тартиби муқарраргардида, бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, аз экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Ҳангоми баррасӣ дар сохторҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон лоиҳа такмил ёфта, барои қабул омода шуд. Лоиҳаи қонуни баррасишаванда аз ду модда ва моддаи 1-уми он аз ду сархат иборат мебошад.

Аз мазмуни лоиҳа бармеояд, ки шаҳрвандон ҳангоми доштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда ва новобаста аз доғи судӣ барои ҷиноятҳои қасдона содирнамуда ба хизмати давлатӣ қабул карда нашуда, наметавонанд минбаъд дар хизмати давлатӣ бошанд.

Қабули тағйироти мазкур мухолифати байни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» — ро бо санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф менамояд.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Сӯҳроб дода мешавад.

Сӯҳроб САФАРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳа­ҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо мақсади мутобиқ намудани баъзе моддаҳо, бандҳо ва сархатҳои он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи талаботи қисми 5 моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», номи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва қисмҳои таркибии он бояд возеҳу мухтасар ва фаҳмо баён карда шуда, мазмуни асосии матни онро дақиқ ифода намояд. Ҷиҳати мукаммал гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешниҳод гардидааст, ки дар моддаи 1 — уми он калимаҳои «чораҳо ҷиҳати бартараф намудани ин омилҳо ва дар маҷмӯъ низоми пешгирии коррупсияро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа» ба калимаҳои «чораҳои бартараф намудани ин омилҳоро» иваз карда шаванд.

Бояд зикр намуд, ки экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ ва экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионӣ ин фаъолият оид ба ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби субъектҳои барои гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионӣ ваколатдор амалӣ гашта, аз натиҷаи он ҷиҳати баррасии ҳатмӣ ба мақомоти дахлдор хулоса дода мешавад. Вале дар сархати 3 моддаи 3 қонун экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионӣ таври дахлдор шарҳ дода нашудааст. Ҷиҳати мутобиқ намудани мафҳуми экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионӣ ба мафҳуми экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ, инчунин, ҷумлабандии дурусти он, сархати 3 моддаи 3 дар таҳрири нав пешниҳод гардидааст.

Ҳамчунин, мувофиқи сархати 8 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳолати риоя гардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 №355 тасдиқ шудааст, Агентӣ ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ворид­гардида хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ пешниҳод менамояд.

Мавриди зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» самти ҳуқуқэҷодкунии ҳамаи субъектони ҳуқуқэҷодкунандаро дар ҷумҳурӣ ба танзим дароварда, қисме аз моддаҳо, бандҳо ва сархатҳои он ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд. Дар асоси қонуни мазкур субъектони дарҷгардида танҳо хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ манзур менамоянд. Бинобар ин, ворид намудани калимаи «давлатӣ» — ро дар моддаҳо, банд­ҳо ва сархатҳои дахлдори қонун мувофиқи мақсад мешуморем.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда бо вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шуд.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои ворид­гардидаро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъё­рии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷонибдорӣ карда, ҷиҳати мукаммал гардонидани он пешниҳод намуд, ки дар қисми 3 моддаи 9 пеш аз калимаҳои «дар асоси» калимаи «инчунин» илова карда шавад.

Аз ҷониби вазорат дарҷ гардидааст, ки асосҳо барои гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» муайян карда шуда, субъектҳои барои гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ ваколатдор мутобиқи қисми 3 ҳамин моддаи қонун, экспертизаро инчунин, дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дархости Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ мегузаронанд.

Агентӣ пешниҳоди вазоратро мувофиқи мақсад шуморид ва дар лоиҳаи ниҳоӣ он ба инобат гирифта шуд. Хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мукаммал гардонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва мутобиқ намудани он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин такмил додани меъёрҳои қонуни амалкунанда, ворид намудани тағйироти имлоӣ ва таҳрирӣ ба баъзе моддаҳо ва сархатҳо, таҳия гардидааст. Аз ҷумла, сархати сеюми моддаи 3, ки ба мафҳумҳои асосӣ бахшида шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда мешавад:

«- экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ — фаъолият оид ба ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ амалӣ гашта, аз натиҷаи он ҷиҳати баррасии ҳатмӣ ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда хулоса дода мешавад». Ҳадаф аз тағйироти мазкур мутобиқ намудани мафҳуми экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионӣ ба мафҳуми экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 21 январи соли 2019 №2044 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва баҳри такмил 9 таклиф пешниҳод карданд, ки панҷтои он қобили қабул дониста шуд.

Кумитаи масъул 31 январи соли равон бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ гузаронид ва лоиҳаи қонун аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ ёфт.

Хоҳишмандем, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ