Мулоқот бо профессорони Донишкадаи ҳарбии Дания

№140 (4090) 21.11.2019

DSC_984720 ноябри соли 2019 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода бо профессорони Донишкадаи ҳарбии Дания Абдул Қуддус ва Лешли Эрнбӣ мулоқот кард.

Ҷурахон Маҷидзода роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбии мамлакат ба меҳмонон маълумот дода, изҳори итминон намуд, ки муносиботи дӯстӣ ва ҳамшарикии Тоҷикистону Дания минбаъд низ таҳкиму густариш пайдо мекунад.

Дар мулоқот гуфтугӯи судманд, ҳамчунин, доир ба мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла, авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва ҳамгироӣ дар пешгирӣ аз хатарҳои ҷаҳони муосир сурат гирифт.

DSC_9834Ҷурахон Маҷидзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини суботу амният дар кишвари дӯст ва ҳамсояи Афғонистон аст, зеро оромӣ ва суботи он ба тақвияти сулҳ ва якпорчагии дигар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ва дар маҷмӯъ, минтақа, мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат зоҳир гардид.

Таъкид шуд, ки Дания кишвари саноативу кишоварзӣ мебошад ва дар самти коркарди метал, мошинсозӣ, электротехника, кимиё, хӯрокворӣ, маснуоти саноати бофандагӣ, соҳаи чорводорӣ, инчунин истеҳсол ва фурӯши таҷҳизоту технологияи муосир яке аз кишварҳои пешрафта ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, саноати атомӣ ва ҳарбии он хеле тараққӣ ёфтааст.

Вохӯрӣ дар доираи ҳусни тафоҳум ва созанда анҷом ёфт.

Дар ин бора аз шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ, «Садои мардум»