Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо хонум Таня Дмитраченко

№108 (4058) 07.09.2019

IMG_2046Панҷуми сентябри соли 2019 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо роҳбари лоиҳаи ҷаҳонӣ дар самти тандурустӣ, ғизо ва аҳолӣ барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Таня Дмитраченко мулоқот намуд.

Хайринисо Юсуфӣ иброз дошт, ки парлумони касбии мамлакат ба густариши ҳамкорӣ бо ин созмони байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, дар тандурустӣ, таваҷҷуҳи хос дорад. Аз ин рӯ, тақвият бахшидани раванди ҳамкорӣ дар самти тандурустии аҳолӣ ва ғизо таъкид гардид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон зикр намуд, ки густариши ҳамкориҳо бо шарикони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат ва мақоми олии қонунбарори кишвар қарор дорад.

IMG_2019- Аз ин ҷост ки, — афзуд Хайринисо Юсуфӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид намуданд: «Ҳукумати мамлакат бояд дар татбиқи уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ҷалби беҳтари ин созмонҳо ба иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд».

Дар мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикис­тону лоиҳаи ҷаҳонӣ дар самти тандурустӣ, ғизо ва аҳолӣ барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба нафъи кишвар ва сулҳу шукуфоии бемайлон густариш меёбад.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон