Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Имрон Ҳайдар

№112 (4062) 19.09.2019

DSC_388618 сентябри соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар мулоқот намуд.

 Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Имрон Ҳайдарро ба муносибати сафир таъин гардиданаш шодбош гуфта, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан  судманди кишварҳоро, хусусан, дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, гидроэнергетикаю инфрасохторӣ, аз ҷумла, татбиқи лоиҳаи CASA-1000, саноатикунонию сайёҳӣ, ки бо ташаббуси сарони давлатҳо ва санадҳои баимзорасидаи ҷонибҳо заминаи мустаҳками ҳуқуқиро доро гардида, рушди минбаъдаю татбиқи бомароми онҳоро муайян  намудаанд, таъкид кард. Зикр гардид, ки дар ин замина такмили пайвастаи робитаҳои байнипарлумонии кишварҳо беш аз ҳарвақта тақозои замон мебошад.

Ҷонибҳо, инчунин бо ёдоварӣ аз мавқеи наздик ва яксони мамлакатҳо доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалию минтақавӣ, саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини сулҳу субот дар минтақа, пешгирии зуҳуроти номатлуби терроризм ва ҷинояткории муташаккилона изҳори андеша намуданд.

Қайд гардид, ки танҳо фаъолияти муштараки ҷонибҳо дар ҳамкорию ҳамраъйӣ баҳри таъмини Афғонис­тони босубот метавонад кафили осудагии минтақа  ва рушди муттасили он гардад.

Ҷаноби Имрон Ҳайдар бо ҷонибдорӣ аз мавқеъ ва назари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дар давраи фаъолияти дипломатиаш омода аст баҳри татбиқи ҳадафҳои мутаносибан суд­манд фаъолияти густурдаеро ба роҳ монад.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

 Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО