Мулоқоти Муҳаммадюсуф Имомзода бо Ян Бори

№142 - 143 (4092 - 4093) 26.11.2019

22 ноябри соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд) ҷаноби Ян Бори доир гардид.

Дар ҷараёни он раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ нахуст ҷаноби сафирро шодбош гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки мулоқоти созмонёфта дар рушди муносибатҳои байнипарламентӣ самараи нек хоҳад дод.

- Мо ба рушди ҳамкориҳои байнипарламентӣ манфиатдорем. Бо ин мақсад дар байни парлумонҳо гурӯҳи дӯстии парлумонӣ созмон дода шуд, ки шаҳодати равшани муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо мебошад, — гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода.

Муҳаммадюсуф Имомзода бо ёдоварӣ аз вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия ҷаноби Мирослав Лайчак, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе доир гардид, таъкид намуд, ки Маҷлиси миллӣ ҷиҳати тавсеаи робитаҳо бо парламенти кишварҳо баҳри ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҳавасманд буда, дар ин ҷода истифодаи имкониятҳои мавҷудаи ҷонибҳо дар бахшҳои гуногун, хусусан иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои тиҷоратӣ, омӯзиш ва тайёр намудани мутахассисон ва мененҷерҳо дар самти гуногун, инчунин бозомӯзию баланд бардош­тани донишу малакаи касбии дониш­ҷӯёну мутахассисони ҷавони тоҷикро дар донишкадаю донишгоҳҳои Словакия мувофиқи мақсад мешуморад.

Дар идома, Муҳаммадюсуф Имомзода изҳори умедворӣ намуд, ки дар оянда ҳамкориҳои кишварҳо дар самтҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла, дар соҳаҳои туризми табобатӣ, саноат, сармоягузорӣ, технологияҳои муосир ва ғайра рушд хоҳанд ёфт.

Ян Бори аз пазироӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, афзуд, ки дар доираи ҳамкориҳои байнипарламентӣ, ки майдони фарох баҳри омӯзиши таҷрибаи якдигар мебошад, тадбирҳои амалиро бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадошта анҷом хоҳад дод.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО