Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Аҳмад ибни Абдуллоҳ оли Маҳмуд

№40 (3990) 11.04.2019

IMG_04209 апрели соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Давҳа бо Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Аҳмад ибни Абдуллоҳ оли Маҳмуд мулоқот намуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаву дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таҳкими робитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар барои тақвияти ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои гуногун муҳим арзёбӣ гардид.

Изҳори итминон карда шуд, ки парлумонҳои Тоҷикистону Қатар дар татбиқи амалии санадҳои дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар имзошуда саҳми фаъол мегузоранд ва бо ин роҳ ба густариши ҳамкориҳои ҳар ду кишвар мусоидат менамоянд.

Дар ин самт сарони парлумонҳои ҳар ду кишвар фаъолияти самараноки Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Қатарро ҳамчун воситаи тақвиятбахши муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд.

Муносиботи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, инчунин, ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва оби нӯшокӣ аз Тоҷикистон ба Қатар аз мавзӯъҳои дигари суҳбат буданд. Дар ин замина ҷонибҳо ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мустақими байни Душанбе ва Давҳаро муҳим шумориданд.

Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Аҳмад ибни Абдуллоҳ оли Маҳмуд аз таассуроти нек зимни мулоқот бо Пешвои миллат ва самимияти мардуми меҳмоннавози тоҷик ёдовар шуда, таъкид кард, ки иқтидори бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, сарватҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ заминаи хуб барои ҳамкориҳои минбаъда хоҳад буд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон