Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Андреас Протманн

№12 (4118) 23.01.2020

DSC_418823 январи соли 2020 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, аз ҷумла, ҳамкориҳо дар самти тиҷорату иқтисод, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, тавсеаи пояҳои шартномавӣ — ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қабл аз ҳама, Шукурҷон Зуҳуров ба дипломати олмонӣ роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбии мамлакат маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳои мо бо принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтааст.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷониба ҳанӯз моҳи майи соли 2016 бо парлумони Ҷумҳурии Федеративии Олмон гурӯҳи дӯстӣ таъсис додааст. Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои зиёд аст, ки шарики боэътимоди барномаҳои ҳамкорӣ баҳри рушди ин кишвар мебошад.

- Мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити дуҷониба бо кишвари Олмон ҳастем ва талош менамоем, ки онро бештар тақвият бахшем,- гуфт Раиси парлумони касбии мамлакат.

Таъкид шуд, ки самтҳои асосии ҳамкориҳои байни ин ду кишвар истеҳсол ва фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои олмонӣ, татбиқи техника ва технологияҳои муосир мебошанд.

Қайд гардид, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф низ босуръат рушд ёфта истодаанд. Дар ин доира соли 2005 Ҳукумати Олмон барои дастгирии таҳсилоти миёнаи ҳатмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 5 миллион евро кумаки ройгон расонид.

Аз замони барқарор шудани муносибатҳои дип­ломатӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи умумии кумаки Ҳукумати Олмон ба Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои техникӣ ва молиявӣ 100 миллион евроро ташкил додааст.

Ҳар сол дар доираи як барномаи Хадамоти мубодилаи академии Олмон, ки дар ин самт фаъолона ширкат меварзад, даҳҳо донишҷӯ ва аспиранти муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дониши худро такмил медиҳанд.

Бояд гуфт, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикис­тону Олмонро заминаи шартномавӣ — ҳуқуқии ҳар ду кишвар танзим мекунад. Дар байни давлатҳои Иттиҳоди Аврупо Олмон ягона кишварест, ки бо Тоҷикистон аз ҳама зиёд санади муштаракро имзо намудааст.

То ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Олмон 40 санади дуҷониба — 30 созишномаи байниҳукуматӣ, 9 созишномаи байниидоравӣ ва 1 изҳороти муштарак ба имзо расидааст, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ