Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Элизабет Инга Миллард

№153 (3633) 17.12.2016

Зухуров15 декабри соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири фавқулода ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Инга Миллард мулоқот намуд.

Шукурҷон Зуҳуров дипломати амрикоиро ба муносибати ба ин мақом таъин шуданаш табрик намуда, иброз дошт, ки бовар  дорем, дар оянда муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистону Амрико беш аз пеш  равнақ меёбанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд, ки то ба имрӯз 30 — санад миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амрико ба имзо расидааст ва дар Тоҷикистон 50 корхонаи муштараки тоҷикистонию амрикоӣ фаъолият мекунанд, ки 9 — тои он сирф амрикоӣ мебошанд.

Дар мулоқот, ҳамчунин ба масъалаи густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конгресси Амрико таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амрико дар чаҳорчӯбаи муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ – техникӣ, дар рӯҳияи боварии байниҳамдигарӣ ва дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ аз ҷумлаи масъалаҳои мавриди баррасӣ буданд.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, сабук ва кишоварзӣ умедбахш арзёбӣ шуд.

Элизабет Инга Миллард дар навбати худ изҳор дошт, ки баҳри густариши ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ  ва байнипарлумонии  Тоҷикистону Амрико саъй хоҳад намуд.

М. Султонов