Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Патрис Вершер

№137 - 138 (3931 - 3932) 15.11.2018

Зухуров12 ноябри соли 2018 дар шаҳри Париж вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯс­тии Фаронса ва Осиёи Марказӣ дар Ассамблеяи миллии Фаронса Патрис Вершер баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла, робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо доир ба роҳу василаҳои таҳкими ҳамкориҳо, хусусан, аз тариқи тавсеаи сафарҳои намояндагони баландпояи Тоҷикистон ва Фаронса, мубодилаи афкор намуданд.

Дар суҳбат таваҷҷуҳи ҷониби Фаронса ба иқтидору имкониятҳои фаровони рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои амният, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг ҷалб карда шуд. Дар ин радиф, аҳамияти тавсеаи заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳо бо мазмуну мундариҷаи нав таъкид гардид.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон