Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо сафири Амрико Ҷон Марк Поммершайм

№50 (4000) 04.05.2019

DSC_2565Сеюми майи соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм мулоқот намуд, ки дар он масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки айни замон равобити Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, бахшҳои гуманитарӣ, маориф, фарҳанг, амният ва мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ бо дарназардошти манфиатҳои ҳар ду ҷониб ба таври самаранок рушд меёбад.

Ҷонибҳо дар мавриди он ки Тоҷикистону Амрико барои таҳким ва рушд бахшидани ҳамкориҳои баӣнипарлумонӣ, такмили қонунгузорӣ, тавсеаи заминаи шартномавӣ — ҳуқуқӣ,  ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ собитқадамона талош хоҳанд варзид, ҳамақида буданд.

Иброз гардид, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  якчанд барномаи омӯзишӣ дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, ки «Эдмонд Маски», «Фулбрайт», «Флекс», барномаи тадқиқотии «Кокран» ва барномаи иқтисодии «САБИТ» аз ҷумлаи онҳост. Мувофиқи онҳо Ҳукумати ИМА ҳар сол ҷавонону олимони тоҷикро барои донишомӯзӣ ба ИМА даъват менамояд. Васеъ ва зиёд намудани чунин барномаҳо, шумораи донишҷӯёну олимони тоҷик дар ИМА мувофиқи мақсад шумурда шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, роҷеъ ба тасмиму нақшаҳои парлумони касбии мамлакат дар самти рушди иқтисодиёти кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон