Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон

№112 (4062) 19.09.2019

DSC_2203Ҳафтаи гузашта вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзодавлат Сабурзода дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ ва Дӯстӣ бо намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, саноат ва соҳибкорон мулоқот анҷом дод.

Мирзодавлат Сабурзода бештар дар атрофи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, омодагиҳо ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сухан кард.

DSC_6721Интихобкунандагон низ аз вакили Маҷлиси намояндагон хоҳиш намуданд, ки дар таъмиру азнавсозии беморхонаҳои фарсудаи деҳоти «Фрунзе» — и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва «Меҳвар» — и ноҳияи Панҷ мусоидат намояд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот ҳам дар ноҳияҳои зикр­шуда бо интихобкунандагон мулоқот доир намуд.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

DSC_0360Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳраки «Бохтариён»-и ноҳияи Кӯшониён, вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Ҷобирзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Намояндаи мардум, дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ маълумот дода, зикр кард, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон таҳия, такмил ва баррасии лоиҳаи қонунҳо, созишнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Ин буд, ки зимни 31 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон зиёда аз 400 ва ҳангоми 24 ҷаласа дар мавриди 171 масъала қарор қабул карда шуд. Аз ҷумла, 97 қонун ва тағйиру иловаҳо ба қонуну кодексҳои амалкунанда, 23 созишномаи байниҳукуматӣ ва дигар барномаву санадҳо ба тас­виб расиданд. Ба 73 кодексу қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

Вакили Маҷлиси намояндагон иброз дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз аз фоида ва воридоти таҷҳизоту техника, масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Бо дарназардошти ин, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфт ва шумораи онҳо ба 170 адад расид. Сомонаи миллии сайёҳӣ бо ҳафт забон ба фаъолият шурӯъ намуд, ки тавассути он соҳаи сайёҳии мамлакат бори нахуст ба низоми байналмилалии сайёҳӣ ё бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пайваст гардид. Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон доданд, ки соли 2018 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 155 ҳазор ва дар чор моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 325 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ сафар намуда, аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар баҳра баранд. Дар баробари ин, соли сипаригашта зиёда аз 750 ҳазор сайёҳи дохилӣ ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафар карданд.

Интихобкунандагон оид ба ташкил намудани хатсайри нақлиётӣ дар шаҳрак, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва баланд шудани нархи маҳсулот суол дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Ҳамчунин, Тоҳир Ҷобирзода ба рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳия шинос шуда, бо кишоварзон мулоқот анҷом дод.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»

 DSC_0023Дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Гулбаҳор Назирӣ бо кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, сокинони маҳаллаҳои «1 май» ва ба номи Ҷаббор Расулов доир шуд.

Гулбаҳор Назирӣ доир ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 маълумот дода, аз ҷумла, гуфт, ки дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои баёншуда соли 2018 рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ ­дошта шуд. Пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин ва зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд. Дар натиҷа, се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид. Даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз, ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар нисбат ба соли гузашта 9 фоиз афзуд. Сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфт. Дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюли мусбат идома пайдо кард. Аз ҷумла, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кӯдак дар муқоиса ба соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардид.

Интихобкунандагон дар бораи азнавҳисобкунии нафақа, мумфарш кардани кӯчаҳои алоҳидаи шаҳр, баланд будани нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳо, додани имтиёз ба омӯзгорону донишҷӯён дар маъракаи обуна ба нашрияҳои даврӣ ва ғайра савол дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар бо интихобкунандагон идома дорад.

М. Мақсудов, «Садои мардум»