Муҳокимаи парламентӣ

Мусоидат ба шуғл — масъалаи муҳими иҷтимоӣ

№146 (3940) 04.12.2018

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мусоидат бо шуғли аҳолӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд

DSC_1307Сиюми ноябри соли 2018 таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ вобаста ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва дигар санадҳои меёрии ҳуқуқии марбут ба он муҳокимаи парламентӣ доир гардид.

Хайринисо Юсуфӣ иброз дошт, ки ­Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳояшон, хоса дар Паёмҳои соли 2016 ва 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзӣ, аз масоили калидии ҷомеа маҳсуб мешавад. Пешвои миллат, ҳамчунин, таъкид намуданд, ки тавассути татбиқи барномаҳо, хоса барномаҳои давлатӣ оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар даҳ соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд. Дар ин робита, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати омодагии касбии шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохил ва берун аз хориҷи кишвар раванди таълимро ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ гардонанд.

- Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат тасмим гирифтем, ки бо омӯзиши ин барномаҳо дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута тадбирандешӣ намоем, то ин ки мушкилиҳои мавҷуда рафъ гарданд, — афзуд номбурда.

Раҷабзода Равшан Муҳиддин - муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ зикр намуд, ки пешравии ин ё он соҳа аз маблағгузорӣ вобастагии калон дорад. Бо ин мақсад ҳар сол аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ҷиҳати амалишавии барномаҳои қабулгардида маблағ ҷудо мешаванд ва яке аз онҳо «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017» мебошад. Бо мақсади амалишавии барномаи зикргардида солҳои 2016-2017 аз ҳисоби маб­лағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 27,3 млн. сомонӣ, аз ҷумла соли 2016 — 11,5 млн. сомонӣ ва соли 2017 — 15,8 млн. сомонӣ равона гардид. Истифодаи маблағҳои ҷудогардида аз рӯи тақсимот ба самтҳои гуногун, аз ҷумла таъмини иҷтимоии шаҳрвандони бешуғл тавассути пардохти кумакпулӣ — 12,4 млн. сомонӣ, ташкили корҳои ҷамъиятӣ — 1,6 млн, сиёсати шуғл-1,5 млн, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон — 11,8 млн. ва пардохти идрорпулӣ — 3,6 млн. сомонӣ тааллуқ доранд.

Дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дастгирии шахсони бекор ҷиҳати машғул шудан ба соҳибкорӣ қарзҳои хурди имтиёзнок ҷудо гардид, ки он 14,6 млн. сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, барои амалишавии барнома соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 16,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои таъмини иҷтимоии шаҳрвандони бешуғл тавассути пардохти кумакпулӣ 7,5 млн. сомонӣ, ташкили корҳои ҷамъиятӣ-1,1 млн, сиёсати шуғл-0,8 млн, ва сафарбаркунӣ ба омӯзиши касб 7,4 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои таъмини иҷтимоии шаҳрвандони бешуғл тавассути пардохти кумакпулӣ 4,0 млн. сомонӣ, ташкили корҳои ҷамъиятӣ-0,4 млн, сиёсати шуғл-0,6 млн. ва барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон 3,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла, ҷиҳати пардохти идрорпулӣ 1,1 млн. сомонӣ равона гардидааст, ки дар маҷмӯъ 8,2 млн. сомонӣ ё ин ки 70 фоизи нақшаи нуҳмоҳаро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ иҷрои Буҷети давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» интихобан дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Рашт, Нуробод, Варзоб ва шаҳрҳои Ҳуҷанду Гулис­тон мавриди санҷиш қарор гирифт.

Оид ба иҷрои банди чорабинии барнома — «Миёнаравӣ дар бозори меҳнат» дар солҳои 2016-2017 ва 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби шуъбаҳои агентиҳои меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои номбаргардида бо дарназардошти соҳибкории инфиродӣ ва корҳои мавсимӣ (муваққатӣ) аз ҷумла:

- дар ноҳияи Ҷайҳун, барои солҳои 2016 — 2776, 2017 — 3526 ва 9 моҳи соли 2018 — 2736;

- дар ноҳияи Дӯстӣ, солҳои 2016 — 1616, 2017 — 2498 ва 9 моҳи соли 2018 — 1285;

- дар ноҳияи Рашт, солҳои 2016 — 73, 2017 — 96 ва 9 моҳи соли 2018 — 88;

- дар ноҳияи Нуробод, соли 2016 — 1450, барои соли 2017 ва 9 моҳи соли 2018 маълумот пешниҳод нашудааст);

- дар ноҳияи Варзоб, солҳои 2016 — 549, 2017 — 649 ва 9 моҳи соли 2018 — 524;

- дар шаҳри Хуҷанд, солҳои 2016 — 1743, 2017 — 3631 ва 9 моҳи соли 2018 — 2480;

- дар шаҳри Гулистон барои солҳои 2016 — 210, 2017 — 261 ва 9 моҳи соли 2018 — 119 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Оид ба иҷрои банди чорабинии барнома — «Тайёрии касбӣ, боз­омӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон» дар солҳои 2016-2017 ва нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби шуъбаҳои агентиҳои меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳои номбаргардида як қатор чорабиниҳо ба анҷом расонида шудаанд, аз ҷумла:

- дар ноҳияи Ҷайҳун соли 2016 — 185 нафар, 2017 — 190 ва нуҳ моҳи соли 2018 — 190 нафар, дар ноҳияи Дӯстӣ соли 2016 — 215 нафар, 2017 — 200 ва нуҳ моҳи соли 2018 — 200 нафар хоҳишмандон курс­ҳои кӯтоҳмуддатро хатм карданд.

Дар ноҳияи Рашт соли 2016 тавассути филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» 240 ҷавон барои аз худ намудани касб равон карда шуданд, ки 73 нафарашон ҷавондухтарон мебошанд. Соли 2017 аз 235 нафари ба омӯзиш фарогирифта 65 нафарашон занон буданд. Дар нуҳ моҳи соли 2018-ум 235 нафар ба омӯзиши касбу ҳунар, аз қабили дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, кафшергарӣ, дуредгарӣ ва омӯзиши компютер фаро гирифта шуданд, ки 69 нафарашонро ҷавондухтарон ва занони хонашин ташкил медиҳанд.

Дар ноҳияи Нуробод дар давоми ду солу нуҳ моҳ 600 нафар аз ҳисоби духтарону писарон ба курсҳои бозомӯзии думоҳа ва семоҳа аз рӯи ихтисосҳои забони русӣ, кафшергари барқӣ, муҳосиб бо донистани компютер, занбӯриасалпарварӣ, адрасбофӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва қӯроқдӯзӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Ҳамин тариқ, тайи ин муддат дар ноҳияи Варзоб-599, шаҳри Хуҷанд-1072 ва шаҳри Гулистон-370 нафар аз курс­ҳои касбомӯзӣ гузаштанд.

Оид ба иҷрои банди дигари барнома — «Дастгирии фаъолияти соҳибкории бекорон» аз ҷониби шуъбаҳои агентиҳои меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо дар ноҳияи Ҷайҳун соли 2016 ба 34 нафар 75100 сомонӣ, соли 2017 ба 33 нафар 77226 сомонӣ, дар нуҳ моҳи соли 2018 ба 15 нафар 43950 сомонӣ қарзҳои бефоиз дода шуд.

Дар доираи иҷрои ин банд шуъбаи Агентӣ дар ноҳияи Дӯстӣ соли 2016 ба 33 нафар — 113300 сомонӣ, соли 2017 ба 34 нафар — 111400 сомонӣ ва дар нуҳ моҳи соли 2018 ба 30 нафар 72400 сомонӣ қарзҳои бефоиз додааст.

Ин гуна қарзи имтиёзнок дар ноҳияи Рашт соли 2016 ба 45 нафар ба маблағи 168898 сомонӣ, соли 2017 ба 66 нафар 168319 ва дар нуҳ моҳи соли 2018 ба 61 нафар 79963 сомонӣ дода шудааст:

Дар самти «Ташкили корҳои ҷамъиятии музднок» сари вақт ҷудо нагардидани маблағ аз тарафи ташкилотҳои корфармо, дер ба суратҳисоб ворид гардидани он ва бетафовутии масъулини баъзе шаҳру ноҳияҳо ба ин масъала аз мушкилоти асосӣ маҳсуб мешавад.

Банди муҳими чорабинии барнома «Расонидани хизматрасонии машварати касбӣ ва дар бораи дастгирии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта» маҳсуб меёбад, ки дар ин ҷода корҳои зиёд амалӣ гардидаанд.

Мушкили асосӣ дар ин самт аз ҷониби корфармоён пешниҳод накардани (вакансияи) ҷойҳои холии корӣ дар маҳалҳо мебошад. Бинобар ин, пешниҳод аст, ки ба корфармоёне, ки ҷиҳати бештар ба шуғл ҷалб намудани гурӯҳҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ҷойҳои корӣ таъсис медиҳанд ва эҳтиёҷмандонро аз тариқи квота ба кор қабул менамоянд, дар пардохти андозҳо барояшон имтиёзҳои муайян дода шавад.

- Илова бар ин, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ амалӣ гардидани банди 3, зербанди 2- юми моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ба мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ салоҳияти таъсиррасонӣ дода шавад, зеро аксарияти корхонаву муассисаҳо ҳангоми пайдо гардидани ҷойҳои кории холӣ (вакансия) дар давоми 10 рӯз ва ҳатто, умуман, ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ маълумот пешниҳод намекунанд, — гуфт дар фарҷом Раҷабзода Равшан Муҳиддин.

- Дар радифи дигар барномаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусоидат ба шуғли табақаҳои осебпазири аҳолӣ мавқеи муҳим дорад, — иброз дошт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид ва афзуд:

- Барнома моҳияти иҷтимоӣ дошта, дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат нақши муҳим дорад ва амалӣ гардидани он ба баланд бардош­тани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.

Буҷети он 34 млн. 675,6 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, маблағгузории он тайи ин давра 28 млн. 691,8 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 27 млн. 318,0 ҳазор сомонӣ аз тарафи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 млн. 373,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои молиявӣ ҷудо гардидааст. Дар маҷмӯъ, иҷрои нақшаи маблағгузории барнома дар солҳои 2016-2017-ум 82,7 фоиз таъмин шуд.

Бояд зикр намуд, ки дар зарфи ин солҳо ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 239131 нафар муроҷиат намудаанд, ки аз ин теъдод 155734 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда, 100538 нафар расман мақоми шахси бекорро гирифтанд.

Бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар солҳои мадди назар 88274 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Аз ҷумла, тавассути ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 6286 нафар соҳиби кор шуда, ба 7902 нафар ба андозаи 24 млн. 290,9 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок барои пешбурди фаъолияти соҳибкории инфиродӣ пардохт шуд.

Инчунин, бо роҳхати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 10862 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуда, 35250 нафар дар муассисаҳои таълими касбии калонсолон ройгон ба таҳсил ҷалб шуданд, ки ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 113,2 ва ба 106,6 фоизи иҷрои нақшаи барнома баробар мебошад.

Ҳамчунин, аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корфармоёни алоҳида 1422 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд. Дар онҳо ба шаҳрвандон 195101 ҳазор ҷойи кории холӣ пешниҳод гардид.

Дар ин давра ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ маҷмӯан 6317 нафар муҳоҷири меҳнатии ба ватан баргашта муроҷиат намуданд, ки аз ин теъдод 5754 нафар мард ва 6323 нафарашон зан мебошанд. Аз ин ҷумла 688 нафар бо ҷойи кор таъмин, 937 нафар ба тайёрии касбӣ, 1316 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарабар ва ба 218 нафар барои соҳибкории инфиродӣ қарзи имтиёзнок дода шуд.

Бино ба гуфтри сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Кучакшозода Акрам Давлатхон хароҷоти маблағ дар соли 2016 аз рӯи самтҳои зерин, аз ҷумла, кумакпулии давраи бекорӣ — 4990,8 ҳазор сомонӣ, идрорпулӣ — 1583,7 ҳазор сомонӣ, корҳои ҷамъиятӣ — 671,5 ҳазор сомонӣ ва сиёсати шуғл 791,5 ҳазор сомониро ташкил намуд. Соли 2017 бошад, ҷиҳати иҷрои барнома 16 млн. 320,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид ва 15,8 млн. сомонӣ ҷудо шуд.

Зикр шуд, ки ин раванд аз камбудиҳо орӣ нест. Санҷиши аудиторӣ муайян намуд, ки аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои хариди 3 номгӯй шаҳодатномаҳои касбомӯзӣ, минҷумла барномавӣ, худмаблағгузор ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ, дар асоси моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» аз 24 апрели соли 2016 ба тариқи иштироки номаҳдуд дар озмун ба воҳиди хариди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод шудааст.

Дар рафти санҷиш пардохти бедалели маблағи барнома барои харидории шаҳодатномаҳои худмаблағгузор ва шаҳодатномакунонии малакаи касбӣ ба маблағи 257561,13 сомонӣ аз суратҳисоби махсуси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ошкор ва барқарор карда шуд.

Санҷиши интихобии ташкили корҳои ҷамъиятии музднок дар шаҳрҳои Ҳисор, Бохтар ва ноҳияҳои Кушониёну Вахш муайян намуд, ки қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯйи корҳои ҷамъиятӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 таҳти №93 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯйи корҳои ҷамъиятӣ» тасдиқ карда шудааст, қисман риоя нагардидааст.

Таҳлил нишон дод, ки харҷномаи намунавӣ барои ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат аз ҳисоби маблағҳои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2016-2017» аз тарафи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз 4 январи соли 2016 ва 3 январи соли 2017 мутаносибан 136,05 ва 146,05 сомонӣ бо дарназардошти идрорпулӣ (идрорпулӣ — як нишондиҳанда) барои як нафар дар як моҳ тасдиқ карда шудааст. Вале аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №373 «Дар бораи Қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор» оид ба маблағгузории тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ нодуруст банақшагирӣ карда шудааст.

Тибқи ҳисобҳо, солҳои 2016-2017 мутаносибан 18540 нафар ва 16710 нафар дар марказҳои таълими касбии калонсолон ба тайёрии касбӣ фаро гирифта шуда, маблағи барзиёд ҳисобнамуда аз рӯи чунин хароҷот 266842,5 сомониро ташкил медиҳад.

Дар рафти санҷишҳои интихобӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Бохтар, Кушониён ва Вахш муайян гардид, ки сифат ва малакаи касбомӯзии шаҳрвандони тибқи барнома ба омӯзиши касбӣ фарогирифта нисбат ба талабот бамаротиб паст мебошад, зеро дараҷаи тахассуснокии омӯзгорони ба тариқи шартнома ҷалбшуда ба талабот ҷавобгӯ нест.

Дар шаҳрҳои Ҳисор, Бохтар ва ноҳияи Вахш сари вақт барнагардонидани қарзҳои имтиёзнок вуҷуд дорад.

- Санҷиши аудиторӣ дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва сохторҳои тобеи он зарари молиявиро ба маблағи 282839,63 сомонӣ ошкор намуд, ки аз ин ҳисоб 22251,50 сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва 260588,13 сомонӣ ба барнома барқарор карда шуд, — хулоса намуд Кучак шоҳзода Акрам Давлатхон.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Б. Абдуалимов, М. Сабурзода, А. Ғаффоров, Ҳ. Одинаев, Қ. Миралиён, М. Ахмедов, М. Шамсиддинзода, Г. Назирӣ, А. Фелалиев, Л. Раҷабова ва С. Усмонзода роҷеъ ба масъала фикру мулоҳиза баён намуда, мусоидат ба шуғли аҳолиро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ унвон карданд. Вакилони Маҷлиси намояндагон аз роҳбарони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои марбута даъват ба амал оварданд, ки иҷрои пурраи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, фаъолиятро дар ин самт тақвият бахшанд.

Дар хотима қарор ва тавсияҳо қабул гардиданд.

Далер МЕРГАНОВ, Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум». Суратгир Неъматулло Алиев