Муҳокимаи парламентӣ

Нақшаи нуҳмоҳаи даромади буҷет аз ҳисоби Хадамоти гумрук 111 фоиз ва аз ҷониби Кумитаи андоз 91,2 дарсад иҷро шуд

№139 (4401) 13.11.2021

DSC_5196Дувоздаҳуми ноябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони баъзе аз вазорату кумитаҳо дар мавзӯи «Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» дар 9 моҳи соли 2021» муҳокимаи парламентӣ доир гардид.

Маҳмадтоир Зокирзода зимни ифтитоҳи он гуфт, ки ҳадафи олии рушди дарозмуҳлат баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони кишвар дар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Дар ин замина, иҷрои босифати буҷети давлатӣ яке аз масъалаҳои асосии мақомоти дахлдор ба ҳисоб меравад.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб Қурбоналӣ зикр кард, ки тайи 9 моҳи соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 104,8 дарсад таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 20,7 миллиард сомонӣ маблағ ворид шудааст. Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ 30,8 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дод.

Ӯ, инчунин, зикр кард, ки воридоти маблағҳо нисбат ба нақшаи пешбинишуда 950,8 миллион сомонӣ зиёд буда, аз он 552,1 миллион сомонӣ аз ҳисоби пардохтҳои андозию гумрукӣ, 120,9 миллион сомонӣ аз ҳисоби пардохтҳои ҳатмӣ, ҷаримаҳои судӣ, зарари молиявии барқароршуда ва дигар маблағҳо, 277,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби азхудкунии маблағҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ таъмин гардидааст.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки бо дарназардошти иҷрои маҷмӯии нақшаҳои тарҳрезишудаи даромади буҷети давлатӣ, нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ низ 103,6 фоиз таъмин ва ба буҷет зиёда аз 8,8 млрд. сомонӣ ворид карда шуд. Воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 302,1 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 101 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, иҷрои нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби Хадамоти гумрук 111,0 фоиз ва аз ҳисоби Кумитаи андоз 91,2 фоиз таъмин карда шуд.

Нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ 106,0 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми умумии воридоти маб­лағҳо 5,4 млрд. сомониро ташкил дод. Воридоти маб­лағҳо нисбат ба нақша 314,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода иброз дошт, ки тайи 9 моҳи соли 2021 нақшаи тасҳеҳшудаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ 4 миллиарду 413,7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, ба буҷети давлатӣ 4 миллиарду 900,7 миллион сомонӣ ворид шуд.

- Новобаста ба идома ёфтани буҳрони молиявӣ — иқтисодӣ, ки аз паҳншавии бемории коронавирус ва вазъи ногувори сиёсӣ дар минтақаву ҷаҳон маншаъ гирифтааст, инчунин, афзоиши пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Хадамоти гумрук тавонист иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро дар 9 моҳи сипаришуда барзиёд таъмин намояд, — гуфт Хуршед Каримзода.

Қайд гардид, ки ба раванди барзиёд иҷро шудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ омилҳои асосии зерин таъсири мусбат расониданд:

Якум, амалӣ намудани бархе аз чорабиниҳои иловагии такмили низоми маъмурикунонии гумрукӣ, аз қабили назорати дуруст муайян намудани арзиши гумрукии моли воридотӣ, таъмини сифатнокии барасмиятдарории гумрукӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии мол, назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти назоратии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,

Дуюм, пурзӯр намудани истифодаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионии таҳлилу коркарди маълумотҳо дар шакли электронӣ, ба низоми ғайринақдӣ ва электронӣ гузаронидани пардохти боҷҳои гумрукию андозҳо, роҳандозии системаи Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиётҳои содиротию воридотӣ ва транзитӣ, мукаммалгардонии идораи таваккал дар СИАЯ ва ғайраҳо.

Бо мақсади таъмини саривақтӣ ва шаффофияти пардохт намудани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, аз аввали соли 2021 дар фаъолияти мақомоти гумрук зерсистемаи пардохти электронӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки он назорати гардиши пардохтҳои гумрукиро сода гардонида, ба воридоти саривақтии онҳо ба буҷети давлатӣ мусоидат намуд.

Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода иброз намуд, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ бо мақсади таъмини иҷрои саривақтиву сифатноки даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ ва истифодаи шаффофу самараноки маб­лағҳои буҷетӣ дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 236 чорабинии аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 148 млн. сомонӣ муайян намуданд, ки нисбат ба зарари молиявии ошкоргардидаи ҳамин давраи соли қаблӣ 15,1 млн. сомонӣ зиёд аст. Барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида чораҳои мушаххас андешида шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 137,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 69,5 млн. сомонӣ, ба корхонаҳо 40,4 млн. сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 27,6 млн. сомонӣ барқарор карда шуд, ки 93 фоизи маблағи умумии зарари молиявиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 19,1 млн. сомонӣ зиёд мебошад, — гуфт Қарахон Чиллазода.

Муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Талбакзода гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 741 тафтишу санҷиш гузаронида, ба маблағи 299,2 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд. Аз маблағҳои ошкоршуда хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 13,8 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруф — 28,9, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ — 91,8, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ — 1,2, талафи воситаҳои пулию молӣ — 128,6 ва маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмии давлатӣ 34,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.

- Тавассути чораҳои андешида­шуда 78,1 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 135 миллион сомонӣ ба ташкилоту муассисаҳо, ҷамъ 71,2 фоизи маблағҳои ошкоршудаи зарар барқарор гардида, ҷиҳати рӯёнидани маблағҳои боқимонда — 86,1 миллион сомонӣ тадбирҳои иловагӣ андешида истодаем, — гуфт Сулаймон Талбакзода.

Ӯ, инчунин, зикр намуд, ки дар натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ ғайримақсаднок истифодабарии маб­лағҳо ба андозаи 1,1 миллион сомонӣ муайян гардида, бо чораандешии иловагӣ аз ҳисоби бақияпулиҳои андоз, зарарҳои ошкоршудаи соли қаблӣ ва дигар манбаъҳо 5,3 миллион сомонӣ ба давлат барқарор карда шуд.

Муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каъбатулло Меликзода  зикр намуд, ки дар нуҳ моҳи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 100,7 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 9 млрд. 990,7 млн. сомонӣ, ба буҷети давлатӣ 10 млрд. 55,7 млн. сомонӣ ворид карда шуд.

Нақшаи Раёсати андози андоз­супорандагони калон асосан аз ҳисоби ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик», ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ширкатҳои мобилӣ таъмин нагардид. Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар  шаҳру ноҳияҳои Бохтар — 98,9 фоиз, Ҷомӣ — 91,6, Норак — 91,7 ва Роғун — 73,7 фоиз таъмин гардид, ки аз ин ҳисоб ба буҷет 50,3 млн. сомонӣ ворид нашуд.

Таъмин нашудани нақшаи андоз аз арзиши иловашуда ба нокифоя будани манбаъҳои андозбандӣ дар ширкатҳои мобилӣ вобаста ба сол аз сол коҳиш ёфтани ҳаҷми хизмат­расониҳои трафики овозии байналмилалӣ ва баъзе аз корхонаҳои калони саноатӣ, ки боиси кам ва ё афзоиш наёфтани маблағҳои ҳисоб ва пардохтшудаи андозҳо гардида истодааст, вобаста мебошад, — гуфт муовини раиси Кумитаи андоз.

Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқӣ, Файзалӣ Идизода, Абдуҳалим ғаффоров, Мирзоанвар Ахмедов, ғайрат Азиззода, Парвиз Шодизода ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода таклифу пешниҳодҳои судманд баён дошта, ба пурсишҳояшон посух гирифтанд.

Зимни ҷамъбаст Маҳмад­тоир Зокирзода иброз дошт, ки пешбурди сиёсати устувори буҷету андоз ва иҷрои он бо дарназардошти ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ ва таъмини истифодаи самарабахши маб­лағҳои буҷетӣ, сари вақт амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки сармоягузории давлатӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ дар доираи стратегияву барномаҳои давлатии қабулгардида, имконпазир мебошад.

- Итминони комил аст, ки қабули қарор ва тавсияҳо ба истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ мусоидат намуда, ба таъмини иҷрои сифатноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» заминаи воқеӣ фароҳам меорад, — афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ