Навмед набояд шудан аз гардиши айём…

№58 (4164) 14.05.2020

Гавхар ШарофзодаМиллати барӯманди тоҷик дар гузашта тавонист бо кумаки фарзандони хирадманду доно мушкилии зиёдро, ки ба сари мардум ва сарзамин меомаданд, бо оқиливу якдигарфаҳмӣ пушти сар намояд. Ҳоло ҳам дар қатори мардуми олам, кишвари азизамон вабои дигареро дучор омадааст, ки дар сурати деви сиёҳ ба хонадони тоҷику тоҷикистониён сар зада, мехоҳад азизи дилеро аз ин манзил ба коми бало бикашад.

Таърих гувоҳ аст, ки дар гузаш­та низ бемориҳои вабо, домана, табларза, хурӯсак, гул баровардан ва ғайра дар сарзамини аҷдодиамон доман паҳн намуда буданд. Ба шарофати иродаи мустаҳками мардум ва якдигарфаҳмии хешу табор, ҳамсояҳо, дӯстон, ки ҳар кадом зуд пушти дари бемор латтаи сурх баста, рафтуомадро манъ мекарданд ва аз ҳоли онҳо як нафар аз ҳисоби пиронсолон ё ҷавоне, ки тарзу усули муносибат ва рафтуоро дар он ҳолат хуб медонист, ба хонаи бемор пайғом мебурд, бо хӯрок таъмин мекарду аз ҳолаш дар доираи талаботи тиббӣ бохабар мегашт ва рафтуомадро ба роҳ мемонд. Ба хотири сироят наёфтани наздикони бемор, пиронсолон рафтуомадро ба хонадон ё назди бемор қатъ намуда, ба ғайр аз шахси мутасаддӣ ба дигарон рафтуомад, ҳатто аёдати беморро иҷозат намедоданд ва мегуфтанд, ки зимни омадурафт, вохӯриву суҳбат бо бемор пай меафтад, яъне дард дар бадани бемор бо сабаби омадурафт дер мепояд ё пай мемонад.

Аз ин рӯ, дар гузашта ҳам мисли ҳоло ана ҳамон «пай меафтад»-ро мисли «карантин»-и кунунӣ истифода мебурданд. Ба хотири сироят наёфтани наздикон ва хешу табор вақти муайян рафтуомад, аёдати бемор ва суҳбати рӯ ба рӯ бо бемор манъ карда мешуд, ки сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд.

Алҳол ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад, ки аз вабои ба сари оламиён омадаи аср мардуми шарифи кишварро ҳифз намуда, вақти муайян рафтуомад ва ҳамнишиниро бо хешутабор ва наздикон ба хотири нигоҳ доштани саломатии онҳо, қатъ намоем. Ин даъвати оқилонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд самимона пазируфта, аз пайи ҳифзи саломатии худу наздиконамон бошем.

Ҳарчанд баъди талоши зиёд, истодагарии шадид кишвари азизу офтобиамон мисли дигар кишварҳои рӯи олам ба ин дард печида бошад ҳам, дар дил ҳаросро ҷой додан, ваҳму ноумедӣ кашидан зарурат надорад. Муҳим он аст, ки дастаҷамъона риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву гигиениро ба ҷо оварда, ҳангоми суҳбат кардан фосиларо нигоҳ дошта, дар доираи талабот дуруст шустани дастон ва пӯшидани ниқобҳои заруриро иҷро намоем, то аз бало эмин монем. Ман умед дорам, ки миллати барӯманду фарҳангии тоҷик аз уҳдаи ҳама гуна талабот ба хубӣ баромада метавонад, зеро пӯшидани ниқоб бори аввал аз ҷониби Абӯалӣ ибни Сино — олим, шоир, мутафаккир ва табиби оламшумули тоҷик зиёда аз ҳазор сол қабл, пешниҳод гардида буд. Шустани дасту рӯ, чашму абрӯ ва гӯшу бинӣ бошад, фарҳанги миллии тоҷикон аст, ки дар як рӯз то панҷ маротиба онро ба ҷо меоранд.

Дар ҳолати бемор шудан ҳам ноумед набояд шуд, зеро табиати мардуми мо қавӣ буда, он аз ғизоҳои зарурӣ барои узви инсонӣ хеле бой асту метавонад бемориро сабуктар гузаронад.

Ҳоло фасли зебои баҳор ҳукмрон аст ва аз табиати биҳиштосои кишвар нафаси рӯҳбахш мегирем. Ҳамчунин, аз растаниҳои шифобахши табиати афсункорамон, ки дар ин фасл мерӯянд, аз ҷумла, торон, рошак, ров, чукрӣ, ҷамбилак, ҳолмун ва ғайра барои тоза шудани рӯҳу ҷонамон, ки ба саломатии инсон хеле муҳим арзёбӣ шудаанд, оқилона истифода менамоем, зеро дар гузашта ҳам ниёгони хирадманд баҳорро фасли зиндашавии табиат ва рӯҳу ҷон меномиданд. Дар он танҳо аз растаниҳои шифобахш хӯрокҳои лазиз мепухтанду ба тану ҷон ҷавонӣ, тароват ва неруи нав зам мекарданд. Бояд қайд намуд, ки хӯрдани меваҷоту сабзавот ва растаниҳои шифобахши диёр бар зидди ҳама гуна беморӣ, аз ҷумла, коронавирус беҳтарин даво аст. Аз ин хотир, аз ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ самаранок ва оқилона истифода бурда, худ ва аҳли хонаводаамонро аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, ки дорои қуввату тавоноии табиӣ мебошанд, таъмин намуда, тансиҳату солим ва беғаму хотирҷамъ тавонем балои ба сар­омадаро мағлуб сохта, бебозгашт гуселонем. Барои ин зарур аст, ки аз чор фасли зебову нерубахши табиати кишвар самаранок истифода бурда, дастурхонамонро аз меваҷоти биҳиштии кишвар оро дода, нагузорем, ки он аз меваҷот, саб­завот, хӯрокаву шириниҳо, тухму гӯшту дигар маҳсулоти парвардаю сохтаи дигарон оро дода шавад. Зеро миллати моро бештар маҳсулоти бою рангини сарзаминаш нерую тавон ва тансиҳатии комил бахшида метавонаду халос.

Гавҳар ШАРОФЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фраксияи ҲХДТ