Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Нигаронӣ аз камфаъолиятии сохторҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои бозорӣ

№148-149 (4254-4255) 10.12.2020

Ва дастур ба масъулин роҷеъ ба такмили низоми қонунгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ

Раесат сессия ммНуҳуми декабри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо мақсади муайян намудани шумораи иштирокдорон, хоҳиш менамоям, бо истифода аз системаи электронии ҳисоби овозҳо аз қайд гузаред. .

Дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Дар кори иҷлосия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионӣ, раиси Суди Олӣ, раиси Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон иштирок доранд, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки даъват шудаанд, дар толор ҳозир мебошанд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25-и ­Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки котиботи иҷлосияро интихоб намоем. Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Абдураҳмонзода Саидбурҳон дода мешавад. Марҳамат.

Абдураҳмонзода Саидбурҳон: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Пешниҳод менамоям, ки ба ҳайати котибот се нафар интихоб карда шаванд.

РАИС: — Оид ба шумораи ҳайати котибот таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул гардид.

РАИС: — Марҳамат, Абдураҳмонзода Саидбурҳон, ҳайати котиботро пешниҳод намоед.

Абдураҳмонзода Саидбурҳон: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Пешниҳод менамоям, ки ба ҳайати котиботи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ интихоб карда шаванд: Амонзода Илҳом Темур (раис), аъзои он Муъминова Фирӯза Исроиловна ва Муқимӣ Раҳимҷон Набизода.

РАИС: — Оид ба ҳайати котибот таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор қабул гардид.

РАИС: — Аз ҳайати котибот хоҳиш карда мешавад, ки ба кор шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем.

Он бо қарори ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва барои тасдиқ ба шумо пешниҳод шудааст. Оид ба он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Қарор дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қабул гардид:

1) Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

7) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

8) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

11) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

12) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

13) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»

14) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

15) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»

16) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»

17) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»

18) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд»

19) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»

20) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

21) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

22) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»

23) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»

24) Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

25) Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

26) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»

27) Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба деҳоти Вахон»

28) Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

29) Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои пешбурди сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ҷойгир ва нав кардани маводи иттилоотӣ»

30) Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ҳошимзода Д. Д.»

31) Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Раҳматуллозода Б. С.»

32) Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Додихудозода Д. Б.»

33) Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

34) Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Шӯрои илмӣ-машваратии назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

35) Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Низомнома дар бораи Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тасвири он»

36) Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

37) Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

38) Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳамчунин, пешниҳод аст, ки мутобиқи моддаҳои 22 ва 26-и Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби кори Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро ба тариқи зайл муайян ва тасдиқ намоем: барои маърӯзачиён то 10 дақиқа, барои музокираҳо то 5 дақиқа ва барои дархосту таклифҳо то 3 дақиқа вақт муайян карда шавад.

Таклифҳои дигар набошанд онро ба овоз мемонам.

Қарор қабул гардид.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 28 октябри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он таъмини ҳуқуқи прокуророн ва муфаттишони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ройгон истифода бурдан аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар доираи низоми электронии пардохти роҳкиро иборат буда, бо ин васила, қисми даҳуми моддаи 56-и Қонуни конститутсионии амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст.

Тибқи тағйири пешниҳодшуда, ба прокуророну муфаттишони мақомоти прокуратура ҳуқуқ дода шудааст, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода баранд. Пӯшонидани хароҷот бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Қонуни конститутсионӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 14 октябри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он такмили меъёрҳои кодекс дар самти ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ иборат буда, дар ин замина моддаи 4621 илова гардидааст.

Тибқи мазмуни модда, ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, боиси ба шахсони воқеӣ татбиқи ҷарима ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ шабонарӯз мегардад. Агар кирдорҳои зикршуда ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет содир шуда, аломати ҷиноятро надошта бошанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои муқовимат ба экстремизм, таъмини суботи ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардида, онро 28 октябри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он такмили меъёрҳои алоҳидаи кодекс, таъмини риояи қонунгузорӣ дар бораи шаҳрсозӣ ва баланд бардоштани талабот нисбат ба фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, таъмин намудани сифати сохтмон, тобоварии он ба зилзила иборат буда, дар ин замина, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 17 модда пешбинӣ шудааст.

Бо дарназардошти низоми электронии пардохти роҳкиро, тибқи тағйирот ба моддаи 295-и кодекс ҳангоми сафар кардан дар поезд, ҳавопаймо, киштиҳои обӣ, таксиҳои сайрхат ва дар нақлиёти мусофиркаши коммуналии байнишаҳрӣ аз ҷониби мусофир пардохт накардани бағоҷ боиси татбиқи ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима мегардад. Зимнан, моддаи 2951 барои бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони коммуналии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сафар кардан, бо худ бурдани кӯдак, бағоҷ ва бор, инчунин истифодабарии корти имтиёзноки шахси дигар татбиқи ҷаримаро ба андозаи чоряки нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян намудааст.

Тавассути такмил додани боби 24-и кодекс, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон муайян намудааст, моддаҳои 408, 409 ва 410 дар таҳрири нав ифода гардида, барои риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ ва шартҳои техникӣ, ҳангоми истеҳсол, таҳвил ва нигоҳдории маҳсулоти сохтмон, конструксияҳо ва дигар масолеҳи сохтмон, риоя накардани қоидаҳои фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон, инчунин сохтан, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо бо истифодаи масолеҳу конструксияи бесифати сохтмон, ки боиси паст шудани дараҷаи зилзилатобоварии бино ва иншоот мегардад, андозаи ҷарима баланд бардошта шуда, ҳамчунин ба онҳо қисми 2, ки ҷавобгариро барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорро пешбинӣ кардааст, илова гардида, андозаи ҷарима бо тафриқабандии субъекти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз бист – сӣ то чорсад – ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда шудааст.

Ба ҳамин монанд, бо тағйирот ба санксияи моддаҳои 411 (риоя накардани қоидаҳои истифодаи биноҳо, иншоот, аз ҷумла, хонаҳои истиқоматӣ ва худсарона дигар кардани сохти онҳо), 430 (риоя накардани қоидаҳои қабулу баистифодадиҳии объектҳо, сохтмонҳои баитмомрасида, таҷдид, дигар кардани хусусияти бино ва таъмири асосӣ), 432 (саркашӣ аз иҷрои амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба корҳои меъморию сохтмон), 433 (сари вақт иҷро накардани амрномаи мақомоти давлатӣ оид ба корҳои меъморию сохтмон) ва 434 (истифодаи маҳсулоти бесертификат дар фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон) андозаи ҷаримаи маъмурӣ тақвият дода шудааст. Ҳамчунин, бо илова шудани қисми 2 ба моддаи 429 ва дар таҳрири нав ифода ёфтани он барои такроран риоя накардани қоидаҳои корҳои сохтмону васлкунӣ ва анҷом додани корҳои бесифати сохтмон ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то ҳаштод, ба шахсони мансабдор аз дусад то чорсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда шудааст.

Моддаи 443 дар таҳрири нав ифода гардида, минбаъд риоя накардани технологияи объектҳои сохтмон, бахусус, дар сурати так­роран содир кардани он боиси тат­биқи ҷарима ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз сад то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо мегардад.

Бо ифода намудани моддаҳои 446 (қабул намудани қарор бе ­риояи нақшаи генералии тасдиқшудаи меъморию шаҳрсозӣ) ва 447 (риоя накардани тартиби додани иҷозатнома ва сертификат дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон) дар таҳрири нав андозаи ҷарима нисбат ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда ва дар сурати такроран содир намудани кирдор ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои фаъолияти муназзами нақлиёти ҷамъиятии коммуналӣ, иҷрои матлуби уҳдадориҳои хизматӣ аз ҷониби шахсони мансабдор, таҳкими интизоми давлатӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва сохтмон, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи қонунгузорӣ дар бораи шаҳрсозӣ, таъмини сифати маҳсулоти сохтмонӣ, сохтмони босифат ва тобоварии он ба зилзила, инчунин пешгирии сохтмони худсарона мусоидат мекунад.

Бинобар ин, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» оғоз мекунем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­роту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 14 октябри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст. Мақсад аз он мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, бо ин васила, бо илова намудани рақами «4621» ба қисми 1-и моддаи 93-и Кодекси амалкунанда, баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) ба ваколати суд ҳамчун мақоми баррасикунандаи парвандаи ҳуқуқваронкунии маъмурӣ мансуб дониста шудааст.

Бо дарназардошти тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ва риояи техникаи ҳуқуқӣ дар қисми 1 ва сархати якуми қисми 2-и моддаи 98, ки мувофиқан ваколати мақомоти корҳои дохилӣ ва сардорони шуъбаҳо (зершуъбаҳо)-и ҳудудии мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо, дар нақлиёт ва муовинони онҳоро оид ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайян намудаанд, бо мақсади ба тартиб даровардани рақамгузории моддаҳо рақамҳои «461-464» мувофиқан ба рақамҳои «461, 462, 463, 4631, 4632, 4633, 464» иваз карда шудаанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои баррасии саривақтии судии парвандаҳо ва тақвияти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар самти баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат мекунад.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 28 октябри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Қонун бо мақсади мутобиқ намудани Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муқаррароти Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дар заминаи он ба моддаи 87-и кодекс қисми 4 илова карда шудааст, ки мувофиқи он ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки дар моддаи 2951 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, яъне бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони коммуналии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сафар кардан, бо худ бурдани кӯдак, бағоҷ ва бор, инчунин истифодабарии корти имтиёзноки шахси дигар, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад ва ҷазои маъмурӣ ба расмият дароварда шуда, ба шахс пардохтномаи намунаи муқарраргардида дода мешавад.

Бо мақсади муайян намудани мақоми марбута, ба қисми 1-и моддаи 111 илова ворид шуда, тибқи он баррасии ҳуқуқвайронкунии дар моддаи 2951 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба ваколати мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт мансуб дониста шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои баррасии саривақтии ҳуқуқваронкунии маъмурӣ ва пардохти ҷаримаи маъмурӣ мусоидат мекунад.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 14 октябри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он такмили меъёрҳои кодекс, бинобар ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани моддаи 4621, ки ҷавобгарии маъмуриро барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) муайян намудааст, инчунин пешгирии экстремизм иборат буда, дар ин замина ном ва қисми 1-и моддаи 189 Кодекси амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст. Мутобиқи мазмуни он ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ), паст задани шаъну эътибори нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ (мазҳабӣ) ё маҳал, инчунин тарғиби махсусият ва бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин (мазҳаб), забон, мансубият ба нажод, миллат ё маҳал равона шудаанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад, агар кирдорҳои зикршуда ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаҳои алоқаи барқӣ, аз ҷумла интернет дар давоми соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошанд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои муқовимат ба экстремизм, таъмини суботи ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 8 октябри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз он баланд бардоштани масъулияти тарафҳои парванда, баррасии саривақтии парвандаҳо аз ҷониби суди иқтисодӣ, хотима гузоштан ба кашолкорӣ ва беҳтар намудани вазъи ҷумҳурӣ дар самти марбут ба нишондиҳандаҳои пешбурди соҳибкорӣ дар арсаи байналмилалӣ иборат мебошад.

Бо ин мақсад, ба қисми 7-и моддаи 157-и кодекс, ки асос ва тартиби мавқуф гузоштани муҳокимаи судиро пешбинӣ намудааст, муқаррароти нав илова гардида, мутобиқи он минбаъд баъди ба муҳокимаи судӣ таъин намудани парванда муҳокимаи судӣ наметавонад аз се маротиба зиёд мавқуф гузошта шавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 28 октябри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади асосӣ аз таъмини ҳуқуқи ройгон истифода бурдани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, дар доираи низоми электронии пардохти роҳкиро аз ҷониби шахсони дахлдор, ки бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, иборат мебошад. Бо ин мақсад сархати шашуми қисми 2-и моддаи 33-и Қонуни амалкунанда, ки имтиёзро нисбат ба Қаҳрамони Тоҷикистон муайян намудааст, дар таҳрири нав ифода гардида, тибқи он шахси зикршуда бо пешниҳоди шаҳодатнома барои ройгон истифода бурдан аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дорад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, инчунин, моҳияти давлати иҷтимоӣ мутобиқ буда, барои бархӯрдор будани аз имтиёзи пешбинишуда мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 28 октябри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсад аз такмили Қонуни амалкунанда ва таъмини дастрасии хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ройгони истифодабарӣ аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ иборат мебоашд.

Бо дарназардошти ин, дар моддаҳои 18, 38 ва 41 калимаи «бепул» ба калимаи «ройгон» иваз гардида, қисми якуми моддаи 39 дар таҳрири нав ифода карда шудааст. Тибқи тағйирот, муайян карда шудааст, ки хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ дар ҳудуди кишвар аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода баранд ва пӯшонидани хароҷот бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 28 октябри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади он аз таъмини ҳуқуқи кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тибқи низоми муайян ройгон истифода бурдан аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, дар доираи низоми пардохти электронии роҳкиро иборат мебошад.

Бо дарназардошти ин, қисми чоруми моддаи 24-и Қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода гардида, тибқи он кормандони мақомот ҳуқуқ доранд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намоянд. Ҳамчунин, пешбинӣ шудааст, ки тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои бархӯрдор будани кормандони мақомоти амнияти миллӣ аз имтиёзи пешбинишуда ва маблағгузории саривақтии амалигардонии ҳуқуқи онҳо мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 28 октябри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади он аз таъмини ҳуқуқи кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тибқи низоми муайян ройгон истифода бурдан аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, дар доираи низоми электронии пардохти роҳкиро иборат мебошад.

Дар ин замина, қисми 6-и моддаи 28-и Қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода ва бо он пешбинӣ шудааст, ки кормандони мақомоти мазкур бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода мебаранд ва тартиби пӯшонидани хароҷоти амлигардонии ҳуқуқи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои бархӯрдор будани кормандони мақомоти мазкур аз имтиёзи пешбинишуда мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 28 октябри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади он аз таъмини ҳуқуқи кормандони милитсия барои тибқи низоми муайян ройгон истифода бурдан аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, дар доираи низоми электронии пардохти роҳкиро иборат мебошад.

Бо ин мақсад, банди 25-и қисми якуми моддаи 11-и Қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шудааст ва тибқи он ба кормандони милитсия ҳуқуқ дода шудааст, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ ба таври ройгон аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ва аз нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ, новобаста аз тобеияти идоравӣ, дар доираи минтақаҳои хизматрасониашон истифода баранд. Хароҷот бо тартиби муайянннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои бархӯрдор будани кормандони милитсия аз имтиёзи пешбинишуда мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 28 октябри соли 2020 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Он бо мақсади таъмини ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои ройгони нақлиёти ҷамъиятӣ қабул гардида, бо ҳамин асос, қисми 9-и моддаи 18 имтиёзҳоро барои рафтуомад дар нақлиёт ва муросилоти почтавӣ муайян намуда, дар таҳрири нав ифода ёфтааст. Тибқи он, минбаъд пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ ва имтиёзҳои хизматрасонии почтавӣ ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои бархӯрдор будани хизматчиёни ҳарбӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда ва маблағгузории саривақтии амалигардонии ҳуқуқи онҳо мусоидат менамояд.

Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки он ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

Гулзода Маҳмадшоҳ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2020 қабул кардааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба моддаи 33-и он, ки ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маорифро пешбинӣ намудааст, сархати бисту якум илова гардидааст, ки тибқи он минбаъд ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии маориф аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Мақсад аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷалби мутахассисони арзанда ба идоракунии соҳаи маориф ва дар ин замина, беҳтар намудани раванди таълим, баланд бардоштани назорати сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва пешрафти фаъолияти соҳа мебошад.

Қонун ба Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» мегузарем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

Гулзода Маҳмадшоҳ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Бо мақсади мутобиқ намудани Қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонун)» хориҷ карда шуда, моддаи 30 дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки танзимкунандаи имтиёзҳои маъюбон ҳангоми истифода аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ба таври ройгон ва аз нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ба таври имтиёзнок буда, ҳамчунин, тартиби пӯшонидани хароҷоти ташкилотҳои нақлиёти мусофирбарро барои ҳамлу нақли маъюбон пешбинӣ менамояд.

Қонун ба Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад. Бинобар ин, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» оғоз менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

Гулзода Маҳмадшоҳ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Он бо мақсади додани имтиёз ба кӯдакони ятим ва бепарастори таҳти таъминоти пурраи Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарордошта ҳангоми истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ, нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ва муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизматрасонӣ пешниҳод гардидааст. Бинобар ин, аз аъзои муҳтарами Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» шурӯъ мекунем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

Гулзода Маҳмадшоҳ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни амалкунанда аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизматрасонӣ ба ветеранҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда мебошад.

Тағйироти пешбининамудаи қисмҳои 1-3-и Қонуни мазкур хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо дарназардошти услуби ягона ва мутобиқгардонии меъёрҳои моддаҳои зикргардида ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона карда шудаанд.

Қонун ба талаботи Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз аъзои муҳтарами Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

Гулзода Маҳмадшоҳ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Бо мақсади мутобиқ намудани Қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонун)» хориҷ карда шуда, ба моддаи 8, ки ҷубронпулӣ ва имтиёзҳоро ба шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, пешбинӣ менамояд ва бо ҳадафи муайян намудани механизми ягонаи пӯшонидани хароҷоти интиқолдиҳандагон барои хизматрасонӣ ба шахсони имтиёздошта, ҷиҳати истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ, пешниҳод шудааст.

Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз аъзои муҳтарами Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» оғоз мебахшем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад. Марҳамат.

Гулзода Маҳмадшоҳ: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Бо мақсади мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонун)» хориҷ карда шуда, ба моддаи 7 ва 10 тағйироту илова ворид карда шудааст, ки тибқи он, волонтёрон бо пешниҳоди шаҳодатномаи волонтёрӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода менамоянд.

Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, аз аъзои муҳтарами Маҷлиси миллӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоянд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъа­зода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

Ҷумъазода Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 қабул намудааст.

Мақсад аз он, пеш аз ҳама, батанзимдарории муносибатҳои андозбандии хизматрасониҳои электронӣ тавассути шабакаи интернетӣ мебошад.

Бо ҳамин мақсад, дар моддаи 12-и Кодекси андоз ворид намудани илова пешбинӣ шудааст, ки мутобиқи он, маҳалли хизматрасониҳои шахсони хориҷии дар қисми 1-и моддаи 1931 муқарраршуда боис ба таъсис додани муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намегардад.

Илова бар ин, дар доираи қонун ба моддаҳои 171, 25, 30, 57, 84, 161, 162, 176, 177 ва 186 тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки минбаъд барасмиятдарорӣ, самти фаъолият ва хизмат­расониҳои электрониро ба танзим медарорад.

Ҳамчунин, ба Кодекси амалкунанда боби 311 илова гардид, ки хусусияти андозбандии хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷиро муқаррар намуда, ҳуқуқи истифодабарии таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор, амалӣ намудани хизматрасониҳои рекламавӣ дар шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, анҷоми хизматрасониҳо оид ба ҷойгиркунии пешниҳодҳо дар бораи хариду фурӯши молҳо (корҳо ва хизматрасониҳо)-ро дар худ инъикос менамояд.

Мутобиқи қонун ба бархе аз моддаҳои Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Ҳамин тариқ, қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

Ҷумъазода Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани ­тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 декабри соли 2020 қабул намудааст.

Он бо мақсади таъмини маб­лағгузории саривақтии соҳаҳои асосии иқтисоди миллӣ дар давраи бемории сироятии COVID-19 қабул гардида, дар асосаш муҳлати амали андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард то 31 декабри соли 2021 тамдид карда мешавад.

Ҳангоми баррасии қонун муайян гардид, ки он ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

Ҷумъазода Шарифҷон: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани ­тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 қабул намудааст.

Дар доираи он ба қисми 1-и моддаи 496-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ворид карда шудааст, ки мутобиқаш минбаъд шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) дар доираи маҳалли адои хизмат ройгон истифода намоянд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» шурӯъ мекунем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад. Марҳамат.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 октябри соли 2020 қабул намудааст.

Он бо мақсади таҳия ва тасдиқ намудани стандартҳои миллии аудити дохилӣ ва Кодекси одоби касбии аудиторони дохилӣ ва бо дарназардошти дар қонуни амалкунанда мавҷуд набудани талабот вобаста ба онҳо, ки салоҳиятҳои мақоми ваколатдорро муайян менамоянд, қабул гардидааст.

Ҳамин тариқ, ба моддаи 1-и қонуни амалкунанда сархатҳои шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум ва даҳум илова гардидааст, ки минбаъд санҷиш ва баҳодиҳии мутобиқат ва самаранокии низоми идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ, омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва низоми баҳисобгирии объекти аудит, санҷиш ва баҳодиҳии барномаҳо, чорабиниҳо, амалиётҳо, инчунин санҷиш ва баҳодиҳии мувофиқати технологияи иттилоотӣ ва ҳифзи низоми бехатариро ба танзим медарорад.

Дар доираи қонуни зикршуда ба моддаи 12-и қонуни амалкунанда, бо мақсади мутобиқ намудани он ба меъёри моддаи 11-и Қонуни намунавӣ «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ»-и Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ тағйирот ворид карда шудааст, ки мувофиқи он минбаъд тартиби таъсис ва барҳам додани сохтори аудити дохилӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муайян карда мешавад.

Илова бар ин, ба бархе аз моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуд, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Бинобар ин, аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иолваҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» шурӯъ менамоем. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳам­­­оҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­мо­­ян­да­­гон, ҳо­ки­ми­яти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни­пар­ламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳимӣ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»-ро, ки бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 октябри соли 2020 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мақсад аз қабули он дар доираи низоми ягона даровардани назорат ва ба ин васила, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.

Бо ин мақсад ба қисми якуми моддаи 201 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» пеш аз калимаҳои «аз тарафи раисони» калимаҳои «ба истиснои соҳаи маориф» илова карда шудааст.

Дар иртибот ба ин, минбаъд роҳбарони сохторҳои маҳаллии соҳаи маориф аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешаванд, ки қаблан ин масъала аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо амалӣ мешуд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳимӣ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро, ки бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳамин тариқ, дар доираи қонуни пешниҳодшуда, ба моддаҳои 25 ва 30-и қонуни амалкунанда тағйироти дахлдор ворид карда шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: -Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» оғоз мебахшем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳимӣ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», ки бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2020 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамин тариқ, мутобиқи тағйири ба моддаи 24-и қонуни амалкунанда воридкардашуда, вакил дар ҳудуди Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ҳуқуқ дорад бо пешниҳоди шаҳодатнома аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ройгон истифода намояд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба деҳоти Вахон» шурӯъ мекунем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳимӣ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба иваз намудани номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошим ба деҳоти Вахон» — ро аз 30 июли соли 2020 таҳти № 425 мавриди баррасӣ қарор дод.

Тибқи он, таклиф ба миён гузош­та шудааст, ки номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба деҳоти Вахон иваз карда шавад.

Зарурати иваз намудани номи деҳоти Шитхарв ба деҳоти Вахон, пеш аз ҳама, ҳамчун номи таърихии ҷуғрофӣ будани он, арҷгузорӣ ба таммадуни миллати куҳанбунёди тоҷик ва мутобиқатнамоӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Қарори мазкур мутобиқи моддаи 19-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба дигар қонунҳои ҳамин муносибатро танзимкунанда ­мухолифат надорад.

Маълумоти зарурӣ тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияи Ишкошими вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон пешниҳод гардидааст.

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ лозим мешуморад, ки қарори мазкур қобили дастгирӣ аст ва аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба деҳоти Вахон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳимӣ Фарҳод: — Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ лоиҳаи Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҷиҳати татбиқи маърӯзаи барномавии дар Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллӣ ироанамудаи Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардид, мавриди баррасӣ қарор дод.

Мақсади он, ки ба Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёр ва принсипҳои умумиэътироф­шудаи ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфтааст, аз такмил ва рушди муносибатҳои байнипарламентӣ дар заминаи ғояву назарияи сифатан нав дар шароити ивазшавии тадриҷии муносибатҳои ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои нави глобалӣ иборат буда, бо дарназардошти Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 таҳия гардидааст.

Консепсия аз 4 боб ва 21 банд иборат буда, бо дарназардошти роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон муфассал вазифа ва самтҳои муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллиро дар сатҳҳои дуҷониба, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ба таври мушаххас ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо шарикони стратегӣ ва роҳҳои амалишавии онро пешбинӣ намудааст.

Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои пешбурди сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ҷойгир ва нав кардани маводи иттилоотӣ» мегузарем. Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

Раҳимӣ Фарҳод:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ лоиҳаи Қоидаҳои пешбурди сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ҷойгир ва нав кардани маводи иттилоотӣ, ки тибқи банди 3-и Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020 – 2025 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 пешниҳод шудааст, баррасӣ намуд.

Он мутобиқи моддаи 19-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 8 ва 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» таҳия шуда, пешбурди сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тартиби ҷойгир кардани маълумот дар сомона ва навкунии иттилоотро муайян намуда, аз 4 боб ва 22 банд иборат мебошад. Дар боби якум мафҳумҳои асосӣ, суроғаи сомона ва пешбурди он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешбинӣ шуда, барои дастрасӣ бо шабакаҳои иҷтимоӣ мутобиқ буда, имконияти таъмини обуна кардани шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро дар дохил ва хориҷи кишвар дорад. Дар сомона ҳама гуна иттилооти пурра, дақиқ ва мубрам, бо дарназардошти талаботи Дастури Маҷлиси миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгир карда шуда, пешбурди он аз ҷониби Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ таъмин карда мешавад.

Боби дуюм муқарраротро дар бораи сифати маълумоти иттилоотии дар сомона ҷойгиршаванда, ки бояд шаффофияти фаъолияти Маҷлиси миллиро таъмин намояд, дар бар гирифта, боби сеюм мушаххас муҳлати пешниҳод ва баррасии иттилоотро барои ҷойгир кардан дар сомона муайян намуда, боби чорум бошад, масъалаҳои марбут ба ҷойгиркунии иттилоот дар сомонаро бо дарҷи санаи он ва баҳисобгириву нигоҳдошти минбаъдаи онро дар махзани маълумоти электронӣ пешбинӣ намудааст.

Лоиҳа ба талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда, инчунин, санадҳои меъёрии байналмилалие, ки Ҷумуҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат намекунад. Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қоидаҳои пешбурди сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ҷойгир ва нав кардани маводи иттилоотӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ҳошим­зода Д. Д.» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

«Ҳошимзода Даврон Додоҷон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ҳошимзода Д. Д.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Раҳматуллозода Б. С.» оғоз мекунем. Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

«Раҳматуллозода Бахтулло Сунатулло бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад».

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Раҳматуллозода Б. С.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Додихудозода Д. Б.» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

АЛИЗОДА Зариф пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

Додихудозода Давлатмо Бахтибек бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Додихудозода Д. Б.» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур Қонунзода Шодигул дода мешавад. Марҳамат.

Қонунзода Шодигул: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур лоиҳаи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро, ки дар асоси банди 3 Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025, инчунин дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020, аз ҷониби Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ таҳия ва пешниҳод шудааст, баррасӣ намуд.

Мақсади он мутобиқгардонии Дастури амалкунандаи Маҷлиси миллӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар алоқамандӣ бо қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатӣ» ва ба ин васила бартараф сохтани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта мебошад, ки аз муқаддима, 30 боб бо муттаҳид намудани 325 банд иборат мебошад.

Бобҳои 1 — 4 бо фарогирии 91 банд муқаррароти умумӣ, принсипҳо, вазъи ҳуқуқӣ ва сохтор, тартиби интихоби Раиси Маҷлиси миллӣ, муовинони ӯ, Шӯрои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳову комиссия, комиссияҳои муваққатӣ, гурӯҳҳои корӣ, доира ва тартиби амалисозии салоҳият (ваколат), шаклҳои фаъолият, тартиби савгандёдкунии аъзои Маҷлиси миллӣ ва пешбурди сомонаи расмии мақомотро, ки тибқи қоидаҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд, инчунин вазъи ҳуқуқии Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, вазифаҳои онро муайян намудааст. Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ҳамчун мақоми кории он дар назди Маҷлиси миллӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.

Бобҳои 6-9 бо фарогирии банд­ҳои 79-178 муфассал масъалаҳои марбут ба оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ, даъват ва тартиби гузаронидани иҷлосия, аз ҷумла, иҷлосияи ғайринавбатӣ, тартиби овоздиҳӣ ва қабули қарори Маҷлиси миллиро танзим намудаанд. Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ дар як сол на кам аз чор маротиба гузаронида мешавад ва он ҳамон вақт салоҳиятнок мебошад, ки агар дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок дошта бошанд. Дар ҳар як иҷлосияи Маҷлиси миллӣ бо овоздиҳии кушода, бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ тартиби кори иҷлосия тасдиқ гардида, котиботи иҷлосияи интихоб карда мешавад. Бо қарори Маҷлиси миллӣ рафти иҷлосия метавонад пурра ё қисман, мустақим ё ғайримустақим ба воситаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ пахш карда шавад. Овоздиҳӣ ва ҳисоби овозҳо бо истифода ё бе истифодаи системаи электронии овоздиҳӣ гузаронида мешаванд. Қарори Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ қабул карда мешавад, агар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастур тартиби дигарро муқаррар накарда бошанд.

Бобҳои 9-11 бо фарогирии банд­ҳои 178 — 206 муносибатҳои марбут ба доир намудани муҳокимаҳои парламентиро танзим ва муқарраротро доир ба кор бо интихобкунандагон ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, инчунин тартиби татбиқи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро муайян намудаанд. Барои мақсадҳои баҳисобгирӣ, лои­ҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузории пешниҳоднамудаи аъзои Маҷлиси миллӣ тавассути бақайдгирии онҳо дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда мешаванд.

Бобҳои 12-13 бо фарогирии бандҳои 207 — 236 тартиби баррасии қонунҳои барои ҷонибдорӣ аз Маҷлиси намояндагон воридгардидаро аз лаҳзаи бақайдгирии воридот, ҷонибдорӣ ё ҷонибдорӣ накардан, тартиби ҳалли ихтилофҳо ва то лаҳзаи барои имзо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани онҳоро муайян намудаанд.

Бобҳои 14-22 (бандҳои 236 — 288) тартиби амалӣ намудани салоҳиятҳои Маҷлиси миллиро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», инчунин дигар қонунҳои конс­титутсионӣ пешбинӣ намудаанд, муайян мекунад. Тибқи меъёрҳои бобҳои зикршуда муфассал тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ, тартиби интихобот ва бозхонди раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, тартиби ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб намудани машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани ризоият ба таъин ва озод намудани прокурори генералӣ, муовини якум ва муовинони ӯ, баррасии ҳисоботи прокурори генералӣ, интихоб кардани намояндаи Маҷлиси миллӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бекор намудани қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, пароканда кардани Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, инчунин боби 23 (бандҳои 289-295) тартиби аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ, маҳрум кардани узви Маҷлиси миллиро муайян намудаанд.

Мутобиқи боби 24 (бандҳои 296-303) амалӣ намудани робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарламентии Маҷлиси миллӣ дар робита ба Конститутсия, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва сурат мегирад. Ҳамчунин, Маҷлиси миллӣ ҳангоми ба амал баровардани робитаҳои мазкур дар баробари меъёр ва принсипҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ манфиатҳои миллиро ба инобат мегирад.

Бо мақсади таъмини илмӣ, методӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва машваратии фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ ва робитаи он бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, боби 25 (304-306) масъалаҳои марбут ба Шӯрои илмӣ-машваратии назди Маҷлиси миллиро бо Низомномаи марбута, ки аз ҷониби Маҷлиси миллӣ тасдиқ карда мешавад, алоқаманд намудааст.

Тибқи боби 26 (бандҳои 307-310) шахсони алоҳида ҷиҳати эътирофи хизматҳои шоёнашон бо Ифтихорномаи Маҷлиси миллӣ, ки Низомнома, намуна ва тасвири онро Маҷлиси миллӣ тасдиқ менамояд, сарфароз гардонида мешаванд.

Дар асос ва талаботи санадҳои қонунгузорӣ бобҳои 27 ва 28 (бандҳои 311-319) тартиби тасдиқи низомномаҳо дар бораи шаҳодатнома ва нишони сарисинагии узви Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро муайян намудаанд.

Масъалаҳои марбут ба тартиби қабул, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастур ва муқаррароти хотимавӣ дар бобҳои 29 ва 30 бо фарогирии бандҳои 320-325 танзим гардидаанд.

Лоиҳаи Дастур ба талаботи Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ буда, барои такмили фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва мақомоти он мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи Шӯрои илмӣ-машваратии назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузарем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур Қонунзода Шодигул дода мешавад. Марҳамат.

Қонунзода Шодигул: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур лоиҳаи Низомномаи Шӯрои илмӣ — машваратии назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҷиҳати иҷрои супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва супориши протоколи №2 аз 26 июни соли 2020, аз ҷониби ­масъулини Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ таҳия ва пешниҳод шудааст, баррасӣ намуд.

Мақсади таъсис додани Шӯрои илмӣ-машваратӣ ва тасдиқи Низомномаи он таъмини илмӣ, методӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва машваратии фаъолияти Маҷлиси миллӣ, ҳамкорӣ ва робита бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, ҳамчун мақоми дастаҷамъонаи ҷамъиятӣ барои самаранок ба амал баровардани салоҳиятҳои Маҷлиси миллӣ мусоидат менамояд.

Шӯро фаъолиятро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, Дастури мазкур, қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома амалӣ менамояд.

Лоиҳа аз 6 боб бо фарогирии 31 банд вазъи ҳуқуқӣ, тартиби ташкил ва ҳайати шӯрои илмӣ-машваратӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои он, аъзои он, инчунин принсипҳо ва тартиби фаъолиятро муайян намудааст.

Шӯро дар асоси супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили илмӣ, ҳуқуқӣ ва забонии қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо ва қонунҳои барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ воридшударо, ки бинобар номутобиқатӣ, ихтилофот, носаҳеҳӣ ва дигар камбудиву норасоӣ баҳсноканд, ба роҳ монда, омӯзишу таҳлили масъалаҳои марбут ба таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, тағйир додани сарҳади онҳо, номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро, ки нисбат ба онҳо баҳс пайдо шудааст, амалӣ менамояд. Инчунин, бо ташаббуси кумитаҳои Маҷлиси миллӣ дар баррасии лоиҳаи қонунҳои намунавӣ ва тавсияҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳои байнипарламентӣ иштирок ва тавсияҳо пешниҳод менамояд.

Ҳайати Шӯро аз нуҳ нафар иборат буда, онро раис, муовини раис ва аъзои Шӯро ташкил медиҳанд. Аъзои Шӯро бо қарори Раиси Маҷлиси миллӣ дар муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ тасдиқ карда мешавад.

Раиси Шӯро бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи якуми он бо овоздиҳии кушода интихоб гардида вазифаи котиби Шӯрои илмӣ-машваратӣ ба зиммаи роҳбари воҳиди сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, ки масъалаҳои баррасишаванда ба самти фаъолияти он дахл дорад, вогузор мегардад.

Ҷаласаи Шӯро шакли асосии фаъолияти он буда, ҳангоми зарурат бо дастури Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад. Санаи даъват, баргузории ҷаласаи Шӯрои илмӣ-машваратӣ ва муҳлати пешниҳоди хулосаи он бо амри роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ муайян карда мешавад. Хулосаи таҳлили илмӣ, ҳуқуқӣ ва забонии Шӯро хусусияти тавсиявӣ дорад.

Лоиҳаи Низомнома ба талаботи Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Шӯрои илмӣ-машваратии назди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Низомнома дар бораи Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тасвири он» оғоз мебахшем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур Қонунзода Шодигул дода мешавад. Марҳамат.

Қонунзода Шодигул: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба назорати Дастур лоиҳаи Низомнома дар бораи Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тасвири онро, ки дар асоси банди 3 Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025, инчунин дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020, аз ҷониби Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ таҳия ва пешниҳод шудааст, баррасӣ намуд.

Мақсади ифода намудани Низомномаи амалкунанда дар таҳрири нав такмили он бо дарназардош­ти талаботи техникӣ ва забонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин таҷдиди доираи субъектон барои сарфароз гардонидан бо Ифтихорнома мебошад.

Муайян карда шудааст, ки бо Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамчун намуди хоси ҳавасманд­гардонӣ на танҳо узви Маҷлиси миллӣ, балки ходимони сиёсиву арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, хизматчиёни давлатӣ ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар фаъолияти қонунгузории Маҷлиси миллӣ, ба роҳ мондан ва такмили робитаҳои байнипарламентӣ, иҷрои дигар салоҳиятҳои он ва рушди парламентаризми кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, мукофотонида мешаванд.

Лоиҳа аз ду боб, ки 6 бандро фаро гирифтааст, иборат буда, ба таври муфассал асос, тартиби сарфароз гардонидан бо Ифтихорнома, супурдан ва тартиби тайёр кардани онро муайян намудааст. Сарфароз гардонидан бо Ифтихорнома дар асоси пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Тибқи намунаи пешниҳодшуда Ифтихорнома аз коғази сахт ва болопӯши чармини рангаш ҷигарии торик иборат буда, дар шакли пӯшида андозаи 31 х 22 сантиметрро ташкил дода, дар муқова ва варақаҳои он Нишони давлатӣ ва Парчами давлатӣ бо усули полиграфӣ ва нақшкӯбии зарҳалкорӣ сабт шуда, номи мақомот, сана, рақами қарор, сабаби мукофотонидан, мансаб ва ному насаби шахс зикр гардида, калимаи Ифтихорнома бо ранги қирмизии баланд ва дигар навиштаҷот бо ранги кабуди баланд дарҷ мегарданд. Ҳошияи варақаҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ сайқал дода шудаанд.

Лоиҳаи Низомнома, намуна ва тасвири Ифтихорнома ба талаботи Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Низомнома дар бораи Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намуна ва тасвири он» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур Қонунзода Шодигул дода мешавад. Марҳамат.

Қонунзода Шодигул: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро, ки тибқи банди 3 Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020 — 2025, инчунин дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020, аз ҷониби Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ таҳия ва пешниҳод шудааст, баррасӣ намуд.

Мақсади Низомнома дар таҳрири нав, ки аз моддаи 63 Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маншаъ гирифтааст, мутобиқгардонии Низомномаи амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатӣ» мебошад.

Лоиҳа аз муқаддима, 6 боб бо фарогирии 27 банд иборат буда, вазъи ҳуқуқӣ, вазифаҳо, сохтори Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муносибатҳои мутақобилаи онро бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян намудааст.

Он ба таври мушаххас принсипҳо ва тартиби фаъолият, доираи вазифаҳо, тартиби амалӣ намудани онҳо, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандонро, ки аз хизматчиёни давлатӣ ва гражданӣ иборатанд, пурра ва бонизом муқаррар намудааст.

Дар муқоиса бо Низомномаи амалкунанда, вазъи ҳуқуқии воҳид­ҳои сохторӣ бо низомномаҳои алоҳида муайян карда мешаванд.

Лоиҳаи Низомнома ба талаботи Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ буда, барои такмили фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ҳамчун мақоми кории он мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур Қонунзода Шодигул дода мешавад. Марҳамат.

Қонунзода Шодигул: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба назорати Дастур лоиҳаи Низомномаи додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тибқи банди 3 Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025 ва дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020, аз ҷониби Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст, баррасӣ намуд.

Мақсади лоиҳа, ки 3 боб дошта, 31 бандро дар бар гирифтааст, муайян намудани тартиби пешниҳод ва додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Лоиҳа тибқи талабот ва бо дарназардошти Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 2011 таҳти №385, «Дар бораи муқаррар намудани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, муайян намудааст, ки рутбаҳои дараҷавӣ аз ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 то мушовири адлияи дараҷаи 1 дар асоси хулосаи Комиссия оид ба баррасии дархост дар бораи додани рутбаҳои дараҷавӣ манзурнамудаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ бо амри Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. Додани рутбаҳои дараҷавӣ аз мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 то мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Лоиҳа механизми додани рутбаҳоро бо ташкил намудани комиссия алоқаманд намуда, муайян кардааст, ки кормандони рутбаҳои дараҷавидошта, пӯшидани либоси расмиро тибқи намуна ва қоидаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, ба роҳ мемонанд.

Лоиҳаи Низомнома ба талаботи Конститутсия, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, барои ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Низомнома дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2021 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс дода мешавад. Марҳамат.

Идрисзода Илёс: - Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

 Ба баррасии шумо Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардидааст.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021», сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021-ум 3,9 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Дар сохтор ва рӯйхати вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ тағйирот пешбинӣ нашуда, он аз 52 воҳиди корӣ иборат мебошад.

Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, тасдиқи қарори мазкурро эҳтиромона хоҳиш менамоем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи талаботи моддаи 25-и Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи иҷлосия оид ба рафти кори иҷлосия, муроҷиат ва ҳуҷҷатҳои ба унвони Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ воридшуда маълумот манзур менамояд. Доир ба ин масъала сухан ба раиси котибот Амонзода Илҳом дода мешавад. Марҳамат.

Амонзода Илҳом:

- Муҳтарам Раис, аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Ба унвонии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аризаи шаҳрванд Бадалов Розибек Сафарович, сокини шаҳри Душанбе оид ба норозӣ будан аз ҳалномаи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе дар хусуси бартараф кардани монеагӣ дар намуди сохтмони худсаронаи манзили истиқоматӣ ворид гардид, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ дида баромада мешавад.

Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллӣ ва сохторҳои дахлдорро ба баъзе аз масъалаҳои ҳалталаб, ки вақтҳои охир боис ба муроҷиати зиёди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидаанд, ҷалб намуд. Аз ҷумла, оид ба масъалаи ҳифзи сиҳатии шаҳрвандон ва солимии ҷомеа ибрози назар карда, қайд намуданд, ки саломатии ҳар фард аз сатҳи хуби хизматрасонии тиббӣ, ташхиси пурраю саривақтӣ ва таъиноти дурусти табибон вобастагии калон дорад.

Зарурати роҳандозӣ намудани низоми самараноки хизматрасонии сатҳи аввалияи тиббӣ дар мамлакат, риояи тартиби хизмат­расонии тиббӣ, аз байн бурдани зиён ва хавф ба ҳаёти беморон ҳангоми расонидани кумаки тиббӣ, ташхиси касбии аниқу мушаххаси беморӣ, таъиноти доруворӣ, бахусус, пешгирӣ кардани таҳияи дорухатҳои ба истилоҳ, «фармоишӣ» ва водорсозии беморон барои хариди доруворӣ аз дорухонаҳои муайян низ таъкид гардид.

Дар робита, Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон вазифадор гардид, ки бо мақсади такмили низоми қонунгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани масъулияти хизмативу касбии табибон ва кормандони миёнаи соҳаи тиб, масъалаҳои зикргардидаро якҷо бо сохторҳои марбутаи давлатӣ омӯхта, таклифҳои асоснок манзур намояд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо таваҷҷуҳ ба натиҷаи таҳлили вазъи бозори дохилӣ ибрози ақида намуда, минҷумла, изҳор доштанд, ки миёни ширкатҳои давлатӣ, хусусӣ ва хориҷӣ дар соҳаи истеҳсоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ рақобати солим ба назар намерасад ва яке аз сабабҳои он камфаъолиятии сохторҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои бозорӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, кумитаҳои Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муваззаф гардиданд, ки қонунгузории кишварро дар самти инҳисорӣ, иҷозатдиҳӣ ба баъзе аз намудҳои фаъолият, хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, инчунин фаъолияти зиддиинҳисорӣ ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати таъмини рақобати солим дар бозори истеъмолӣ ва пурзӯр намудани масъулияти мақомоти ваколатдори давлатӣ таклиф пешниҳод намоянд.

Инчунин, таъкид гардид, ки фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар самти сатҳу сифати хизматрасонӣ ва таъмини ғизои мусофирон ба талабот ҷавобгӯ намебошад. Бо дарназардошти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва боло бурдани нуфузи ширкатҳои ватании соҳаи авиатсияи гражданӣ дар арсаи байналмилалӣ, ба кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ дастур дода шуд, ки масъаларо бо ба инобат гирифтани таҷрибаи пешқадами ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ омӯхта, ҷиҳати таҷдиди назар кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти сохторҳои дахлдорро ҷиҳати пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҳолатҳои ғасби ғайриқонунии замин ва сохтмони манзили истиқомативу дигар иншоот пурзӯр намоянд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасӣ шуданд ва вобаста ба онҳо қарорҳо қабул гардиданд. Доир ба рафти он таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат иброз намоед. Нест.

Бо истифода аз фурсат ба аъзои Маҷлиси миллӣ дар роҳи амалӣ намудани ҳадафҳои олии милливу давлатӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлат ва ҷомеа, ваҳдату ҳамбастагӣ, густариши раванди созандагиву бунёдкорӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвари азизамон барору комёбиҳо таманно карда, ба шумо, ҳозирини гиромӣ саломатию хушбахтӣ орзу менамоям.

Бо ҳамин Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ