Нуру зиёи миллат

№137 - 138 (3931 - 3932) 15.11.2018

Зиҳӣ, эй Пешвои миллати ман,

Амон бошӣ барои миллати ман.

Зиҳӣ, фархундамарде, ки ба дунё,

Расонидӣ садои миллати ман.

Дар ин олам намеёбам касеро,

Чу ту дардошнои миллати ман.

Ҳама ранҷи Ватанро баргирифтӣ,

Ало ранҷозмои миллати ман.

Зи Роғун – пойтахти нури дунё,

Бубин нуру зиёи миллати ман.

Худо бар мо туро аз ғайби худ дод,

Иҷобат шуд дуои миллати ман.

Бимон сад солу сад қарну ҳамеша,

Бимон, эй Пешвои миллати ман.

Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон