Офаридгор инсониятро барои зиндагиву созандагӣ халқ намудааст, на баҳри худкушӣ

№147 (3941) 08.12.2018

Суханронии Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Конференсияи байналмилалии 150-солагии Эъломияи Санкт — Петербург «Оид ба манъ кардани истифодаи баъзе намудҳои тирҳои тарканда дар замони ҷанг: матнҳои нав, аҳамияти пешина» Санкт — Петербург, 30 ноябри соли 2018

img_7830Муҳтарам Валентина Ивановна, Ҷаноби Петер Маурер, Ҳамкорони гиромӣ, Хонумон ва ҷанобони азиз!

Қобили зикр мебошад, ки шаҳри Санкт-Петербург дар замони муосир низ яке аз марказҳои муколамаи ҷаҳонӣ, ки ҷиҳати нигаҳдорӣ ва таҳкими башардӯстӣ бо мақсади пойдории сулҳ равона гардидааст, боқӣ мемонад.

Басо рамзист, ки дар ин шаҳр Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пайваста ҳамчун ташаббускори гузарондани форуму конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ якҷоя бо ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба масоили мубрам, ки ҷомеаи башариро ба ташвиш меоранд, амал мекунад, ки дар ин самт саҳми Валентина Ивановна Матвиенко назаррас аст.

Далели рӯшани он конференсияи имрӯза мебошад, ки ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ ва масоили ҳифзи ҳуқуқ, шараф ва номуси инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.

Тавре бархӯрдоред, дар шаҳри соҳили Нева 150 сол қабл Эъломияи Санкт-Петербург «Дар бораи манъи истифодаи тирҳои тарканда ва оташангез» қабул гардида буд, ки нақши калидӣ бозида, барои ба вуҷуд омадани равияи нави тафаккури ҷамъиятӣ, дар бобати он ки бо вуҷуди моҳияти зиддибашарӣ доштани ҷанг, ба саломатии аскарон зарари беҳуда расондан, хароб намудани иншооти гражданӣ, ҳуҷум намудан ба аҳолии осоишта ва умуман, дар муносибатҳои ҳарбӣ бештар инсондӯстӣ зоҳир намудан асос гузошт ва аз ин қарина аҳамияти худро аз даст надодааст.

Ҳамкасбони муҳтарам!

Тавре ба ҳамагон маълум аст, бо тараққиёти тамаддуни башарӣ намудҳои нав ба нави силоҳ ихтироъ мегарданд, ки ба ҷони инсонҳо хатари бештар доранд. Онҳо хилофи талаботи ҳуқуқҳои байналмилалии гуманитарӣ ва ақли солим сохта, паҳн карда мешаванд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ, моҳиятан, имконияти пешгирӣ намудани ҷангҳоро аз даст додааст.

Инкишофи ҷомеа ва дар баробари он халалдор шудани арзишҳои инсонӣ дар солҳои охир, мутаассифона, касро ба андешае водор месозад, ки инсон аз вазифаи созандагиву хайрхоҳонаи азалии хеш дур шуда, дар даврони мо худ ба силоҳи хатарнок ва пешгӯинашаванда, силоҳи қатли оми ақлҳо, хулқҳо ва арзишҳои дигари умумибашарӣ табдил меёбад.

Тавре мебинем, реша на танҳо дар силоҳ — чӣ гунае ки он набошад, балки дар ақли инсонҳо, амалҳои эшон, сиёсати пешбарандаи онҳо ва ҳадафҳои онҳост.

Ҳодисаҳои асри ХХI далели онанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо падидаҳои даҳшатноктарини ҷангҳо, терроризм ва экстремизм дар ҳама шаклҳои зуҳури он дучор мешавад, ки дар натиҷа бештар одамони осоишта зарар мебинанд.

Бинобар ин, ҷангро раво донистан мумкин нест, зиёда аз ин, ҳама гуна тарзу усулҳои бурдани ҷангҳоро маҳкум бояд намуд. Айни ҳол чунин ба назар мерасад, ки барои бархе расидан ба ҳадаф ҳама гуна воситаҳоро, новобаста ба ваҳшонияту бераҳмиҳо, қобили қабул мегардонад ва ҷанг ба усули ҳалли вазифаҳои ғаразнок табдил меёбад.

Дар ин бобат он далел боиси таассуф аст, ки дар тӯли ду ҳазорсолаи сипаришуда тамаддуни башарӣ ҳанӯз воситаҳои босамару таъсирбахши бо роҳи мусолиҳатомез ҳал намудани низоъҳои байналмилалиро ба даст наовардааст.

Беш аз ин, гарчанде ки баъди анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳон пайдо гардидани силоҳи ҳастаӣ оғоз шудани ҷанг дар байни кишварҳои абарқудратро шубҳаовар, аз эҳтимол дур ва номумкин гардонд, бо вуҷуди ин, дар бештар аз даҳҳо ҷангҳои маҳдуд аз истифодаи силоҳи ғайриконвенсионӣ одамон азият мекашанд ва кушта мешаванд.

Аз ин рӯ, кайҳо вақти он расидааст, ки дар арсаи ҷаҳон воситаҳои таъсирбахши ҳалли мусолиҳатомези низоъҳои байналмилалӣ ба вуҷуд оварда шаванд.

Ба андешаи мо, басо муҳим аст, ки бо истифодаи таҷрибаи бадастомада аз номи парламентҳои Иттиҳод ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ба Созмони Милали Муттаҳид дар бораи қабули санади заминавӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ оид ба усулҳои ҳалли мусолиҳатомези низоъҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ (маҳдуд) муроҷиатномае қабул намоем. Зеро Офаридгор инсониятро баҳри зиндагиву созандагӣ халқ намудааст, на баҳри худкушӣ!

Бинобар ин, дар ҳама сатҳҳо моро зарур аст, ки ҷиҳати ғалабаи ақл бар ҷаҳолат тамоми неру, саъю кӯшиш ва ҷидду ҷаҳдамонро барои идома ёфтани ҳаёти хушбахтона ва осоишта дар сайёраи Замин равона созем!

Иҷозат диҳед, дӯстони азиз, ба ҳамаи шумо дар ин ҷода муваффақият таманно намуда, изҳори умедворӣ намоям, ки мо — иштирокчиёни Конференсияи мазкур бо дарки масъулияти бузург барои расидан ба ҳадафи асосӣ — аз байн бурдани ҳама гуна ҷангҳо дар сафҳои пеши амалисозандагони ин ҳадаф қарор хоҳем гирифт.

Ташаккур барои таваҷҷуҳатон!