Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Ҳолати зеристгоҳҳои барқӣ дар Душанбе ва системаи обёрӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон беҳ гардонида мешаванд

№49 (3843) 21.04.2018

DSC_896619 апрели соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

 РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 52 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо фарогирии масъалаҳои зерин қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ

3. Дар бораи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон

4. Дар бораи Созишномаи грантӣ (гранти №TFOA6507) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

5. Дар бораи Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ

6. Дар бораи Мактуб-созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба пешниҳод намудани пешпардохт барои омодасозии лоиҳаи «Таъмини қувваи барқ дар зимистон» (№Q9800-TJ)

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағ­йироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

 Рустам ШОҲМУРОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Мақсад мутобиқ намудани меъёрҳои он ба тағйиру иловаҳое, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» ба ҳисоб меравад.

Лоиҳа аз 3 қисм иборат мебошад. Тағйироти 1 ва 2 хусусияти таҳрирӣ дошта, мутобиқи он аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ гардида, дар моддаи 2 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шудаанд. Мутобиқи қисми 3-юми лоиҳа ва дар иртибот бо муқаррароти моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ба қонун моддаи 461 илова карда, дар асоси он Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъсис дода мешавад. Фонди мазкур ба андозаи 0,2 фоизи даромади ҷории Буҷети давлатӣ муқаррар гардидааст. Ба Фонд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ихтиёрдорӣ намуда, маблағҳои он мувофиқи қарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат хароҷот мешаванд. Маблағгузории Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҳисоби Буҷети давлатӣ баъди қатъи ваколати президентии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат оғоз мегардад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо – вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва буҷет Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ гардонидани он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинобар ворид шудани тағйиру иловаҳо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз 22 майи соли 2016, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Мувофиқи тағйироти ба моддаи 65 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат­ро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Тибқи лоиҳаи қонуни зикргардида, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи 461 Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

1. Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба андозаи 0,2 фоизи даромади Буҷети давлатӣ муқаррар гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ дохил мешавад.

2. Тартиби ихтиёрдорӣ намудани маблағҳои Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

3. Маблағгузории Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҳисоби Буҷети давлатӣ баъди қатъи ваколати президентии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат оғоз мегардад».

Лоиҳаи қонун дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ва барои такмил се таклиф пешниҳод намуданд, ки яктои он қабул шуд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала – «Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур дода мешавад.

 РАҲИМЗОДА Султон Нурмаҳмадпур:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди энергетикаро яке аз самтҳои муҳимтарини иқтисодиёти ҷумҳурӣ, соҳаи афзалиятноки рушди устувори кишвар ва аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳиму стратегии Ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат муайян кардаанд.

Бо мақсади беҳ намудани сатҳи таъминоти неруи барқ дар пойтахти кишвар аз ҷониби вазорат вобаста ба сохтмони як адад зеристгоҳи нави 110 кВ ва таҷдиди зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Промышленная» дар шаҳри Душанбе ба Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ барои ҷудо намудани маблағҳои грантӣ дархости лоиҳавӣ ирсол шуда буд. Агентии мазкур моҳи апрели соли 2015 ҷиҳати роҳандозӣ гардидани лоиҳаи мазкур розигӣ дод.

Дар ин раванд, тибқи қоидаҳои дохилии Агентии Ҷопон, ширкати ҷопонии Asia Engineering Consulting Co.,Ltd ҳамчун ширкати мушовирӣ интихоб гардида, аз ҷониби он дар ҳамбастагӣ бо вазорат ва ШСХК «Барқи Тоҷик» асосноккунии техникии иқтисодии лоиҳа омода ва ба ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ирсол шуд.

Тибқи ҳисоботи техникӣ, арзиши лоиҳаи мазкур тахминан 20,0 млн. доллар арзёбӣ гардида, Агентии Ҷопон тасмим гирифтааст, ки як зеристгоҳи барқии нави 110/35/10 кВ-ро дар ­ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо насби ду адад трансформатори 40 МВА ва таҷдиди зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Промышленная»-ро тавассути иваз намудани ду адад трансформатори 25 МВА ба трансформаторҳои 40 МВА ва пурра иваз намудани чашмакҳои барқии 35 ва 10 кВ маблағгузорӣ намояд.

Зероистгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Промышленная» ҳанӯз солҳои 70 — уми асри гузашта сохта шуда, айни замон таҷҳизоти он куҳнаю фарсуда гардидаанд.

Ҳамчунин, бо дарназардошти афзоиши ҳаҷми истифодаи неруи барқ, трансформаторҳои он дар ҳолати серборӣ қарор дошта, дар мавсими тирамоҳу зимистон зерист­гоҳ ба мушкилии зиёд дучор мегардад.

Татбиқи лоиҳаи пешбинигардида имкон фароҳам меорад, ки иқтидори трансформаторҳои зеристгоҳи мазкур то ба 40 МВА бардошта шуда, боиси муътадил гардидани фаъолияти зеристгоҳ ва таъминоти неруи барқ дар ноҳияи Синои пойтахт гардад.

Ҳамчунин, тавассути сохта, ба истифода додани зеристгоҳи нави 110/35/10 кВ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ шабакаҳои барқӣ дар ноҳия аз серборӣ озод гардида, дар натиҷа, ҷиҳати кам гардидани талафоти техникӣ ва баланд гардидани сатҳи таъминоти неруи барқ заминаи хуби техникӣ гузошта мешавад.

Дар робита ба ин, 14 январи соли 2017 байни вазорат, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Гурӯҳи кории Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналхалқӣ доир ба ҳисоботи техникии омодагардидаи лоиҳа протоколи дахлдор ва 30 июни соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии мазкур ба маблағи 2,2 миллиард йени ҷопонӣ созишномаи грантӣ ба имзо расонида шуд.

Бисту сеюми октябри соли 2017 доир ба интихоби ширкати пудратӣ озмун эълон гардид. Баъд аз ­ҷамъбасти натиҷаҳои он, 26 январи соли ҷорӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати муштараки ҷопонии Nishizava Limited –Tosniba –Takaoka Engineering шартнома ба имзо расид. Айни замон, коршиносони ширкати мушовирӣ ва пудратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо шарикони маҳаллии худ корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯиро оғоз намудаанд.

Ҳамчунин, ҳоло ҷиҳати иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои солҳои 2017- 2025» вазорат бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати роҳандозӣ намудани лоиҳаҳо вобаста ба сохтмони зеристгоҳи нави барқӣ дар шаҳри Душанбе ҳамкориҳоро идома медиҳад.

Аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба ҷаласаи имрӯза сардори Раёсати идоракунӣ, тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои об Сафарзода Манучеҳр Баҳодур даъват шудаанд. Муҳтарам Сафарзода, татбиқи лоиҳа ба зиммаи кадом ташкилот хоҳад буд?

Манучеҳр САФАРЗОДА: - Муҳтарам Раис! Ҳама таҷҳизоти асосӣ барои татбиқи лоиҳаи мазкур аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад. Корҳои сохтмониро ширкату идораҳои ватанӣ анҷом хоҳанд дод. Назорати умумии иҷрои корҳо аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об ба роҳ монда мешавад. Агентӣ ва ширкати мушовирӣ низ назорати иҷрои лоиҳаро амалӣ менамоянд.

РАИС: — Тендерро шумо доир менамоед?

Манучеҳр САФАРЗОДА:

- Тибқи муқаррароти созишнома, чун он созишномаи грантӣ аст, Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ тендерро дар Япония баргузор намуд ва ширкати пудратӣ ва мушовирӣ аз ҷониби онҳо интихоб карда шуд. Тибқи тендери баргузоршуда, ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ба ҳайси пудратчӣ интихоб гардид. Ширкати мазкур яке аз ширкатҳои бонуфуз буда, дар аксари лоиҳаву барномаҳои дар ҷумҳурӣ татбиқшаванда иштирок менамояд.

РАИС: — Маблағи созишномаи грантии мазкур хеле калон буда, назорати истифодаи оқилона ва мақсадноки онро бояд таъмин намуд.

Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Нидозода Ҳусейн Болта дода мешавад.

Нидозода Ҳусейн Болта:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ки 30 июни соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Маблағи умумии он 2 млрд. 190 000, 000 млн. йени Япония (тахминан 20,0 млн. доллари ИМА) — ро ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур имконият фароҳам меорад, ки як қисми шабакаҳои барқӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои пойтахт аз серборӣ озод карда, ҷиҳати кам намудани талафоти техникии неруи барқ заминаи хуби техникӣ гузошта шавад.

Лоиҳаи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» ба «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016- 2020» ворид карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳо тасдиқ намудани Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала – «Дар бораи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода дода мешавад.

 ЗОҲИДӢ Низомиддин Шамсиддинзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон 9 марти соли ҷорӣ дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Шартнома тибқи моддаи 6-уми он бояд тасдиқ карда шавад ва аз рӯзи мубодилаи тасдиқномаҳо ­эътибор пайдо мекунад. Он аз дебоча ва 6 модда иборат буда, ба Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 5 октябри соли 2002 асос меёбад. Шартнома дорои се замима, якум — тавсифи гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикис­тону Ӯзбекистон аз рӯи қитъаҳои алоҳида, дуюм – харитаҳои топографӣ, сеюм – харитаҳои электронӣ мебошад, ки қисми ҷудонопазири шартнома ба ҳисоб мераванд.

Тарафҳои Аҳдкунанда ба мувофиқа расиданд, ки қисми боқимондаи хатти сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекис­тонро аз нуқтаи сарҳадии № 116 то нуқтаи сарҳадии № 117 бо шартномаи алоҳида муайян намоянд.

Шартнома делимитатсияи 192,37 километри хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар гирифта, дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми мутақобила ва баробарҳуқуқӣ, дар асоси принсипҳои эҳтироми мустақилият, соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳадҳои давлатии ҳар ду кишвар, дахолат накардан ба корҳои дохилии ҳамдигар, якдигарфаҳмӣ ва боварии мутақобила таҳия гардида, ба мақсади дақиқ ва муайян кардани гузариши хатти сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар қитъаҳои алоҳида аз тарафи президентҳои ҳар ду кишвар ба имзо расонида шуд.

Аз шумо – муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.

Аҳматҷон ҚОБИЛОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он аз дебоча ва 6 модда иборат буда, бо мақсади дақиқ ва муайян кардани гузариши хатти сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расидааст. Инчунин, дар қитъаҳои алоҳида Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикис­тону Ӯзбекистон, ки 5 октябри соли 2002 ба имзо расидааст, мутобиқи моддаҳои 3, 5, 6 ва 7- уми он ба танзим дароварда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки шартномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ (гранти № ТFO А 6507) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» оғоз менамоем.

Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

КАРИМЗОДА Ҷамшед Абдураҳмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Яке аз афзалиятҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи устувори сиёсати самараноки рушди кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи мазкур аз тамоми имконият истифода бурда, дар ин ҷода татбиқи барномаҳои зарурии кишоварзиро амалӣ намуда истодааст.

Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 январи соли 2018 Созишномаи грантӣ (гранти № TFОA6507) вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон»-ро ба маблағи 13,96 млн.евро (16,40 млн.долл.ИМА) ба имзо расонид.

Мақсади лоиҳа аз ­мустаҳкам намудани асоси институтсионалӣ барои банақшагирӣ ва идоракунии обёрӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва такмил додани шароит ва идоракунии иншооти обёрӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва ноҳияҳои назди ҳавзаи Сирдарё иборат буда, ҳадафи асосӣ, пеш аз ҳама, барқарор намудани инфрасохтори обёрӣ, афзоиши ҳосили зироатҳои муайян дар натиҷаи беҳтар гардидани системаҳои обёрӣ, инфрасохтори он ва таҳкими иқтидории татбиқи идораи маҷмӯии захираҳои об мебошад.

Лоиҳа дар шаҳри Панҷакент ва чор ноҳияи вилояти Суғд – Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Шаҳристон ва Деваштич татбиқ мегардад.

Лоиҳа аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

Қисми 1: Барқарорсозии иншооти обёрӣ (ба маблағи 11,75 млн. доллари амрикоӣ):

- Барномаи барқарорсозии каналҳои хурди обӣ;

- Барқарорсозии системаҳои бузурги ирригатсионӣ;

- Корҳои таъҷилӣ чун вокуниш ба обхезӣ ва хариди таҷҳизот.

Дар қисмати мазкур корҳо ҷиҳати барқарорсозии каналҳо, чоҳҳои амудӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва ғайра дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа амалӣ карда мешаванд, ки дар натиҷа 34 330 гектар замин обёрӣ мегардад.

Аз ҷумла:

- дар шаҳри Панҷакент (ба ­маблағи 5,87 млн.доллари амрикоӣ) барқарорсозии каналҳо, чоҳҳои амудӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ бо мақсади обёрӣ намудани 21 235 га замин;

- дар ноҳияи Айнӣ (ба маблағи 84,72 ҳазор доллари амрикоӣ) барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ (Дастивар 1 ва 2, Сангистон) бо мақсади обёрӣ намудани 525 гектар замин;

- дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (ба маблағи 665,66 ҳазор доллари амрикоӣ) тоза ва барқарорсозии каналҳои худҷорӣ дар деҳоти «Лангар» ва «Иван Тоҷик» бо мақсади обёрӣ намудани 2745 гектар замин;

- дар ноҳияи Деваштич (ба ­маблағи 435,83 ҳазор доллари амрикоӣ) барқарорсозии инфрасохторҳои обёрии деҳоти «Ҷануби Деваштич» ва барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ бо мақсади обёрӣ намудани 4325 гектар замин;

- дар ноҳияи Шаҳристон (ба ­маблағи 665,83 ҳазор доллари амрикоӣ) барқарорсозии инфрасохторҳои обёрии деҳоти «Бунҷикат» ва «Шаҳристон» ва таҷдиди қубурҳои обгузар бо мақсади обёрӣ намудани 5500 га замин.

Қисми 2: Рушд ва мустаҳкам намудани муассисаҳо оид ба идоракунии обёрӣ ва захираҳои обӣ (ба маблағи 3,52 млн. доллари амрикоӣ):

- Идоракунии системаи асосии обёрӣ ва ҳавзаи дарё;

- Идоракунии системаи обёрӣ дар сатҳи маҳал;

- Навсозӣ ва таҷҳизонидани сохтмонҳои ёрирасон.

Қисми 3: Идоракунии лоиҳа (ба маблағи 1,13 млн. доллари амрикоӣ).

Инчунин, дар доираи Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба масофаи 3350 метр дар ҳудуди шаҳри Панҷакент (ба маблағи 490,0 ҳазор доллари амрикоӣ) ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ зиёда аз 1300 гектар замин аз шусташавӣ эмин нигоҳ дошта мешавад.

Дар маҷмӯъ, амалӣ намудани ­лоиҳаи мазкур ба рушди соҳаи кишоварзии мамлакат ва такмили минбаъдаи заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани низоми идоракунии якҷояи захираҳои об ва гузаронидани ислоҳот дар бахши об нақши муҳим мебозад.

Хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон Ҷусупович дода мешавад.

 Олимҷон САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (гранти № TFОA 6507) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 16 январи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 9 апрели соли 2018, № 1658 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Маблағи лоиҳа 13962,00 ҳазор евроро ташкил намуда, аз ҳисоби гранти Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд маблағгузорӣ мешавад.

Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур мустаҳкам намудани заминаи институтсионалӣ барои банақшагирӣ ва идоракунии обёрӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва беҳтар намудани шароит ва идоракунии инфрасохтори обёрӣ дар ҳавзаи дарёи мазкур ва ноҳияҳои ҳамшафат дар ҳавзаи Сирдарё мебошад.

Лоиҳа аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

Қисми 1: Барқарорсозии иншооти обёрӣ:

- Барномаи барқарорсозии каналҳои хурди обӣ;

- Барқарорсозии системаҳои бузурги ирригатсионӣ;

- Корҳои таъҷилӣ чун вокуниш ба обхезӣ ва хариди таҷҳизот.

Қисми 2: Рушд ва мустаҳкам намудани муассисаҳо оиди идоракунии обёрӣ ва захираҳои обӣ:

- Идоракунии системаи асосии обёрӣ ва ҳавзаи дарё;

- Идоракунии системаи обёрӣ дар сатҳи маҳал;

- Навсозӣ ва таҷҳизонидани сохтмонҳои ёрирасон.

Қисми 3: Идоракунии Лоиҳа.

Татбиқи лоиҳа соли 2018 оғоз ёфта, 31 декабри соли 2020 ба анҷом мерасад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохт­мон ва коммуникатсия панҷ таклиф ва аз ҷониби шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон як таклиф пешниҳод гардида, дастгирӣ ёфт.

Кумитаи масъул созишномаи мазкурро ба баррасии шумо пешниҳод менамояд. Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Лоиҳаи мазкур аз ҷониби кӣ пешниҳод шудааст?

Ҷамшед КАРИМЗОДА: — Аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молия ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

РАИС: — Дар лоиҳа барқарорсозии системаҳои обёрӣ, аз ҷумла системаҳои ирригатсионӣ, каналҳо, бартарафсозии таъҷилии обхезиҳо, идоракунии системаи обёрӣ, азхудкунии заминҳо дар шаҳру ноҳияҳои шомили ин лоиҳа нишон дода шудааст. Ин корро, ба фикри инҷониб, Агентии боздошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ анҷом медиҳад.

Мо мушоҳида мекунем, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо Агентии мазкур ҷалб карда намешавад. Вазорату идораҳои дигар мутахассис надоранд. Аз ин рӯ, вақте ки барнома тарҳрезӣ ва таҳия мешавад, ин масъалаҳоро бояд дар мадди назар дошт. Дар ниҳояти кор пурсиш аз Агентӣ мешавад, на аз каси дигар. Нигоҳубини системаҳои обёрӣ, кофтану тоза кардани каналҳо ва дигар иншооти соҳаро Агентӣ ба зимма дорад. Вазорати молия харҷи маблағро назорат мекунад, вале кори амалиро Агентӣ ба иҷро мерасонад.

Маркази татбиқи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои оби водии Фарғона татбиқгари ин лоиҳа мебошад. Дар ҷаласа муовини директори маркази номбурда Ҷумаев Сабур ҳузур доранд. Муҳтарам Ҷумаев, дар хусуси лоиҳа чӣ гуфта метавонед?

Сабур ҶУМАЕВ: — Муҳтарам Раис! Татбиқгари лоиҳаи мазкур Маркази татбиқи лоиҳаи «Идоракунии захираҳои оби водии Фарғона» ҳисоб меёбад. Барои харидории таҷҳизот ва иҷрои корҳои садамавию зиддиселӣ 1940 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ҷудо шудааст.

Дар қисмати аввали лоиҳа ба маблағи 7410 ҳазор доллари амрикоӣ дар шаҳру ноҳияҳо барои барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идораи захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёи Зарафшон ба нақша гирифта шудааст.

РАИС: - Аз ҷадвали пешниҳодшуда бармеояд, ки барои хароҷоти иловагии пешбининашуда маблағи калон — 2400 ҳазор доллари амрикоӣ ва рушду таҳкими институтҳои идоракунии иншооти ирригатсионӣ ва захираҳои об 3520 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Магар маркази шумо навтаъсис аст, ки маблағи калонро ба ин мақсадҳо ҷудо карданд? Бар ивази ин техникаю таҷҳизот харидан мумкин набуд? Аз назари ман, баъзе масъалаҳоро таҷдиди назар кардан лозим буд, ки дастгирие барои соҳа гардад. Умуман, агар лоиҳаи мазкур бо ширкати фаъолу бевоситаи роҳбарони Агентӣ таҳия ва пешниҳод мегардид, масъалаҳои муҳим, аз қабили хариди техникаву таҷҳизоти зарурӣ ба эътибор гирифта мешуд.

РАИС: — Оид ба ин масъала кӣ савол дорад? Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Барои татбиқи созишнома 13962 ҳазор евро пешбинӣ гардидааст. Агар онро бо сомонӣ ифода намоем, ба 152 миллиону 465 ҳазор сомонӣ баробар мешавад. Аз ин маблағ беш аз 65 миллион сомонӣ барои шаҳру ноҳияҳо ҷудо шудааст. Маблағи боқимонда ба куҷо хароҷот мегардад?

Ҷамшед КАРИМЗОДА: — Ман ҳангоми суханронӣ дар хусуси ба кадом самтҳо харҷ шудани маблағи барои татбиқи лоиҳа пешбинишуда ишора кардам.

РАИС: — Агар дар ҷадвали пешниҳодшуда хароҷоти аниқи маблағҳо дарҷ мешуд, ин саволи вакил ба миён намеомад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ (гранти № TFOА6507) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

 КАРИМЗОДА Ҷамшед Абдураҳмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи I» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ 1 авгус­ти соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 60,0 млн.доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Маблағи умумии лоиҳа 350,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуда, аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд – 17 (АБР-17) – 57,8 млн. доллари ИМА, қарзи имтиёзноки АБР-17 – 69,135 млн. доллари ИМА, қарзи АБР – 17 – 100,0 млн. доллари ИМА, қарзи Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ – 60,0 млн. доллари ИМА ва қарзи Бонки авруосиёгии рушд – 40,0 млн. доллари ИМА маблаггузорӣ мешавад.

Маблағи қарзии Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба муҳлати 25 сол, аз ҷумла 5 сол муҳлати имтиёзӣ, ҷалб шуда, меъёри фоизи он LIBOR + 1,15 фоизро дар як сол ташкил медиҳад.

Вазифаи асосии лоиҳа барқарорсозии НБО-и «Норак» ба воситаи иваз ва таъмир намудани таҷҳизоти механикӣ, электрикӣ ва электромеханикӣ, ивази автотрансформаторҳо ва корҳо вобаста ба бехатарии саддро дар бар мегирад.

НБО-и «Норак» солҳои 70-уми асри гузашта сохта, ба истифода дода шуда, зиёда аз 40 сол аст неруи барқ истеҳсол менамояд. Айни замон, бинобар куҳнаву фарсуда гардидани таҷҳизот, тавоноии агрегатҳо аз 25 то 30 МВт кам гардидааст.

Пас аз пурра ба анҷом расонидани корҳои таҷдиду барқарорсозӣ иқтидори неругоҳ 8-10 фоиз афзоиш ёфта, аз 3 000 МВт то ба 3 300 МВт расонида мешавад. Истеҳсоли миёнаи неруи барқ низ афзоиш ёфта, инчунин муҳлати истифодабарии таҷҳизот зиёд мегардад.

Лоиҳа барои дастгирии соҳаи энергетика, ки асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро ташкил медиҳад, баланд бардоштани сифати хизмат­расонӣ ва пешрафти соҳа мусоидат мекунад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2018 оғоз гардида, то соли 2023 идома хоҳад ёфт.

Лоиҳа аз 3 қисмат иборат мебошад:

1. Барқарорсозии 3 адад агрегат

2. Таъмини бехатарии садд

3. Кумаки техникӣ.

Дар маҷмӯъ, бо татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур, талафоти қувваи барқ кам гардида, ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти қувваи барқ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи энергетика беҳтар мегардад.

Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд вобаста ба лоиҳаи мазкур 2 июни соли 2017 дар ҳаҷми умумии 226,9 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуда, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 декабри соли 2017 № 971 тасдиқ гардидааст.

Аз шумо — муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

 АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи баррасишаванда, ки 1 августи соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон он барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Ҳадафи асосии созишнома таҷдиди истеҳсолии се блоки энергетикии неругоҳ, беҳтар намудани самаранокии онҳо ва баланд бардоштани бехатарии сарбанди он мебошад.

Таҷдиди се блоки энергетикӣ ва беҳтар намудани самаранокии онҳо ду қисмат, баланд бардоштани бехатарии сарбанд панҷ қисмат, дар маҷмӯъ, ҳафт қисматро дар бар мегиранд, ки онҳо дар созишнома мушаххас нишон дода шудаанд.

Созишномаи мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд. Он дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ гардид.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ мухолифат надорад.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба ҷаласа муовини якуми раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Асозода Муҳаммадумар Шамсулло даъват шудаанд. Муҳтарам Асозода, шумо дар мавриди созишномаи мазкур чӣ гуфта метавонед?

Муҳаммадумар АСОЗОДА: - Муҳтарам Раис, бо дарназардошти он ки агрегатҳои неругоҳ беш аз 40 сол аст фаъолият мекунанд, ниёз ба таъмир доранд ва созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1» имкон фароҳам меорад, ки тавоноии агрегатҳо барқарор гардида, неругоҳ мисли пештара пурра фаъолият намояд. Ҳоло мавсими камобии неругоҳ аст ва тасдиқи созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки таъмири таҷҳизоту агрегатҳо оғоз ёбад.

РАИС: - Неругоҳи барқи обии «Норак» солҳои зиёд ҳамчун неругоҳи калидии мамлакат маҳсуб меёфт ва солҳои дигар низ чунин хоҳад монд. Имрӯз қисмати зиёди ҷумҳурӣ маҳз аз ин неругоҳ бо барқ таъмин мешавад. Фаъолияти неругоҳи мазкур таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бо дастгирии Сарвари давлат солҳои охир чанд агрегати неругоҳ мавриди таъмир қарор гирифт. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа боз се агрегати неругоҳ мавриди таъмири асосӣ қарор мегирад. Инчунин, корҳои зарурӣ барои таъмини бехатарии садди неругоҳ ба иҷро расонида мешаванд.

Барои анҷоми корҳо, дар маҷмӯъ, 350 миллион доллар хароҷот мешавад, ки тадбирҳои пешгирифта босифат ва сари вақт ба сомон расонида шаванд. Ин корҳоро кӣ анҷом медиҳад?

Муҳаммадумар АСОЗОДА: — Корҳои тибқи лоиҳа банақшагирифташуда аз ҷониби мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ҷалби як қатор ширкатҳои пудратии ватанӣ ба анҷом расонида мешаванд.

РАИС: — Кӣ оид ба масъала савол дорад? Марҳамат, сухан ба Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Ман донистан мехоҳам, ки пардохти қарзи созишнома чӣ гуна амалӣ мегардад? Зеро қурби доллар шояд баъди панҷ соли оянда баланд шавад.

Ҷамшед КАРИМЗОДА: — Пардохти ҳама қарз дар асоси барномаи идоракунии қарзи давлатӣ, бо дарназардошти ҳамаи омил, амалӣ карда мешаванд. Ин уҳдадории давлат аст ва пардохти қарзҳо сари вақт амалӣ мегарданд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Мактуб-созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба пешниҳод намудани пешпардохт барои омодасозии лоиҳаи ­«Таъмини қувваи барқ дар зимистон» (№ Q9800-TJ)» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба ­­муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

 КАРИМЗОДА Ҷамшед Абдураҳмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ! 

Мактуб-созишнома оид ба пешниҳод намудани пешпардохт барои омодасозии лоиҳаи «Таъмини қувваи барқ дар зимистон» (№ Q9800-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 31 июли соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Маблағи умумии он 5 млн. доллари амрикоиро ташкил намуда, ҳамчун қарз барои расонидани кумак ва омодасозии лоиҳаи «Таъмини қувваи барқ дар зимистон» пешниҳод гардидааст. Мақсади асосии лоиҳа аз мусоидат дар омода намудани лоиҳаи пешниҳодгардидаи таъмини барқ дар давраи зимистон иборат мебошад, ки ба кам намудани норасоии қувваи барқ дар давраи зимистон бо роҳи беҳтарсозии дастрасии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи барқ дар давраи зимистон равона гардидааст.

Маблағи қарзи Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба муҳлати 20 сол, аз ҷумла 5 сол муҳлати имтиёзӣ, ҷалб шуда, меъёри фоизи қарз дар як сол 3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар доираи он чорабиниҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

- омода намудани лоиҳаи «Барқарорсозии (таҷдид) НБО-и Норак»;

- гузаронидани тадқиқот оид ба барқарорсозӣ ва таъмини бехатарии сарбанди Неругоҳи барқи обии «Норак»;

- гузаронидани тадқиқот оид ба ҳолати такшиншавии НБО-и «Норак» ва тадқиқоти иловагии марбут ба НБО-и «Норак»;

- гузаронидани тадқиқот дар мавриди чораҳои таъминоти неруи барқ дар фасли зимистон;

- насби ҳисобкунакҳои барқӣ дар шаҳри Душанбе;

- расонидани кумаки техникӣ ба ШСХК «Барқи Тоҷик» барои иҷрои Барномаи беҳтар намудани менеҷменти молиявӣ, аз ҷумла баҳодиҳии қарзҳои кредиторию дебиторӣ ва насби таъминоти барномавии 1С барои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ;

- расонидани кумаки техникӣ ба ШСХК «Барқи Тоҷик» барои беҳтар намудани низоми идоракунии тиҷоратӣ;

- омода намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ барои соли якуми амалисозии лоиҳа оид ба таъминоти неруи барқ дар фасли зимистон;

- мусоидат ба ШСХК «Барқи Тоҷик» дар гузаронидани аудити пешпардохт барои омодасозии лоиҳа ва аудити ШСХК «Барқи Тоҷик».

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ РАҶАБОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мактуб-созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба пешниҳод намудани пешпардохт барои омодасозии лоиҳаи «Таъмини қувваи барқ дар зимистон» (Q9800-TJ) аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.

Мақсад аз он беҳтар намудани дастрасии аҳолии Тоҷикистон ба неруи барқ дар фасли зимистон мебошад. Инчунин, дар доираи лоиҳа баанҷомрасонии як қатор корҳо, ки дар доираи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ» оғоз гардида буданд, ба нақша гирифта шудааст.

Мактуб-созишномаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки мактуб — созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Мактуб-созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба пешниҳод намудани пешпардохт барои омодасозии лоиҳаи «Таъмини қувваи барқ дар зимистон» (№ Q9800-TJ) ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дода мешавад.

АЛАМШОЗОДА Абдураҳмон Аламшо:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Он дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 феврали соли 2017, ки дар вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе баён ­доштанд, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ташрифи ғайримақсадноки ноболиғон ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ таҳия шудааст.

Тибқи таҳлили натиҷаҳои фаъолияти амалии мақомоти таҳқиқу тафтишот, қисмати бештар ноболиғоне, ки ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкунӣ содир менамоянд, ноболиғони аз назорати падару модар берунмонда ва бештари вақти худро дар марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ гузаронанда мебошанд, ки ба раванди таълим, тарбия ва рӯҳияи ахлоқии онҳо таъсири манфӣ мерасонанд.

Бинобар ин, бо мақсади пешгирӣ намудани ин ҳолатҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳия ва пешниҳод шудааст.

Тибқи лоиҳа, дар сархати нуҳуми моддаи 8-уми қонуни амалкунанда калимаи «бистсолаашонро» ба калимаи «ҳаждаҳсолаашонро» иваз карда мешавад, зеро мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ноболиғ шахси ба синни ҳаждаҳсола нарасида эътироф мешавад.

Инчунин, ба моддаи 8-уми қонуни амалкунанда сархати даҳум бо мазмуни зерин: аз соати 1800 то соати 600 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ рафтани фарзанди ноболиғи худро иҷозат надиҳанд, илова карда мешавад, ки ин ҳам барои аз ҷониби падару модар зери назорати хеш гирифтани фарзанди ноболиғ равона шудааст.

Мувофиқи талаботи қисми 4 лоиҳаи қонуни мазкур, дар номи боби 4, ном ва қисми 1 моддаи 12, ном ва матни моддаи 16 калимаи «танзим» мувофиқан ба калимаи «баррасӣ» иваз карда мешавад, ки ин характери таҳрирӣ ва муайянкунанда мебошад.

Инчунин, моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки дар он вазифаҳои мақомоти баррасикунандаи масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак пурра инъикос гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надорад.

Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабов Равшан Муҳитдинович дода мешавад.

Равшан РАҶАБОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии он, пеш аз ҳама, пешгирии ҳолатҳои ташрифи ғайримақсадноки ноболиғон ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ мебошад. Инчунин, моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар таҳрири нав ифода гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2018 №1654 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмили он 13 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 10 таклиф қабул гардид.

Кумитаи масъул 13 апрели соли 2018 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳоди ироагардидаро баррасӣ намуд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Дар чунин шакл қабул кардани лоиҳаи қонун, ба назари ман, шояд нофаҳмиҳоро, алалхусус дар байни ҷавонон, ба вуҷуд орад. Чаро чунин мегӯям? Бисёр ҷавонони 17-18-сола, ки мактаби миёнаро хатм карда истодаанд, бегоҳиҳо, баъд аз соати 18 ба интернет — кафеҳо рафта, ба имтиҳонҳо омодагӣ мебинанд. Манъ кардани рафтани онҳо ба интернет — кафеҳо магар ҳуқуқи онҳоро нақз намекунад? Шояд дар миёни онҳое, ки ба клубҳои шабона, дискоклубҳо, интернет — кафеҳо, марказҳои компютерӣ ва марказҳои дилхушкуниву тарабхонаҳо мераванд, бошанд ҷавононе, ки рафторашон боиси нигаронӣ бошад. Вале чаро онҳое, ки барои омӯзиши иловагии фанҳои таълимӣ ба он ҷойҳо мераванд, аз ин зарар бинанд? Тағйироти пешниҳодшуда оё мушкилот ба вуҷуд намеорад?

Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА:

- Муҳтарам Раис! Панҷ соли охир беш аз 60 ҳазор нафар падару модар барои амалҳои ҳуқуқвайронкунии фарзандон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Аз ҷумла, беш аз 65 фоизи падару модарон барои он ҷазо гирифтанд, ки фарзандонашон шабона ба ин гуна ҷойҳо рафта буданд. Сарчашмаи асосии зӯровариҳои дар байни ҷавонон ба мушоҳидарасанда натиҷаи тарғиби филмҳои дорои амалҳои зӯроварист, ки дар интернет — кафеҳо намоиш дода мешаванд.

Як мисоли дигарро низ мехоҳам таъкид намоям: Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ амалҳои ҳуқуқвайронкунии ҷавонон дар кишвар, асосан муштзании гурӯҳӣ, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 40 фоиз афзудааст. Ин ҳама андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.

РАИС: — Кӣ доир ба ин масъала савол дорад? Марҳамат, сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Ман пешниҳод дорам. Ба ин кор на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Хадамоти алоқа низ ҷалб шаванд. Ҳар кадоме аз онҳо дар ­масъалаи тарбияи ҷавонон масъулият бар зимма доранд. Танҳо бо кӯшиши якҷоя метавон вазъро ислоҳ кард.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дода мешавад.

АЛАМШОЗОДА Абдураҳмон Аламшо:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи банди 56 Нақша — чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ зикр гардидаанд ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 тасдиқ гардидааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни зикргардида аз фароҳам овардани шароити мусоид барои ба расмият даровардани санадҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муваққатӣ иқомат доранд, иборат мебошад. Таҷриба ва омӯзиш нишон медиҳад, ки муҳлати муқаррарӣ, яъне то 3 рӯзи корӣ, барои бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд кофӣ нест. Аз ин рӯ, тибқи талаботи лоиҳа, муҳлати зикргардида то 10 рӯзи корӣ дароз карда мешавад.

Нисбати лоиҳаи мазкур экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида, муайян карда шудааст, ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дида намешавад.

Аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 3 апрели соли 2018 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаро баррасӣ намуд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағийр ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дода мешавад.

АЛАМШОЗОДА Абдураҳмон Аламшо:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ин пешгирӣ намудани ташкили пойгаҳои ғайрирасмӣ, идора намудани воситаи нақлиёт дар пойгаҳои ғайрирасмӣ ё ба идораи шахси дигар додани воситаи нақлиёт барои иштирок дар чунин пойгаҳо бо муқаррар кардани ҷавобгарӣ ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати ду сол бо роҳи ворид намудани илова ба моддаи 326 иловаи 1 ҳамин кодекс мебошад.

Инчунин, бо мақсади ба миён овардани адолати иҷтимоӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои баробар кардани шахси ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиётро надошта ба шахсе, ки воситаи нақлиётро бо ҳуҷҷати эътиборнокиаш гузашта, номи моддаи 338 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диспозитсияи қисми 1 — уми он дар таҳрири нав пешниҳод карда шудааст. Таҳрири нави номи моддаи 338 ва диспозитсияи қисми якуми он имконият медиҳад, ки минбаъд ронандаи воситаи нақлиёти бо худ ҳуҷҷатҳои дар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пешбинишударо надошта, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои мазкур дуздида ё гум шудаанд ва ё бо ҳуҷҷати ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёт, ки муҳлати эътибораш гузаштааст, ба шахси ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиётро надош­та баробар карда нашавад. Ҳамчунин, маънидодкунии гуногуни моддаи 336 аз байн рафта, татбиқи дурусти моддаҳои 336 ва 338 Кодекси ҳуқуқвайронкунии ­маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шавад.

Илова бар ин, дар лоиҳаи қонун бо мақсади ба танзим даровардани иштироки ноболиғ додани иҷозати воридшавӣ ба клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, инчунин марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ ворид намудани моддаи 464 иловаи 1 пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади мутобиқ гардонидани меъёри моддаи 506 Кодекси мазкур ба санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ он дар таҳрири нав пешниҳод гардида, риоя накардани тартиби муқарраргардидаи таъмини низоми махфият, бе рухсатномаи дахлдор иҷро намудани фаъолияте, ки ба сирри давлатӣ алоқаманд аст, инчунин барои бе асоси қонунӣ махфигардонии маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ намебошад, ҷавобгариро пешбинӣ менамояд.

Нисбат ба лоиҳа мувофиқи талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида шуда, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дида намешавад.

Аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимов Хайриддин Саидович дода мешавад.

 АБДУРАҲИМОВ Хайриддин Саидович:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Мутобиқи моддаи 7 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 3 ва 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, яке аз намудҳои фаъолияти асосии мақомоти давлатӣ ва ташкилот ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, такмили қонунгузории соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар самти ҳифзи сирри давлатӣ мебошад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида натиҷаи омӯзиши чандсола дар самти ҳифзи сирри давлатӣ мебошад. Моддаи 506 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне «Бе иҷозати дахлдор иҷро намудани фаъолияте, ки бо сирри давлатӣ алоқаманд аст», танҳо қисме аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи сирри давлатиро ба танзим медарорад. Саридора бо дарназардошти таҷрибаи қонунгузории ҷумҳурӣ ва давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, онро мавриди таҳлил қарор дода, моддаи мазкурро дар шароити имрӯзаи ҷомеа ва талаботи санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ такмил дода, дар таҳрири нав пешниҳод менамояд.

Моддаҳои 13 — 18 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» маълумотеро, ки бояд махфӣ гардонида шавад, муқаррар кардаанд, вале таҷриба нишон медиҳад, ки баъзе аз вазорату идораҳо принсипҳои махфигардонии маълумоти дорои сирри давлатиро, ки дар моддаи 20 – уми қонуни мазкур ифода ёфтаанд, ба инобат нагирифта, маълумоти ғайримахфиро беасос махфӣ мегардонанд ва дар натиҷа, дастрасии онҳо ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ маҳдуд мегардад.

Дар робита ба ин, қисми 3 моддаи 22 — юми қонуни мазкур истифодаи муҳри махфиятро барои махфигардонии маълумоте, ки ба сирри давлатӣ мансуб намебошад, иҷозат намедиҳад. Инчунин, қисми 2 моддаи 21 — уми қонуни мазкур муқаррар намудааст, ки шахсони мансабдоре, ки қарор оид ба махфигардонии маълумоти дар қисми 1 моддаи мазкур зикршударо ва ё бо ин мақсад ба омилҳои маълумоти дорои сирри давлатӣ дохил намудани онҳоро қабул кардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аммо то имрӯз дар ягон санади меъёрии ҳуқуқӣ меъёри ҳаволакунандаи моддаи мазкур пешбинӣ ё ифода наёфтааст.

Саридора бо дарназардошти ҳолати мазкур, дар шакли нав пешниҳод намудани лоиҳаи моддаи 506 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро зарур мешуморад.

Дар маҷмӯъ, мафҳум ва истилоҳоте, ки дар матни лоиҳа истифода шудаанд, мухтасар, бо забони сода ва равону фаҳмо баён карда шуда, дар он услуби забони давлатӣ ва истилоҳоти ҳуқуқӣ риоя гардидааст.

Аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

 САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод гардидааст. Тибқи он ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 3261 бо мақсади пешгирӣ намудани ташкили пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ, инчунин идора намудани воситаи нақлиёт дар пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ ё ба идораи шахси дигар додани воситаи нақлиёт барои иштирок дар чунин пойгаҳо бо муқаррар кардани ҷавобгарӣ ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати ду сол илова карда мешавад.

Инчунин, ҷиҳати аз байн бурдани шарҳи гуногуни моддаи 338, моддаи зикргардида дар таҳрири нав пешниҳод гардидааст. Илова бар ин, дар лоиҳа бо мақсади ба танзим даровардани додани иҷозати воридшавии ноболиғон ба клубҳои шабона, дискоклубҳо, толори букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, инчунин марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ ворид намудани моддаи 4641 пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, барои мутобиқ гардонидани меъёри моддаи 506 Кодекси мазкур ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сирри давлатӣ он дар таҳрири нав пешниҳод гардид. Риоя накардани тартиби муқарраргардидаи таъмини низоми махфият, бе рухсатномаи дахлдор иҷро намудани фаъолияте, ки ба сирри давлатӣ алоқаманд аст, инчунин барои бе асоси қонунӣ махфигардонии маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ намебошад, ҷавобгариро пешбинӣ менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур ҳафт таклифу пешниҳод манзур карданд, ки шаштои он пурра ва ё қисман ба лоиҳа ворид гардиданд.

Кумитаи масъул 11 апрели соли 2018 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуданд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи ниҳоии рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дода мешавад.

 АЛАМШОЗОДА Абдураҳмон Аламшо:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз мутобиқ гардонидани сархати шашуми қисми 1 ва қисми 3 моддаи 71 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» иваз намудани калимаҳои «қоидаҳои истгоҳи» ба калимаҳои «қоидаҳои бозистӣ ё таваққуфи», инчунин дар қисми 1 моддаи 93 пас аз рақами 326 ворид намудани рақами 326 иловаи 1 ва қисми 1 моддаи 98 ворид намудани рақами 464 иловаи 1 ҷиҳати муайян намудани мақоми давлатие, ки ҷавобгарии маъмуриро барои ташкили пойгаҳои ғайрирасмӣ, идора намудани воситаи нақлиёт дар пойгаҳои ғайрирасмӣ, инчунин аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ноболиғ додани иҷозати воридшавӣ ба клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ татбиқ мекунанд, иборат мебошад.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари ­меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намояд.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад.

Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст. Он бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» алоқаманд мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фарогирандаи 3 қисм буда, тибқи он моддаи 71 (Боздошт кардани воситаи нақлиёт), моддаи 93 (Суд) ва моддаи 98 (Мақомоти корҳои дохилӣ) таҳрир карда мешаванд.

Лоиҳа бо мақсади мутобиқ гардонидани сархати шашуми қисмҳои 1 ва 3 моддаи 71 — уми Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» тавассути иваз кардани калимаҳои «қоидаҳои истгоҳи» ба калимаҳои «қоидаҳои бозистӣ ё таваққуфи», инчунин дар қисми 1 моддаи 93 пас аз рақами «316,» илова кардани рақами «3261,» дар қисми 1 ва сархатҳои якум ва дуюми қисми 2 моддаи 98 рақамҳои «323 — 327» ба рақамҳои «323 — 326, 327» иваз карда шуда, пас аз рақами «464,» рақами «4641,» пешбинӣ гардидааст ва дар ин замина муайян кардани мақомоти давлатие, ки ҷавобгарии маъмуриро татбиқ мекунанд, омода гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 9 апрели соли 2018 №1656 барои баррасӣ ва пешниҳоди хулосаҳо ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон супорида шуд. Оид ба он хулосаи кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба кумитаи масъул ворид гардиданд, ки дар маҷмӯъ лоиҳаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 11 апрели соли 2018 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаҳои ­шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Саридораи ҳифзи сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро баррасӣ ва дар маҷмӯъ онро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигари санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ­ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ