5 июн – Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Олимҷон БОБОЕВ: «Нигоҳдории муҳити зист — вазифаи аҳли ҷомеа»

№64 (4014) 04.06.2019

DSC_1228Ҳифзи муҳити зист, вобаста ба аҳамияти  ҳаётӣ доштан, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа қарор дошту дорад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат ба ин масъала диққати махсус зоҳир шуда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои созанда дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардиданд. Ин мавзӯи муҳим меҳвари асосии суҳбати хабарнигори рӯзнома бо раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Олимҷон Бобоев ташкил дод, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

- Дар оғоз мехостам роҷеъ ба муносибати мутақобилаи инсон ва табиат андеша баён менамудед.

- Вазъи экологӣ, ҳолати муҳите, ки дар он зиндагӣ мекунем, аз муносибати инсон бо табиат вобаста аст. Мардум аз рӯи анъанаи нек табиати атрофро неъмати муқаддас дониста, дар истифода ва ҳимояи он дақиқкорӣ ва ғамхории махсус зоҳир менамояд.  Ин омил дар тарбияи экологии хурдсолон, тавассути истифода шудани калимаи «убол», ки таърихи хеле тӯлонӣ дорад, ифода меёбад.

Илова бар ин, бо мақсади ҳифзи табиати нотакрори кишвар барномаи нахустини давлатии маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 марти соли 1995 қабул шуд. Хурсандиовар аст, ки ҳоло таълим ва тарбияи экологӣ аз боғча то аспирантураву докторантура ба роҳ монда шудааст.

- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) чунин таъкид намуданд:  «Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем». Баҳри иҷрои ин дастур чӣ тадбирандешӣ шуд?

- Дар робита ба ин, як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат», «Дар бораи информатсияи экологӣ», «Дар бораи мониторинги экологӣ», «Дар бораи аудити экологӣ», «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»,  «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ», «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити атроф» қабул шуданд.

Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ҳама конвенсия ва протоколҳои вобаста ба муҳити зистро ба имзо расонидааст, ки онҳо якҷо бо ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлат барои солим нигоҳ доштани иқлим, ҳалли масоили биологӣ ва биёбоншавии муҳити зист ва роҳандозии механизмҳои танзими сиёсати байналмилалии экологӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунанд.

Хурсандиовар аст, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои махсуси институтсионалӣ амал мекунанд, ки фаъолияташон ба баланд бардоштани маърифати экологии мардум равона шудааст.

- Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом мақсад ташкил шудааст?

- Қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқии соҳа, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, таҳлили вазъи соҳа, гузаронидани баррасиҳо ва соатҳои парлумонӣ, озмунҳо оид ба асарҳои беҳтарин оид ба экология, омӯзиши минтақаҳои осебпазири экологӣ ва пешниҳоди тадбирҳо ҷиҳати пешгирии хавфҳо аҳдофи асосии комиссияи экологӣ мебошад. Он аз 15 вакил иборат буда, намояндагони ҳама кумитаҳои Маҷлиси намояндагонро дар бар мегирад.

Бо истифода аз фурсати муносиб мардуми шарифи кишварро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист табрику таҳният гуфта, ба онҳо баҳри эмин нигоҳ дош­тани табиати нотакрор комёбиҳои беназир таманно менамоям.

Мусоҳиб

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»