Пайки фаррухфол

№110 (3904) 08.09.2018

logo27 Пешвои миллати ман рамзи истиқлол шуд,

Ҳар куҷое рафт, чун ҳодии фаррухфол шуд.

 Душманонро дӯст карду дӯстонро дӯсттар,

Дар дили садҳо ҳазорон муждаи иқбол шуд.

 Дасти Шавкат Мирзиёро бо самимият фишурд,

Меҳри ӯ дар хонаи ҳамсоя истиқбол шуд.

 Сар — сари шаш қитъа рӯҳи тоҷикиро чира кард,

Бар нишонии саодат номаи ирсол шуд.

 Нурборон кард доҳӣ зиндагии халқро ,

Фазли оламгири ӯ хуршеди зарринбол шуд.

Хайринисо Юсуфӣ,

муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон