Паём аз рушди босубот шаҳодат медиҳад

№ 23.01.2018

ФелалиевДар мулоқоте, ки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Акрамшо ­Фелалиев бо сокинони шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳис­тони Бадахшон доир намуд, ­аъзои гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳтобшоҳзода Арамбегим Бозор ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода иштирок ва оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон суханронӣ намуданд.

Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед гуфт, ки Паёми Пешвои миллатро мардуми вилоят хуш пазируфта, онро сармашқи фаъолияти худ қарор додаанд.

- Пешвои миллат дар Паём вазъи имрӯзаи ҷаҳонро таҳлил карда, мардуми кишварро ба ҳифзи сулҳу субот ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ даъват намуданд. Тавре зикр шуд, новобаста аз буҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ, рушди иқтисодии Тоҷикистон соли гузашта ба 7 фоиз баробар гардидааст. Натиҷаи чунин пешравиҳост, ки ҳоло дар ВМКБ сохтмони 320 иншоот идома дорад. Соли ҷорӣ бунёди корхонаи коркарди нуқра дар мавзеи Оқҷирга ва ояндаи на чандон дур бунёди заводи коркарди металлҳои ранга дар водии Аличӯл аз масъалаҳои муҳими рушди соҳаи иқтисоди вилоят ба шумор мераванд, — гуфт Шодихон Ҷамшед.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Акрамшо Фелалиев ва ­аъзои гурӯҳи корӣ бо навбат баромад намуда, нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро муфассал шарҳ доданд.

Аз ҷумла, оид ба эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сухан ронда, зикр карданд, ки рушду инкишофи ин ду бахш ба фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ мусоидат хоҳад кард.

Роҷеъ ба кӯшишҳои Роҳбари давлат дар мавриди тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ маълумот дода, изҳор доштанд, ки Сарвари давлат талош доранд барои муаррифӣ кардани фарҳанги ғании мардуми тоҷик ҷашнҳои Меҳргону Сада низ, дар баробари Нав­рӯзи хуҷастапай, мақоми ҷаҳонӣ ёбанд. Ҳамчунин, онҳо аз иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати таъмини сулҳу субот, ҳифзи сарҳад, ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва таъсири он ба ояндаи насли ҷавон ёдовар шуда, иштирокдоронро ба ҳушёрии сиёсӣ даъват карданд.

***

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Акрамшо Фелалиев ва гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо сокинони ноҳияи Мурғоб ва сарбозони қисми низомӣ вохӯриҳо баргузор намуданд.

Дар ҷараёни суҳбату вохӯриҳо баробари тавзеҳ додани нуктаҳои Паём онҳо бо шароити зисту зиндагии сокинон дар маҳалҳо ва сарбозон дар қисми ҳарбӣ ошно шуданд. Зикр гардид, ки бо дарназардошти вазъи ноороми сайёра, таҳдиди хатарҳои «ҷанги сард», зиёдшавии теъдоди размандагони давлати исломии Ироқу Шом дар мулки ҳамсоя — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон оғози Паёмро маҳз ба ин масъала равона намуданд.

Акрамшо Фелалиев қайд кард, ки баробари соҳибис­тиқлолии кишвар ҳифзи марзу буми Ватан бар дӯши марзбонони тоҷик гузошта шуд ва аз ин ҷост, ки намояндагони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ паҳлу ба паҳлу дар таъмини дахлнопазирии хоки муқаддаси Ватан саҳм мегузоранд. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон аз он ки новобаста аз иқлими қаҳратуни дарвозаи шимолии мамлакат марзбонон омодагии хуби низомӣ нишон медиҳанд, изҳори қаноатмандӣ кард ва сарбозонро бори дигар ба хизмати содиқона ба халқу Ватан ­даъват намуд.

Зимни ин вохӯриҳо сокинони ноҳияи Мурғоб масъалаҳои беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия, сохтмону азнавсозии Неругоҳи барқи обии «Оқ-су» таъмини бошандагони деҳаи Булункӯл бо алоқаи мобилӣ, аз байн бурдани мушкилоти норасоии барқ дар деҳоти ба номи Гожо Бердибаевро ба миён гузоштанд.

***

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббатшо Рӯзадор ва Нидозода Ҳусейн зимни вохӯрӣ бо сокинони ноҳияҳои Шуғнон ва Рӯшон муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон батафсил тавзеҳ доданд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки нақши Сарвари давлат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ба ҷаҳониён кайҳо боз маълум буда, боиси эътирофу эҳтироми Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.

Рушди ҷомеа, пеш аз ҳама, ба вазъи илму маориф ва тандурустӣ вобастагии зич дорад, аз ин ҷост, ки Сарвари давлат ба ин масъала эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз Буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2 баробар зиёд шудааст, ки исботи ин гуфтаҳост. Бинобар ин, лозим аст, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ба таври ҷиддӣ машғул шавем ва насли солиму ҳамаҷониба ташаккулёфтаро ба камол расонем.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин оид ба се ҳадафи стратегии мамлакат, равнақи кишоварзӣ ва таъминоти хушсифати озуқа, тухмӣ, доруворӣ, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ кардани неруҳои зеҳнӣ ва ғайра андешаронӣ намуда, гуфтанд, ки дар маҷмӯъ амалӣ гаштани нуктаҳои барномавии Паём аз фаъолияти ҳар яки мову шумо вобаста аст.

Ш. ШОҲҚОСИМ,

«Садои мардум»