Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешниҳоди қонунҳо барои баррасӣ ба иҷлосияи Маҷлиси миллӣ

№54 (3691) 18.05.2017

DSC_0628Понздаҳуми майи соли 2017 таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Лоиқзода Қаноатшо Холиқ ҷаласа баргузор гардид.

Аъзои кумита масъалаҳои зерин: Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рӯзҳои ид», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии сейсмикӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар хотима хулосаҳои кумита оид ба ҳар як масъалаи баррасигардида ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».   

Суратгир Неъматулло Алиев