Рӯзномаи «Садои мардум» ва истиқлолияти давлатӣ ҳамсоланд

№1-2 (4263-4264) 01.01.2021

АСОЕВ С (2)Ҳар ду соли 1991, замоне арзи ҳастӣ намуданд, ки набзи ҷомеа тапиши муътадил надошт. Баробар ба камол расиданд. Шебу фарози ҳаётро ҳамроҳ тай карда, якҷо ба соҳили мурод роҳ кушоданд.

Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ба монанди дигар кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рӯйдодҳои сиёсӣ ба амал омада, домани андешаҳои истиқлолхоҳӣ торафт вусъат пайдо карданд. Албатта, талаби мустақилият ва ба суроғи худшиносӣ баромадан падидаи нек буд, вале дар ин роҳ баъзе аз корҳое ҳам сурат гирифт, ки ба нафъи ҷомеа набуданд. Гурӯҳҳои алоҳидаи муддаии худшиносиро, ба қавле, дасти сеюму чорум аёну ноаён идора мекарданд. Ҳатто кор ба он дараҷа расид, ки баъзе аз нашрияҳои расмӣ даъвои мустақилият карда, минбаъд ба муассисон итоат накарданро эълон доштанд. Вале бо вуҷуди ҳассосияти давр, «Садои мардум» ба иғвою дасисаангезӣ дода нашуд ва ба тарафкашиҳо ҳамроҳ нагардид, балки дар айни авҷи воқеаҳои ногувори солҳои 1991-1992 ба Давлату Ҳукумати қонунӣ содиқ монда, ба хонандагон ҳақиқатро расонд.

Дар робита ба ин масъала, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор Иброҳим Усмонов замони раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва маданият фаъолият кардан (солҳои 1995-2000) навиштааст: «… «Садои мардум» дар воқеаҳои солҳои 1991-1992 дар ҷумҳурӣ ягона рӯзномае  буд, ки ба Давлату Ҳукумати қонунӣ содиқ монд ва ба туфайли ин рӯзнома хонандагон аз ҳақиқати воқеаҳо бохабар гаштанд. Ҳамин ҳақиқатнигории рӯзнома буд, ки баромадҳояш на ба ҳама писанд меомад. Аз ин рӯ, душманони ростиву ҳақиқат сармуҳаррири рӯзнома — Муродулло Шерализодаро ҳадафи тири худ қарор доданд. Панҷуми майи соли 1992 ин рӯзноманигори ҳақиқатпараст ба қатл расонида шуд. Вале рӯзномаю коллективи эҷодии он аз роҳи ҳақиқатнигорӣ рӯй натофт».

Мақсаду мароми ба майдон омадани нашрия дар банди аввали қарори Совети Олии РСС Тоҷикистон «Дар бораи ташкили нашри рӯзнома – нашрияи Совети Олии РСС Тоҷикистон» аз 29 августи соли 1990 равшан инъикос гардидааст: «Бо мақсади сари вақт ва ҳаматарафа инъикос намудани фаъолияти ҳамаи соҳаҳои Советҳои депутатҳои халқ, роли онҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии тараққиёти республика рӯзномаи мустақил — органи Совети Олии РСС Тоҷикистон ташкил карда шавад».

Инчунин, дар шумораи аввали он, ки якуми январи соли 1991 рӯи чоп омад, сармуҳаррир Муродулло Шерализода низ возеҳ нигоштааст: «Садои мардум» минбари халқ ва барои халқ аст. Дар саҳифаҳои он барои чапгароию ростгароӣ, моҷароҷӯию фитнаангезӣ, хусумату ниқоргирӣ ва таҳрифи ҳақиқат ҷой нахоҳад буд…»

Вақт ҳам нишон дод, ки рӯзномаи «Садои мардум» аз роҳи рост берун нарафт. Барои адолату ҳақиқат, пойдории Ҳукумати қонунӣ, сохти конститутсионӣ, суботу ваҳдати миллӣ, умуман, осоиши мардуми кишвар талош кард. Ҳайати эҷодии он собитқадамона корро идома дод. Зеро барои онҳо пойдории давлату миллат, зиндагии осоиштаву бобаракат муҳимтар аз ҳама чизи дигар меистод. Бинобар ин, мубаллиғони ҳаёте шуданд, ки пойбанди қонун аст ва барои худшиносии миллӣ, ормонҳои инсонии ҳар як фарди кишвар қад алам карданд ва рӯзномаи «Садои мардум»-ро оинаи тамомнамои рӯзгори халқ сохтанд.

Гузашта аз ин, дар давоми 30 соли фаъолият «Садои мардум» чун мактаби бузурги эҷодӣ ва омодакунандаи кадрҳои болаёқати соҳаи журналистика ташаккул ёфт. Ҳайати эҷодии онро дар оғоз қаламкашу публитсистони шинох­та, ба монанди Мирзомаҳмуд Мирбобоев, Додоҷон Раҷабӣ, Фотеҳи Абдулло, Зулфиқор Шодиев, Умриқул Ҳақбердиев, Ғанӣ Ҷӯразода, Бахтиёр Муртазоев, Шарифи Ҳамдампур, Мақсуди Ҳусейн, Камол Абдураҳимов, Қироншоҳ Шарифзода ташкил дода, баъдтар Бобоҷон Абдулвоҳидов, Қурбон Мадалиев, Акбаралӣ Сатторов, Ҷумъа Қувват, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Ҳуринисо Ализода, Низом Қосим, Хайринисо Расулӣ, Парда Ҳабиб, Карим Давлат, Муқим Абдураҳмонов, Муҳиддин Пайшанбиев, Грез Қосимов, Мухтори Абдулло ва даҳҳо нафари дигар ба он муҳит ҳамроҳ шуданд.

Бо дарки масъулият метавон афзуд: ҳоло низ роҳеро, ки поягузорону масъулини қаблии «Садои мардум» пеш гирифта буданд, побарҷост ва рушду такомул меёбад. Далел ба ин гуфта, баҳои баланд гирифтани рӯзнома аз ҷониби муассисаю идора ва шахсони масъул мебошад.

Дар умум, бо боварӣ метавон гуфт, ки тӯли сӣ соли мавҷудият рӯзномаи «Садои мардум» дар сафи пеши муборизаи озодихоҳона, адолатпарварона, ҳувиятхоҳӣ ва қонунмеҳварӣ қарор дошта, тамоми ҷанбаи зиндагиро инъикос намуд, ҳамнафасу ҳамқадами мардум гардид. Фаъолияти ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кору пайкори шарафмандонаи мардуми кишвар саҳифаҳои онро зеб медоданду медиҳанд.

30 соли камолот, 30 соли талош барои ҳақиқатҷӯиву ҳақиқатёбӣ ва талқини ҳақиқати воқеӣ барои ҷомеаю пойдории соҳибистиқлолӣ, ки дар роҳи ба даст омадани он миллат талафоти гарон додаю борҳо ба муқобилаш сангандозӣ шуда, тарафҳо ва ашхоси алоҳида онро то ҳол таҳаммул карда наметавонанд ва ба рағми душманони миллат пойдор аст, барои муассисону кормандон, муштариёну ҳаводорон ва дигар алоқамандони рӯзномаи «Садои мардум» ҳумоюн бод!

Ҳамнафаси халқ будан, садои воқеии мардум гаштан осон нест, вале ин бахти баланд насиби рӯзномаи «Садои мардум» ва кормандони он гаштааст. Ва дар шебу фарози зиндагии миллат обутоб ёфтану ба камол расидан аз хусусиятҳои хоси нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» мебошад.

Самариддин АСОЗОДА,

Сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»