Санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ ва рушди соҳаи маориф

№74 (3868) 14.06.2018

Соҳаи маорифи кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба пешравии зиёд ноил гардида, ба он аз ҷониби роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва Парламенти мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад.

Соли 1991 дар мамлакат 4310 муассисаи таълимӣ, аз он ҷумла 944 томактабӣ, 3229 таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 олии касбӣ амал мекард. Соли 2011 шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 4385 адад расида, 488 муассисаи томактабӣ, 3747 муассисаи таҳсилоти миёна ва 30 мактаби олӣ фаъолият доштанд. Ин тафовут аз як тараф, ба зиёдшавии аҳолӣ вобаста бошад, аз тарафи дигар, ба боло рафтани талабот ба таҳсилот алоқаманд мебошад.

Пешрафти соҳаи маорифро бе маблағгузории густурда таъмин кардан имконнопазир мебошад. Ба ин мақсад давлат ҳар сол маблағгузориро афзоиш дода, ислоҳоти соҳаро роҳандозӣ намуд ва ин раванд имкон дод ба соҳаи маориф баробари маблағҳои Буҷети давлатӣ аз дигар манбаъҳо сармоя равона шавад. Маблағгузории соҳаи маориф аз ҳисоби Буҷети давлатӣ соли 1991-ум 1,19 млрд. рубли русиро ташкил медод, ки ба 8,9 фоизи ММД ва 23.6 фоизи хароҷоти Буҷети давлатӣ баробар буд. Ҳарчанд соли 2000 хароҷоти соҳа аз Буҷети давлатӣ нисбат ба соли 1992-юм 2,7 фоиз, нисбат ба соли 1991-ум 7,7 фоиз, нисбат ба ММД 4,7 фоиз кам гашта бошад ҳам, аз соли 2001 ин нишондод боло рафт. Соли 2001 ба соҳа 60,9 млн. сомонӣ ё дар муқоиса бо соли 2000-ум 46,4 фоиз зиёд маблағ равона гардид. Соли 2011-ум ин нишондиҳанда баробар ба 1363,9 млн. сомонӣ ё нисбат ба соли 2000-ум 33 маротиба ва соли 2005 5,3 маротиба зиёд мебошад. Соли 2017 аз Буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 3581017 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Дар ин давра садҳо мактаб бунёд гардида, заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ пурқувват гардиданд. Зиёда аз 200 номгӯй китобҳои дарсӣ бо теъдоди наздик ба 18 млн. нусха чоп шуд. Танҳо соли 2010 ба маблағи 52,5 млн. сомонӣ 5 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид. Илова бар ин, робитаҳои байналмилалӣ вусъат ёфта, ҳар сол 1000 донишҷӯ барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд.

Соли 2010 Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ 50 санади ҳамкориро дар соҳаи маориф амалӣ мекард. Ҳоло танҳо бо кишвари Беларус зиёда аз 50 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Лозим ба ёдоварист, ки агар соли 2011 52 донишҷӯи тоҷик дар Беларус таҳсил карда бошанд, пас ин нишондод ҳоло ба 1200 нафар расидааст.

Солҳои 1993 ва 2004 (дар таҳрири нав) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул гардид ва бо тақозои замон ба он 11 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» гузариши соҳаи маорифи кишварро ба низоми ягонаи воҳид ва мустақил таъмин намуд. Дар таҳрири нав қабул гаштани қонуни нави маориф (соли 2004) онро ба шароити Тоҷикистони навин мутобиқ намуда, ба ислоҳоти сифатан нави идоравӣ ва ташкилии соҳа роҳ кушод. Ба ғайр аз ин, бо мақсади ворид шудани кишвар ба низоми нави таҳсилот, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ду маротиба (солҳои 2010 ва 2011) тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуд. Инчунин, бо дигаргун гардидани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва мутобиқ намудани низоми таҳсилоти кишвар ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав таҳия ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Номгӯйи асосии санадҳое, ки заминаи ҳуқуқии соҳаи маорифро ташкил менамоянд, инҳоянд: Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, санадҳои дуҷониба ва ё бисёрҷонибаи ҳамкорӣ ва ғайра.

Инчунин, санадҳои зерқонунӣ, ки қабулашон дар қонунҳои амалкунанда муқаррар шудааст. Масалан, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» муқаррар менамояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон низомномаи намунавии муассисаҳои таълимиро қабул кунад (моддаи 28 ) ва чунин Низомнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №171 аз 3 апрели соли 2007 тасдиқ шудааст.

Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қарорҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (оид ба тасдиқи консепсияҳо, барномаҳо, стандартҳои таҳсилот ва ғайра), қарору фармонҳо ва дигар санадҳои меъё­риву ҳуқуқии Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату мақомоти ҷумҳуриявӣ, ки дар тобеият муассисаҳои таълимӣ доранд, санадҳои меъёриву ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, санадҳои мақомоти маҳаллии идораи маориф, муассисаҳои таълимӣ (оинномаи муассиса, барнома, нақшаҳо ва ғайра). Дар таҳия ва қабули ин санадҳо принсипҳои cоҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ будани маориф, дастраси умум будани таҳсилот, таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсилот, муттасил будани таҳсилот ва ҷанбаи илмӣ, дунявӣ, башардӯстона доштани он, соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти муассисаҳои таълимӣ ба эътибор гирифта шудаанд. Ҳамбастагии ин санадҳо имкон додааст, ки шароити созгори фаъолият фароҳам шавад. Солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои гуногунеро дар бар мегиранд, ки ҳар кадоме бо хусусиятҳои худ фарқ доранд. Табиист, ки таҳия ва қабули санадҳо аз ҳамин омил маншаъ гирифтааст. Барои мисол, солҳои 1991-2001 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо вобаста бо масъалаи фарзандони гурезаҳо, ки маҷбуран дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ ҷумҳуриро тарк карда буданд, 40 санад қабул намуд. Далели дигар: солҳои 1992-1994 зиёда аз 25 ҳазор омӯзгори ботаҷриба ҷумҳуриро тарк карданд ва ба ҷои онҳо 30 ҳазор хатмкунандаи мактабҳои умумӣ ва касбӣ ба кор қабул гардиданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи баамаломадаро ба инобат гирифта, 11 октябри соли 1996 қарор дар бораи чораҳои беҳдошти шароити коммуналии омӯзгоронро қабул намуд. Аз соли 1998 шумораи омӯзгорони мактабҳо тамоюли афзоишро касб намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи кишвар 22 декабри соли 2005 барҳақ қайд намуда буданд, ки: «Аз муҳайё намудани заминаҳои ҳуқуқӣ сар карда, то маблағгузорӣ ва истифодаи воситаҳои самараноки баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон, шароити зист ва таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор таҳти назорату ғамхории доимии Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад».

Баробар бо санадҳои боло, қонунҳои дигар, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» (соли 2003), «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (соли 1998), «Дар бораи варзиши кӯдакон ва наврасон» (соли 2003), «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» (соли 2007) таҳия ва қабул гардиданд, ки ба рушди соҳаҳои мазкур заминаи воқеӣ гузошт.

Мавқеи махсусро дар миёни асноди заминавии таҳсилот санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебозанд, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст. Ҳуқуқи ҳар як шахс ба таҳсил дар чанд санади ҳуқуқии байналмилалӣ зикр гаштааст. Аз ҷумла, «Декларатсияи умумии ҳуқуқи инсон» (1948) дар моддаи 26 муқаррар намудааст, ки: «Ҳар як инсон ҳуқуқ ба таҳсил дорад. Таҳсил бояд ройгон, ҳадди ақал дар ҳаҷми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна. Таҳсилоти ибтидоӣ бояд ҳатмӣ бошад».

Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак (1989) дар моддаи 28 муайян менамояд, ки давлатҳо – иштирокчиён ҳуқуқи кӯдакро ба таҳсилот эътироф менамоянд ва ба мақсади тадриҷан амалӣ намудани ин ҳуқуқ дар асосҳои имкониятҳои баробар аз ҷумла: а) таҳсилоти ройгон ва ҳатмии ибтидоиро ҷорӣ менамоянд; б) ташкили намудҳои гуногуни таҳсилоти миёнаро расмӣ мегардонанд, дастрасии онро барои ҳама таъмин менамоянд ва барои ҷорӣ намудани таҳсилоти бепул чораҳои зарурӣ меандешанд, дар сурати зарурӣ ёрии молиявӣ мерасонанд.

Дар қонунгузории соҳаи маорифи аксарияти кишварҳо муқаррароти санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, аз қабили аҳдномаҳо, конвенсияҳо, шартномаҳо, меморандумҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии ватанӣ қурби баробар доранд.

Бегуфтугӯ, дар ин раванд фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи махсус дошта, ба дастгирии кормандони соҳа, хонандагону донишҷӯён ва самтҳои гуногуни соҳа нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005 «Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 14 июли соли 2005 «Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо» ҷиҳати ноил шудан ҳадафҳои гузошташуда мусоидат намуданд.

Нурулло ОҚИЛЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қудратулло ҲАИТОВ, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф,

фарҳанг ва сиёсати ҷавонон