Ширкати фаъоли ҳайати парлумонии мамлакат дар Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ

№147 (3627) 01.12.2016

IMG_843625 ноябри соли 2016 дар доираи сафари ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Санкт-Петербурги Россия, дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аъзои Маҷлиси миллӣ Наргис Раҳмонова, Муҳаммадюсуф Имомзода, Фарҳод Раҳимӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Лутфия Раҷабова, Абдураҳим Холиқзода, Эмомалӣ Насриддинзода, Рустам Латифзода, Олимҷон Салимзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Мирзодавлат Сабуров ва Ҷамшед Саидов дар ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ роҷеъ ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил оид ба масъалаҳои фарҳанг, иттилоот, сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсати хориҷӣ фаъолона ширкат варзида, андешаҳои хешро нисбат ба мавзӯъҳои баррасишуда иброз намуданд.

Дар интиҳо муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Лутфия Раҷабова ва вакили Маҷлиси намояндагон Мирзодавлат Сабуров бо ифтихорномаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ сарфароз гардиданд.

 М. СУЛТОНОВ