Шукурҷон Зуҳуров Вираҷ Синхро ба ҳузур пазируфт

№118 (4068) 03.10.2019

Дуюми октябри соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синхро ба ҳузур пазируфт.

Ҷонибҳо масоили марбут ба вазъу дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндус­тон ва робитаҳои байнипарлумониро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки парлумони касбии мамлакат ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Раиси Маҷлиси намояндагон барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, беҳтарсозии кори Гурӯҳи дӯстии  байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лок Сабҳаи Ҷумҳурии Ҳиндустон, иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон имзошударо муҳим арзёбӣ кард.

Зикр гардид, ки пояи қарордодӣ — ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро айни замон 71 созишномаю ёддошти тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳад. Дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ (12 декабри 1995, Деҳлӣ) даҳ ҷаласа баргузор гардидааст.

Таъкид карда шуд, ки ҷонибҳо бояд дар доираи имкониятҳои мавҷуда, дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, махсусан омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ ва тарбияи кадрҳои тахассусӣ, ҳамкориро ҷоннок намоянд.

Аз раванди густариши робитаҳои сиёсию иқтисодӣ Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, комплекси агросаноатӣ,  маориф, фарҳанг ва саӣёҳӣ пешниҳодҳои судманд иброз гардид.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон