Суҳбати Абдуҷаббор Азизӣ бо Пратибха Мехта

№117 (3911) 27.09.2018

DSC_464026 сентябри соли равон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳамоҳангсози доимии дафтари намояндагии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибха Мехта мулоқот намуд, ки дар он масъалаи татбиқи  «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

DSC_4616Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст.

Ҳуҷҷати мазкур, — гуфт Абдуҷаббор Азизӣ, бо дарназардошти таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба кишвар тартиб дода шудааст. Дар он, инчунин, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ), ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат гирифта шудааст.

Диққати асосӣ дар Ҳадафҳои рушди устувор ба Консепсияи рушди устувори инсон равона гардидааст. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ба моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд.

Абдуҷаббор Азизӣ афзуд, ки машваратҳои миллӣ аз рӯи рӯзномаи Ҳадафҳои рушди устувор имкон доданд афзалиятҳои асосии рушди кишвар баъди соли 2015, ки ба татбиқи онҳо идеологияи иқтисодӣ, принсипҳои заминавӣ ва маҷмӯи тадбирҳои дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон инъикосёфта равона шудаанд, муайян карда шаванд. Ба ин афзалиятҳо масъалаҳои марбут ба маориф, тандурустӣ, шуғл, нобаробарӣ, мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо, идоракунии самаранок, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пешгирии низои эҳтимолӣ, амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ шомиланд. Стратегияи миллии рушди Тоҷикис­тон дар назар дорад, ки барои амалисозии афзалиятҳо ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъулияти мақомоти идоракунии давлатӣ, бизнес ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд нақши муҳим дошта бошанд.

Ҳамоҳангсози доимии дафтари намояндагии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибха Мехта аз ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки  дар оянда низ барои рушди парламентаризм дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон саҳм мегузоранд.

 Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон