Суҳбати Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Рафаил Зинуров

№132 (3769) 11.11.2017

DSC_83339 ноябри соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россияро таҳти роҳбарии ҷаноби Рафаил Зинуров — узви Комиссияи байнипарламентӣ оид ба ҳамкориҳои Шӯрои Федератсия бо Маҷлиси миллӣ  ва  Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба корҳои байналмилалӣ, ки ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

DSC_8296Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо пазиройии самимӣ аз ташрифи меҳмонон, иқдоми Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенкоро баҳри тавсеаю таҳкими робитаҳои байнипарламентии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии  ­Федератсияи Россия  ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти пайвастаю пайгиронаи ҳамкории судманди тарафайн арзишманд арзёбӣ намуд.

Бо дарназардошти мавқеи хоси ҳамкории самарабахши ҷонибҳо дар соҳаи гуманитарӣ, Маҳмадсаид ­Убайдуллоев зикр намуд, ки он ҳамчун яке аз афзалиятноктарин самтҳо бояд муттасил дар фаъолияти ҳамарӯза қарор дода шавад.

- Дар асоси тасмими роҳбарони кишварҳо маҳз дар соли таҳсили 2017-2018 сафарбар гардидани теъдоди муайяни омӯзгорони таълимдиҳандаи фанҳои дарсӣ бо забони русӣ ба муассисаву литсейҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ аз субъектҳои Федератсияи Россия натиҷаи ҳамкориҳои дурбинона ва самараовар мебошад, — гуфт Маҳмадсаид Убайдуллоев ва афзуд, ки дар татбиқи лоиҳа чун бозгӯйи ниёзҳо ва ҳадафҳои пайгиронаи стратегии дар ҳошияи ҳуҷҷати хотимавии  Форуми V-уми байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» қабулгардида, Маҷлиси миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар доираи робитаҳои байнипарламентӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Дар робита ба ин, даъват ба миён оварда шуд, ки нисбат ба оғози татбиқи  иқдоми сарони давлатҳо дар самти сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти умумии таълимоташон бо забони русӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузории ҷониби Россия бо истифода аз зарфиятҳои Шӯрои Федератсия ба таври муассир мусоидат карда шавад.

Ҳамчунин, баҳри зиёд намудани теъдоди омӯзгорон ҳамчун институти нави таҳкимдиҳандаи робитаҳои мавҷуда, дар солҳои минбаъда бештар аз имконоти истифоданашудаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия, ки бевосита мақомоти иҷроия ва намояндагии субъектҳои Федератсияи Россияро дар худ муттаҳид месозад, нисбати бунёди мактабҳои нави русӣ дар кишвар масъалагузорӣ карда шуд.

Гузашта аз ин, ҷонибҳо дар иртибот ба ҳамкориҳои мавҷуда фаъолияти мустақими филиалҳои донишгоҳҳои Федератсияи Россия дар Тоҷикистонро барои тарбияи кадрҳои маҳаллӣ муҳим шуморида, оид ба зиёд намудани теъдоди омӯзгорони забони русӣ, роҳандозии тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Россия сафар мекунанд, табодули афкор намуданд.

Баҳри густариши робитаҳои байнипарламентӣ, таҳкиму тақвияти фаъолияти Комиссияи байнипарламентӣ оид ба ҳамкориҳои Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллӣ, Форуми байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ҳадафманд арзёбӣ гардид.

Ҷаноби Рафаил Зинуров аз пешниҳодоти ироагардида ҷонибдорӣ карда, афзуд, ки дар доираи имконоти парламентҳо баҳри амалисозии масъалаҳои гузошташуда тадбирҳои заруриро равона хоҳанд сохт.

Инчунин, аз номи ҳайат хулосаҳояшро зимни боздид аз фаъолияти омӯзгорони россиягӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо қаноатмандӣ баён намуда, таъкид дошт, ки дар доираи ҳусни тафоҳум барои омӯзгорон тамоми шароиту имтиёз муҳайё гардидааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҷаноби Рафаил Зинуров иттилоъ дод, ки  феълан Шӯрои Федератсия ҷиҳати омодагӣ ба баргузории Форуми  VI — уми байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» нимаи дуюми соли 2018  дар Федератсияи Россия  нақшаҳои мушаххасро тарҳрезӣ намудааст.

 Наврӯз Қурбонзода,

ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои

ахбори омма