Суҳбати Шукурҷон Зуҳуров бо Салоҳиддин Раббонӣ

№19-20 (3656-3657) 21.02.2017

DSC_053716 феврали соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонис­тон Салоҳиддин Раббонӣ мулоқот намуд.

Раиси Маҷлиси намояндагон доир ба муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ҳарф зада, ёдовар шуд, ки он дар заминаи муштаракоти таърихиву фарҳангӣ, равобити қадимии дӯстӣ ва бародарӣ ба роҳ монда шудааст.

- Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини суботу амният дар кишвари дӯст ва ҳамсояи Афғонистон аст, зеро оромӣ ва якпорчагии дигар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ва дар маҷмӯъ минтақа ба он вобастагӣ дорад. Мо ҳамеша ҷонибдори густариши ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон будем ва ҳастем, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

Дар мулоқот, ҳамчунин, доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, аз ҷумла, татбиқи босамари нақшаю барномаҳои ҳамкорӣ, пурзӯр намудани иқтидори транзитии ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва пешгирӣ аз терроризму экстремизм низ аз ҷумлаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн буданд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ изҳор дошт, ки мо аз Тоҷикистон, хусусан Сарвари он Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд, сипосгузорем ва омодаем, ки ҳамкориҳоямонро дар самтҳои гуногун ҳар чӣ бештар тақвият бахшем.

 Муҳаммадато СУЛТОНОВ, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон