Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъкиди зарурати ворид намуданитағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда

№26 (3506) 27.02.2016

DSC_0212Бисту шашуми феврали соли 2016 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори  омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ ҷаласаи кумитаи мазкур баргузор гардид.

Аъзои кумита рӯзномаи ҷаласаро иборат аз масъалаҳои зерин тасдиқ намуданд: Доир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Оид ба таъсис додани шаҳракҳои Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон «Дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишин дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Сучон»- и ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва номгузорӣ намудани он, Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани номи ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ, Ҷиликӯл, Қумсангир ва Шӯроободи вилояти Хатлон», Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба тағйир додани номи шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд», Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор «Дар хусуси ба категорияи шаҳр мансуб донистани ноҳияи Ҳисор», Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷиргатол «Оид ба тағйир додани номи ноҳияи Ҷиргатол ба ноҳияи Лахш», Доир ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тавилдара «Оид ба тағйир додани номи ноҳияи Тавилдара ба ноҳияи Сангвор».

Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро дар алоҳидагӣ шарҳ дода, доир ба масъалаи якум аз  ҷумла иброз дошт, ки Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳри мутобиқгардонии қонуни зикршуда ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва амалӣ кардани банди 5 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд, дар иртибот бо таъсиси вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Аъзои кумита Нуралӣ Шоҳиён, Саёҳат Дадаҷонова, Абдурасул Насимов ва Миралӣ Раҷабзода дар баррасии масъалаҳои рӯзнома фаъолона ширкат варзиданд.

Хулосаҳои кумита доир ба масъалаҳои баррасишуда дар алоҳидагӣ ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуд.

 Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ