Таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватан

№75 (4181) 25.06.2020

ХамдамСе сол муқаддам дар шаҳри Ваҳдат 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар варзишгоҳи тозабунёди дорои 25 ҳазор ҷойи нишаст, ки иншооти муҳими ҷашнӣ маҳсуб меёфт, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт. Аз минбари баланди он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иброз дош­танд, ки: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид».

Дар ҳақиқат, ин санаи мубораку таърихӣ, агар аз як ҷониб, боиси сарфарозӣ ва фахр бошаду рӯҳу ҷонро навозиш намуда, шодиву хурсандии беандоза бубахшад, аз паҳлуи дигар, касро ба андешаи амиқ, хулосабарорӣ ва амалҳои неку созанда водор месозад. Зеро баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар қатори дигар ҷумҳуриҳо Тоҷикистон низ соҳибистиқлол гардид, вале он дар ибтидо ба зарбаи сахту ҷонкоҳ, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. Бесарусомониҳо боиси боло гирифтани буҳрони сиёсиву иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ ва фалаҷшавии шохаҳои ҳокимияту рукнҳои давлатдорӣ гаштанд. Оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифта, кишварро ба ком кашид. Дар он ҳазорон нафар ҳамватанон ҳалок гардиданд. Даҳҳо ҳазор кӯдак ятим монданд. Қисми зиёди мардум тарки Ватан карданд. Дар ватанбудаҳо низ хорузор гаштанд.

Дар муддати панҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ мардум рӯзи хурсандӣ надошт. Қалбҳо аз марги пайвандону ёру дӯстон ва ҳаққу ҳамсоягон хуншор буд. Беҳокимиятӣ дар кишвар торафт амиқтар реша давонда, тақдири миллат ва марзу буми онро дар сари мӯ бозӣ медоронд.

Оҳу нолаи мардум магар ба гӯши Офаридгор расид, ки ба таъбире, «Нури Ҳақ бар диёр омад». Ҷавонмарди ватандӯсту худогоҳ, саропо нангу номус ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллат ба майдони сиёсат дохил шуд ва ваъда дод: «Ман ба шумо сулҳ меоварам…, то он даме ки охирин муҳоҷири иҷборӣ дур аз Ватан аст, ман худро осуда намеҳисобам…, ман дар роҳи қатъи ҷанги бемаънии кишвар ҷони худро дареғ намедорам».

Бо ҳама гурӯҳҳои ба муқобили ҳам сангарнишин забон ёфта, созиш карданд. Меҳру муҳаббат, азму садоқати азмиёнрафтаро дар байни мардум барқарор намуданд. Бо азму талоши зиёд муҳоҷирони иҷбориеро, ки аз тарси ҷон дар кишвари Афғонистон паноҳ бурда буданду дар фироқи ёру диёр месӯхтанд, ба Ватан оварданд.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикис­тон, ки бо азм ва ҷаҳду талошҳои Сарвари давлат ба имзо расиду, ҳамчун санаи сарнавиштсоз дар номаи рӯзгори миллату Ватан бо ҳарфҳои заррин навишта шуд, бо гузашти солҳо қурбу манзалати бештар пайдо хоҳад кард. Зеро субот, оромию осоиштагӣ, бунёдкорию созандагиҳои пурвусъат аз даст­овардҳои беназири халқу кишвар маҳсуб меёбанд.

Мутаассифона, душманони миллату давлат барои халалдор кардани амну осоиш, сулҳу сафо, бунёдкориву созандагӣ, ваҳдату якпорчагии кишвар то кунун нақшаҳо тарҳрезӣ менамоянд. Барои мисол, ба ёд меорем ҳодисаҳои хунини моҳи сентябри соли 2015-ро, ки генерали хоин Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконаш хостанд табадуллоти давлатиро ба миён оранд, вале тирашон хок хӯрду рӯ ба фирор оварданд. Дар ҳамон лаҳзаҳои вазнин сафари кории Сарвари давлат ба шаҳри Ваҳдат ба нақша гирифта шуд. Бисёриҳо гумон доштанд, ки он мавқуф гузош­та мешавад. Вале ин ҷавонмарди сарсупурдаи халқ дар ҳамон субҳи серташвиш ба шаҳри Ваҳдат омада, бори дигар бо ҷасорату мардонагӣ собит намуданд, ки Пешвои ҳақиқии миллат ва бунёдгузори кохи ваҳдати миллӣ мебошанд. Он сафари Пешво на танҳо мардуми диёри Ваҳдат, балки хурду бузурги кишварро аз нав ба зиндагӣ дилгарм сохт. Эътиқоду эътимоди мардум ба Сарвари давлат садчанд афзуд. Бинобар ин, бар хилофи нияту амалҳои хоинони давлату миллат ва даҳҳо нафар пайравону ҳамақидаҳои онҳо, бояд ҳеҷ гоҳ ­ҳушёрии сиёсиро аз мадди назар дур накарда, барои ҳифзи самараҳои ваҳдати миллӣ, амнияти давлату миллат саъю талош дошта бошем.

Ҳоло ифтихор аз он дорем, ки сулҳу ваҳдати тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ситоиш мекунад ва чун мактаби сулҳофарӣ аз он таҷриба меомӯзанд. Инчунин, Ваҳдати миллӣ барои миллат хушбахтиву саодатмандиҳо насиб гардонид. Бунёди нақбҳои «Истиқлол»-у «Хатлон» ва «Шаҳристон»-у «Шаршар», неругоҳҳои «Бойғозӣ», «Сангтӯда»-ю «Роғун» аз ҳамон қабил мебошанд. Гулгулшукуфии шаҳру деҳот, сохтану ба истифода додани мактабу корхонаҳои саноатӣ асоси хушбахтии халқи кишвар гардиданд. Бо пешниҳоди Пешвои миллат ва ба ифтихори Ваҳдати миллӣ 7 апрели соли 2003 шаҳри Кофарниҳон номи Ваҳдатро гирифт. Алҳол мардуми 353000 нафараи он бо шукронаи ваҳдату Пешвои ваҳдатсоз зиндагии хушу хуррамона доранд. Шаҳр босуръат симо дигар мекунад. Биноҳои баландошёнаи нав кӯчаю гулбоғу хиёбонҳои чароғон ба ҳусни он ҳусни дигар зам кардаанд.

Нури Ваҳдат 23 сол боз дилу дидаи мардумро равшан месозад. Фаротар аз он, муҳаббат ва ихлосу садоқати беназири халқ ба Пешвои миллат дилҳоро саршори меҳру муҳаббат менамояд. Дар охир мехоҳам андешаҳоямро бо суханони зерини хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотима бахшам: «Дар марҳилаи имрӯза мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем, бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон кору фаъолият намоем».

Хоҷазода Фарзона ҲАМДАМ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳри Ваҳдат