Таъсиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон

№ 06.04.2020

IMG_1602Сеюми апрели соли 2020 таҳти раёсати муовини якуми раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи вакилони узви ҳизб дар парлумон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба таъсиси фраксияи  ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон, интихоби раис, муовинон ва котиби фраксия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Абдуҷаббор Азизӣ зикр кард, ки мақоми ҳуқуқии фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 52 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», боби 4 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 4 оинномаи ҲХДТ муайян гардидааст. Мавсуф, ҳамчунин, таъкид намуд, ки мақсад аз таъсиси фраксияи ҳизбӣ фаъолияти дастаҷамъона ва ибрози мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб мебошад.

IMG_1591Сипас, аъзои ҳизб ба баррасии  масъалаҳои рӯзнома шурӯъ карданд ва дар ин робита Сафарзода Бахтовар Амиралӣ раис,  Назирӣ Гулбаҳор муовини якуми раис, Хайриддин Усмонзода муовин ва Саодатшо Матробиён котиби фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб шуданд.

Бо қарори ҷаласа, мутобиқи бандҳои 105, 106, 110 ва 114 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои фраксияи ҲХДТ барои бақайдгирӣ ба Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор пешниҳод гардид.

Абдуҷаббор Азизӣ бо итминон иброз дошт, ки вакилони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҷиҳати  амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани Барномаи ҳизб ва таҳкими низоми қонунгузории кишвар тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳанд дод.

Дар ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок намуд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон