Дар Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табиати зебои Тоҷикистон ва тарбияи маърифати экологӣ

№131 (3611) 18.10.2016

DSC_133214 октябри соли 2016 таҳти раёсати раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев ҷаласа баргузор гардид. Дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев иштирок дошт ва зимни ифтитоҳи он иброз намуд:

- Чунон ки иттилоъ доред, бо мақсади тарғиби сиёсати давлатӣ дар соҳаи экология, инъикоси воқеъбинонаи масоили экологӣ, ҷалби гурӯҳҳои эҷодӣ — олимон, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва доираи васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба асарҳои беҳтарин дар мавзӯи экология эълон шуда буд. Мақсад аз он ҷалб намудани ҷомеаи васеи шаҳрвандӣ — олимону мутахассисон ва коршиносон ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташаккули ақидаи мусбӣ нисбат ба мавқеъ ва сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки оқилонаи захираҳои табиӣ мебошад.

Мақолаҳо тибқи талаботи озмун, бояд паҳлуҳои гуногуни ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиат, аз ҷумла захираҳои обию энергетикиро инъикос намуда, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод гарданд. Шумораи мақолаҳои пешниҳодшаванда маҳдуд карда намешавад. Озмун силсилаи мақолаҳо, филмҳои мустанад, наворҳои тарғиботӣ ва дигар маводи иттилоотиро оид ба экология ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ дар бар мегирад.

Ходими калони илмии Институти илмҳои гуманитарии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ба номи академик Д. И. Искандаров, сардори Ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир»- Қурбон Аламшоев натиҷаи таҳқиқоти хешро таҳти унвони «Зебогии табиати Тоҷикистон – манбаи фоидаи иқтисодӣ ва фарҳангӣ» ва як филми мустанадро, ки ба ҳифзи муҳити зист, тарбияи маърифати экологӣ бахшида буд, муаррифӣ кард. Тавре ӯ маълумот дод, дар яке аз гӯшаҳои табиати зебою кушоди деҳаи Вездараи ноҳияи Роштқалъа бо иқдоми институт ва ташкилоти зикргардида Фестивали ҷолиби экологӣ-фарҳангӣ доир шуд. Дар он фарҳанги шикор, муносибати кӯҳистониён бо табиат, анъанаҳои ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва ғайра тавассути намоишгоҳ, намоишномаҳои театришуда, суруду таронаҳо манзури ҳозирин гардидааст.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Абдуллозода, Олим Салимзода, Ҳаёт Одинаев, Олимҷон Сафаров ва Рустам Латифзода роҷеъ ба мавзӯи зикргардида ибрози андеша карда, иқдоми ташкилкунандагони фестивалро дар ВМКБ шоиста ва нек арзёбӣ карданд. Пешниҳод гардид, ки барои тарбияи маърифати экологӣ, муаррифии табиати зебои кишвар, баланд бардоштани масъулияти аҳли ҷомеа ҷиҳати ҳифзи муҳити зист, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба сайру саёҳати табиати фусункори Тоҷикистон чораю тадбирҳо андешида, дар кишвар фестивалҳои экологӣ – фарҳангӣ бештар ташкил карда шавад.

Ҳамчунин, масъалаи таҳияи нақшаи кори Комиссия барои соли 2017 баррасӣ гардид. Олимҷон Бобоев аз аъзои Комиссия хоҳиш намуд, ки дар ин бобат таклифу пешниҳодоти хешро ироа кунанд.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум».  Суратгир А. Исоев