Такмили низоми идоракунии давлатӣ дар меҳвари сиёсати созандаи пешвои миллат қарор дорад

№36 - 37 (3880-3881) 20.03.2018

DSC_749715 марти соли ҷорӣ Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ «Оид ба роҳҳои ташкил намудани низоми самарабахши идоракунии давлатӣ дар доираи таъкидҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» хониши вакилӣ баргузор намуд, ки дар он намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода зимни ифтитоҳ гуфт, ки такмили низоми идоракунии давлатӣ дар меҳвари сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки ба масъалаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар паёмҳои Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Аз ҷумла, дар Паё­ми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2017 таъкид гардид, ки «ҳалли муваффақонаи масъалаҳои рушди минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама, бо самаранокии низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъу­лияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ алоқаманд мебошад».

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии наз­ди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова оид ба ташкил ва самтгирии фаъолият барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ мулоҳизаронӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳадафи асосии «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» аз муҳайё намудани зиндагии шоиста ба шаҳрвандони кишвар иборат мебошад, ки бо роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, вусъатбахшии шуғли пурмаҳсул ва монанд ба ин омилҳо муяссар мегардад.

Барои ноил гаштан ба ин ҳадафҳо зарур аст, ки суръати устувори афзоиши иқтисодиёт ҳар сол дар сатҳи 7-8 фоиз, ба маротиб зиёд намудани сатҳи ММД ба ҳар сар аҳолӣ, беш аз ду маротиба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва аз байн бурдани фақри шадид, рушди саноат, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ, мусоидат ба афзоиши даромади аҳолӣ, бахусус, аҳолии деҳот, ҷавонон ва занҳо, фароҳам овардани шароит барои даст­расӣ ба ҷойҳои кори сазовор ва пурмаҳсул, аз ҷумла барои табақаҳои осебпазири ҷомеа, таъмин карда шавад.

- Дар марҳилаи имрӯзаи рушд фароҳам овардани шароити то ҳадди имкон мусоид барои зиндагӣ ва инкишофи минтақаҳо бояд принсипи асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ гардад. Дар робита ба ин, таҳкими иқтидори ниҳодҳои давлатӣ, такмили низоми ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд зарур арзёбӣ мешавад, — гуфт муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ.

Номбурда афзуд, ки дар заминаи ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» самтҳои асосии фаъолият дар бахши рушди хизмати давлатӣ муайян гардидаанд ва вобаста ба татбиқи онҳо марҳила ба марҳила тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, баланд бардоштани ҷолибияти хизмати давлатӣ ва таҳкими бартарияти рақобатнокии он ҳамчун корфармо нисбат ба бахши хусусӣ, ташкили низоми самарабахши тайёр кардан ва аз нав тайёр кардани кадрҳои идоракунӣ, такмил додани механизмҳо оид ба зиёд намудани шумораи занон дар мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти ҳокимияти давлатии сатҳҳои гуногун номгӯйи нопурраи тадбирҳое хоҳанд буд, ки рушди бомароми хизмати давлатиро таъмин менамоянд.

Ҳамин тариқ, хизматчиёни давлатӣ ба ҳайси неруи асосӣ ва пешбарандаи давлатӣ бояд барои ҷомеа намунаи садоқат ба Ватану миллат, тимсоли поквиҷдонӣ ва меҳанпарастию масъулият­шиносӣ бошанд.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ