Муҳокимаи парламентӣ

Татбиқи 32 лоиҳаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаи энергетика бо ҷалби 12 миллиард сомонӣ

№41 (3835) 03.04.2018

DSC_8104Бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия 30 марти соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев дар мавзӯи «Татбиқи иҷрои бандҳои  Созишномаи грантии (Амалиёти махсуси) лоиҳавии минтақавии интиқоли қувваи барқ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ А. Фелалиев изҳор намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи энергетикаи обиро яке аз самтҳои  афзалиятнок интихоб кардааст. Тайи солҳои соҳибис­тиқлолии мамлакат барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Инчунин, сохтмони хатти минтақавии интиқоли барқи CASA – 1000, ки 252 километрро дар бар мегирад, ба маблағи 2, 2 миллиард сомонӣ оғоз гардид.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 зикр карданд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои тат­биқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшаванди энергия дар қатори 6 кишвари пешрафтаи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи неруи барқ дар ҷумҳурӣ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани иқтидорҳои мавҷудаи неругоҳҳои барқии обии мамлакат беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад. Чунончӣ, марҳилаи якуми лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», ки дар ду давра бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, оғоз ёфт. Барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» соли ҷорӣ 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Садриддин Шарипов зикр намуд, ки ҳоло барои навсозии системаи энергетикии мамлакат ва бунёди инфрасохтори зарурии содироти он татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маб­лағи 8,1 миллиард сомонӣ идома дорад. Дар маҷмӯъ, барои рушди соҳа зиёда аз 21 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи бахши электроэнергетика» Назар Назарзода қайд кард, ки мақсади асосии «Созишномаи грантии (Амалиёти махсуси) Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд» таҷдиду васеъ намудани системаи интиқоли неруи барқ, паст намудани талафоти неруи барқ, беҳтар кардани таъминоти он дар минтақаҳои шимолу ҷануби мамлакат мебошад.

Дар доираи лоиҳа хатҳои интиқоли барқи 220- киловолтаи Қайроққум – Ашт, Геран — Румӣ, Суғд – Қайроққум сохта шуда, зеристгоҳҳои 220 киловатаи Қайроққум, Ашт ва Суғд – 500 васеъсозӣ гардиданд.

Ҳамчунин, зеристгоҳҳои «Регар – 500», Қайроққум, «Румӣ», «Бойғозӣ» барқарор гардида, зеристгоҳҳои нави 220 киловолтаи «Геран- 2» сохта шуд. Илова бар ин, нахустин бор дар ҷумҳурӣ системаи «Идораи диспетчерӣ ва ҷамъоварии маълумот» («SCADA») созмон ёфт.

Муҳлати баанҷомрасии созишномаи грантӣ, ки 31 декабри соли 2017 пешбинӣ шуда буд, баъдан ҷиҳати ба анҷом расонидани Барномаи «Беҳбудӣ даровардан ба сохтори идоравии соҳаи электроэнергетикаи Тоҷикистон» бо дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 июни соли 2020 тамдид гардид.

Муовини якуми раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Маҳмадумар Асозода бартарии системаи  «SCADA»- ро шарҳ дода, гуфт, ки амалисозии он талафоти неруи барқро пешгирӣ мекунад.

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода дар хусуси кафолати бехатарии лоиҳаи CASA — 1000 вобаста ба фоҷеа­ҳои охири Афғонистон сухан намуда, ёдовар шуд, ки  дар оғози лоиҳа бунёди се зеристгоҳи конверталӣ — яке дар Сангтӯда (1300 мВт), дигаре дар Кобул (300 мВт) ва сеюмӣ дар Пешовар (1300 мВт) пешбинӣ гардида буд. Ҳангоми гузаронидани озмун ва муайян намудани параметрҳои техникӣ маълум гардид, ки доштани се зеристгоҳи конверталии табдилдиҳандаи ҷараёни доимӣ ба ҷараёни тағйирёбанда ва баръакс, бениҳоят идоракунии мушкил дорад. Дар аввал интиқоли 1000 мВт неруи барқ ба нақша гирифта шуда буд. Баъдан, ҳангоми лоиҳакашӣ ва гузаронидани асосноккунии техникӣ ин рақам то ба 1300 мВт бардошта шуд. Аз ин 1000 мВт ҳиссаи Покистон ва 300 мВт ҳиссаи Афғонистон мебошад.

Баъди гирифтани  маълумоти дақиқи техникӣ қарор шуд, ки дар лоиҳа ду зеристгоҳ — Сангтӯда ва Новшеҳра (Покис­тон) боқӣ монанд.

Дар ҷараёни баррасӣ маърӯзачиён ба саволҳои вакилон ҷавобҳои мушаххас дода, аз рӯйи масъалаҳо тавсияҳо қабул гардиданд.

 С. СУННАТӢ, «Садои мардум»