Муҳокимаи парламентӣ

Тоҷикистон ба кишвари индустриалӣ — аграрӣ табдил меёбад

№144 (3781) 05.12.2017

шлшк30 ноябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид, ки дар он «Рафти иҷрои Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ Ширкати байналмилалии истеҳсолии «Чжунгсай Моҳир Семент» оид ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта, инчунин озод кардани воридоти таҷҳизот, технология ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ аз ҷониби ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Акрамшо Фелалиев ва вакили Маҷлиси намояндагон Хисрав Абдуназар иброз доштанд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) зикр намуданд, ки «яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ин саноатикунонии мамлакат, яъне аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба кишвари индустриалӣ — аграрӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад».

- Чунонки шоҳиди ҳол ҳастем, бо ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ нақшаи стратегии Пешвои миллат зина ба зина амалӣ шуда истодааст ва он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон пурра ба мамлакати индустриалӣ — аграрӣ табдил меёбад,- гуфт Хис­рав Абдуназар. Номбурда афзуд, ки ҳоло тибқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ширкати байналмилалии истеҳсолии «Чжунгсай Моҳир Семент», дар  ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сохтмони корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта ба назар гирифта шудааст.

DSC_9835Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ширкати байналмилалии «Чжунгсай Моҳир Семент» бояд дар ноҳияи Ёвон корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 1,2 миллион тонна семент ва корхонаи гаҷкартон бо иқтидори истеҳсолии 80 миллион дона дар як сол бунёд карда, барои татбиқи он зиёда аз 119 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ намояд. Корхонаҳои мазкур бо истифода аз технологияи пешқадам ва риояи талаботи экологӣ бунёд гашта, барои 800 мутахассис ҷойҳои нави корӣ ташкил мекунанд, ки 90 дарсади онро мутахассисони маҳаллӣ бояд фаро гиранд. Дар баробари ин, дар коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва варақаҳои гаҷӣ ташкили 230 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Корхонаҳои зикршуда дар 1,5-2 соли оянда ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.

Корхонаи «Чжунгсай Моҳир Семент» бо ашёи хоми ватанӣ фаъолият намуда истодааст. Истеҳсоли семент дар он ҷо дар 9 моҳи соли 2017- ум 633 ҳазору 168 тоннаро ташкил медиҳад, ки маблағи он ба 347 миллиону 100 ҳазор сомонӣ баробар аст.

ҶДММ Ширкати байналмилалии истеҳсолии «Чжунгсай Моҳир Семент» дар 9 моҳи соли 2017 ба маблағи 28 миллиону 178 ҳазор сомонӣ андоз­ҳои гуногунро пардохт кардааст.

Дар назди корхона барои муайян намудани сифати маҳсулот озмоишгоҳ амал менамояд, ки бо таҷҳизоти муосир ва ҷавобгӯ бо стандартҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Айни замон корхона се навъи семент — 400, 500 ва сулфат — 400 истеҳсол мекунад.

Корхона 503 нафар коргар дорад, ки 416 нафараш шаҳрванди Тоҷикистон ва 87 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд. Музди миёна 1800 — 2600 сомониро ташкил медиҳад.

Дар заминаи корхонаи мазкур коргоҳи истеҳсоли халта ба маблағи 7 млн. доллари ИМА бо 112 ҷойи корӣ ва иқтидори 40 миллион дона халта дар як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Талаботи корхона ба халта дар як сол то 25 миллион донаро ташкил медиҳад. Ба истифода додани коргоҳи халтабарорӣ дар ҷумҳурӣ зарур буда, талаботи корхонаҳои сементбарорӣ ва соҳаи кишоварзиро таъмин менамояд.

То охири соли 2018 «Чжунгсай Моҳир Семент» дар назди корхона истеҳсоли маҳсулоти саноатиро бо конструксияҳои алюминий ба маблағи 100 миллион сомонӣ бо 100 ҷойи кор ба роҳ мемонад.

Дар робита ба масъалаи баррасишуда ҳамчунин, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар, муовини директори ҶДММ Ширкати байналмилалии истеҳсолии «Чжунгсай Моҳир Семент» Барфихон Холов,  муовини якуми директори генералии ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал»  Юсуфҷон Сафаров муфассал сухан ронданд.

Дар охир тавсияҳои муҳокимаи парлумонӣ қабул шуд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ