Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Вакилони мардумӣ Қонун «Дар бораи ипотека»-ро қабул намуданд

№153 (4003) 21.12.2019

Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он заминаи ҳуқуқии гарави амволи ғайриманқул, аз ҷумла, ҳуқуқи заминистифодабарӣ, мукаммал хоҳад гашт

DSC_1411Ҳаждаҳуми декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 61 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Оид ба Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» (таҳияи лоиҳаи муфассал)

2. Дар бораи Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Дар бораи Созишномаи қолабӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека».

РАИС: - Оид ба масъалаи якум сухан ба муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Вализода Рустам Файз дода мешавад.

ВАЛИЗОДА Рустам Файз:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Дар заминаи мувофиқа ва розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба маблағгузории лоиҳаи «Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» дар қитъаи роҳ аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония «JICA» ва дар қитъаи роҳ аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар бо Бонки Осиёгии Рушд кори зарурӣ анҷом дода шуда, бо маблағгузории муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Осиёгии Рушд (БОР), Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ лоиҳаи «Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» дар доираи ду марҳила мавриди татбиқ қарор дорад.

Марҳилаи якум:

- маблағи умумӣ — 96,38 млн. доллари ИМА (гранти БОР — 17,8 млн. доллари ИМА, қарзи БОР — 49,4 млн. доллари ИМА, қарзи ОПЕК — 12,0 млн. доллари ИМА, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — 17, 18 млн. доллари ИМА)

- дарозии роҳ — 33,2 км.

Марҳилаи дуюм:

- маблағи умумӣ — 107,5 млн. доллари ИМА (гранти БОР — 90,0 млн. доллари ИМА, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — 17,5 млн. доллари ИМА);

- дарозии роҳ — 39,6 км.

Бояд зикр намуд, ки Агентии «JICA» солҳои 2018 — 2019 бо сафарбарии коршиносон корҳои лоиҳакашӣ — ҷустуҷӯии қитъаи роҳ аз шаҳри Бохтар то мавзеи Қизилқалъаро бо дарозии тақрибан 9,2 км (то наздикии пул аз болои дарёи Вахш) анҷом дода, ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро омода намуд. Тибқи лоиҳа, роҳи мавҷуда бо дарозии 9,2 км пурра аз нав, бо истифода аз технологияи замонавии сохтмонӣ аз сатҳи таҳкурсӣ то қисмати мошингузар бо назардошти:

- васеъкунии 2 тасмаи ҳаракати вуҷуддошта ба 4 тасма бо паҳноии аз 18 то 20 метр;

- қубурҳои росткунҷаи обгузар — 2 адад;

- қубурҳои обпарто ва объёрӣ дар 16 мавзеъ (640 метр);

- такядеворҳо бо дарозии 82,4 метр;

- ҷӯйборҳои бетонӣ бо дарозии 27 км;

- истгоҳҳо дар 8 мавзеъ;

- гузаргоҳҳои пиёдагардон дар 7 мавзеъ;

- ҷойҳои гардиши воситаҳои нақлиёт дар 2 мавзеъ;

- корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеи қубурҳои росткунҷаи обгузар;

- хобонидани ду қабат асфалти навъи такмилдодашуда (10 см, ҳар кадом 5 см);

- равшаникунии роҳ бо дарозии 4 км;

- чароғакҳои роҳнамо дар 2 чорроҳа ва дигар иншооти зарурӣ сохта мешавад.

Муҳлати иҷрои корҳои сохтмонӣ аз лаҳзаи баимзорасонии қарордод бо пудратчӣ 22 моҳро ташкил медиҳад.

Лоиҳа тибқи шарту талаботи Агентии «JICA» ба роҳ монда шуда, интихоби ширкатҳои машваратчӣ ва пудратчиро дар доираи ширкатҳои японӣ пешбинӣ менамояд. Инчунин, пардохти молиявӣ ба ширкатҳо дар Япония анҷом дода мешавад.

Дар заминаи корбарии дахлдор байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Япония санадҳои зерин ба имзо расиданд:

- Ёддоштҳои табодулӣ ба маб­лағи яксаду ҳабдаҳ миллион иени японӣ (117 000 000, 00, тақрибан як миллиону панҷоҳ ҳазор доллари ИМА — 1050 000,00) ҷиҳати таҳияи лоиҳаи муфассал (аз 20 августи соли 2019);

- Ёддоштҳои табодулӣ ба маб­лағи се миллиарду дусаду сию ду миллион иени японӣ (3232 000 000,00, тақрибан бисту нуҳ миллиону сад ҳазор доллари ИМА — 29 100 000,00) ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ (аз 20 августи соли 2019);

- Созишномаи грантӣ ба маблағи яксаду ҳабдаҳ миллион иени японӣ (117 000 000,00, тақрибан як миллиону панҷоҳ ҳазор доллари ИМА — 1050 000,00) ҷиҳати таҳияи лоиҳаи муфассал (аз 23 августи соли 2019);

- Созишномаи грантӣ ба маблағи се миллиарду дусаду сию ду миллион иени японӣ (3232 000 000,00, тақрибан бисту нуҳ миллиону сад хазор доллари ИМА — 29 100 000,00) ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ (аз 9 сентябри соли 2019).

Бо дарназардошти пешбинӣ гардидани имтиёз дар муқаррароти Ёддоштҳои табодулӣ, аз ҷумла, озод намудан аз андозҳо, боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои молиявӣ, Ёддоштҳои табодулӣ бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти №1478 ва №1480 аз 30 октябри соли 2019 тасдиқ шуданд.

Инчунин, бо сабаби пешбинӣ гардидани имтиёзҳо дар муқаррароти Созишномаи грантӣ, ҷиҳати таҳияи лоиҳаи муфассал низ мутобиқи моддаи 11-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ таҳия ва бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мувофиқа шуд.

Тибқи талаботи бандҳои 13, 14 ва 15 — уми «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №355 аз 3 июни соли 2014), арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд ва дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид.

Яке аз шартҳои оғози корҳои сохтмонӣ иҷрои пурраи уҳдадории ҷониби Тоҷикистон доир ба масъалаҳои кӯчонидан мебошад, ки дар ин бора дар санадҳои болозикр муқаррароти алоҳида оварда шудааст.

Дар доираи корҳои лоиҳакашӣ — ҷустуҷӯӣ ва дар заминаи шартнома миёни Гурӯҳи коршиносони Агентӣ бо КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» ва КВД оид ба нархгузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Нақшаи кӯчонидан ба маблағи 3174 471,61 сомонӣ ё 336 813,96 доллари ИМА (1S=9,425 сомонӣ, 7 июли соли 2018 бо қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон) омода гардид, ки аз инҳо иборат мебошад:

- биною иншоот — 1411 255,0 сомонӣ;

- дарахтони мевадиҳанда — 429 850,0 сомонӣ;

- талафи истифодаи қитъаҳои замин — 530 604,9 сомонӣ;

- кумакпулиҳо ба оилаҳои бештар таъсирбинанда — 12 054,3 сомонӣ;

- гурӯҳҳои осебпазир (маъюбон, шахсони дорои қобилияти ҷисмонии маҳдуд ва ғайра) — 68 307,7 сомонӣ;

- иҷораи манзил барои се моҳ — 8 550,0 сомонӣ;

- кирояи нақлиёт барои интиқоли молу мулк — 300,0 сомонӣ;

- хароҷот барои азнавбақайдгирии амвол — 58 500,0 сомонӣ;

- хароҷоти маъмурии мустақим — 125 971,1 сомонӣ (5 фоиз);

- хароҷоти ғайричашмдошт — 529 078,6 сомонӣ (20 фоиз).

Бо дархости Вазорати нақлиёт, супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №16225 (22.8) аз 8 апрели соли 2019 ва корбарии анҷомшуда, бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №65-ф аз 26 августи соли ҷорӣ 3174 471,61 сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо гардид ва ба шахсони зимни татбиқи лоиҳа таъсирбинанда 2139 866,30 сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт шуд.

Вазорати нақлиёт татбиқи лоиҳаи мазкурро бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкории зич бо шарикони рушд ҷиҳати ҷалби маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ менамояд. Ҳамчунин, зимни татбиқи лоиҳа молу маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда барои корҳои сохтмонӣ харидорӣ ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ширкатҳои ватанӣ ва шумораи бештари аҳолии маҳаллӣ ҷалб мешаванд, ки ин бевосита ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолии минтақаи лоиҳавӣ оварда мерасонад.

Пас аз сохта ба истифода додани роҳи автомобилгард, хизмат­расонии нақлиётӣ боз ҳам беҳтар гардида, фосилаи вақти интиқоли молу маҳсулоти зудвайроншаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба пойтахти кишвар ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ кам мегардад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашти Ҳукумати Япония ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» (таҳияи лоиҳаи муфассал) — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Нидозода Ҳусайн Болта дода мешавад.

Нидозода Ҳусайн Болта:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

 Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» (таҳияи лоиҳаи муфассал), ки 23 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бояд зикр кард, ки 28 феврали соли 2019 лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтар роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» (таҳияи лоиҳаи муфассал) аз ҷониби Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 117 000 000,00 иени японӣ (тақрибан 1 050 000,00 доллари ИМА) пешниҳод ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №320 маъқул дониста шуда, 23 августи соли 2019 ба имзо расидааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаи грантии номбурда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо — вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям тасдиқ намудани Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» (таҳияи лоиҳаи муфассал) — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа — Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар» (таҳияи лоиҳаи муфассал) ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло дода мешавад.

Маҷидӣ Юсуф Хайрулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои тандурустӣ, инчунин, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин кардани марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳияҳои зерҳадафи вилояти Хатлон, аз ҷумла, ноҳияҳои Балҷувон, Данғара, Ховалинг, шаҳри Норак ва таҳкими сатҳи касбияти кормандони соҳаи тандурустӣ тавассути гузаронидани курсҳои омӯзишӣ мебошад.

Маблағи умумии лоиҳа 26,87 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки 23,0 млн. доллари он саҳми Бонки Исломии Рушд аст, ки 14,95 млн. доллари он қарз (65 фоиз) ва 8,05 млн. доллараш грант (35 фоиз) мебошад. Ҳамчунин, дар лоиҳа ҷалби ­маблағҳои гранти Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар ҳаҷми 0,13 млн. доллари амрикоӣ, гранти Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид 0,84 млн. доллари амрикоӣ, гранти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ 0,04 млн. доллари амрикоӣ ва ҳиссагузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,86 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Низоми пардохти маблағҳои қарзӣ 20 сол, аз ҷумла, 4 соли аввали имтиёзнокиро дар бар мегирад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2020 оғоз гардида, соли 2025 анҷом меёбад ва аз чор қисмат иборат мебошад, аз ҷумла:

1. Дастраснамоии таҷҳизот ва рушди инфрасохтори муассисаҳои тандурустӣ. Дар қисмати мазкур (ба ­маблағи 16,9 млн. доллари амрикоӣ) се беморхонаи марказӣ ва марказҳои саломатӣ дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа сохта ва ё таъмир карда мешавад.

2) Давраҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани иқтидори касбӣ. Дар ин қисмат (ба маблағи 7,9 млн. доллари амрикоӣ) иқтидори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» ва зерсохтори он дар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа тавассути таҳия ва амалисозии нақшаи баланд бардоштани иқтидори кормандони он амалӣ мегардад.

3) Чорабиниҳо барои баланд бардоштани иттилоотнокии аҳолӣ. Дар ин қисмат (ба ­маблағи 0,91 ҳазор доллари амрикоӣ) тавассути таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти кадрҳо барои ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа, аз ҷумла, тавассути омӯзиши кормандон ва хадамоти госпиталӣ оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар марказҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияҳои зерҳадаф амалӣ мегардад.

4) Идоракунии лоиҳа (ба ­маблағи 1,2 млн. доллари амрикоӣ).

Аз шумо — муҳтарам вакилони арҷманд хоҳиш менамоям Созишномаи молиявӣ ва Созишномаи қолабии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дода мешавад.

АШУРЗОДА Гулбаҳор Сангилло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Созишномаи молиявӣ ва қолабӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» 28 августи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ҷиҳати тасдиқ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Онҳо бо мақсади баланд бардоштани даст­расии хизматрасонӣ бо модарону кӯдакон, дастгирии рушди институтсионалӣ ва захираҳои инсонӣ дар муассисаҳои тиббии таҷрибавӣ, баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ ва рафтори ҳифзкунандаи саломатӣ, инчунин, ба таъсиси низоми интиқоли беморон дар чор ноҳияи таҷрибавӣ нигаронида шудааст.

Созишномаи қолабӣ дар заминаи Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст, ки тибқи он, маблағи маблағгузорӣ барои харидории дороиҳои бонк пешбинӣ шуда, баъд аз он ба қабулкунанда фурӯхта мешавад, ки нархномаи арзёбишудаи лоиҳавӣ ва нақшаи молиявии лоиҳа дар замимаи 1 ҷадвали 1 мушаххас тақсимбандӣ гардидааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон №2485 аз 9 декабри соли 2019 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаҳои зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 12 декабри соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ созишномаҳои мазкурро баррасӣ намуд ва онҳо пурра ҷонибдорӣ шуданд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям созишномаҳои молиявӣ ва қолабии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: Ба баррасии масъала – «Дар бораи Созишномаи қолабӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем.

- Вакилони муҳтарам!

Муовини вазири молия муҳтарам Маҷидӣ Юсуф Хайрулло ва вакили Маҷлиси намояндагон Ашурзода Гулбаҳор зимни суханронӣ оид ба масъалаи дуюм ва сеюми рӯзнома, бинобар он ки мазмуни онҳо тақрибан ҳамсон буданд, андеша баён доштанд.

Роҷеъ ба масъала ягон илова доред ?

Набошад, пешниҳодро ба овоз мемонам.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи қолабӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад.

Гулмуродзода Карим Гулмурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ, бонкҳо ва паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, инчунин, ҷиҳати иҷрои супоришҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Гурӯҳи кории байниидоравии назди Вазорати молия оид ба омӯзиш, таҳлил ва такмили Кодекси андоз таҳия шудааст.

Бо дарназардошти омӯзиши сатҳи андозбандии шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя, ҷиҳати дастгирии фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурд ва ҳавасмандгардонии онҳо барои пешбурди дурусти баҳисобгирии муҳосибӣ, иштирок дар муомилоти ғайринақдӣ, тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, ба Кодекси андоз ворид намудани як қатор тағйиру илова пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур фарогири масъалаҳо оид ба танзими андозбандии амалиёти азнавбаҳодиҳии асъори хориҷӣ ва филизоти қиматбаҳо, муқаррар намудани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати қабули тартиби пешниҳод ва хориҷ намудани имтиёзҳои андозӣ мебошад.

Инчунин, бо мақсади беҳтар намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ аз Кодекси андоз муқаррарот вобаста ба андозбандӣ гардидани 1 фоизи даромади умумӣ хориҷ карда, минбаъд андоз аз фоида аз фоидаи воқеан бадастомада андозбандӣ мешавад. Илова бар ин, ҷиҳати пешгирӣ намудани суиистифода аз имтиёзҳо ва сабукиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар, дар лоиҳа муқаррарот оиди батанзимдарории хароҷоти фоизӣ нисбат ба шахсони мутақобилан вобаста пешбинӣ гардидааст. Бо мақсади пешгирии афзоиши изофапулии андоз аз арзиши иловашуда, дар лоиҳа муқаррароти дахлдор оид ба иҷозати баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудаи пардохташуда ҳангоми фурӯши молҳо аз ҷониби корхонаҳои ба савдо, маҳсулоттайёркунӣ ва таъминоту фурӯш машғул пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30 ноябри соли 2018 таҳти № 565 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва мусоидат ба рушди фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна, дар лоиҳа чораҳои ҳавасмандкунанда — дар шакли нисбатан паст пешбинӣ намудани меъёри андози низоми содакардашуда муқаррар гардидааст (ба андозаи як фоиз кам кардани меъёри андоз).

Дар баробари ин, дар лоиҳаи қонуни мазкур барои андозсупорандагон интихоби тартиби нави ҳисоб ва пардохт намудани андози низоми содакардашуда пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он, дар баробари тартиби амалкунанда (яъне, аз даромади умумӣ бе тарҳи хароҷот ҳисоб ва пардохт намудани андоз), андозсупорандагон имконияти аз фарқи даромади умумӣ ва хароҷот ҳисоб ва пардохт намудани андозро пайдо менамоянд (барои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо – 14 фоиз ва барои намудҳои дигари фаъолият – 16 фоиз, инчунин, барои амалиёти ғайринақдӣ ба андозаи 1 фоиз кам).

Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонуни мазкур ба рушди иқтисоди миллӣ ва дастгирии соҳибкорӣ равона гардидааст. Бо қабул гардидани он эҳтимолияти шаффоф нишон додани манбаъҳои андозбандӣ ва дар ин замина ба буҷети давлатӣ бештар ворид гардидани маблағ дар назар аст.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. Нуктаҳои асосии лоиҳаи қонунро дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ташкил медиҳанд.

Тағйиру иловаҳо асосан ба 28 моддаи Кодекс, ба 39 қисм, 6 банд ва 34 сархат тааллуқ доранд, Ҳамчунин, як моддаи нав ва як моддаи дигар дар таҳрири нав дар он қисмате, ки бо онҳо ба субъектони муносибатҳои андозӣ имтиёзҳои боз ҳам бештар дода мешаванд, пешниҳод карда шудааст.

Чунончӣ, аввал, меъёрҳои нав вобаста ба тартиби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ аз тарафи мақомоти дахлдор ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ карда мешаванд.

Дуюм, ин меъёрҳо барои пешбурди дурусти баҳисобгирии муҳосибӣ, иштирок дар муомилоти ғайринақдӣ ҳангоми фаъолият нигаронида шудаанд.

Сеюм, онҳо бештар ба дастгирии фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурд ва ҳавасмандгардонии онҳо вобастагӣ доранд.

Чорум, ин нав ё васеъ кардани мафҳумҳои махзани электронӣ, амалиёти азнавбаҳодиҳии асъор ва металҳои қиматбаҳо дар сурати иваз гаштани қурби асъори миллӣ, мошинҳои назоратӣ-хазинавӣ ва ҳисоббарор мебошад.

Ҳамчунин, ба қонун моддаи нави 171 бо мазмуни утоқи шахсии андозсупоранда илова мегардад, ки он ба ҳавасмандгардонии соҳибкорон барои гирифтани ин ва ё он маълумот аз сомонаҳо ва ё тартиби пешниҳоди ҳисобот оид ба истифодаи имтиёзҳои андозӣ равона шудааст.

Меъёри дигар пешбинӣ намудани муҳлатҳои нави тартиб додани санадҳои муқоисавӣ ва пешниҳоди он оид ба фаъолият ба мақомоти андоз мебошад, ки ба манфиати соҳибкорони дар соҳаи кишоварзӣ фаъолиятбаранда нигаронида шудааст.

Ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти худии кишоварзӣ низ барои озод намудан аз андозбандӣ барои даромад аз фурӯши маҳсулоти кишоварзии худӣ бе коркарди саноатӣ ва содироти он низ имтиёзҳо дода мешавад. Ҳавасмандгардонии зиёд барои пардохти андози низоми содакардашуда ва ё тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда аз рӯи амалиёт ва дигар амалҳо дар моддаҳои 290, 291, 292 ва 296 вобаста ба истеҳсолкунандагони маҳсулот низ пешбинӣ мегарданд.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқ ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 24 таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо 18-тоаш пурра қабул гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Консти­тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» оғоз мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло дода мешавад.

МАШРАБЗОДА Ҳамидулло Маҳмадулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека», ки аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар мувофиқа ва ҳамоҳангӣ омода гардидааст, барои беҳтар намудани фазои муносибатҳои пулию молии байни субъектон, дастгирӣ ва мусоидат ба фаъолияти сармоягузорию қарздиҳӣ, баланд бардоштани масъу­лияти қарзгирон ва ҳар чӣ зудтар мутобиқкунии меъёрҳои танзимкунанда ба талаботи суботи молиявӣ ва рушди иқтисодӣ мебошад.

Дар қонунгузории амалкунандаи ипотека мушкилиҳо ва монеаҳое ҷой доранд, ки моҳият ва таъиноти ин тарзи таъмини иҷрои уҳдадории пулиро заиф намуда, садди роҳи рушди фаъолияти бонкӣ ва муносибатҳои қарзӣ гардидаанд. Чунин мушкилиҳо ва монеаҳо ташкилотҳои қарзии молиявиро ба суиистифодаи қарздор дучор намуда, имконияти аз ҳисоби гарави амволи ғайриманқул рӯёнидани маблағи қарзиро басо мураккаб намудааст. Чунки меъёрҳои қонуни амалкунандаи ипотека ба таври бартариятнок ифодагари манфиатҳои қарздор — гаравдеҳ мебошад.

Бинобар ин, баҳси байни қарздеҳ-гаравгир ва қарздор-гаравдеҳ беасос ва бе зарурат тӯл кашида, ба истеҳсолоти иҷрои маҷбурӣ бо қонуни ипотека монеаҳои сунъӣ эҷод мекунад ва масъалаи рӯёнидан то охир ҳалли худро намеёбад. Дар ин замина, хароҷоти ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои аз ҳисоби ипотека рӯёнидани маблағи қарз гарон мегардад, ки бо вогузории чунин хароҷот ба зиммаи қарздор, ба ҳолати молиявии ӯ низ таъсири манфӣ мерасонад. Ин гуна ҳолатҳо, ки номукаммал будани заминаи ҳуқуқии гарави амволи ғайриманқулро нишон медиҳанд, манфиатдории ташкилотҳои қарзии молиявиро барои сармоягузорӣ ва қарздиҳии ипотекӣ коста гардонида, яке аз сабабҳои назарраси дар ҳаҷми дилхоҳ афзоиш наёфтани амалиёти бонкии қарздиҳӣ ва то сатҳи интизорӣ поён нарафтани фоизи қарзҳои ипотекӣ мебошад. Бинобар ин, лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда иҷрои вазифаҳоеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 декабри соли 2018) ҷиҳати такмили қонунгузории соҳаи бонкӣ бо мақсади солимгардонии низоми бонкӣ дарҷ гардидаанд, таъмин намуда, ба амалӣ гардидани банди 10.4 Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ барои солҳои 2019-2022 мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур, бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои дигар, заминаи ҳуқуқии гарави молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла, гарави ҳуқуқи заминистифодабариро мукаммал намуда, барои баргардонидани қарзҳои батаъхирафтодаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва бартараф намудани монеаҳои сунъии ба гаравгир гузаштани молу мулки ба гарав гузошташуда дар сурати баргузор нашудани савдои оммавӣ мусоидат менамояд.

Инчунин, ҷараёни барои тарафҳои шартномаи ипотека тӯлонӣ ва серхароҷоти тартиби судии ситонидан аз молу мулки ба гарав гузошташуда бо ихтиёри тарафҳо маҳдуд карда, доираи тартиби ғайрисудии ситониш бо сода гардонидани расмиёти он васеъ карда мешавад.

Дар робита ба ин, бо лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ислоҳоти зерин таъмин мегардад:

1. Асосҳои ғайрисудии рӯёниш аз ҳисоби гарави амволи ғайриманқул такмил ёфта, имконияти аз ҷониби гаравгиру гаравдеҳ дар дилхоҳ вақт созиш намудани татбиқи чунин асосҳои ғайрисудӣ ва минбаъд тибқи муқаррароти шартнома сурат гирифтани рӯёниш фароҳам оварда мешавад. Ҳамчунин, ба сифати яке аз асосҳои ғайрисудии рӯёниш истифодаи «навиштаҷоти иҷроияи нотариус» пешбинӣ мешавад, ки ҳамчун механизми алтернативӣ, назорати давлатии ҷараёни рӯёниш ва кафолати ҳуқуқу манфиатҳои тарафҳои ипотекаро бо сарфаи вақт ва хароҷоти гарони судӣ таъмин менамояд.

Дар робита ба ин ва бо дарназардошти такмили муқаррароти умумии Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гарав моддаҳои 26, 34, 38 қонуни амалкунандаи ипотека такмил дода, ба он моддаи 331 илова шудааст.

2. Расмиёти гузаштани молу мулки ғайриманқули багаравгузошта ба ғолиби савдои оммавӣ ва ё ба гаравгирӣ барои иштирок дар савдо иҷозатшуда сода карда, монеа дар амалигардонии ҳуқуқи гаравгир ҷиҳати дар наздаш нигоҳ доштани предмети гарав аз байн бурда мешавад. Бо қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур, ҳангоми баргузорнашуда эълон намудани савдои оммавии такрорӣ ва аз ҳуқуқи худ ҷиҳати дар наздаш нигоҳ доштани предмети ипотека истифода бурдани гаравгир, барасмиятдарорӣ бо қарори ташкилкунандаи савдои оммавӣ, ки ба қайди давлатӣ гирифта мешавад, сурат мегирад. Дар робита ба ин, қисми 8 моддаи 40 ва қисми 4 моддаи 41 такмил дода, ба моддаи 40 қисми 9 илова карда шуд.

3. Бо мақсади муқаррар намудани тартиби муайянкунии нархи ибтидоии фурӯши молу мулк дар музояда ва мушаххас кардани манбаъҳои пӯшонидани хароҷоти ҷалби нархгузории мустақил, илова намудани ҷумлаҳои сеюм ва чорум ба қисми 2 моддаи 42 пешбинӣ гардидааст.

4. Муқаррароти махсуси багаравгузории ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он бо дарназардошти талаботи дигар қонунҳои махсус мукаммал гардида, ҳамчун предмети ипотека истифода гардидани чунин ҳуқуқро нисбатан сабук мегардонад. Аз ҷумла, номгӯйи ҳуҷҷатҳои барои гаравмонӣ зарурӣ мукаммал пешбинӣ ва муайян кардани арзиши ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи ҳисобот оид ба баҳодиҳӣ (нархгузорӣ), аз ҷониби баҳодеҳ (нархгузор) бо риояи тартиби муайян намудани арзиши чунин ҳуқуқ пешбинӣ шудааст, ки баҳодиҳии касбӣ ва воқеии ин ­объекти муҳимро таъмин менамояд.

Ҳамчунин, мухолифати байни қоидаҳои махсуси багаравгузории ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва қоидаҳои умумии қонуни ипотека, ки барои дастрасии қарзгирандагон ба маблағҳои озоди қарзӣ монеа эҷод мекунанд, бартараф карда шуд. Дар робита ба ин, моддаи 46 дар таҳрири нав пешбинӣ шуда, қисми 3 ва ҷумлаи дуюми қисми 4 моддаи 48 хориҷ гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад. Хоҳишмандем лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Бобоев Олимҷон дода мешавад.

Олимҷон БОБОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии гарави молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла, ҳуқуқи заминистифодабарӣ, мусоидат барои баргардонидани қарзҳои батаъхирафтодаи ташкилотҳои қарзӣ ва бартараф намудани монеаҳои сунъии ба гаравгир гузаштани молу мулки ба гарав гузошташуда, дар сурати баргузор нашудани савдои оммавӣ, бо дарназардошти муроҷиат ва таклифҳои Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, инчунин таҷрибаи давлатҳои дигар, пешниҳод мешавад.

Дар хулосаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни зикргардида ҷонибдорӣ шуда, барои такмили он 14 таклифу дархост пешниҳод гардид, ки аз онҳо 7 — тоаш қабул шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Кӣ оид ба ин масъала савол дорад? Сухан ба вакил Абдуалимов Баҳром дода мешавад.

Баҳром АБДУАЛИМОВ: - Ман мехоҳам аз муовини раиси Бонки миллӣ пурсон шавам, ки тӯли беш аз 10 соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявӣ ба шаҳрвандон чӣ қадар қарз додаанд?

Ҳамидулло МАШРАБЗОДА: — Ман чунин маълумотро бо худ наовардаам. Ба шумо дар муҳлати наздик аз ин хусус маълумот пешниҳод хоҳам кард.

РАИС: - Муҳтарам Абдуалимов! Шумо дар ин хусус изҳорот ё пешниҳод доред?

Баҳром АБДУАЛИМОВ: — Гап сари он аст, ки мо дар аксар маврид қонунҳое қабул мекунем, ки даҳсолаҳо мавриди истифода қарор намегиранд ва яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» аст, зеро механизми тат­биқи он то ба охир мукаммал гардонида нашудааст.

Ҳоло дар мавриди ҳуқуқи истифодаи замин дар боби муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» сухан меравад. Мо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2011 тағйирот ворид намуда будем, ки тибқи он ҳуқуқи истифодаи замин дар бонкҳо ба гарав гузошта мешуд. Аз миён ҳашт сол гузашта бошад ҳам, ягон бонк ҳуқуқи истифодаи заминро ба гарав гирифта наметавонад, зеро замин, тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моликияти истисноии давлат мебошад.

Ман дар ҳайратам, ки чаро қонунҳое, ки қабул мекунем, мавриди амал қарор намегиранд. Мо ба ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ сафар мекунем ва мушоҳида менамоем, ки ягон ташкилоти молиявии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, бонкҳо, ба ягон нафар қарзи ипотека надодаанд ва доданӣ ҳам нестанд.

Ҳамидулло МАШРАБЗОДА:

- Қарзҳои ипотекӣ аз ҷониби бонкҳо дода шудаанд ва ин кор минбаъд низ идома меёбад. Андозаи онҳо назар ба андозаи қарзҳои миёнавазн тақрибан панҷ фоиз камтар аст.

Пешниҳоде, ки Бонки миллӣ тибқи лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ манзури шумо намудааст, пешниҳоди Ассотсиатсияҳои бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурди ҷумҳурӣ низ ҳаст. Дар шартномаи байни қарздиҳанда ва қарзгир ҳамин нуктаҳо мавҷуданд, вале механизми татбиқи он хеле душвор карда шудааст, зеро ба қарздеҳу қарзгир лозим меояд, ки ду маротиба ба суд муроҷиат намоянд, то ин ки дар мавриди истифодаи ҳуқуқи истифодаи замин қарор қабул намояд. Ба ҳисоби миёна ин кор се сол давом мекунад. Тағйиру иловаҳои пешниҳодшаванда бошад, ин монеаҳоро бартараф менамоянд.

РАИС: — Бо дарназардошти он ки ҳоло мо масъаларо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи ипотека» баррасӣ карда истодаем, шуморо лозим буд ҳама маълумотро пешниҳод намоед.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшаванда аз як ҷиҳат мушкилро осон мекунад, вале бояд ҳолати воқеӣ инъикос меёфт, то ин ки маълум гардад, ки чаро муқаррароти қонун иҷро намешавад.

Ҳамидулло МАШРАБЗОДА: — Муҳтарам Раис! Механизми ба ихтиёри қарздеҳ гузаронидани амволи қарзгир хеле номукаммал буд. Дигар ин ки борҳо аз хусуси паст кардани фоизи қарзи ипотекӣ пешниҳодҳо буд. Ҳоло ин ғайриимкон аст, зеро маблағҳое, ки бонкҳо аз аҳолӣ ҷалб менамоянд, фоизашон паст нест.

РАИС: — Мо қонунро барои мардум қабул кардем, то ин ки онҳо имкони қарзи ипотекӣ гирифтан дошта бошанд. Бинобар ин, қарзҳои ипотекӣ бояд фоизи паст дошта бошанд. Вазифаи бонкҳо бошад, дарёфти маблағ бо фоизҳои паст аст.

Шумо, муҳтарам Машрабзода, ба роҳбарияти Бонки миллӣ расонед, ки вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба қарзҳои ипотекӣ дар ихтиёр маълумоти пурра надоранд.

Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Муайян кардани меъёри 48 фоизи солона барои қарзҳои ипотекӣ хеле гарон аст. Ипотекаро асосан ҷавонон мегиранд ва тавони пардохти фоизи баландро надоранд. Чаро чунин меъёри баланд муқаррар шудааст?

Саволи дуюм. Дар мамлакат ҳоло чӣ қадар қарзи ипотекӣ дода шудааст?

РАИС: — Раиси Бонки миллӣ дар назди Маҷлиси намояндагон ҳисоботдиҳанда аст. Бояд ӯро даъват кунем, то ин ки ба ин саволҳо ҷавоб диҳад.

Дар давлатҳои рушдкарда қарзҳои ипотекӣ фоизашон аз 5-6 боло нест.

Ҳамидулло МАШРАБЗОДА: — Ба 48 фоиз баробар будани қарзи ипотекӣ маълумоти дуруст нест. Ягон бонки ҷумҳурӣ барои ипотека чунин сатҳи фоизӣ муайян накардааст.

Дар мавриди паст кардани фоизҳои қарзи ипотекӣ бояд гуфт, ки бонкҳо бояд аз мизоҷон маблағҳое ҷалб намоянд, ки сатҳи пасти даромаднокӣ дошта бошанд.

РАИС: — Ин вазъро бояд ба мардум фаҳмонид. Дар навбати аввал вазъи молиявии бонкҳоро ба эътидол овардан зарур аст, то ин ки онҳо минбаъд тавонанд қарзҳои ипотекиро бо фоизҳои паст пешниҳод намоянд.

Сухан ба вакил Латифзода Рустам Барот дода мешавад.

ЛАТИФЗОДА Рустам Барот: — Муҳтарам Машрабзода, арзиши истифодаи замин чӣ гуна муайян карда мешавад, зеро дар Кодекси замин нархи бозории ҳуқуқи истифодаи замин муқаррар шудааст?

Вақте ки мо дар бораи ҳуқуқи истифодабарии замин сухан меронем, пеш аз ҳама, заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар назар дошта мешавад. Масалан, дар шаҳри Душанбе нархи як садяк замин шояд баробари 10 гектар замин дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бошад.

Ҳамидулло МАШРАБЗОДА: — Агар ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он бошад, он гоҳ ташкилоти қарзӣ онро ҳамчун гарав қабул карда метавонад. Арзиши ҳуқуқи истифодаи он бошад, аз ҷониби коршиносон муайян карда мешавад.

РАИС: — Муҳтарам Шариф Раҳимзода, хоҳишмандам ба ин масъала равшанӣ андозед.

Шариф РАҲИМЗОДА: — Аввалан дар бораи қарзҳои ипотекӣ. Мувофиқи маълумоти сомонаи Бонки миллӣ, фоизи миёнаи қарзҳои ипотекӣ 21,77 фоизро ташкил менамояд. Дигар ин ки фоизи чунин қарз, пеш аз ҳама, аз бозор вобаста аст. Яъне, дар навбати аввал вобаста аст ба маблағҳое, ки ташкилотҳои қарзӣ ҷалб намудаанд.

Дар олам фоизи қарзҳои ипотекӣ барои он паст аст, ки онҳо гарави дуруст ва мувофиқ аст. Амволи ғайриманқул ё замин ба гарав қабул карда шуда, дар мавриди зарурат фурӯхта мешаванд.

Масъалаи ба гарав қабул кардани ҳуқуқи истифода қитъаи замин воқеан ҳам мушкил аст. Вале Қонун «Дар бораи ипотека» имкон медиҳад, ки ҳуқуқи истифодабарии замин харидуфурӯш шавад. Мутаассифона, ҳоло дар ҷумҳурӣ чунин бозор вуҷуд надорад. Бозор вуҷуд дошта бошад ҳам, он расмӣ нест. Дар шаҳри Душанбе, дигар шаҳру ноҳияҳо замин фурӯхтаю харида мешавад, аммо он ба таври расмӣ дар ягон ҷо ба қайд гирифта намешавад. Бинобар ин, вақте ки бозори расмӣ пайдо шуд, ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин мавриди харидуфурӯш қарор хоҳад ёфт.

РАИС: — Сухан ба вакил Қудратов Рустам дода мешавад.

Рустам ҚУДРАТОВ: — Вақте ки лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ қабул мешавад, Бонки миллӣ бояд харитаи роҳро ташкил намояд, зеро мушкилии якуми қарзи ипотекӣ ин сандуқи қарзӣ аст. Ин функсияи бевоситаи Бонки миллӣ буда, вазифадор аст, ки чунин сандуқро ташкил намуда, бозорро омӯзад. Масалан, корпоратсияҳои байналмилалии молиявӣ то 1 фоизи солона қарз пешниҳод менамоянд. Бонки миллӣ бояд онҳоро ҷалб намояд ва барои амалӣ гардонидани қонуни зикршуда тадбир андешад.

РАИС: — Сухан ба вакил Муртазозода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА: — Муҳтарам Раис, мехоҳам дар бобати моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» андеша баён намоям. Аз соли 2015 гурӯҳи корӣ бо супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян кардани сатҳи татбиқи муқаррароти қонуни мазкур фаъолият менамояд.

Муаммои асосӣ дар масъалаи ипотека дар он ифода меёбад, ки вақте қарздеҳ ва қарзгиранда ба созиш омаданӣ мешаванд, қарзгиранда амволи хешро бегона карда наметавонад. Тағйироте, ки ҳафтаи сипаришуда мо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми якум ворид кардем, қадамест дар ислоҳи ин ҳолати баамаломада. Ҳоло, вақте ки қарздеҳ ва қарзгиранда бо ҳам муросо карданӣ мешаванд, бояд ба таври бегона (ба фурӯш гузоштани) кардани моликият таъмини иҷрои уҳдадорӣ дар назди қарздеҳ ба амал бароварда шавад.

Масъалаи дигар вобаста ба қонуни мазкур дар он аст, ки ҳангоме шартномаи амволи ба ипотека гузошташаванда баста мешавад, бояд сӣ фоизи маблағ пешпардохт гардад. Вале он дар ягон ҷой ба қайд гирифта намешавад. Хонаи истиқоматӣ бошад, ҳанӯз бунёд нашудааст. Яъне, ба ҳар ду ҷониб хавф таҳдид мекунад.

Бо қабули қонуни мавриди баррасӣ ҳуқуқи ба шахси сеюм додани предмети ипотека муҳайё мешавад. Ҳоло бошад, шахсоне, ки 30-40 фоизи маблағро пардохт намудаанд, онро на баргардонида ва на ба шахси дигар дода метавонанд.

Дар дунё истифодаи қитъаи замин ҳамчун моликияти хусусӣ истифода мешавад. Барои ин бояд механизми бозори замин таҳия ва қабул карда шавад, дар мисоли биржаи замин.

Ҳоло дар ҳама шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сертификаткунонии қитъаи замин барои истифодаи якумра ва гуногунмуҳлат асосан ба охир расидааст. Акнун зарур аст, ки шартномаи мавриди истифода қарор гирифтани онҳо таҳия гардад ва дар ин кор бояд хеле эҳтиёткор буд. Шартномаҳои фучериро ба ёд оварем. Натиҷаи онҳо чӣ гуна буд, ки деҳқон тамоман муфлис гардида, бе амволу маблағ монд. Сертификати қитъаи замин ягона воҳиде хоҳад буд, ки соҳиби хоҷагии деҳқонӣ онро ба гарав гузошта, аз ташкилоти қарзӣ маблағ ба даст оварад. Дар сурати баргардонида натавонистани маблағ ташкилоти қарзӣ ин ҳуҷҷатро ба ихтиёри шахси сеюм, ки ба замин муносибати дуруст намуда, аз он ҳосили фаровон ҷамъ меорад, мегузорад.

РАИС: - Сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: - Пул воситаи асосии муносибатҳои иқтисодӣ маҳсуб мешавад. Барои он ки пул тавони гардиш дошта бошад, чунин имконро танҳо Бонки миллӣ фароҳам меорад. Барои ин зарур аст, ки Бонки миллӣ блоки иқтисодии Ҳукуматро ҷамъ оварда, ҳамроҳ дар суҳбати гирди миз нишинанд, то ин ки ҳар яке аз онҳо андешаашонро дар мавриди дастгирии якдигар иброз намуда, дастҷамъона фаъолиятро роҳандозӣ кунанд.

Дар мисоли қарзҳои ипотекӣ низ Бонки миллӣ бояд чунин шеваи рафторро пеша намояд, то ин ки қонун ҳамаҷониба татбиқ гардад. Қонун бояд нафъ орад, на ин ки барои даҳсолаҳо мушкил эҷод намояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ