Вохӯрӣ бо интихобкунандагон

№39-40 (4301-4302) 30.03.2021

26 марти соли равон дар ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон доир гардид, ки зимни он нуктаҳои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат тавзеҳ дода шуд.

Маҳмадтоир Зокирзода, ҳамчунин, дар бораи таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақоми занон дар ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, варзиш ва сайёҳӣ  ибрози назар кард. Аз ҷумла, зикр гардид, ки татбиқи дастуру супоришҳои дар Паём баёнкардаи Пешвои миллат имкон медиҳад, ки соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат рушд ёфта, дар муддати кӯтоҳ зиндагии шоистаи сокинони кишвар таъмин гардад.

Бархе аз интихобкунандагон, аз ҷумла Бахтиёр Муродов, Зумрат Музаффарова, Худоёназар Ғоибов ва Гулдаста Осимова ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ менамоянд ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ҳамчун чароғи ҳидоят ба сӯи ояндаи дурахшон истифода хоҳанд бурд.

Диловари МИРЗО,

 «Садои мардум»

 

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияи Фархор вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор, №34 Зоир Раҳмонзода бо сармутахассисони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳраку деҳоти ноҳия ва имом-хатибони масҷидҳои панҷвақтаи ҷамоатҳо баргузор гардид.

Зоир Раҳмонзода дар бораи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар, оқибатҳои пандемияи коронавируси COVID-19 дар минтақа ва ҷаҳон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», рушди иқтисодиёти миллӣ, илм ва маориф, фарҳанг ва дигар масъалаҳо ибрози андеша кард.

Мулоқоту суҳбатҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар шуъбаи маориф ва беморхонаи марказии ноҳия низ бо интихобкунандагон ҷолибу хотирмон сурат гирифт.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон